Ҷилваҳои эъҷози Қуръон (1)

Абъоди эъҷози Қуръони Карим

Қуръон дар ҳар чеҳрае аз чеҳраҳо ва дар ҳар мақоме аз мақомҳояш муъҷиза аст. Тамоми оёте ки дар Қуръон омадааст ҳама аз як ҷиҳат ё чанд ҷиҳат муъҷиза аст. Қуръон китобе аст, ки бофт ва шакли он беназир ва мунҳасир аст. Дар як ришта ва низоме аст воҳид; дар сатҳе аст бисёр олӣ; дар ҳаракоти ҳуруф, дар ҳуруфи калимот, дар калимоти оёташ ва оёти як сурааш бо тамоми сураҳояш муъҷиза аст. Дар тамоми матолибе, ки аз гузашта хабар дода ва ончи аз оянда бозгӯ кардааст, дар ончи амр намуда ва ончи наҳй карда, дар сохту назми мавзунаш, дар таркиби калимот ва сабки гуфтораш ва дар матолиб ва ҳақоиқаш ҳама муъҷиза аст. На танҳо дар як аср, балки дар ҳама замонҳо ва барои ҳамаи миллатҳо ва ҷавомеи башарӣ; то он рӯз ки дар пешгоҳи офаридгори меҳрубон ва қодири маннон ҳозир оянд.

Гавҳарҳои ҳақоиқи ин дарёи бузург бисёр гаронбаҳо ва дар айни ҳол бешумор аст. Ин ҳақоиқ дар маҳдудаи ончи Қуръон зикр намуда аст мунҳасир намешавад, балки матлаб онгунааст, ки Худои қодири ҳаким фармудааст:

﴿وَلَوْ أَنَّمَا فِي الْأَرْضِ مِن شَجَرَةٍ أَقْلَامٌ وَالْبَحْرُ يَمُدُّهُ مِن بَعْدِهِ سَبْعَةُ أَبْحُرٍ مَّا نَفِدَتْ كَلِمَاتُ اللَّهِ ۗ إِنَّ اللَّهَ عَزِيزٌ حَكِيمٌ﴾[1]

“Ва агар (бар фарзи) ончи аз дарахт(он) дар замин аст қаламҳо шавад, дар ҳоле ки дарё (маркаб шавад ва) баъд аз он ҳафт дарё ба кумакаш ояд, (офаридаҳо ва) калимоти Худо поён намеёбад барости, ки Худо шикастнопазир аст.”

Ҳар чанд ҷилваҳои зиёд ва абъоди гуногуне барои эъҷоз зикр шудааст, аммо дар ин навиштор ба тафсил ба муҳимтарин буъди он ки шумулият ва зуҳури бештаре нисбат ба бақияи абъод дорад пардохта мешавад. Ба назар мерасад тамоми абъоди дигари эъҷози Қуръони карим, ки бархе дар ин фасл ва бархе дар фасли баъдӣ хоҳад омад, бархоста аз фасоҳат ва балоғати беназири ин паёми осмонӣ аст.

  1. Эъҷози баёнӣ

Ҳамон тавр ки ишора шуд, буъди балоғӣ ва баёнии Қуръони Карим аз муҳимтарин абъод ва аз асоситарин ҷилваҳои эъҷози ин китоби осмонӣ аст. Мухотабини нахустини Қуръон, мардумоне буданд, ки дар майдони суханварӣ ва фасоҳат ва балоғат, риояти муқтазои ҳол ва мақом ва суҳулати гуфтор, чунон пешрафта буданд, ки гӯи сабқатро аз дигарон рабуда буданд. Ба ҳамин ҷиҳат Қуръон дақиқан ин ифтихори онҳоро ҳадаф қарор дод ва барои исботи ҳақонияти худ онҳоро ба ҳамоварӣ ва назиргӯӣ даъват кард. Дар муқобили ин даъвати мантиқии Қуръон, танҳо коре, ки мухолифин тавонистанд бикунанд ин буд, ки ба мубориза ва ситеза бархезанд ва ҷонҳо ва молҳоеро дар ин роҳ сарф намоянд, бе он ки ҷуръат дошта бошанд ба мусобиқа ва муқобилаи Қуръон бираванд. Яқинан агар қудрат ва тавоноии муқобила бо онро доштанд лаҳзае дареғ намеварзиданд ва ин роҳро, ки камҳазинатарин роҳ ва саҳлтарин масир барои худнамоӣ буд, бар соири роҳҳо тарҷеҳ медоданд. Аммо касе, ки ҳама васоил барояш фароҳам ва монее ҳам пеши рӯяш набошад, бо ин вуҷуд натавонад онро анҷом диҳад, баёнгари аҷз ва нотавонии ӯст.

