Ҷилваҳои эъҷози Қуръон (2)

2. Эъҷози ташреӣ

Инсон ҳамвора пурсишҳое дар бораи ҳастӣ ва рози офариниш бо худ дошта ва пайваста дар талош будааст, то посухҳои қонеъкунандае барои он биёбад, саволҳое аз қабили: Аз куҷо омад? Чаро омад? Ба куҷо меравад? ва … кушишҳои инсон барои пай бурдан ба рози ҳастӣ, натавониста ба посухи қонеъкунандае бирасад ва тамоми ин масоилро рӯшан созад:

﴿وَمَا أُوتِيتُم مِّنَ الْعِلْمِ إِلَّا قَلِيلًا﴾[1]

“Ҳар ончи аз дониш ба даст овардаед андаке беш нест”.

Дин –он гуна ки Қуръон арза карда аст- ба тамоми ин масоил ба гунаи кофи ва шофӣ посух додааст. Бо тадаббур дар ончи Қуръон арза карда, инҳирофи андешаҳо таъдил мешавад ва роҳҳои нимарафта такмил мегардад:

﴿يَا أَيُّهَا النَّاسُ قَدْ جَاءَتْكُم مَّوْعِظَةٌ مِّن رَّبِّكُمْ وَشِفَاءٌ لِّمَا فِي الصُّدُورِ وَهُدًى وَرَحْمَةٌ لِّلْمُؤْمِنِينَ﴾[2]

“Эй мардум! Панду андарзе аз ҷониби Худованд ба шумо дода шудааст ва шифое, ки мояи беҳбудӣ ва оромиши хотиратон мебошад ва ҳидояте ва раҳмате барои мӯъминон аст”.

Мақсуд аз беҳбуд бахшидани синаҳо, раҳо сохтани инсон аз ранҷе аст, ки дар роҳи ёфтани гумшудаи худ, дар даруни худ эҳсос мекунад, зеро баёноти ваҳёнӣ беҳтарин дармоне аст, ки ин дард ва ранҷҳоро беҳбуд мебахшад. Лизо Қуръон, чизеро бар инсон арза дошта, ки худи ӯ ҷӯёи он буда, вале натавониста ба хубӣ ва рӯшанӣ ба он роҳ ёбад ва ин худ далели эъҷози Қуръон аст, чаро ки агар ин луфт ва ин иноят набуд, инсон ҳаргиз ба мақсуд ва матлуби худ намерасид.

Аз бадвитарин қабоил то мутамаддинтарин ҷомеаҳои башарии он рӯз боварҳое аз ҷаҳони ҳастӣ ва мабдаи офариниш ва тақдиру тадбир доштанд, ки бо ҳақиқат фосилаи зиёде дошт ва ба тасаввуроти хиёлгуна шабоҳат дошт. Гуфтори Анбиё алайҳимус салом низ бо гузашти замон дастхуши таҳаввул ва таҳриф шуда буд, лизо башар ҳаргиз намедонист аз куҷо омада, чаро омада, ва ба куҷо меравад. То он ки Қуръони маҷид посухҳои рӯшан ва қотеъ дар тамоми ин заминаҳо ироа намуд, бинобар ин навовариҳои дин дар ду буъди маориф ва аҳком аст. Маорифи арзашуда тавасути Қуръон аз ҳар гуна олудагӣ ва хурофот ба дур аст ва аз буъди аҳком низ илова бар ҷомеъ ва комил будан, аз гироишҳои инҳирофӣ мубарро ва холис аст.

Ташриоти ваҳёнӣ (дар аҳком ва қавонини ҳоким бар низоми ҳаёти иҷтимоӣ) дорои имтиёзоте аст, ки дар дигар ташриоти вазъӣ (башарӣ) вуҷуд надорад:

Аввал: Мубарро будан аз ҳар гуна гироишҳои мунҳарифкунанда, ки мумкин аст дар қавонини вазъия таъсиргузор бошад.

Дуввум: Риояти се буъд дар ҳаёти инсон, ки лозимаи зиндагии иҷтимоии вай дар ин ҷаҳон аст: робитаи инсон бо шууни фардӣ ва шахсии худ, робитаи вай бо ҷомеае, ки дар он қарор гирифта ва робитаи вай бо Худованд.

Қавонини вазъия, танҳо ду буъди аввал яъне шууни фардӣ ва иҷтимоиро ҷиҳат бахшидаанд, ки дар ин миён ба буъди аввал камтар таваҷҷӯҳ намуда ва ҳиммати бештарро дар буъди дуввум ба кор андохтаанд, ва аз буъди севвум яъне робита бо парвардигор ба куллӣ ғафлат варзидаанд, дар ҳоле ки ҳамин буъди севвум аст, ки ба ҳаёти инсон дурахшиш медиҳад, ӯро аз инҳисор дар маҳдудаи ниёзҳои ҷисмонӣ дармеоварад ва ба вай чеҳраи малакутӣ мебахшад.

