Азизтарин мардум назди Расули Худо(с)

Ислом динест, ки барои ҳидоят ва нишон додани роҳи саҳеҳи зиндагӣ ба инсонҳо омадааст ва дастуроти он бар рӯи муҳаббат ва отифаи инсонӣ гузошта шудааст.

Дӯст доштан ва ошиқ будан инсонро ба тарафи маъшуқ майл медиҳад ва барои вуруд ба дили маъшуқ, бояд ошиқ худро ба ранги маъшуқи худ дароварад вагарна наметавонад ба дили ӯ роҳ пайдо кунад. Ба ҳамин хотир дар Қуръон ва аҳодиси набавӣ ба ҷумалоте бармехӯрем, ки мӯъмининро ба дӯст доштани Паёмбар ва хонадони покаш фаро мехонад:

«Эй расули мо, ба уммат бигӯ, ман аз шумо ҳеҷ  подоше барои рисолатам намехоҳам, ҷуз дӯст доштани наздиконам». (Сураи Шуро, ояти 23)

Ва низ дар ривоёти фаровон ба ин маъно бармехӯрем, ки Расули Худо(с) духтари гиромии хешро ба ҳадде дӯст медоштанд, ки бо вуруди ҳазрати  Фотима(рз) ба назди эшон аз ҷой бармехостанд ва ба истиқболи эшон қадам мегузоштанд ва ӯро бар ҷои худ менишонданд. Ва борҳо фармуданд: «Фотима пораи тани ман аст, ҳар кӣ ӯро шод гардонад, маро шод гардонидааст. Фотима азизтарини мардум назди ман аст».

Ҳамчунин аз Оиша(р)  ривоят шудааст: «Ҳеҷ кас аз занон назди Расули Худо(с), маҳбубтар аз ҳазрати Фотима набуд». Ва низ аз Расули Худо(с) ривоят шудааст, ки фармуд: «Фотима шохае аз ман аст, ҳар кӣ ӯро озор диҳад, маро озор медиҳад ва ҳар кӣ ӯро шод гардонад, маро шод мегардонад. Ҳамоно, Ҳақ Таоло ғазаб мекунад барои ғазаби Фотима ва хушнуд мегардад аз хушнудии Фотима».

Расули Худо(с) ҳар амалеро, ки анҷом медоданд, барои пайравонашон, дорои паёме мебошад ва паёми он ҳазрат аз ин гуна аҳодис, ки теъдодашон ҳам зиёд аст. Чӣ мебошад? Зиндагонии инсонҳои худоӣ барои мо намуна ва мисдоқи амалии он сирае аст, ки Қуръон онро хостааст. Ва мо бо дӯст доштани Расули Худо(с) ва фарзандони ӯ, рафтору кирдори худро мисли эшон месозем ва дар роҳи худёбӣ ва камол қадамҳои устувор мебардорем. Ҳамин дӯст доштан аст, ки боис мешавад, мо худамонро ба ахлоқи неки он бонуи бузургвор биороем. Вагарна аз ин дӯст доштани мо ба фазли он бузургворон чизе изофа намешавад. Дар ояи 47 сураи Сабаъ мехонем:

«Эй Расули мо, бигӯ ҳар аҷру подоше, ки аз шумо хостаам барои худи шумост».  То инҷо ба ин натиҷа мерасем, ки ҳар чӣ Паёмбар аз мо хостаанд, дар асоси ваҳйи илоҳӣ буда ва нафъу фоидаи он низ фақат барои саодати худамон аст.

Худованд аз мо хостааст, то ба василаи амал намудан ба дастуроти Паёмбар, ки аз ҷумлаи онҳо дӯстӣ ва маваддат дар ҳаққи хонадоне, ки дар Қуръон  ҳамчун мазҳари покӣ, исмат ва таҳорат муаррифӣ шудаанд аз онҳо итоат намоем ва худро ба ахлоқи некӯи онҳо биороем ва аз ин роҳ ба қурби илоҳӣ, ки камоли воқеии инсоният аст, бирасем. Қуръон ин матлабро ба таври возеҳ баён намудааст: «Эй Расули мо бигӯ ман аз шумо музди рисолат намехоҳам, аҷри ман ҳамин бас, ки  ҳар кӣ бихоҳад, аз паи ман роҳи Худои худ пеш гирад ва ба саодати абадӣ ноил шавад» ва ба гуфтаи Мавлавӣ:

«Фоидаи он боз бар ту оидаст…»

 

Охирин матолиб

Тарҷумаи СУРАИ АНЪОМ

СУРАИ АНЪОМ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 165 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Ситоиш Худорост, ки осмонҳо ва заминро офарид ва...

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр Закоти фитра ё садақаи фитр воҷиб аст ва ҳикмат ва фалсафаҳое дорад, ки муҳимтарини онҳо иборатанд аз:

Аъмоли шаби Қадр

Аъмоли шаби Қадр  Ба номи онки дил кошонаи ӯст, Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.

Қуръон ваҳй илоҳӣ

Қуръон ваҳй илоҳӣ Ваҳй чист? Вақте Худо мехоҳад матлаберо ба паёмбарон бифаҳмонад, аз роҳе, ки барои мо қобили дарк нест паёмашро ба онҳо мерасонад. Дар...

Тарҷумаи СУРАИ МОИДА

СУРАИ МОИДА Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 120 оят дорад.  Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Эй касоне, ки имон овардаед! Ба паймонҳо вафо...