Адилаи масунияти Қуръон аз таҳриф

Адилаи масунияти Қуръон аз таҳриф

Адилаи фаровоне барои маҳфуз мондани Қуръони Маҷид вуҷуд дорад, ки дар ин маҷол ба ду ояти карима ва як далели ақлӣ, далели таърихӣ ва иҷмои муслимин басанда мешавад.

  1. Далели қуръонӣ

А) Ояи ҳифз

Худованд дар Қуръони Карим бо таъкиди зиёд тазмин кардааст, ки Қуръони Каримро аз ҳаргуна газанд ва тағйир ҳифз хоҳад кард:

﴿إِنَّا نَحْنُ نَزَّلْنَا الذِّكْرَ وَإِنَّا لَهُ لَحَافِظُونَ﴾[1]

“Мо қуръонро нозил кардем; ва мо ба таври қатъ нигаҳдори онем!”

Ин оят дар Макка нозил шуда ва ба сурати ҷумлаи исмия ва бо (إنّ) “инна” ҳамроҳ бо замири мунфасили (نحن)“наҳну” ва ломи таъкид баён шудааст, чанд омили таъкиди калом дар ин оят ҷамъ шуда, то ин ҳақиқати муҳим ва ҷовидонаро баён намояд, ки Қуръон аз ҳар газанде маҳфуз хоҳад монд.

Ояи шарифа дорои ду қисмат аст; дар қисмати аввал шакку тардиди мушрикин ва мункирони Қуръонро ки илоҳӣ будани онро нафй мекарданд ва онро сохтаи ҳазрати Муҳаммад (с) ё баргирифта аз достонҳо ва асотири гузаштагон мепиндоштанд, бо ҷумлаи ﴿إِنَّا نَحْنُ نَزَّلْنَا пиндори онҳоро ибтол менамояд.

Фарози дуввуми оят, ки ҳам тазмини илоҳӣ ва ҳам аз ахбори ғайбии Қуръони Карим аст, гоми фаротар ниҳода, бо адавоти мутааддиди таъкид нигаҳ доштани Қуръон дар тӯли таърихро баён мекунад: ﴿ وَإِنَّا لَهُ لَحَافِظُونَ﴾

Бинобар ин сиёнати Қуръон аз газанди ҳаводис ваъдаи абадии Худо ва тахалуфнопазир аст.

Б) Ояи иззат

Ояи дигаре, ки бо сароҳати тамомтар ҳифзи Қуръон ва бутлоннопазирии онро баён менамояд, ояи шарифаи “иззат” аст:

﴿إِنَّ الَّذِینَ کَفَرُواْ بِالذِّکْرِ لَمَّا جَآءَهُمْ وَإِنَّهُ لَکِتَابٌ عَزِیزٌ لَّا یَأْتِیهِ الْبَاطِلُ مِن بَیْنِ یَدَیْهِ وَلَا مِنْ خَلْفِهِ تَنزِیلٌ مِّنْ حَکِیمٍ حَمِیدٍ﴾

Дар ояи “зикр” масъалаи муҳофизат ва нигаҳбонии Худованд мавриди таъкид буд, дар ин оят сухан аз нуфузнопазирии худи матни Қуръон аст. Яъне матни Қуръони каримро Худованди ҳаким чунон назм ва услуб, ҷазобият ва кашиш бахшида, ки худ ба худ ба ҳисн ва қалъаи муҳкаме табдил шуда ва аз нуфузи ҳаргуна ботил ва каломи ғайри илоҳӣ маҳфуз монда аст.

“Азиз” аз модаи иззат ва ба маънои сахтӣ ва нуфузнопазир аст. Дар забони арабӣ чизеро, ки таҳти таъсири омили хориҷӣ қарор нагирад «азиз» мегӯянд. Вожаи азиз ба унвони сифати Қуръон, гӯёи он аст, ки Қуръон нуфузнопазир аст ва таҳти таъсир ва мағлуби омили дигаре воқеъ намешавад. Агар Қуръон қобили таҳриф бошад, шикастпазир ва мағлуб хоҳад шуд, ки хилофи ваъдаи илоҳӣ аст.

Ҷумлаи ﴿لَّا یَأْتِیهِ الْبَاطِلُ﴾ низ баёнгари нафйи таҳриф аст; чун мефармояд: “Ба ҳеҷ сурате ботил дар Қуръон роҳ нахоҳад ёфт”. Аз тарафе ҳар гуна тағйир, фузунӣ ё коҳиш муҷиби шикастпазирии Қуръон ва роҳёбии ботил ба он мешавад, бинбарин таҳриф ҳам, ки яке аз масодиқи ботил аст ба Қуръон сироят нахоҳад кард.

