Қуръон чӣ сифатҳое дорад?

1 qoran

1 qoranҚуръон чӣ сифатҳое дорад?

Сифатҳои Қуръон дар каломи Худо

Худои Мутаол дар Қуръон сифатҳои ин китоби ҳидоятгарро ин чунин баён мекунад.

“Ин (Қуръон) баёни (равшан) барои мардум ва ҳидоят ва андарзе барои парҳезкорон аст.”[1]

“Китобе аст, ки мардумро аз зулмату торикӣ озод ва ба сӯи нуру рӯшаноӣ роҳнамоӣ мекунад.”[2]

“Бо далелҳои равшан сабаби шинохти ҳақ аз ботил мешавад.”[3]

“Ҳидоятгарест, ки ба беҳтарин роҳҳо ҳидоят мекунад ва ба мӯъминони некӯкор башорат медиҳад, ки барояшон подоши бузургест.”[4]

Сифатҳои Қуръон дар каломи Расули Худо (с)

Ҳоло ки аз зулоли ҷории Қуръон сероб шудем, ҳайф аст сифатҳои Қуръонро аз забони Паёмбар(с), ки Қуръон бар Ӯ нозил шудааст, нашунавем.

Паёмбари Аъзам (с) низ дар бораи Қуръон фармудааст:

“Қуръон китобест, ки ҳалли мушкилоти шумо дар он аст, ҳақ ва ботилро ба осонӣ аз ҳам ҷудо мекунад, ресмони маҳками илоҳист, ки боиси иртибот бо Худо мешавад. Донишмандон аз хондан ва тафаккур дар он сер намешаванд ва бо гузашти замонҳо ва қарнҳо кӯҳна намешавад. Ҳар кӣ бо Қуръон сухан бигӯяд, гуфтораш дуруст хоҳад буд… ва ҳар кас мувофиқи он амал кунад, подоши нек меёбад. Ҳар кас мардумро ба Қуръон даъват кунад, онҳоро ба роҳи рост ҳидоят кардааст.”[5]

Чаро Қуръон комилтарин китоб аст?

Қуръон китобест, ки Худо фиристодааст, вале дигар китобҳо дастнавиштаи махлуқоти Худо ҳастанд.

Оё Қуръонро метавон ба дигар навиштаҳо муқоиса кард?

Чун Қуръон барои ҳамаи замонҳо нозил шуда бо гузашти замон тозагиҳояш бештар ошкор мешавад ва одамӣ, ҳарбор ки Қуръонро бо фикр ва диққат мехонад, матолиби наверо мефаҳмад, ки пеш аз ин, он матолибро дарк накарда буд, дар ҳоле ки бақияи китобҳо ба гунае ҳастанд, ки ба як ё ду бор хондан ҳамаиматолибаш ошкор мешавад ва дигар хонданаш тозагӣ ва ширинӣ надорад.

Китобҳое, ки инсонҳо менависанд ба як ё чанд ҷиҳат аз ниёзҳои башар диққат мекунанд, вале Қуръон баёнгари ҳама чиз аст.[6] Ҳамаи ниёзҳои маънавӣ ва рӯҳии башарро бартараф мекунад ва аз ин ҷиҳат, комилтарин китоб аст. Аз тарафи дигарҚуръон барои ҳамаи инсонҳо нозил шудааст.

Қуръон ҳаёти равшани дилҳост,

Қуръон фуруғи шамъи маҳфилҳост.

Дил аз фуруғаш нур мегирад,

Ҷон аз паёмаш шур мегирад.

Қуръон китоби мактабу оин,

Қуръон китоби устувори дин.

Амри дилнагезаш сафо дорад,

Дарсе зи ихлосу вафо дорад.

Қуръон шафеи рӯзи растохез,

Аз гавҳари ҳикмат бувад лабрез.[7]

Далели аҳамияти Қуръон чист?

Аҳамияти Қуръон ба хотири аҳамияти фиристандаи он аст, тавзеҳ он ки:

Агар номае аз тарафи дӯсти азизе ба дастамон бирасад барои мо муҳим аст, вале агар номаеро муаллим ва падарамон бароямон бинависад муҳимтар аст.

