ЭҲТИРОМ БА ШАХСИЯТИ МУСАЛМОН (2)

Дар мақолаи пешин дар бораи ояи ёздаҳуми сураи муборакаи Ҳуҷурот, ки роҷеъ ба баъзе аз авомили ихтилоф монанди масхара кардан, айбҷӯӣ намудан ва додани лақабҳои зишту нописанд равшанӣ андохта ва мӯъинонро аз ин гуна сифатҳо манъ намуда буд, баҳс намудем ва дар ин мухтасар мехоҳем атрофи нуктаҳо ва омӯзаҳое, ки ояи карима ба мо меомӯзонад, баҳс кунем.

 

Нуктаҳо ва ишораҳои оя

Дар ин бахш ба баёни нуктаҳо ва масоили рез ва зарифе мепардозем, ки Худованд дар ин оя ба онҳо ишора намуда аст.

  • Возеҳ ва равшан аст, ки шаъни нузулҳое, ки дар мавриди ин ояи карима зикр намудем, муносибатҳои нозил шудан ва зарфи нузул ва бархе аз мисдоқҳои ояро баён мекунанд ва боиси инҳисори мафҳум ояи шарифа намешавад.
  • Худованд дар оятҳои пешин аз мӯъминон дархости онро дорад то бо ҳамдигар рафтори бародарона дошта бошанд ва якдигарро бародар бидонанд ва ҳамчунин аз онҳо хоҳони ин нукта буд, ки ихтилофотро канор гузошта ва аз байн бибаранд. Вале дар ин оя[1] ба се омили ихтилофоти иҷтимоӣ; яъне масхара кардани ҳамдигар, айбчуӣ ва лақаби зишт додан ба якдигар ишора намуда ва онҳоро аз ин амри нописанд барҳазар медорад.
  • Масхара кардани дигарон омили равоние дорад, ки сарчашмаи ин омили нописанд иборатанд аз: худбартарбинӣ, ки инсони масхара кунанда худашро аз дигарон бартар медонад ва ба худаш иҷоза медиҳад, ки ҳар гуна беадабиеро нисбат ба дигарон раво дорад. Ҳамчунин кибру ғурӯр ва гоҳе аз худ камбинӣ ва эҳсоси ҳақорату пастӣ, ки дар тӯли торихи башарият омили бисёре аз диргириҳо шуда аст. Касе, ки аз назари арзишҳои моддӣ ё маънавӣ мисли молу сарват, зебоӣ ва ҳатто илму ибодат худашро аз дигарон бартар мебинад, ба таҳқиру масхара кардани онҳо иқдом менамояд дар ҳоле ки арзишҳои воқеӣ ба ниятҳои афрод вобаста аст ва наметавон бар асоси зоҳир ҳукм намуд, ки чӣ касе аз дигарон беҳтару бартар аст.

» إِنَّمَا الأعمالُ بِالنِّیّات «

  • Масхара кардани дигарон дар асри кунунӣ ба шаклҳои гуногуне таҳаққуқ меёбад. Гоҳе бо латифаҳо, ки як қавму гурӯҳ дониста ва ё надониста ба гурӯҳи дигар ҳамла мекунад ва онҳоро ба масхара мегирад. Замоне бо филмҳои танзомез ва карикаторҳое, ки гоҳу бегоҳ дар таблиғоти телевизионӣ ва рӯзномаҳову маҷаллаҳои мухталиф ба чашм мехӯрад ин амр сурат мегирад. Албатта возеҳ ва равшан аст, ки ин корҳо гоҳе ба наҳви аҳсан ва саҳеҳ ва бидуни озору азияти дигарон ва барои интиқод аз кори бади дигарон ба вуқӯъ мепайвандад, ки инҷо боиси нишоту шодобии ҷомеа низ мешавад ва айбу эроде надорад аммо дар сурате, ки сабаби озору азият ва тавҳину беадабӣ ба дигарон шавад, ҳаром буда ва дар пешгоҳи адли илоҳӣ маҳкум аст.
  • Дар ин ояи карима масхара кардани мардону занон ба таври ҷудогона зикр гардида аст то таъкиди бештаре бар асли матлаб бошад ё ҳамон тавре ки дар шаъни нузули оя мушоҳида кардем, ин мавзӯъ дар байни мардону занон роиҷ буда аст.
  • Яке аз нуктаҳои бисёр муҳиме, ки дар ин оя ба он ишора гардида аст ин аст, ки мумкин аст касе, ки масхара шуда беҳтар аз касе бошад, ки ӯро масхара намуда аст. Яъне касе аз ботини афрод иттилоъе надорад ва бар асоси зоҳири афрод намешавад қазовати қатъӣ намуд. Чаро ки баъзе вақтҳо иттифоқ меафтад, ки шояд шахси масхарашаванда яке аз дӯстон ва авлиёи илоҳӣ бошад.
  • Дар баъзе аз ояҳои Қуръони карим омада аст, ки яке аз авомили азоби дузахиён, ҳамон масхара кардани мӯъминон аст.