Иборати : ﴿ مِن بَیْنِ یَدَیْهِ وَلَا مِنْ خَلْفِهِ﴾ метавонад ба маънои пеши рӯ ва пушти сар бошад ё ба маънои ҳангоми нузул ва пас аз он, дар ҳар сурат як таъбири киноӣ аст ва нозир бар нафй комили роҳёбии ботил ба Қуръон аст. Мурод ин аст, ки ба ҳеҷ рӯй ҳеҷ навъ ботил дар Қуръон роҳ надорад, чунон оёт ва ҷумалоташ мустаҳкам ва устувор аст, ки ҳар гуна нуфузи ботилро дар худ ақим мекунад.

Ва саранҷом, ҷумлаи поёнии оят ﴿تَنزِیلٌ مِّنْ حَکِیمٍ حَمِیدٍ﴾ ёдовари иллати осебнопазирии Қуръон аст, яъне Қуръон аз он рӯй масун аз ҳаргуна таҳриф ва табдил аст, ки каломи Худованди ҳакиму сутуда ва фаросӯи фикри башар аст.[2]

  1. Далели ақлӣ

Қуръони карим охирин китоби илоҳӣ ва қавонин ва дастуроти он ба унвони комилтарин ва ҷомеътарин барномаи саодат то рӯзи қиёмат ҳодӣ ва роҳнамои башарият аст. Пас аз Қуръон китобе нахоҳад омад ва баъд аз па аёмбари акрам ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) расуле фиристода нахоҳад шуд. Агар шариати исломӣ охирин шариат ва Қуръони карим роҳнамои тамомии инсонҳо то поёни дунё бошад, ҳикмати Худованди мутаол иқтизо мекунад, ки худро аз ҳаргуна дастбурд ва дигаргунӣ маҳфуз бидорад ва тадобири лозимро барои саломати он аз таҳриф пешбинӣ намояд ва илло нақзи ғараз хоҳад буд. Яъне агар Худованд охирин китоби худро ҳифз накунад ҳидояти башар таҳаққуқ нахоҳад ёфт. Бинабар ин иродаи Худованди ҳаким бар ин қарор гирифтааст, ки Қуръони маҷидро аз ҳар гуна тағйир ва таҳриф масун бидорад.

  1. Сираи муслимин ва гувоҳии таърих

Яке аз адилаи маҳфуз мондани Қуръон аз газанди таҳриф, таваҷҷӯҳ ва инояти хоси муслимин бар он аст. Ҳамонтавр ки дар гузашта низ ишора шуд дар садри Ислом муслимин дар ду заминаи ҳифзи Қуръон дар синаҳо ва сабти он дар абзорҳои нигоришӣ, тамоми талоши худро ба кор мебастанд ва бо шуру шавқи васфнопазире дар нигаҳдории он мекӯшиданд. Ин таваҷҷӯҳ, бо густариши Ислом ва зиёд шудани муслимин афзойиш ёфт. Қуръони карим танҳо китобе аст, ки бо санади бисёр устувор ва хадшанопазир ва ба сурати мутавотир наслан баъди насл, ки муҳаймин[3] бар соири кутуб аст, дар миёни мусулмонон даст ба даст гашт ва ҳарчи ба умри заминии ин номаи ҳидоят гузашт ҷойгоҳи баланди он дар дилҳо фузунӣ ёфт ва мусулмонон бо ҳассосият маҷол ва заминаи ҳаргуна таҳриф ва дастбурд ба матни Қуръонро аз бадандешон бастанд.

  1. Иҷмои муслимин

Ҳамаи мусулмонон ва уммати исломӣ бо вуҷуд доштани тафовутҳои мазҳабӣ дар мавриди саломати Қуръон аз таҳриф иттифоқи назар ва иҷмои раъй доранд. Ин ақидаи росихи тамомии донишмандони ҷаҳони Ислом дар тӯли таърих буда ва ҳаст, ки Қуръони мавҷуд дар миёни муслимин ҳамон аст, ки бар Паёмбари Акрам (с) нозил шуда ва ҳеҷгуна тағйир ва таҳрифе на биз-зиёда ва на бин-нақиса дар он рӯх надодааст.

Албата теъдоди ангуштшуморе аз уламо будаанд, ки фиреби зоҳири бархе ривоёти маҷъулро хурда ва қоил ба таҳрифи бин-нақиса шудаанд.