Эъҷози баёнӣ ба ҷанбаҳои лафзии ибороти бакоррафта ва ба зарофатҳо ва нуктаҳои балоғӣ назар дорад, ҳарчанд ин нуктаҳо ва зарофатҳо дар маъно ва муҳтаво нақши аслиро ифо мекунад. Эъҷози баёнии Қуръонро метавон дар панҷ бахш хулоса намуд:[2]

А) Гузиниши калимот

Интихоби калимот ва вожаҳои бакоррафта дар иборатҳои қуръонӣ комилан ҳисобшудааст; ба гунае ки агар бихоҳем калимаеро аз ҷои худ бардорем ва калимаи дигареро, ки дар он мавзеъ тамоми вижагиҳои аслиро дошта бошад, ҷойгузини он кунем, ёфт нахоҳад шуд, зеро дар гузиниши вожаҳои Қуръон чанд масъала лиҳоз шудааст:

а) таносуби овои ҳуруфи калимоти ҳамрадиф, ба гунае ки охирин ҳарфи ҳар калима бо аввалин ҳарфи калимаи баъдӣ ҳамоҳанг аст.

б) таносуби маънавии калимот бо якдигар, ба гунае ки аз лиҳози мафҳумӣ низ бофти мунсаҷиме ба вуҷуд омадааст.

в) риояти фасоҳати калимот, тибқи шароите, ки дар илми “маонӣ ва баён” қайд кардаанд.

Ин риоятҳои сегона бо мулоҳизаи вижагиҳои ҳар калима анҷом гирифта ва дар маҷмуъ ҳар вожае дар ҷойгоҳи махсуси худ ва ба беҳтарин ваҷҳ қарор гирифтааст. Маъруфтарин шоҳиди мисол дар ин замина ояи Қасос аст:

﴿وَلَكُمْ فِي الْقِصَاصِ حَيَاةٌ يَا أُولِي الْأَلْبَابِ لَعَلَّكُمْ تَتَّقُونَ﴾[3];

“Дар иҷрои қонуни қасос, тазмини ҳаёт шудааст, эй соҳибони хирад! Ки (дар рафтори худ) парво пеша кунед”.

Араб барои осонӣ дар ҳифзи қонунҳои маданӣ, иҷтимоӣ ва кефарии худ онҳоро дар қолаби ҷумлаҳои кӯтоҳ, зариф ва гӯё даровардааст, аз ин рӯ барои танзими қонуни қасос аз фасеҳони барҷастаи худ кӯмак гирифт ва пас аз нишасту бархостҳои фаровон бар иборати اَلقَتلُ اَنفی لِلقَتل иттифоқи назар доданд; яъне куштани қотил беҳтарин боздоранда аз қатл аст, аммо дар ин иборат дар муқойиса бо ояти Қасос аз чанд нукта ғафлат варзиданд:

  1. Аз лиҳози адабӣ иштибоҳ аст, ки вожаи қатл-ба шакли мутлақ- нофии қатл бошад, зеро ҳар қатле ҷулугирӣ аз қатл намекунад, балки қатле ҷулугирӣ аз қатлҳо мекунад, ки ба шакли қасос бошад. Ояти шарифа ҳаёт ва зиндагиро дар қасос баён ва тасбит менамояд ва ин матлабе аст, комилан воқеӣ, дар ҳоле ки иборати мазкур комил нест.
  2. Дар иборати ёдшуда, “афъали тафзил” ба кор рафта, вале “муфаззалун алайҳ” мубҳам аст ва маълум нест, ки қатл аз чи чизе боздорандатар мебошад.[4]
  3. Ояти Қуръон ҷанбаи эҷобӣ ва иборати ёдшуда ҷанбаи нафй дорад ва дар сухансанҷӣ- ба вижа дар тадвини маводи қонунӣ ва аҳком- иборати исботӣ бартар аз иборати салбӣ аст.
  4. Ба кор бурдани лафзи “қасос” тадоикунандаи ин аст, ки ин қонун аз маншаи адолат бархостааст; дар сурате, ки ба кор бурдани лафзи қатл, ҳолати танаффур ва инзиҷор дорад.
  5. Дар оят, фанни “тибоқ” ба кор рафта ва ҷамъ байни зиддайн шудааст, зеро қасос , ки навъе қатл ва дар зоҳир зидди ҳаёт аст, муҷиби ҳаёт ба шумор омадааст.
  6. Дар иборати оят ҳеҷ такроре вуҷуд надорад, бар хилофи ҷумлаи мазкур.
  7. Алфози оят руҳи раъфат ва мусолиматомези Исломро комилан мунъакис менамояд, дар ҳоле ки аз иборати “Ал-қатлу анфи лил қатл”, хушунат ва хунрезӣ истишмом мешавад.

Хулоса он ки миёни мафҳуми ояти шарифа ва ҷумлаи араб фарқи бисёр аст. Ин диққати Қуръон дар интихоб ва гузиниши калимот, ба ду шарти аслӣ бастагӣ дорад:

а) Иҳотаи комил бар вижагиҳои луғат, ба тавре ки вижагии ҳар калима ба хусусро дар сар то сари луғат бидонад.

б) Ҳузури зеҳни ҳамешагӣ; то дар мавқеи корбурди вожаҳо тамоми калимот мадди назари ӯ бошад, то дар гузиниши алфоз дучори ҳайрат ва сардаргумӣ нашавад.

Ҳусули ин ду шарт дар афроди маъмулӣ ғайри мумкин аст.

Б) Сабк ва шеваи баён

Шеваи баёни Қуръон бо онки муҷиби ҷазб ва кашиши араб гардид, бо ҳеҷ як аз услуб ва шеваҳои мутадовили араб шабоҳат ва қаробате надорад.

Ин аз шигифтиҳои суханварӣ аст, ки суханвар сабке, ки мавриди пазириш ва писанди шунавандагон аст биофаринад ва аз шеваҳои мутаорафи онҳо берун бошад ва шигифтовартар он ки аз тамоми маҳосини шеваҳои каломии мутаораф баҳра гирифта бошад, бе он ки аз маойиби онҳо чизе дар он ёфт шавад.

Анвои калом, ки дар миёни фусаҳои араб низ мутадовил буд, иборатанд аз: шеър, наср ва саҷъ.[5] Ҳар як аз ин се шева, маҳосине доранд ва айбҳое; сабки қуръонӣ, ҷозибият ва зарофати шеър, озодии мутлақи наср ва ҳусну латофати саҷъро дорост, бе он ки дар тангнои қофия ва вазн дучор шавад (нақси шеър) ё парокандагӯи кунад (айби наср) ё такаллуф ва душворӣ ба худ роҳ диҳад (айби саҷъ). Ҳамин амр мояи ҳайрати сухандонони араб шуд.

Г) Назми оҳанги Қуръон ё эъҷози савтӣ

Ҳангоми гӯш додан ба овои Қуръон, нахустин чизе, ки ҷалби таваҷҷӯҳ мекунад низоми бадиъ ва шевои савтии он аст. Дар ин низом, ҳаракот ва саканоти вожагон ба шакле оройиш шудааст, ки ҳангоми шунидан овои дилнишин ба гӯш мерасад, овое ки шӯре дар дилҳо меандозад ва нишоте дар ҷонҳо медамад. Ин ҳамон назми оҳанги Қуръон аст, ки эҳсосоти одамиро бармеангезад ва дилҳоро шефтаи худ месозад. Барои мисол дар сураи Наҷм мехонем:

﴿ وَالنَّجْمِ إِذَا هَوَىٰ* مَا ضَلَّ صَاحِبُكُمْ وَمَا غَوَىٰ* وَمَا يَنطِقُ عَنِ الْهَوَىٰ* إِنْ هُوَ إِلَّا وَحْيٌ يُوحَىٰ* عَلَّمَهُ شَدِيدُ الْقُوَىٰ* ذُو مِرَّةٍ فَاسْتَوَىٰ* وَهُوَ بِالْأُفُقِ الْأَعْلَىٰ* ثُمَّ دَنَا فَتَدَلَّى* فَكَانَ قَابَ قَوْسَيْنِ أَوْ أَدْنَىٰ* فَأَوْحَىٰ إِلَىٰ عَبْدِهِ مَا أَوْحَىٰ* مَا كَذَبَ الْفُؤَادُ مَا رَأَىٰ* أَفَتُمَارُونَهُ عَلَىٰ مَا يَرَىٰ* وَلَقَدْ رَآهُ نَزْلَةً أُخْرَىٰ* عِندَ سِدْرَةِ الْمُنتَهَىٰ* عِندَهَا جَنَّةُ الْمَأْوَىٰ* إِذْ يَغْشَى السِّدْرَةَ مَا يَغْشَىٰ* مَا زَاغَ الْبَصَرُ وَمَا طَغَىٰ* لَقَدْ رَأَىٰ مِنْ آيَاتِ رَبِّهِ الْكُبْرَىٰ﴾[6]

Устод Дароз мегӯяд: “Дар ин ҳуруф, гӯё яке менавозад, дигарӣ танин андоз, севумин наҷвогар аст, чаҳорумин бонг бароваранда, панҷумин нафасро мелағзонад ва шашумин роҳи нафасро мебандад ва шумо оҳангро дар дастраси худ меёбед”.[7]

Мусиқии берунӣ ҳосили санъатҳое монанди қофия, саҷъ ва вазн аст; аммо “назми оҳанги дарунӣ”, ки мухтаси Қуръон аст, дастоварди ҷалолати таъбир ва падидомада аз мағз ва кунҳи калом. Зебоии лафз ва шукуҳмандии маъно, навои эҳсосангез падид меоварад ва насими рӯҳнавозро ба вазидан во медорад ва даруни одамиро ба халаҷон менишонад.

Ҳангоме ки ояи ﴿ وَالضُّحَىٰ* وَاللَّيْلِ إِذَا سَجَىٰ﴾[8] (Ваз зуҳа валлайли иза саҷа)-ро тиловат мекунем, бо бахше рӯ ба рӯ ҳастем, ки аз қофия, вазн ва мисроъбандии қарордодӣ тиҳӣ аст, вале саршор аз мусиқӣ аст ва аз ҳар ҳарфи он навои дилпазир метаровад. Ин ҳамон назми оҳанг ё мусиқии дарунӣ аст. Назми оҳанги дарунӣ, розе аз розҳои Қуръон аст ва ҳеҷ сохтори адабӣ ёрои баробарӣ бо онро надорад.[9]

Қуръони маҷид бо вуҷуди танавуъ ва таолии матолиб ва густардагии онҳо, дорои оҳанги зебову ҷаззоб ва дилнишин аст; ҷозибае, ки дар сурати калимот ва ибороти Қуръон вуҷуд дорад, ҳар инсонеро ба худ ҷазб менамояд. Ҷозибаи калимот ва оҳанги Қуръон, ба гунае аст, ки танҳо сухан ва каломе аст, ки малол ва ранҷиши хотире барои шунавандагон ба дунбол намеоварад[10] ва танҳо оҳанге аст, ки ҳар чи бар он мегузарад, кӯҳна ва фарсӯда намешавад.

Инсон вақте ба Қуръон гӯш фаро медиҳад, ҷозибаи онро дарк мекунад, ки чи қадар Худованди Мутаол онҳоро зебо ва ҷаззоб намудааст,[11] ба гунае ки аз шунидани оҳанг ва тиловати он на танҳо эҳсоси хастагӣ намекунад, балки лаззат мебарад, зеро оҳанг ва нағмаҳои қуръонӣ аз навъи нағмаҳои “даврӣ” аст ва на “хаттӣ”. Дар оҳангҳои даврӣ маънавият ва оромиши хоссе нуҳуфта аст, бар хилофи оаҳнгҳои хаттӣ, ки муҷиби ҳаяҷонҳои козиб мешавад.

Дар садри Ислом мушрикин ва куффор ба хотири ин ки ҷозибаи Қуръон онҳоро таҳти таъсир қарор надиҳад, аз ҳузури дар ҷаласоти қироат ва гӯш додани Қуръон рӯ барметофатанд, то ин ки мабодо оҳанги Қуръон ба гӯши онҳо бирасад, зеро гӯш додан ба қироати Қуръон, дар дили инсон нишот ва маънавияти хоссе эҷод мекунад ва ҳангоме ки бар маонии он низ огоҳӣ ҳосил шавад, таъсири фавқулода дар дарун барҷо мениҳад, таъсире ки дар ҳеҷ як аз қироати каломҳои инсонӣ аз насру шеър ва хутбаҳо ёфт намешавад.[12] Мусиқӣ ва ҷозибаи Қуръон, он қадар шигифовар аст, ки Валид ибни Муғйира дар мавриди Қуръон мегӯяд: “Каломи ӯ дорои ҳаловат ва таровати хоссе аст, каломе аст мутаолӣ ва ҳеҷ каломи дигаре нест, ки бар он бартарӣ дошта бошад.”[13]

Бархе монанди Саккокӣ, аз муҳимтарин шигифтиҳои эъҷози Қуръонро дар ҳамон эъҷози савтӣ ва ҷозиба ва оҳанги он медонанд, ки қобили дарк аст ва на қобили тавсиф.[14] Ҳамин ҷозибаи Қуръон буд, ки дар садри Ислом муҷиб шуд иддае Қуръонро сеҳр ва каломи соҳирона биноманд, зеро таҳаммули шунидани онро надоштанд;[15] чунон ки аз сӯи дигар гурӯҳе шунидани Қуръонро сабаби Исломи худ донистаанд.

Ба ҳамин сабаб аз Паёмбар (с) ривоят шуда ки:

لکل شیء حلیة و حلیة القرآن صوت الحسن:

“ Ҳар чизе зинате дорад ва зинати Қуръон савти некӯ аст”.[16]

Ва ҳамин тавр дар ривояти дигар фармудааст:

حسّنوا القرآن بأصواتکم، فإنَّ الصوت الحسن یزید القرآن حسناً:

“Зинат бидиҳед Қуръонро бо садоятон, зеро садои некӯ бар ҳусну зебоии Қуръон меафзояд”.[17]

Қуръон бар асоси ҳамин ривоят аз ҳолати тағании хоссе бархурдор аст, ки агар ҳақи он адо шавад, аз таъсири сеҳромез бархурдор хоҳад гардид, таъсире ки дар ҳеҷ як аз суханҳои дигар нест, ҳарчанд онҳоро бо сурати ҳасан бихонад.[18]

Дар ривояти дигар аз Паёмбар (с) омадааст, ки Қуръонро бо тағаннӣ бихонед, зеро Қуръон дорои ҳузни хоссе аст ва мефармояд:

إنَّ هذا القرآن نَزَلَ بِحُزنٍ و کآبَةٍ، فإذا قرأتُمُوه فابکوا فإن لم تَبکوا فَتَباکوا”, [19]لَیسَ مِنَّا مَن لَم یَتَغَنَّ بِالقُرآنِ

«Нузули (асвот) Қуръон, аз ҳузни хоссе бархурдор будааст, пас ҳангоме ки онро қироат менамоед, ба ҳамроҳи ҳузн ва табокӣ бошад, агар ҳузн ва табокӣ надоред, дар худ ҳолати табокӣ эҷод намоед ва Қуръонро бо ҳолати тағаннӣ бихонед; ҳар кас онро бо ҳолати тағаннӣ нахонад, аз мо нест».

Д) Ваҳдати мавзӯӣ (таносуби маънавии оёт)

Оёти Қуръон ба сурати пароканда ва ба муносибатҳои гуногун нозил шудаанд ва табиатан набояд миёни оёт робита ва таносубе вуҷуд дошта бошад. Дар сурате. ки бо диқате ки донишмандон (ба вижа дар асри охир) дар муҳтавои ҳар сура анҷом додаанд, ба ин натиҷа расидаанд, ки ҳар сура ҳадаф ё аҳдофи хоссеро, ки ҷомеъ миёни ҳар сура аст, дунбол мекунад ва масъалаи эъҷоз дар ҳамин нукта аст. Имрӯза ба ин ваҳдати сиёқ, ки дар ҳар сура вуҷуд дорад, “ваҳдати мавзӯӣ” мегӯянд.[20]

Е) Нуктаҳо ва зарофатҳо

Дар Қуръон анвои истиора, ташбеҳ, киноя, маҷоз ва нуктаҳои бадиъ ба ҳадди фаровон ба кор рафтааст. Дар тамоми маворид чорчуби шеваҳои мутаорафи араб риоят шуда, вале мавриди корбурд бо чунон зарофат ва диққат анҷом шуда, ки муҷиби ҳайрати арбобони сухан ва нуктасанҷони араб гаридааст. Сухандонон пазируфтаанд, ки ташбиҳоти Қуръон матинтарин ташбиҳоте аст, ки дар каломи араб ёфт мешавад, ҷомеи маҳосини нукоти бадиъ ва расотарин баён, дар ироаи фанни тарсими маъно аст.

Ибни Асир, адиби бузурги ҷаҳони араб, дар бораи ташбиҳ, ояти

﴿وَجَعَلْنَا اللَّيْلَ لِبَاسًا﴾[21]

“Ва ҷаъалнал лайла либоса” -ро мисол меоварад; ба гуфтаи вай ташбеҳи шаб ба либос ба ин ҷиҳат аст, ки торикии шаб афродро аз диди якдигар пинҳон медорад, то агар аз душмане бихоҳад бигрезад ё дар камини ӯ биншинад ё чизеро аз диди дигарон пинҳон дорад, аз торикии фарогири он шаб ба беҳтарин шакл баҳра бибарад. Ин ташбеҳ аз ҷумлаи зарофатҳое аст, ки танҳо Қуръон ба он ороста аст ва дар дигар каломи мансур ва манзуми араб ёфт намешавад…”[22]

 


[1] . Сураи Луқмон, ояти 27.

[2] . Метавон эъҷози баёнии Қуръони каримро ба гунаҳои мухталиф дастабандӣ намуд, аммо дар инҷо шевае, ки Аллома Маърифат онро ба панҷ бахш дастабандӣ намудаанд бо истифода аз осори эшон пардохта шудааст.

[3] . Сураи Бақара, ояти 179.

[4] . Агар “муфаззалун алайҳ” муқаддари “мин кулли шайин” бошад, комилан нодуруст аст ва агар “мин баъзил ашё” бошад ҳолати ибҳом дорад ва дар матни қонун набояд ҳеҷ гуна нуқтаи ибҳоме вуҷуд дошта бошад.

[5] . Шеър: сухани мавзун, дорои қиёфа ва тахаюл. Наср: сухани пароканда (фоқиди вазн ва назми хос). Саҷъ: ҷумалоти кӯтоҳи қофиядор, вале фоқиди назм ва вазни хос мебошад.

[6]. Сураи Наҷм, ояи 1-18.

[7] . Дароз, Муҳаммад Абдуллоҳ, Аннабаул азим назаротун ҷадидатун фил Қуръон, с.94-99.

[8] . Сураи Зуҳо, ояти 1-2.

[9] . Барои тафсили бештар р.к: Аллома Маърифат, Улуми қуръонӣ, с.380-391.

[10] . Рофеӣ, Абдулқодир, Эъҷозул Қуръон вал балоғатун набавия, с.214.

[11] . Ал-набаул азим, с. 101.

[12] . Эъҷозул Қуръон вал балоғатун набавия, с.188.

[13] . Ҳоким Нишобурӣ, Абуабдуллоҳ, Ал-мустадраку ало саҳеҳайн, ҷ.2, с. 50.             

[14] . Саккокии Хоразмӣ, Юсуф ибни Абибакр, Мифтоҳул улум, с.221.

[15] . Ишора ба ояи шарифа: Фусилат, ояти 26. “وَقَالَ الَّذِينَ كَفَرُوا لَا تَسْمَعُوا لِهَٰذَا الْقُرْآنِ وَالْغَوْا فِيهِ لَعَلَّكُمْ تَغْلِبُونَ

[16] . Усули Кофӣ, ҷ.2, с.614.

[17] . Ҳамон; Ал-итқон, навъи 35; ин ҳадисро Бухорӣ ба сурати муаллақ нақл намуда ва ҳоким дар Ал-мустадрак ва Аҳмад низ дар Муснад онро овардаанд ва муҳаддисин онро саҳеҳ медонанд.

[18] . Ҳамон , ҷ.2, с.616.

[19] . Суютӣ, Ал-итқон, ҷ.1, с.141; ва Ибни Касир дар Фазоилул Қуръон, с.35 аз Абидовуд нақл кардааст. Қисмати охири ҳадисро Шайхайн дар сиҳоҳи худ ва Аҳмад ва Абудовуд ва Ибни Моҷа ва Дорамӣ нақл намудаанд ва Албонӣ онро саҳеҳ шумурдааст. Низ, ниг: Биҳорул анвор, ҷ.89, с.191. ва дар Саҳеҳайн аз Расулуллоҳ ривоят шуда ки: “ما أذن الله لشیء کما أذن لنبی حسن الصوت یتغنی بالقرآن یجهر به”.

[20] . Бархе илова бар таносуби оёт, масъалаи таносуби сураҳоро низ матраҳ сохта ва мегӯянд: “Тартиби сураҳо низ бо таносуб анҷом гирифта аст.”; аммо мутазаккир мешавем, ки: ҳеҷ таносби маънавӣ миёни сураҳо бо якдигар вуҷуд надорад ва ҳаргиз тартиби мавҷуд байни сураҳо тавқифӣ нест, балки пас аз риҳлати Паёмбари Акрам (с) ба дасти саҳоба ва аз рӯи бархе муносибатҳои эътиборӣ (монанди бузургӣ ва кучакии сураҳо ва аз ин қабил) анҷом гирифтааст.

[21] . Сураи Наба, ояти 10.

[22] . Мувсили, Абилфатҳ Зиёуддин, Ал-масалус соир фи адабил котиби ва шоир, ҷ.2, с.126-135.

Охирин матолиб

тарҷума

Тарҷумаи СУРАИ ИСРО

СУРАИ ИСРО Ин сура дар Макка нозил шуда ва 111 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Муназзаҳ аст Зоте, ки бандаашро шабонгоҳе аз Масҷид-ул-ҳаром...

тафсир

МУҚАДДИМАЕ БАР ТАФСИРИ ҚУРЪОН

Қуръони карим ҳадяи илоҳӣ барои башар ва барои ҳидояту роҳнамоӣ ва ноҷоти ӯст. Китобе, ки лозим аст дар он тадаббур, тафаккур ва  таъаққул намоем ва...

Омӯзиш

Дуоҳои қуръонӣ

Чаро дуоҳоямонро бо «Раббано» оғоз кунем? Вақте дар оёти Қуръони Карим диққат кунем мебинем, ки анбиё, фариштагон ва авлиёи илоҳӣ дуоҳои худро бо ибораи “Раббано”...