Инак ба ихтисор, ба зикри намунае аз эъҷози ҳидоятии Қуръон дар ду буъди маориф ва аҳком мепардозем:

Худованд ва сифоти ҷамол ва ҷалоли Ӯ дар Қуръон

Қуръон Худоро бо беҳтарин ваҷҳ васф намуда, ӯро маҷмаи сифоти камол муаррифӣ карда ва аз ҳар зиштӣ ва сифати нописанде мубарро ва муназзаҳ донистааст. Дар поёни сураи Ҳашр мехонем:

﴿هُوَ اللَّهُ الَّذِي لَا إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ عَالِمُ الْغَيْبِ وَالشَّهَادَةِ هُوَ الرَّحْمَٰنُ الرَّحِيمُ هُوَ اللَّهُ الَّذِي لَا إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ الْمَلِكُ الْقُدُّوسُ السَّلَامُ الْمُؤْمِنُ الْمُهَيْمِنُ الْعَزِيزُ الْجَبَّارُ الْمُتَكَبِّرُ سُبْحَانَ اللَّهِ عَمَّا يُشْرِكُونَ هُوَ اللَّهُ الْخَالِقُ الْبَارِئُ الْمُصَوِّرُ لَهُ الْأَسْمَاءُ الْحُسْنَىٰ يُسَبِّحُ لَهُ مَا فِي السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَهُوَ الْعَزِيزُ الْحَكِيمُ﴾[3]

“Ӯст Худое, ки ҷуз Ӯ маъбуде нест; ҳамон фармонравои поки саломат (бахш, ва) мӯъмин (ба ҳақиқати ҳаққаи худ, ки) нигаҳбон, азиз, ҷаббор (ва) мутакаббир (аст). Пок аст Худо аз он чи (бо Ӯ) шарик мегардонанд. Ӯст Худои холиқи навсози суратгар (ки) беҳтарин номҳо (ва сифот) аз они Ӯст. Ончи дар осмонҳо ва замин аст (ҷумла) тасбеҳи Ӯ мегӯянд ва Ӯ азизи ҳаким аст”.

Худои ҷаҳон аз нигоҳи Қуръон, бо ҳамаи боварҳои башарӣ дар заминаи мабдаи олам мутафовит аст. Худои Қуръон он зоти ягонаи воҷиди ҳамаи камолоти ҳастӣ ва пироста аз ҳамаи нақоис ва хасоиси ҳастӣ, ғании бениёз, ки ҳеҷ чизро натавон ба Ӯ ташбеҳ кард:

﴿لَيْسَ كَمِثْلِهِ شَيْءٌ ۖ وَهُوَ السَّمِيعُ الْبَصِيرُ﴾[4]

Ӯ дар айни қурби вуҷуд ва иҳотаи қайюмӣ, бартар аз пиндори маҳдуди одамӣ аст. Ӯ ҳам офаридгор ва ҳам мудаббири олам аст ва ҷаҳон худ лаҳза ба лаҳза аз Ӯ ҷилвагарӣ меёбад:

[5] ﴿كُلَّ يَوْمٍ هُوَ فِي شَأْنٍ﴾

“… Ӯ ҳар рӯз дар коре (ва ҳоле) аст.”

Афъоли илоҳӣ аҳдофи ҳакимона доранд ва бар асоси файз ва раҳмат ва ҳақ сурат мегиранд:

[6]﴿أَوَلَمْ يَتَفَكَّرُوا فِي أَنفُسِهِم مَّا خَلَقَ اللَّهُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ وَمَا بَيْنَهُمَا إِلَّا بِالْحَقِّ

“ Ва оё дар (даруни) худашон фикр накардаанд, ки Худо осмонҳо ва замин ва ончи байни он дуро ҷуз ба ҳақ наёфаридааст?!”

Тавҳиди Қуръон тавҳиди холиқият, рабубият ва улуҳият аст ва ин маротиб аз якдигар ҷудонопазиранд.

Қуръон роҳҳои “оёти офоқӣ” ва “анфусӣ”, софии замир ва таамули ақлониро бар рӯи бандагон кушода мебинад:

﴿سَنُرِيهِمْ آيَاتِنَا فِي الْآفَاقِ وَفِي أَنفُسِهِمْ حَتَّىٰ يَتَبَيَّنَ لَهُمْ أَنَّهُ الْحَقُّ [7]

“Ба зудӣ нишонаҳои худро дар атрофи (ҷаҳон) ва дар худашон ба онҳо менамоёнем, то ин ки барои онҳо ошкор шавад, ки Ӯ ҳақ аст”.

