Авомил, осебҳо ва мавонеи тарбияти фарзандон

Муқаддима

     Авомили гуногуне дар тарбият ва рушди ақлӣ ва ҷисмии кӯдак дахолат доранд. Хона ва хонавода, қонуни варосат, муҳити зиндагӣ ва назми иҷтимоӣ, мактаб, фаъолияти гурӯҳӣ, баргузории ҷаласоти мавъиза ва конфронс, дӯстон ва рафиқоне, ки кӯдак бо онҳо бозӣ мекунад, китоб, маҷалла ва достонҳое, ки  мехонад, ҳирфа ва ҳунаре, ки пеш гирифта, навъи ҳукумат ва барномаҳое, ки кӯдак дар баробари он хозеъ аст, муаллим ва мураббиёне, ки ба амри таълиму тарбияти ӯ пардохтаанд ва ғайра, ҳама дар тарбият ва рушди кӯдак ва рафтор ва ахлоқи ӯ муассиранд.
Дар миёни авомили тарбияти кӯдак, хонавода ҷойгоҳи вижае дорад ва нақши он ба гунае аст, ки метавонад дигар авомилро таҳти таъсир қарор диҳад.
Таъсирпазирии кӯдак аз рафтори падару модар, то ҷое аст, ки ҳатто дар эътиқодоти кӯдак низ ошкор мешавад. Пайғамбари Ислом  (с) фармуд:

  كل مولود يولد علي الفطره. فابواه یهودانه او  ینصرانه او یمجسانه

 Ҳар кӯдаке бар асоси фитрати (тавҳидӣ) ба дунё меояд ва ин падару модараш ҳастанд, ки ӯро яҳудӣ ё насронӣ ва ё оташпараст ба воя мерасонанд.  
    Хонавода, нахустин омузишгоҳе аст, ки пояҳои ахлоқии кӯдакро бунёнгузорӣ мекунад ва метавонад истеъдодҳои дарунии кӯдакро шукуфо созад. Арзишҳои ахлоқӣ монанди алоқа ба ростӣ ва дурустӣ, танаффур аз дуруғ  ва нодурустӣ, иззат ва шахсият, рашодат ва шаҳомат, бахшиш ва саховат, майл ба таовун ва ҳамкорӣ, алоқа ба ҳамнавъ ва дӯст доштани фазоил ва мубориза бо разоил ва ғайра аз тариқи муҳити хона ва хонавода ба кӯдак омухта мешавад.
   Ҳазрати Алӣ(а) бо сароҳат ба парваришҳои даврони кӯдакии худ такя мекунад ва аз тарбиятҳои отифӣ ва ақлии хеш, ки дар хурдсолӣ фаро гирифта, сухан мегӯяд ва ба Пайғамбар(с), ки мураббии лоиқ ва бузургвори вай буд, мубоҳот мекунад ва мефармояд: “Тифли хурдсоле будам, ки Пайғамбар(с) маро дар домани хеш парвариш дод, дар оғушам мегирифт, ба синаи худ мечаспонид…, ман ҳамчун сояе ба дунболи он ҳазрат ҳаракат мекардам ва ӯ ҳар рӯз нуктаи наве аз ахлоқи некро барои ман ошкор месохт ва ба ман фармон медод, ки аз ӯ пайравӣ кунам”.
    Падару модар бояд талош кунанд, то пеш аз он ки кӯдак ба саҳнаи ҷомеа ворид шавад ва улгуи ҷадид, таваҷҷуҳи ӯро ҷалб кунад, вайро тарбият кунанд ва арзишҳои ахлоқиро малакаи ӯ созанд. Бо равшан шудани аҳамияти мавзӯи тарбияти кӯдакон дар Ислом   ва  таъсироти он дар ояндаи фарзандон, ибтидо авомили таъсиргузор баён хоҳад шуд ва сипас ба баёни осебҳо ва мавонеи тарбияти фарзандон мепардозем.