Сайид Неъматуллоҳи Ҷазоирӣ (м.112 қ.) парчамдори ин гурӯҳ ва мубтакири андешаи таҳриф буд, ки китоби ӯ бо унвони “Ал-анвор-ун нуъмония” анбошта аз ахбор ва достонҳои хурофӣ ва аҷибу беасос аст. Китоби ӯ манбаи аслии қавл ба таҳриф буд ва Мирзо Ҳусайни Нурӣ (м.1320қ.) бо навиштани “Фасл-ул хитоб фи таҳрифи китоби рабб-ул арбоб” иштибоҳи ӯро такрор ва такмил намуд.[4]

Аммо аз ин ду нафар, ки бигзарем тамомии уламои Ислом (аам аз суннӣ ва шиъа) мутафиқанд, ки ҳеҷ гуна таҳриф дар Қуръон иттифоқ наафтодааст.

Устод Аллома Муҳаммадҳодии Маърифат бо навиштани чанд асари бо арзиш аз ҷумла китоби боарзиши “Ат-тамҳид” ва “Сиёнат-ул Қуръон минат таҳриф” аз масунияти Қуръон аз ҳар гуна таҳриф ва дигаргунӣ дифоъ намуда ва назароти ҷамъи касире аз аъломи имомияро дар заминаи адами таҳриф зикр намудааст.[5]

 


[1] . Сураи Ҳиҷр, ояти 9.

[2] . Истифода аз калимаи “аз зикр” ба ҷои дигар асомии Қуръон дар ду ояти ҳифз ва иззат ишораи латифе дар бақои Қуръон ва ҳифзи он дар азҳон дорад.                                                                                    

[3] . “Ва ин китобро ба ҳақ бар ту нозил кардем, дар ҳоле ки кутуби пешинро тасдиқ мекунад, ва ҳофиз ва нигаҳбони онҳост…” Моида, ояти 48.

[4] . Бояд таваҷҷӯҳ дошт ки раъй Неъматуллоҳ Ҷазоирӣ ва Мирзои Нурӣ ба ҳеҷ ваҷҳ қобили дифоъ ва тавҷиҳ нест, чун хилофи далоили зикршуда дар ҷиҳати маҳфуз мондани Қуръон аз таҳриф мебошад, вале инсоф он аст, ки ин дидгоҳ набояд ба кулли мазҳаби имомия нисбат дода шавад, зеро ҳамонтавр ки ишора шуд тамомии уламои ин мазҳаб (чи мутақаддимин ва чи мутаахирин) қоил ба адами таҳрифанд ва назари як ё ду нафар, ки комилан ҷанбаи шахсӣ дорад ва мавриди мухолифати қотибаи донишмандони худашон воқеъ гардида аст набояд ба кулли мазҳаб нисбат дода шавад. Набояд бо дастовез қарор додани чунин орои заиф ва мардуд чашм ва гӯши худро дар баробари қадосат ва ҷойгоҳи бузурги Қуръон назди онҳо бибандем ва ноогоҳона Қуръонро ки ҳабли матин ва мояи ваҳдати муслимин аст сабаби тафриқаи муслимин ва бадин баҳона мавриди тазъиф қарор бидиҳем.

[5] . Сиёнатул Қуръон минат таҳриф ва Аттамҳид фи улумил Қуръон, ҷ.8.

Охирин матолиб

Қуръон ваҳй илоҳӣ

Қуръон ваҳй илоҳӣ Ваҳй чист? Вақте Худо мехоҳад матлаберо ба паёмбарон бифаҳмонад, аз роҳе, ки барои мо қобили дарк нест паёмашро ба онҳо мерасонад. Дар...

Тарҷумаи СУРАИ МОИДА

СУРАИ МОИДА Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 120 оят дорад.  Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Эй касоне, ки имон овардаед! Ба паймонҳо вафо...

Инсоф дар рафтор

Имом Ҳасан(а) фармуданд:  Бо мардум ба гунае рафтор кун, ки дӯст дорӣ бо ту он гуна рафтор кунанд. (Аъломуддин, с.297)

Парҳез аз саҳлангорӣ

 امام حسن (ع): إنَّ اللهَ جَعَلَ شَهْرَ رَمَضانَ مِضْمارا لِخَلْقِهِ. فَیَسْتَبِقُونَ فیهِ بِطاعَتِهِ إِلی مَرْضاتِهِ. فَسَبَقَ قَوْمٌ فَفَازُوا، وَقَصَّرَ آخَرُونَ فَخابُوا    Имом Ҳасан (а)...