ҲАМСАРИ НАМУНА

Ҳамсардорӣ ва исоргарӣ

قَالَت فَاطِمَةٌ(ع):

یَا َابَا الحَسَنِ اِنِی لَاَستَحِیی مِن اِلَهِی اَن اُکَلِفَ نَفسَکَ مَالَا تَقدِرُ عَلَیِه.

Ҳазрати Фотима (а) фармуданд:

    Эй Абулҳасан! Ман аз Парвардигори худ шарм ва ҳаё мекунам, ки чизеро аз ту дархост намоям, ки дар тавони ту нест.[1]

    Паёмҳо

  1. Зану шавҳар бояд тавони ҳамдигарро дар назар бигиранд.
  2. Ҳамеша Худоро дар назар бигирем ва ба хотири Худо амал кунем.

 Ихлос дар ибодат

 قَالَت فَاطِمَةُ(ع):

مَن اَصعَدَ اِلَی اللَهِ خَاِلصَ عِبَادَتِهِ اَهبَطَ اللَهُ عَزَوَجَلَ اِلَیهِ اَفضَلَ مَصلَحَتِهِ.

Ҳазрати Фотима (а) фармуданд:

 Ҳар кас ибодатҳои холисонаи худро ба сӯи Худо фиристад, Парвардигори бузург беҳтарин маслиҳати ӯро ба сӯи ӯ фуру мефиристад.[2]

   Паёмҳо

  1. Муомила ду тарафа аст.
  2. Беҳтарин маслиҳатҳо дар асари амалҳои холисона аст.
  3. Ҳазрати Фотима(а) намунаи ихлос барои Худо аст, ки Худо дар сураи Инсон кори холисонаи ӯро сутуд.

  Намоз дар шаби издивоҷ

قالت فاطمه(ع):

تَفَکَرتُ فِی حَالی وَ اَمِری عِندَ ذَهَابِ عُمرِی وَنُزُولِی فِی قَبرِی فَشَبَهتُ دُخُولِی فِی فِراَشِی بِمَنزِلِی کَدُخُولِی اِلَی لَحَدِی وَقَبرِی فَانشِدُکَ اللَهَ اِن قُمتَ اِلَی الصَلَاةِ فَنَعبُدُ اللَهَ تَعَالَی هَذِهِ اللَیلَةَ.

Имом Алӣ (а) ҳазрати Фотимаи Заҳроро нигарону гирён дид. Иллати онро пурсид. Ҳазрат фармуданд:

 Перомуни аҳволу рафтори хеш фикр кардам ва ба ёди поёни умр ва манзилгоҳи дигар ба номи қабр афтодам, ки ҳамонгуна ки инак ба рахти хоб медароям рӯзи дигар ба лаҳаду қабр хоҳам даромад. Дар ин оғози лаҳзаҳои зиндагии заношӯӣ туро ба Худо савганд медиҳам, ки биё то ба намоз биистем вабо ҳам дар ин шаб Худоро ибодат кунем.

    Паёмҳо

Ҳазрати Фотима (а) доим ба ёди Худо буданд

Набояд аз маргу қабру қиёмат, ки дар пеш ва ҳатмӣ аст ғофил шавем.

Ҳамсарон ҳамдигарро ба корҳои хайр ташвиқ кунанд.

                                             

Беҳтарин замони худро бо ибодати Худо ҳамроҳ кунем.

Намоз оинаи тамомнамои бандагии Худост.



[1]. Маноқиби Ибни Шаҳрошуб, ҷ. 2, саҳ 77.

[2] . Биҳор, ҷ. 67, саҳ. 250.

Охирин матолиб

Ҳадиси ҳафта

  РасулиХудо (с) фармуданд: وَ هُوَ شَهْرُ الِاسْتِغْفَارِ وَ هُوَ شَهْرُ الصِّيَامِ وَ هُوَ شَهْرُ الدُّعَاءِ Моҳи Рамазон моҳи истиғфор, моҳи рӯза ва моҳи дуо...

Рӯза дар аҳодис ва ривоёт

Ривоят шудааст, ки Расули Акрам (с) фармуданд: “Рӯза мегӯяд: Эй Парвардигори ман, ин шахсро аз хӯрдан, нӯшидан ва ниёзҳои шаҳвонии нафс боздошта будам, имрӯз шафоати...

Нигоҳе ба масъалаи Рӯза

Рӯза яке аз ибодатҳои воло ва барҷаста ба шумор меравад. Дар ин навиштор матолиберо дар бораи ин ибодати муҳим пешкаши шумо мегардонем. Таърифи рӯза он...

Макорими ахлоқ

Қуръони Карим китоби ҳидоят ва роҳнамоии башар ба сӯи қуллаҳои камолу растагорӣ аст