1 – Падару модар.
Равшан аст, ки волидайн масъули фарзандони хешанд. Фарзанд ҳақ дорад аз беҳтарин барномаҳо ва солимтарин равишҳои тарбиятӣ бархурдор гардад. Ӯ ҳақ дорад дар конуни пурмеҳри хонавода ва дар партави вуҷуди волидайн, аз ғанитарин муҳаббатҳо болотарин эҳсоси ризоятмандӣ бархӯрдор бошад. Пайғамбари Акрам(с) мефармояд:
“Фарзанд дар нахустин ҳафтсоли худ, муҳаббатпазир аст ва сарварӣ металабад. Дар ҳафт соли дуюм, омӯзишпазир аст ва дар ҳафт соли сеюм машваратпазир”.
    Фарзанд ҳақ дорад, ки дар хона аз ҳурмату эҳтиром ва такрими шахсият бархурдор бошад, падар ва модари огоҳ ва вазифашинос, бо гирифтани муносибтарин шеваҳои тарбиятӣ ва равишҳои рафтор бо кӯдак ва навҷавону ҷавон, бо такрими шахсияти онҳо, барқарории робитаи мӯҳтарамона ва дӯстонаи мутақобил ва парҳез аз рафторҳои пархошгарона, танбеҳгарона ва таҳқиромез, эътимоди комили фарзандро ҷалб намуда, дар айни ҳифзи ҳарими падарӣ ва модарӣ, ба шоистагӣ ҷойгоҳ ва манзилати беҳтарин дӯстро барои фарзанд меёбанд. Дар ин сурат аст, ки фарзандон аз ҳар гуна осебпазирии иҷтимоӣ масуният меёбанд ва бо оромиши равон ва эътимод ба нафс, масири пешрафт ва камоли шахсиятро мепаймоянд.
Варосат ба таври куллӣ яъне интиқоли бархе хусусиёти падару модар ё хешони онҳо ба фарзандон.
    Башар аз дер замон ин ҳақиқатро фаҳмидааст, ки мавҷуди зинда, бисёре аз сифот ва хасоиси худро ба насли баъд мунтақил мекунад ва қонуни варосат аст, ки  муҳофизат мекунад сурати навъияи набот, ҳайвон ва инсонро. Дар воқеъ, насли баъд, вориси сифоти насли қабл аст; як тухми гул, ҳамаи хусусиёти соқа, барг, гул ва рангомезии ниҳолеро, ки аз он ба вуҷуд омадааст, дар худ ҳифз кардааст. Пас аз сабз шудан, ҳамаи онҳоро яке пас аз дигари дар худ зоҳир мекунад.
   Фарзандон бидуни кӯчактарин фаъолияти ихтиёрӣ, сифот ва хасоиси падарону модаронро фаро мегиранд ва бо ҳамон хусусиёт ба вуҷуд меоянд. Бар асоси таҳқиқоти илмӣ, варосат аз аҷдоди наздик ва ҳатто дур низ сурат мепазирад.
Варосат аз назари Ислом   низ қонуни пазируфташуда аст. Қуръони Карим дар достони ҳазрати Нуҳ(а) дархости он ҳазратро аз Парвардигораш ин гуна нақл кардааст:
   Нуҳ гуфт: Парвардигоро! Ҳеҷ як аз кофиронро бар рӯи замин боқӣ магузор, чунки агар онҳоро боқӣ гузорӣ, бандагонатро гумроҳ мекунанд ва ҷуз насли фоҷир ва кофир ба вуҷуд намеоваранд.   
Бар асоси ин оят, ақоиди куффор ба фарзандонашон мунтақил мешавад ва онон сифоти нописанди падарони худро ба ирс мебаранд. Маълум мешавад, ҳамон гуна ки фарзандон дар вижагиҳои ҷисмӣ аз падару модар ирс мебаранд, дар вижагиҳои маънавӣ ва ҳолоти рӯҳӣ низ аз онҳо ирс мебаранд.
   Қонуни варосат ва таъсиргузории он дар тарбият, мавриди таъйиди ривоёт аст, ва вожаҳои ирқ ва иъроқ, ки имрӯз дар маҳофили илмии ҷаҳон аз он ба жен таъбир мешавад, омили варосат муаррифӣ шудааст.
Тавсияи Расули Худо(с) ин аст, ки:
     “Бингаред фарзанди худро дар куҷо қарор медиҳед, ки ирқ таъсири худро боқӣ мегузорад”.
Бо таваҷҷӯҳ ба аҳамияти варосат ва таъсиргузории ҷиддии он дар хусусиёти баданӣ, ақлӣ, динӣ, ахлоқӣ ва рӯҳии фарзандон аст, ки  Ислом   бисёре аз аҳкомро бар ин қонуни мусаллам мубтанӣ кардааст. Барои мисол;
1.    Дар интихоби ҳамсар ба мардон тавсия кардааст: Аз хонаводаҳои солеҳ зан бигиред; зеро вижагиҳои падарон ва модарон ба ирс мерасад.  Аз хонаводаҳои разил ва фурумоя, ҳамсар нагиред. Барои нутфаҳои худ маҳалли муносиб баргузинед. Аз зани маҷнун ва аҳмақ бипарҳезед.
2.    Ба зан низ таъкид кардааст, ки дар ҳолоти ҳамсари ояндаи худ таҳқиқ кунад ва масъулияти ин корро бар дӯши валии шаръӣ  қарор додааст ва тавсия мекунад: Нек бингаред, ки нури дидаи худро дар ихтиёри чи касе қарор медиҳед.
3.    Ислом   ба сабаби аҳамият додан ба қонуни варосат, дар мавриде барои барҳам задани ақди издивоҷ тасҳилоти қонунӣ муқаррар кардааст. Ҷунун, бемории барас (песӣ), ҷузом ва норасоии ҷинсӣ аз ҷумлаи ин маворид аст. Агар зане бо марде издивоҷ кунад ва пас аз он бифаҳмад, ки ба яке аз мавориди ёдшуда мубталост, ҳақ дорад ақдро барҳам занад ва барои раҳоӣ аз ин издивоҷ ниёзе ба талоқ надорад. Ин қонун, василае барои ҷилавгирӣ аз варосати нописанд аст.
Маҷмуаи авомили берунӣ, ки инсонро иҳота карда ва аз ибтидои зуҳури ҳаёти одамӣ, то поёни зиндагии ин ҷаҳон бар инсон таъсири тарбиятӣ мегузоранд, муҳит шумурда мешаванд. Ин авомили мутааддид аз замони иниқоди нутфа, то замони марг ба суратҳои гуногун инсонро таҳти таъсир қарор медиҳанд. Муҳимтарин авомили муҳитӣ иборатанд аз: муҳити хона ва хонавода, муҳити дустӣ ва муошират, муҳити мактаб, муҳити иҷтимоӣ, муҳити ҷуғрофиёӣ ва табиӣ.