» فَاتَّخَذْتُمُوهُمْ سِخْرِيًّا حَتَّى أَنسَوْكُمْ ذِكْرِي وَكُنتُم مِّنْهُمْ تَضْحَكُونَ  «

Тарҷумаи оя:[2]

Дар ҳадисе аз имом Ҷаъфари Содиқ (разияллоҳу таъоло анҳу) ҳикоят шуда аст, ки мефармоянд: “ Касе, ки мардумро масхара мекунад, интизор ва умеди онро надошта бошад, ки мардум бо ӯ самимона ва содиқона дӯстӣ ва муҳаббат кунанд.”[3]  

  • Худованд дар ин оя мефармояд: аз худатон айбҷӯӣ накунед. Бо каме тааммул дар ояи шарифа дармеёбем, ки ин таъбир ба ваҳдату ҳамдилии мӯъминон ишораи мустақим дорад, яъне ҳамаи мӯъминон ба манзалаи нафси воҳиде ҳастанд, ки айбҷӯӣ аз як нафар аз ин гурӯҳи азим, айбҷӯӣ аз дигарон аст.
  • Лақаби зишту нописанд додан, барои таҳқир ва дар ҳам кӯбидани шахсияти афрод ва ё интиқом гирифтан аз онон аст. Ба ин гуна, ки агар касе қаблан собиқаи баде дошта ва тавба карда аст, гузаштаи ӯро ба хотираш меоваранд. Аммо Исломи азиз ин кори нописандро манъ карда аст.
  • Вожаи “фисқ”[4] ба маънои хориҷ шудан аз итоат ва нофармонии худованд аст. Муфассирони муҳтарам дар мавриди маънои он дар ин оя ду эҳтимолро зикр намудаанд:
  • Яке инки мӯъминон номҳои фосиқонаро бар худ нагузоранд ва напазиранд, ки дигарон ононро бо номҳои фосиқона садо кунанд.
  • Дуввум инки фисқ дар инҷо ба маънои куфр аст; чаро ки дар муқобили имон қарор гирифта аст.

Бинобарин маънои оя он аст, ки агар касе имон овард ва таслими зоти ақдаси Илоҳ шуд, номҳои куфромез бар ӯ магузоред.[5] Аллбатта ҷамъи байни ду маънои мазкур монеъе надорад ва мумкин аст ҳар ду маъно муроду мақсуд бошад.

  • Дар ин оя, ишора шуда аст, ки масхаракунандагон, айбҷӯён ва касоне, ки лақабҳои зишту нописанд ба дигарон медиҳанд, золим ва ситамкоранд. Оре, онон ба шахси муқобили худ зулму ситамро раво доштаанд, зеро қалби ононро озурда ва обрӯи ононро бурдаанд ва ба худашон ситам кардаанд.

 

Чаро Худованд дар ин замина сахтгирӣ намуда ва ин амро бо зулму ситам яке дониста аст?

Дар ҷавоби ин суол бояд гуфт, ки ихтилоф мояи аз ҳам пошидани ҷомеъа аст ва ҳар кас дар ҷомеъаи исломӣ базру тухми ихтилоф бипошад, манфури он ҷомеа хоҳад буд ва ба худ ва атрофиёнаш зулму ситам намуда аст.

 

Паёмҳои омӯзандаи оя

 

Ояи шарифа дорои паёмҳои омӯзандаест, ки так-таки мо мусалмонон бояд ононро дар зиндаги худамон ба кор гирифта ва сармашқи хеш карор диҳем то сарфароз бошем. Ин паёмҳо иборатанд аз:

  • Ба шахсияти афрод эҳтиром бигузоред ва ба ҳайсияти онон латма ва садама назанед:

» لَا يَسْخَرْ قَومٌ مِّن قَوْمٍ … «

Набояд гурӯҳе (аз мардон) гурӯҳ(и дигар)-еро масхара кунанд.

  • Масхара кардан, айбҷӯӣ ва лақаби зишт додан ба дигарон, мамнӯъ ва зулм аст:

» … فَأُوْلَئِكَ هُمُ الظَّالِمُونَ «

Пас танҳо онон ситамкору золим ҳастанд.

  • Агар мехоҳед дар зумраи ситамкорон набошед, ба сӯи Худои маннон (ҷалла ҷалолуҳ) бозгардед ва аз ин аъмоли нописанд барҳазар бошед ва тавба намоед:

» … وَمَن لَّمْ يَتُبْ فَأُوْلَئِكَ هُمُ الظَّالِمُونَ «

Ва касоне, ки тавба накунанд, пас танҳо онон ситамкору золим ҳастанд.

  • Масхара кардан ва писханд задани дигарон, кори ҷоҳилона аст:

» … عَسَى أَن يَكُونُوا خَيْرًا مِّنْهُمْ (او مِّنْهُنَّ) …»

Зеро шояд (онон) аз инҳо беҳтар бошанд.

  • Айбҷӯӣ аз дигар мусалмонон, айюҷӯӣ аз нафси худатон аст:

» … وَلَا تَلْمِزُوا أَنفُسَكُمْ … «

… Ва аз худатон айбҷӯӣ накунед …

  • Ба ин нукта таваҷҷӯҳ намоед ва ин эҳтимолро бидиҳед, ки шояд дигарон аз шумо беҳтар бошанд:

»  … عَسَى أَن يَكُونُوا خَيْرًا مِّنْهُمْ (او مِّنْهُنَّ) … «

Зеро шояд (онон) аз инҳо беҳтар бошанд.

 

 ЁСИН

Гирдоваранда: Сайидолими СИРОҶ



[1] Ояи 11-уми сураи Ҳуҷурот

[2] Сураи мӯъминун, ояи 110 то 111

[3] Биҳор, ҷ 75, саҳ 144

[4] Дар арабӣ “فِسق”

[5] Тафсири Намуна, ҷ 22, саҳ 181. Соҳиби Намуна тафсири дуввумро пазируфта аст

Охирин матолиб

Тарҷумаи СУРАИ КАҲФ

СУРАИ КАҲФ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 110 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Ситоиш Худоро, ки бар бандааш Китоб (Қуръон)-ро нозил...

Одоби тиловати Қуръони Карим

Одоби тиловати Қуръон зиёд аст, ки ба муҳимтарини онҳо ишора мекунем: 1. Бо таҳорат тиловат кардан 2. Мисвок задан (шустани дандонҳо) қабл аз Қуръон хондан,...