Ҳоло номае аз тарафи Худованд барои мо фиристода шуда ва оварандаи он нома Паёмбари Акрам(с) аст.Ин нома ҳамаи ончиро дорад, ки барои ҳидояти мо лозим аст ва роҳи расидан ба биҳишт ва саодати абадиро ба мо ёд медиҳад ва ҳамаи роҳҳои шақоват ва бадбахтиро ба мо нишон медиҳад. Аз ин рӯст, ки Қуръон муҳимтарин китоб ва беҳтарин барномаи зиндагӣ аст.

Арзиши хосси Қуръони Карим дар чист?

Арзиши хосси Қуръон дар ҳидоятгарии он аст. Бархе аз чизҳое, ки ба назар мерасад барои инсон хеле муҳим аст, иборатанд аз;саломатӣ, дороӣ, доноӣ, оқибатбахайрӣ, зиндагии роҳат ва ғайра. Ин арзишҳоагар доимӣ бошад беҳтар аст ё муваққатӣ ва барои муддати кӯтоҳ? Оё шумо дӯст доред ҳамеша дар саломатӣ, роҳатӣ, озодагӣ ва ғайра ба сар бибаред ё ба таври муваққат ва кутоҳмуддат. Ҷавоб равшан аст.

Бо таваҷҷӯҳ ба он чи гузашт, агар китобе шуморо ба роҳатӣ, шодобӣозодии доимӣ ҳидоят кунад, оё он китоб бароятон муҳим нест?

Қуръон чунин китобест.Аз ҷониби Худованд барои шумо нур ва китоби равшане омадааст. Худованд ба баракати он касонеро, ки аз хушнудии Ӯ пайравӣ кунанд, ба роҳҳои саломат ҳидоят мекунад. Онҳоро аз торикиҳо ба сӯи нур берун мебарад ва онҳоро ба роҳи рост, роҳнамоӣ менамояд.[8]

Ҳамоно ин (Қуръон) ба роҳе, ки устувортарини роҳҳост ҳидоят мекунад ва ба мӯъминоне, ки корҳои нек анҷом медиҳанд, башорат медиҳад, ки барои онҳо подоши бузургест.[9]

Чаро мо Қуръонро биёмӯзем?

Ҳатман шумо то ҳозир василаи нав монанди телевизион ё яхдон ё радио ва ғайра харидаед. Агар диққат кунед, мебинед, ки корхонаи созандаи ин васоил, дафтарчае ҳамроҳи он ба харидорон медиҳад, ки ба он дафтарчаи роҳнамо мегӯянд. Дар он дафтарча равиши истифодаи дуруст аз васоил тавзеҳ дода шудааст ва аз мавориди зиёновар ҳушдор дода шудааст.

Худованди меҳрубон низ барои инсонҳо китоби роҳнамое ба воситаи Паёмбараш(с) фиристодааст, ки ҳамаи чизҳое, ки моро ба саодати абадӣ ва биҳишти ҷовидон наздик мекунад ва аз ҷаҳаннам ва оқибати бади он пешгирӣ мекунад дар он омадааст.

Қуръон моро ба куҷо роҳнамоӣ мекунад?

Аз назари Қуръони Карим (ояти сиюми сураи Бақара)инсон ҷонишини Худо дар рӯи замин аст ва ин мақом ин қадар боарзиш аст, ки малоика дар он тамаъ доштанд. Бинобар ин мақоми инсон аз малоика болотар аст. Албатта бояд шароити ҷонишиниро бишиносад ва ба он амал кунад.

Роҳи расидан ба ин мақом чигуна аст?

Аз Қуръони Карим меомӯзем, ки;

бояд танҳо Худои Азизро бипарастем ва намозро ба хотири ёди Ӯ ба по дорем,[10]

ба падару модари худамон некӣ кунем,[11]

ба Паёмбар(с) ва хонадонаш муҳаббат дошта бошем ва аз онҳо итоат кунем,[12]

ба бародарони динии худ кӯмак кунем ва душманони золим ва ёрони мазлум бошем,[13]

бо ҳам меҳрубон бошем,[14]

якдигарро масхара накунем,[15]

ҳамдигарро таънаназанем ва айбҷӯӣ накунем,[16]

бо лақабҳои зишт якдигарро ёд накунем,[17]

ва дастурҳои дигаре, ки ҳамаи инҳо роҳи расидан ба мақоми ҳақиқии инсон аст.

Чаро Қуръонро »Каломуллоҳ« номидаанд?

