Бо баҳори дилҳо (6)

Муҳкам ва муташобеҳ яъне чист ва чӣ фарқе бо ҳам доранд?

Муҳкам, яъне дорои истеҳком ва итқон. Муҳкам ба ин маъно дар форсӣ ҳам ба кор меравад монанди сохтмони муҳкам. Ба ин маъно, ҳама оятҳои Қуръон муҳкам ҳастанд. Худованд мефармояд: “Ин китобе аст, ки оятҳояш истеҳком ёфта, сипас ташреҳ шуд ва аз назди Худованди Ҳаким ва огоҳ (нозил шуда) аст.”[1]

Муташобеҳ, яъне мушобеҳ, шабеҳ ва ҳамонанди якдигар монанди ин гулҳо мушобеҳи ҳамдигаранд. Муташобеҳ ба ин маъно низ дар бораи ҳама оятҳои Қуръон ба кор меравад, яъне ҳама оятҳои Қуръон дар хубӣ ва зебоӣ монанди якдигар мебошанд.

Чунонки Худованд мефармояд:

Худованд беҳтарин суханро нозил кардааст.Китобе, ки оятҳояш (дар лутф ва зебоӣ ва умқ ва муҳтаво) ҳамонанди якдигар аст, оятҳои мукаррар дорад, ки аз шунидани оятҳояш ларза дар андоми афроди худотарс меафтад…[2]

То кунун маънои аввалии муҳкам ва муташобеҳро ёд гирифтед, инак ба дувумин маънои муҳкам ва муташобеҳ таваҷҷӯҳ кунед.

Ояти ҳафти сураи Оли Имрон дар бораи муҳкам ва муташобеҳ сухан гуфтааст. Ибтидо тарҷумаи бахшҳое аз ин оятро бо ҳам мехонем.

Ӯ (Худо) касе аст, ки китоби (Қуръон)-ро бар ту нозил кардааст, ки қисмате аз он оятҳо муҳкам (сареҳ ва равшан) аст, ки асоси ин китоб мебошад ва қисмате аз он оятҳо муташобеҳ аст…

Бо таваҷҷӯҳ ба тарҷумаи ин оят мефаҳмем, ки оятҳои Қуръон ду дастаанд; оятҳои муҳкам ва оятҳои муташобеҳ. Мақсуд аз “муҳкам” дар ин оят, оятҳое аст, ки далолати онҳо возеҳ ва равшан аст ва ба роҳатӣ маъно ва тафсири онҳо фаҳмида мешавад, монанди <الحمد لله ربّ العالمين>Ситоиш махсуси Худованде аст, ки Парвардигори оламиён аст.

Мақсуд аз “муташобеҳ” оятҳое аст, ки ба хотири амиқ будани матолиби он ва ҷиҳоти дигар, далолати онҳо возеҳ ва равшан нест, балки бояд бо таваҷҷӯҳ ба ояти муҳкам, он оятро тафсир кард. Равшан аст, ки тафсир ва тавзеҳи оятҳои муташобеҳ, бояд ба василаи Паёмбар (с), пешвоёни дин ё донишмандони ростин, ки ба Қуръон ва аҳкоми динӣ огоҳии комил доранд анҷом шавад.



[1]. Ҳуд, ояти 1.

[2]. Зумар, ояти 23.

Охирин матолиб

Қироатҳои ҳафтгона 2

  Қироатҳои сабъа Авомили ихтилофи қироатҳо Қаблан баён шуд, ки дар даврони халифаи севвум бо таваҷҷӯҳ ба густариши Ислом ва имон овардани ақвоми ғайри араб...

Тарҷумаи СУРАИ АНБИЁ

СУРАИ АНБИЁ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 112 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Барои мардум [замони] ҳисобашон наздик шуд, дар ҳоле...

Қироатҳои ҳафтгона 1

Қироатҳои сабъа Қироат ва тиловати Қуръони карим бо оғози нузули Қуръон ҳамроҳ аст. Аввалин қори ва муаллими Қуръон Паёмбари Акрам (с) буд, ки бо дарёфти...

Усули тарбияти исломӣ2

Тарбияти баданӣ Саломатӣ шахсияти инсонӣ ва тавоноии ҷисмонӣ, ду пояти асосии парвариши дурусти фарзандон аст, зеро ақли солим дар бадани солим аст ва лозимаи амал...

Осори зикр ва ёди Худо

Аз дасту забон, ки барояд                                         каз ӯҳдаи шукраш бадар ояд Яке аз умуре ки дар   Қуръони карим  ва ривоёт мавриди таваҷҷӯҳ ва аҳамияти хоссе...