идома дорад.

А. Мирзо

Охирин матолиб

Қироатҳои ҳафтгона 2

  Қироатҳои сабъа Авомили ихтилофи қироатҳо Қаблан баён шуд, ки дар даврони халифаи севвум бо таваҷҷӯҳ ба густариши Ислом ва имон овардани ақвоми ғайри араб...

Тарҷумаи СУРАИ АНБИЁ

СУРАИ АНБИЁ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 112 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Барои мардум [замони] ҳисобашон наздик шуд, дар ҳоле...

Қироатҳои ҳафтгона 1

Қироатҳои сабъа Қироат ва тиловати Қуръони карим бо оғози нузули Қуръон ҳамроҳ аст. Аввалин қори ва муаллими Қуръон Паёмбари Акрам (с) буд, ки бо дарёфти...

Усули тарбияти исломӣ2

Тарбияти баданӣ Саломатӣ шахсияти инсонӣ ва тавоноии ҷисмонӣ, ду пояти асосии парвариши дурусти фарзандон аст, зеро ақли солим дар бадани солим аст ва лозимаи амал...

Осори зикр ва ёди Худо

Аз дасту забон, ки барояд                                         каз ӯҳдаи шукраш бадар ояд Яке аз умуре ки дар   Қуръони карим  ва ривоёт мавриди таваҷҷӯҳ ва аҳамияти хоссе...