Аз он ҷо, ки Қуръони Карим маҷмӯаи суханони Худованд аст, ки фариштаи ваҳй ҳазрати Ҷабраил (а) барои ҳазрати Муҳаммад(с) овардааст ба он “Каломуллоҳ” яъне суханони Худо номидаанд. Он ҳазрат каломи Худоро барои мардум қироат кардааст ва баъзе аз ёрони Паёмбар (с) он суханонро навиштаанд. Дар Қуръон ва баъзе ривоятҳо низ аз ин китоби илоҳӣ ба унвони «каломи Худо» ёд шудааст.[18]

Чаро »Бисмиллоҳирраҳмонирраҳим« дар  оғози сураҳо омадаст?

Ба чанд далел ҳамаи сураҳо ба ғайр аз сураи Тавба бо»Бисмиллоҳ» шурӯъ шудааст, ки се далели онро бароятон менависем;

чунон ки медонед ҳама чиз дар дунё фанопазир ва азбайнрафтанӣ аст, магар он чи ба Худованди меҳрубон иртибот дошта бошад. Бинобар ин барои ҷовидон мондан ва пурбаракат будани ҳар коре лозим аст онро бо номи Худо шурӯъ кунем ва ба ҳамин далел аст, ки Худованд ба ҳазрати Муҳаммад(с) дастур медиҳад, ки дар ибтидои паёмбариаш бо номи Худо корашро оғоз кунад ва аввалин ояте, ки бар Паёмбар(с) нозил шуд пас аз «Бисмиллоҳ» ин аст, ки»Бихон ба номи Парвардигорат«. Паёмбарони дигари илоҳӣ низ корашонро бо номи Худо оғоз мекарданд.[19] Пас барои он ки ҳадафи Қуръон анҷом ва башар ҳидоят шавад,Худованд баПаёмбараш(с) дастур медиҳад, ки ҳар сураеро «Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон» оғоз кунад.[20]

Ҳамаи сураҳои Қуръон –ба ғайр аз сураи Тавба- бо номи Худованди меҳрубон – оғоз мешавад то инсон огоҳ шавад, ки ҳамаи дастурҳои илоҳӣ ба башарият ба хотири раҳмат ва меҳрубонии Худованд бар инсонҳост. Вале сураи Тавба чун барои эълони безорӣ аз мушрикон ва »марг бар кофирон« нозил шудааст,»Бисмиллоҳ« надорад,[21]

“Бисмиллоҳ” дар аввали ҳар сура баёнгари ин аст, ки сураи қаблӣ ба поён расида ва сураи дигаре оғоз шудааст, ҳол агар ҳар сура бо «Бисмиллоҳ» оғоз намешуд, бисёре аз мардум наметавонистанд бифаҳманд, ки сураи қаблӣ тамом шуда ва сураи наве оғоз шудааст, пас ёдгирӣ ва ҳифзи сураҳо мушкил буд.

Муҳаммадалии Муҳаммадӣ


[1]. Оли Имрон, ояти 138

[2]. Иброҳим, ояти 1.

[3]. Бақара, ояти 185.

[4]. Исро, ояти 9.

[5]. Мустадрак-ул- васоил, ҷ. 4, саҳ. 239.

[6]. Наҳл, ояти 89.

[7]. Ҷаводи Муҳаддисӣ, Баргу бор, саҳ. 238.

[8]. Моида, ояти 15-16.

[9]. Исро, ояти 9.

[10]. Тоҳо, ояти 14.

[11]. Бақара, ояти 83.

[12]. Шуро, ояти 23; Моида, ояти 10.

[13]. Ҳуҷурот, ояти 10.

[14]. Фатҳ, ояти 29.

[15]. Ҳуҷурот, ояти 11.

[16]. Ҳуҷурот, ояти 11.

[17]. Ҳуҷурот, ояти 11.

[18]. Бақара, ояти 75; Тавба, ояти 5.

[19]. Ҳуд, ояти 41; Намл, ояти 30.

[20]. Тафсири Намуна, ҷ.1, саҳ. 13, бо тасарруф ва хулоса.

[21]. Толиқонӣ, Партаве аз Қуръон, ҷ.1, саҳ. 24.

Охирин матолиб

Нигоҳи гузаро бар Ошурои ҳусайнӣ

Муқаддима Он чи дар ин чанд саҳфа таҳти унвони “Нигоҳи гузаро бар Ошурои ҳусайнӣ” барои хонандагони азиз матраҳ мегардад, хулосае аз зиндагони имом Ҳусайн(а) аст,...