Қазо ва қадар

Аз суханони ҳазрати Алӣ(к) аст дар хитоб ба марде аз аҳли Шом —ҳангоме, ки аз ҳазрати Алӣ(к) пурсид: Оё ҳаракати мо ба тарафи Шом ба қазо ва қадари Худованд буд? Пас аз гуфтори дароз, ки ин баргузидаи он аст [фармуд]:

Вой бар ту! Шояд қазои лозим ва қадари ҳатмиро гумон кардаӣ? Агар чунин буд, қатъан подош ва кайфар ботил, ваъда ва таҳдид [ваъдаи мӯъминон ба биҳишт ва ваъдаи кофирон ба дӯзах] соқит мегашт. Худои Субҳон бандагонро бар пояи ихтиёрашон амр фармуд ва онҳоро наҳй кард, то битарсанд ва боз истанд. Корҳои осон бар ӯҳдаи онон ниҳод ва корҳои душворро аз онҳо нахост ва подоши фаровон барои амали андак қарор дод. Нофармонии бандагон аз он рӯй нест, ки бар ӯ чира гаштаанд[1] ва фармонбардории онҳо аз Худованд, на аз он руй аст, ки бадон маҷбур гаштаанд. Паёмбаронро барои бозӣ ва саргармӣ нафиристод ва китобҳои осмониро беҳуда барои бандагон фуру нафиристод. Осмону замин ва ончиро дар миёни онҳост ба ботил наёфарид, »Ин пиндори касонест, ки куфр варзиданд, пас вой бар кофирон аз оташи дӯзах«.[сураи Сод, ояи 27]

 


[1]. Ғалаба кардаанд.

Охирин матолиб

ИХТИЛОФ САБАБИ НОБУДИИ УММАТҲОСТ

Паёмбари Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи васалам умматашро хӯб таълим дод ва ба ростӣ ҳӯҷҷатро барояшон тамом кард ва онҳоро аз ҷаҳлу ҳавопарастӣ, ихтилофандозию тафриқабозӣ...

Нақши Форсҳо дар Ислом аз манзари Расули Худо(с)

Расули акрам(с) дар бораи Форсҳо мефармоянд: ‏لَوْ كَانَ الدِّينُ عِنْدَ ‏الثُّرَيَّا‏ ‏لَذَهَبَ بِهِ رَجُلٌ مِنْ فَارِسَ ‏أَوْ قَالَ مِنْ أَبْنَاءِ فَارِسَ ‏حَتَّى يَتَنَاوَلَهُ Агар дин...

ҲИКМАТҲОИ РАМАЗОН

Фаро расидани моҳи мубораки Рамазон ба тамоми мусулмонон ба хусӯс шумо ҳамдиёрони азиз муборак бошад! Дар ин моҳи шарифу муқаддас, аз Парвардигори олам қабл аз...

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *