Ҷавони шоиста дар Қуръон

Ҷавонӣ, беҳтарин ва ҳассостарин давраи умри ҳар мавҷуде, ба хусус инсон ба ҳисоб меояд.

Дар ҳамин давра аст, ки инсон метавонад сарнавишти худро рақам бизанад ва уфуқи ояндаи худро рӯшан ва дурахшон ва ё онро тираву тор созад. Қолаби вуҷудии як инсон дар давраи ҷавонӣ шакл мегирад ва ояндаи ӯ ҳам бар ин асос рақам мехӯрад. Дар ҳар асре ҷавонон бештар мавриди таваҷҷӯҳ ҳастанд ва дар шаклгирии мавзӯоти мухталиф дар ҷомеаҳо нақши муассире ифо мекунанд ва дар ин миён баъзе афрод, аҳзоб, қудратҳо ва ғайра, аз эҳсосоти пок ва таҳарруки нерӯи созандаи ҷавонон дар ростои манофеи шахсӣ ва гурӯҳии худ суд мебаранд.

Даврони навҷавонӣ ва ҷавонӣ, даврони ҳассос ва сарнавиштсоз ва таъйинкунандаи шахсияти фард аст. Чизе, ки метавонад ин ҳассосиятро дар масири ҳидоят, ва ғурурро дар тариқи мусбат қарор диҳад ва шаҳватро машрӯъ намояд, қонуни илоҳӣ; яъне Қуръон ва аҳодиси Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ва пешвоёни дин аст.

Дар ин навиштор, ба баъзе аз роҳкорҳои Қуръон ва ривоятҳо дар муваффақият ва шахсияти ҷавон ишора мегардад.

Қуръони карим симои ҷавони шоистаро чӣ гуна баён мекунад?

Қуръони карим ва ривоятҳои исломӣ, ба давраи ҳассоси навҷавонӣ ва ҷавонии умри инсон аҳамияти хоссе додаанд. Дар ривоте, хитоб ба яке аз ёрон мефармоянд: “Бар ту бод таваҷҷӯҳ ба ҷавонон, зеро онон ба ҳар кори хайр аз дигарон пештозтаранд”.

Ҳамчунин мефармоянд: “Чун ҷавони мусалмон Қуръон бихонад, Қуръон бо гӯшту хунаш омехта гардад ва Худованди мутаол ӯро дар зумраи паёмбарони воломақом назди худ қарор медиҳад ва Худованд худ дар қиёмат мудофеи вай бошад”.

Қуръони карим, бо тарҳи намунаҳое аз ҷавонони шоиста, монанди ҷавонони Асҳоби Каҳф ва баъзе аз паёмбарони ҷавони илоҳӣ ва ёдоварии баъзе аз достонҳо ва нуктаҳои ахлоқӣ ва тарбиятӣ, симои ҷавони шоистаро тарсим мекунад. Гӯшаҳое аз баёни симо ва хусусиятҳои як ҷавони шоиста аз назари Қуръони карим ва низ ривоятҳои исломиро дар зер меоварем:

1. Парҳезкорӣ ва риояти тақво:

Қуръони карим мефармояд: “Аз Худо парво намоед ва бидонед Худо бо парҳезкорон аст”. Ва дар ҷои дигар мефармояд: “Гиромитарини шумо назди Худованд бо тақвотарини шумост…”

Пас, як ҷавони шоиста аз назари Қуръон, касест, ки тақво ва парҳезкориро пеша мекунад.

Паёмбари акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам)мефармоянд: Худованди мутаол ба вуҷуди ҷавони ибодаткунанда (ва ботақво) бар фариштагон менозад ва мефармояд: “Ин бандаи маро бингаред ба хотири ман аз ҳавои нафси худ даст кашидааст”.

2. Доштани имон ва дурӣ аз ширк:

Қуръон мефармояд: “Эй касоне, ки имон овардаед, ба Худо ва паёмбараш ва китобе, ки бар ӯ нозил карда аст, имон биёваред…” Ва дар ҷои дигар, ба нақл аз супоришҳои ҳазрати Луқмон ба фарзандаш, ҳамаи инсонҳо, ба хусус ҷавононро аз ҳар гуна ширк барҳазар медорад ва мефармояд: “Писарам, чизеро ҳамтои Худо қарор надеҳ, ки ширк зулми бузург аст”.

Ба ин тартиб, ҳазрати Луқмон, асоситарин рукни имон ва диндорӣ (тавҳид)-ро ба фарзанди ҷавонаш ёдоварӣ мекунад.

3. Адолатталабӣ ва ҳимоят аз мазлумон:

Аз он ҷо ки ҷавон ҳанӯз дар нобаробариҳои муҳит ғарқ нашуда ва ба он хӯй нагирифта ва олуда нашудааст, сифати адолатталабӣ ва ҳимоят аз мазлумон дар ӯ, бештар таҷаллӣ дорад. Қуръони карим ба намунаҳое дар ин бора ишора мекунад. Аз ҷумлаи ин ҷавонони адолатталаб ва ҳимоягари мазлумон, ҳазрати Мӯсо (алайҳиссалом) аст. Дар сураи Қасас, оятҳои 15 ва 23-28 омадааст, ки ҳазрати Мӯсо (алайҳиссалом), ҷавоне адолатталаб ва ҳимоягари мазлум буд.

Ба ҳамин ҷиҳат, дар сарзамини Миср ба ҳимоят аз шахси мазлуме бархост ва дар Мадян низ ҷавонмардона ба кӯмаки духтарони ҳазрати Шуайб (алайҳиссалом) рафт ва барои гӯсфандони онҳо аз чоҳ об кашид.

4. Кӯшишу талош:

Давраи ҷавонӣ замони талош, кӯшиш, ҳаракат ва шодобӣ аст. Қуръони карим боз ҳазрати Мӯсо (алайҳиссалом)-ро самбул ва намунаи як ҷавони кӯшо, талошгар ва пурҳаракат муаррифӣ мекунад, ки бидуни сармоя ва сарват, вале бо талошу кӯшиш барои ҳазрати Шуайб (алайҳиссалом) кор кард ва баъд аз интихоби ҳамсар ва ташкили хонавода, бо сарвати фаровон ба шаҳри худ (Миср) бозгашт.

Бинобар ин, як ҷавон бояд бо ирода ва пуштикоре қавӣ ва бо азме росих бикӯшад ва аз бӯҳронҳо ва фарозу нишебҳои зиндагӣ ба саломат газар кунад.

5. Ҳақпазирӣ:

Ҷавонон зудтар ба ҳақоиқ дил мебанданд ва дар амал низ бебоку ҷасур ҳастанд ва агар чизеро ҳақ бубинанд, дар исботи он муқовимат мекунанд. Қуръони карим баъзе аз ҷавонони Асҳоби Каҳфро чунин медонад ва мефармояд: “Мо достони онҳоро ба ҳақ ба ту бозгӯ мекунем; онҳо ҷавононе буданд, ки ба парвардигорашон имон оварданд ва мо бар ҳидояташон афзудем”.

Дар ҷое дигар, достони ҷавонии ҳазрати Исмоилро ки ҳозир шуд дар роҳи ҳақ ҳатто ҷони худро фидо кунад, ёдовар мешавад ва мефармояд: “Ҳангоме ки (ҳазрати Иброҳим (алайҳиссалом)) бо ӯ (ҳазрати Исмоил (алайҳиссалом)) ба мақоми саъй расид, гуфт: писарам! Ман дар хоб дидам, ки туро забҳ мекунам, назари ту чист? Гуфт: ҳар чи дастур дорӣ иҷро кун, ба хости Худо маро аз собирон хоҳӣ ёфт”.

Аз оятҳои ёдшуда бармеояд, ки як ҷавони мӯъмин ва шоиста, бояд дар муқобили ҳақиқатҳо сари таъзим ва таслим фуруд оварад.

6. Шаҳомат ва шуҷоат:

Аз дигар хусусиятҳои як ҷавон аз назари Қуръон, доштани шуҷоат ва шаҳомат аст. Ин ду аз сифатҳои камоли инсон аст, ки бештар дар ҷавонон мушоҳида мешавад. Аз ҷумлаи ин ҷавонон метавон ҳазрати Довуд ва ҳазрати Иброҳим (алайҳиссалом)-ро ном бурд.

Ҳазрати Иброҳим (алайҳиссалом) бо шаҳомату шуҷоати комил дар муқобили бутпарастон истод ва бутҳоро шикаст. Худованди мутаол дар ин бора мефармояд: “(Гурӯҳе) гуфтанд: шунидем ҷавоне аз (мухолифат бо) бутҳо сухан мегуфт, ки ӯро Иброҳим мегӯянд”.

Ҳазрати Довуд (алайҳиссалом) низ бо шуҷоату шаҳомат ва такя бар имони ба Худо бо золиме ба номи Ҷолут, ки бисёр қавӣ буд, ба мубориза пардохт ва ӯро шикаст дод.

7. Иффату покдоманӣ:

Аз дигар хусусиятҳои як ҷавони шоиста аз назари Қуръони карим, иффату покдоманӣ аст. Қуръони карим дар ҷое дар бораи ҳаё ва иффати духтарони Шуайб (алайҳиссалом) мефармояд: “Ногаҳон яке аз он ду (зан) ба суроғи ӯ омад, дар ҳоле, ки бо ниҳояти ҳаё қадам бармедошт…”

Дар ҷои дигар ҳазрати Юсуф (алайҳиссалом)-ро қаҳрамони покию иффат муаррифӣ мекунад, ки бо вуҷуди муҳайё будани тамоми заминаҳои анҷоми гуноҳ, бо иффату покдоманӣ аз васвасаҳои шайтон ба Худо паноҳ бурд ва бо сарафрозӣ дар имтиҳони илоҳӣ пирӯз шуд.

Бинобар ин, як ҷавони шоиста аз назари Қуръон, бояд дар баробари нопокиҳо ва ҳавоҳои нафсонӣ афиф ва покдоман бошад.

8. Парҳез аз ифрот ва тафрит:

Аз дигар хусусиятҳои ҷавнони шоиста, парҳез аз ифрот ва тафрит ва риояти эътидол аст. Чунон ки ҳазрати Луқмон (алайҳиссалом) ба фарзанди ҷавони худ тавсия мекунад: “Писарам, дар роҳ рафтан эътидол ва миёнаравиро риоят кун ва аз садои худ бикоҳ…”

Аз ояти ёдшуда бармеояд, ки як ҷавони шоиста бояд дар тамоми корҳо эътиолро риоят кунад.

Дар ривоят омадааст: “Беҳтарини корҳо, мӯътадилтарин ва миёнатарини онҳост”. Ҷавонон дар синни ҷавонӣ бояд эҳсосот ва шӯри ҷавониро дар худ назорат ва ҳидоят кунанд ва аз ифроту тафрит дар корҳо парҳез намоянд.

9. Хушахлоқӣ ва тавозӯъ дар баробари мардум:

Ҳазрати Луқмон ба фарзанди ҷавонаш супориш мекунад: “(Писарам!) Бо бе эътиноӣ аз мардум рӯй магардон ва мағрурона бар замин роҳ марав, ки Худованд ҳеҷ мутакаббири мағруреро дӯст надорад”.

10. Ибодат ва амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар:

Як ҷавони шоиста бояд дар иқома ва ба ҷо оврадани намоз бикӯшад ва мардумро аз мункарот ва зиштиҳо наҳй кунад ва ба хубиҳо даъват намояд ва дар баробари сахтиҳо ва мушкилот сабур бошад. Луқмон ба писараш мефармояд: “Писарам! Намозро барпо дор ва амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар кун ва дар баробари мусибатҳое, ки ба ту мерасад, шакебо бош, ки ин аз корҳои муҳим аст”.