Қуръон “тавҳид”-ро ҳамоҳанг бо ақли бурҳонӣ, ҳамсӯ бо фитрати офариниш дониста, ширкро фоқиди пуштивона, зоидаи пиндор ва ситамварзӣ мешуморад:

[8]﴿خَلَقَ السَّمَاوَاتِ بِغَيْرِ عَمَدٍ تَرَوْنَهَا وَأَلْقَىٰ فِي الْأَرْضِ رَوَاسِيَ أَن تَمِيدَ بِكُمْ وَبَثَّ فِيهَا مِن كُلِّ دَابَّةٍ وَأَنزَلْنَا مِنَ السَّمَاءِ مَاءً فَأَنبَتْنَا فِيهَا مِن كُلِّ زَوْجٍ كَرِيمٍ *هَٰذَا خَلْقُ اللَّهِ فَأَرُونِي مَاذَا خَلَقَ الَّذِينَ مِن دُونِهِ بَلِ الظَّالِمُونَ فِي ضَلَالٍ مُّبِينٍ﴾

“(Худо) осмонҳоро бидуни сутунҳое, ки онҳоро бибинед офарид ва дар замин (кӯҳҳои) устуворе афканд, (мабодо) ки шуморо биларзонад ва аз ҳар ҷунбандае дар он пароканда кард ва аз осмон обе фурӯ фиристодем ва (анвои гиёҳон) аз ҳар ҷуфти арҷманде дар он (замин) рӯёндем. Ин офариниши Худост, пас ба ман бинамоёнед он (маъбуд)оне, ки ғайри ӯянд чи чизеро офаридаанд? Балки ситамкорон дар гумроҳии ошкоранд.”

Аз нигоҳи Қуръон карим Худованд ҳамчунон, ки Худои ақлу ҳикмат аст, Худои ишқу муҳаббат, ҷамолу зебоӣ аст. Зарроти вуҷуд саросар шайдои ӯянд ва аз таги дил хоҳони Ӯ:

﴿إِن كُلُّ مَن فِي السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ إِلَّا آتِي الرَّحْمَٰنِ عَبْدًا﴾[9]

“Ҳеҷ кас дар осмонҳо ва замин нест, магар инки бандавор ба сӯи (Худои) густардамеҳр ояд.”

﴿…وَإِن مِّن شَيْءٍ إِلَّا يُسَبِّحُ بِحَمْدِهِ وَلَٰكِن لَّا تَفْقَهُونَ تَسْبِيحَهُمْ[10]

“… ва ҳеҷ чизе нест, ҷуз он ки ба ситоиши Ӯ тасбиҳ мегӯяд ва лекин тасбиҳи онҳоро ба таври амиқ намефаҳмед.”

Ин гӯшае аз сифоти барҷастаи илоҳӣ аст, ки дар Қуръон омада, вале дар кутуби дигар ё андешаҳои дигарон, Худовандро ба гунае васф кардаанд, ки ҳаргиз шойистаи мақоми улуҳияти Ҳақ Таъоло нест.

Дар Тавроти кунуни мебинем, ки Худо ба гунаи нописанд васф шуда, ки хирад онро намепазирад. Дар достони сохтани шаҳри Бобул, Худованд бими он дошт, ки инсонҳо агар гирди ҳам оянд, нерӯи муташакилеро ба вуҷуд меоваранд, онгоҳ хатаре мутаваҷҷеҳи рабубияти худовандӣ хоҳад буд, лизо ба Ҷабраил дастур фармуд, то таҷамӯи онҳоро аз ҳам бипошонад.[11]

Дар устураҳои Юнони қадим низ тарсиме аз Худованди ҷаҳон ироа додаанд, ки анвои Худоёни кучак ва бузург (олиҳа)-ро дар пай дошта аст, ки гӯшае аз онро таърихнависи маъруф “Уилл Дюран” дар китоби Таърихи тамаддун овардааст.[12]

 


[1]. Сураи Исро, ояти 85.

[2]. Сураи Юнус, ояти 57.

[3]. Сураи Ҳашр, ояти 22-24.

[4]. Сураи Шуро, ояти 11.

[5]. Суари Ар-раҳмон, ояти 29.

[6]. Суари Рум, ояти 8.

[7]. Суари Фусилат, ояти 53.

[8]. Сураи Луқмон, ояти 10 ва 11.

[9]. Сураи Марям, ояти 93.

[10]. Сураи Исроъ, ояти 44.

[11]. Сифри пайдойиш, боби 11, шумораи 22-24ю

[12]. Уилл Дюран, Таърихи тамаддун, ҷ.2, саҳ.197 ба баъд.

Охирин матолиб

Беҳтарин шаби сол

Бисмиллоҳи Раҳмони Раҳим Пешгуфтор  Ба номи онки дил кошонаи ӯст, Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.

ШАЪБОН МОҲИ ХУБИҲО

  Моҳи Шаъбон яке аз моҳҳои бофазилат ва мавриди таваҷҷуҳи ҳазрати Ҳақ ва анбиёву авлиёи илоҳӣ буду ҳаст. Дар ин моҳ аъмолу дуоҳое ворид гаштааст,...