Аҳамияти нақши муаллим дар таълиму тарбият

Муқаддима

Муҳити гарм ва самимонаи хона, аввалин мактаби фарзандонаст. Волидайн бо поён овардани арзишҳои ахлоқӣ ва илоҳӣ нақши муҳимме дар тарбияти фарзандон ва парвариши шахсияти ахлоқӣ ва иҷтимоии онон доранд.

Ҷомеа мактабро барои анҷом додани рисолати тарбиятӣ ба вуҷуд овардааст. Бинобар ин нақши мактаб низ дар тарбияти шогирдон бисёр аҳамият дорад. Дарс хондан фақат бахши кӯчаке аз тарбият дар мактаб аст ва шогирдон, бахусус дар давраи навҷавонӣ ба тарбияти амиқи ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ ниёз доранд, ки бояд дар мактаб анҷом гирад.

Ҳазрати Алӣ(а) дар бораи шеваи тарбиятии паёмбарон мефармояд:

[1]»و یثیروا لهم دفائن العقول»

Паёмбарон ганҷинаҳои пинҳон ақлҳои мардумро барангехта ва ошкор мекарданд.

Ва низ он бузургвор мефармоянд: “Бояд таваҷҷӯҳ дошта бошед, ки ин кӯдаке, ки дар назди шумо тарбият мешавад, тарбияти динӣ бишавад, тарбияти ахлоқӣ бишавад. Агар як баччаи мутадаййинро шумо таҳвили ҷомеа бидиҳед, як вақт мебинед ҳамин як инсони мутадаййини мутааҳҳид як ҷомеаро ислоҳ мекунад. Як фард мумкин аст як ҷомеаро ислоҳ бикунад; бинобар ин, агар худой накарда ин бачча аз домани шумо дуруст тарбият нашавад, аз таҳти тарбияти шумо, ки муаллим ҳастед тарбият нашавад мумкин аст як инсон як ҷомеаро фосид бикунад ва шумо масъул бошед”.[2]

Аз ин суханони имом Алӣ(а) чунин фаҳмида мешавад, ки муаллимон нақши муҳимме дар таълиму тарбияти ҷавонон доранд ва инҳо ҳастанд, ки ҷомеаи ояндаро барномарезӣ мекунанд, яъне дар воқеъ ояндаи як ҷомеа ва як миллат дар дасти ҳамин муаллимон аст ва инҳо ҳастанд, ки сарнавишти ҷомеаро рақам мезананд. Лизо масъулияти муаллимон танҳо дар интиқоли матолиби дарсӣ ба шогирдон хулоса намешавад. Бисёре аз ин дарсҳо ҷавобгӯи ниёзҳои парваришии онҳо нест, зеро ба ақидаи соҳибназарон омӯзиш бояд ба сурате бошад, ки дар тарзи тафаккур ва ақоиди шогирдон низ тағйироте ба вуҷуд оварад то сабаби “эҷоди рушди ақлонӣ ва ахлоқӣ гардад, ки ҳамоно охирин ҳадафи таълиму тарбият аст”.[3]

Имом Хумайнӣ(рҳ) ҳам шуғли муаллимонро шуғли Худо ва пайғамбарон медонанд, ки мардумро ислоҳ мекунанд, эшон мӯътақиданд, ки агар як нафар ба дасти шумо ислоҳ шавад, он як нафар метавонад як ҷомеаро ислоҳ кунад ва баръакс, агар як нафар ба дасти шумо фосид шавад, мумкин аст, як ҷомеаро ба фасод бикашонад ва шумо дар баробари онҳо масъулед. “Шумо муаллимин як шуғли бисёр шариф доред, ки ҳамон шуғли Аллоҳ аст; ҳамон шуғли анбиёст. Як масъулияти бисёр бузург доред, ки ҳамон масъулияти анбиёст”.[4]

Барои расидан ба ин ҳадаф, муаллимон бояд ба шогирдон кӯмак кунанд то арзишҳои вуҷудии худро бишносанд ва дар роҳи феълият бахшидан ба истеъдодҳои созандае, ки доранд, кушиш кунанд. Аммо инҳо ҷуз аз роҳи ошноии муаллимон ба масоили тарбиятӣ, равонӣ ва иҷтимоии навҷавонон анҷом намегирад.

М Раҳимӣ

[1]Наҳҷулбалоға, хутбаи аввал.

[2]Ҳамон.

[3] Маҷмуаи осори устод шаҳид Мутаҳҳарӣ, ҷ.8, саҳ.428; Алии Шариатмадорӣ, Усул ва фалсафаи таълиму тарбият, саҳ.21.

[4] Саҳифаи нур, ҷ.9, саҳ.293

Охирин матолиб

Ашрафи махлуқот

Чаро инсон ашрафи махлуқот номида шуд ва чӣ гуна ва чаро инсон ин масъулияти бузургро бар уҳда гирифт? Оё инсон қудрат ва таҳаммули ин бори...

Бо баҳори дилҳо (2)

Далели аҳамияти Қуръон чист? Аҳамияти Қуръон ба хотири аҳамияти фиристандаи он аст, тавзеҳ он ки: Агар номае аз тарафи дӯсти азизе ба дастамон бирасад барои...

Тарҷумаи СУРАИ АНЪОМ

СУРАИ АНЪОМ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 165 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Ситоиш Худорост, ки осмонҳо ва заминро офарид ва...

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр Закоти фитра ё садақаи фитр воҷиб аст ва ҳикмат ва фалсафаҳое дорад, ки муҳимтарини онҳо иборатанд аз:

Аъмоли шаби Қадр

Аъмоли шаби Қадр  Ба номи онки дил кошонаи ӯст, Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.