11. Худопарастӣ:

Яке аз хусусиятҳои ҷавонони шоиста, худопарастӣ аст. Худованди мутаол мефармояд: “Ва Худоро бипарастед ва ҳеҷ чизро ҳамтои Ӯ қарор надиҳед…”

12. Некӣ ба падару модар:

Аз хусусиятҳои як ҷавони хуб некӣ ба падару модар аст. Худованди мутаол дар ҷоҳои зиёд ҷавононро тавсия карда аст, ки ба падару модари худ некӣ кунанд. Чунон ки мефармояд: “Ва ба падару модар некӣ кунед, ҳамчунин ба хешовандон ва ятимон ва мискинон ва ҳамсояи наздик ва…”

13. Ёдоварии маод ва рӯзи қиёмат:

Як ҷавони шоиста аз назари Қуръон, ҳеҷ гоҳ ёди марг ва рӯзи қиёмат ва ҳисобу китоби аъмоли охиратро фаромӯш намекунад. Ҳазрати Луқмон (алайҳиссалом) ба фарзанди ҷавонаш мефармояд: “Писарам, агар ба андозаи вазни донаи хардале (амали хуб ё бад) бошад ва дар дили санге ё дар гӯшае аз осмонҳо ва замин қарор гирад, Худованд онро (дар қиёмат барои ҳиосб) меоварад. Худованд дақиқ ва огоҳ аст”.

14. Тазкия ва таълим:

Як ҷавон аз назари Қуръони карим бояд бо ду боли тазкия ва таълим ба сӯи оянда ва камол парвоз кунад ва худро аз ҳар ҷиҳат ба тақво ва илм муҷаҳҳаз созад. Қуръони карим мефармояд: “Ҳамон гуна (ки бо тағйири қибла неъматро бар шумо комил кардем) расуле аз худатон дар миёни шумо фиристодем, то оятҳои моро бар шумо бихонад ва шуморо пок кунад ва ба шумо китоб ва ҳикмат биёмӯзад ва он чиро намедонистед, ба шумо ёд диҳад”.

Паёмбари акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) мефармоянд: “Ҳар кас дар ҷавонӣ дониш омӯзад, илми ӯ ҳамчун нақше аст, ки бар санг ҳак шавад ва ҳар кас, ки дар бузургсолӣ биёмӯзад, кораш ҳамчун навиштан бар рӯи об аст”.

Ҳамчунин дар ривоят мехонем: “Дӯст надорам ҷавонро ҷуз дар ду ҳол бибинам: донишмандӣ ё донишомӯзӣ. Зеро агар чунин набошад, кӯтоҳӣ карда аст ва чун кӯтоҳӣ кунад, зойеъ гашта ва чун зойеъ гардад, гунаҳкор бошад ва чун гунаҳкор бошад, савганд ба он ки Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам)-ро ба ҳақ барангехт, дар оташ ҷой гирад”.

Таҳияи Амонулло Бобоӣ

Ёсин

Охирин матолиб

Тарҷумаи СУРАИ МОИДА

СУРАИ МОИДА Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 120 оят дорад.  Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Эй касоне, ки имон овардаед! Ба паймонҳо вафо...

Инсоф дар рафтор

Имом Ҳасан(а) фармуданд:  Бо мардум ба гунае рафтор кун, ки дӯст дорӣ бо ту он гуна рафтор кунанд. (Аъломуддин, с.297)

Парҳез аз саҳлангорӣ

 امام حسن (ع): إنَّ اللهَ جَعَلَ شَهْرَ رَمَضانَ مِضْمارا لِخَلْقِهِ. فَیَسْتَبِقُونَ فیهِ بِطاعَتِهِ إِلی مَرْضاتِهِ. فَسَبَقَ قَوْمٌ فَفَازُوا، وَقَصَّرَ آخَرُونَ فَخابُوا    Имом Ҳасан (а)...

Тарҷумаи СУРАИ НИСО

СУРАИ НИСО Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 176 оят дорад.   Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Эй мардум! Аз Парвардигоратон битарсед, Зоте, ки...