Некӣ ба падару модар (2)

قال الله الحکیم و بالوالدین احسانا

Волидайн гуфтааст.
  • Абавайн нагуфтааст, чунки падар, бобо, амӯ, паёмбар, имом, устод, падари зан ва ғайри инҳо метавонанд «аб» бошанд; яъне дар тарбияти мо саҳм дошта бошанд, вале волидайн; касоне ҳастанд, ки сабаби ба дунё омадан ва таваллуди мо ҳастанд.
  • Ба ҳар ду бояд эҳсон кард.

 Ҳарчанд аз назари Қуръони

 

Карим ва ривоёт саҳми модар бештар аз падар аст, вале ин масъала сабаби нороҳатии падар ва эҳсоси табъиз нашавад. Дар ояи 15/Аҳқоф баъд аз дастур ба некӣ, ҳомилагии модар ва ба дунё омадан ва шир додани кӯдак баён шудааст. Дар ривоят ҳам омадааст, ки Паёмбар(с) дар ҷавоби фарде, ки пурсид: Ба кӣ некӣ кунам? Фармуд: Ба модарат. Гуфт: Боз? Фармуд: Ба модарат. Гуфт: Боз? Фармуд: Ба модарат. Гуфт: Боз? Фармуд: Баъд падарат…  (Мишкотуланвор, саҳ.159)

  • Ҳеҷ қайде надорад.

Яъне фарқе надорад, ки диндор бошанд ё бедин, некукор ё бадкор, ҷавон ё пир, корманд ё бекор, дур ё наздик, солим ё бемор, шаҳрӣ ё деҳотӣ, босавод ё бесавод, соҳиби хона ё иҷора, ғанӣ ё фақир, зинда ё мурда ва ғ.

Эҳсон гуфтааст.

  • Инфоқ нагуфтааст, чун инфоқ ба маънои берун кардани чизе аз дороӣ ва навъе сармоягузорӣ аст, ки ба фикри нафъу зарари худат ҳастӣ, вале дар эҳсон, илова бар ин ки ба фикри суду зиён, бояд ба фикри ниёзи касе бошӣ, ки ба ӯ мехоҳӣ хидмат кунӣ. Масалан агар ба мардуми қаҳтизадае яхдон бифиристӣ инфоқ ҳаст, вале эҳсон нест, чунки онҳо ба обу нон ниёз доранд на яхдон.

Пас фарзанд бояд бибинад, ки падару модараш чи ниёз доранд ё чи чизе мувофиқи табъи онҳо аст, пеш аз ин ки аз ӯ бихоҳанд ҳамонро анҷом диҳад.

  • Ҳеҷ қайде надорад.

 Яъне фарқе надорад, ки моддӣ бошад (мисли пул, мол, табобат, нигаҳдорӣ, парасторӣ, хурок, пушок, ва ғ.) ё маънавӣ (дуо, эҳтиром, истиғфор, муҳаббат, итоат, хабар гирифтан, аҳволпурсӣ, хатми Қуръон, вақф, садақа, намоз, рӯза, назр, ва ғ.), бузург ё кучак, кам ё зиёд, шаб ё рӯз, ошкоро ё пинҳон, дунёӣ ё ухравӣ, аз тарафи духтар ё писар, ва ғ.

  • Андоза надорад. Масалан дар мавриди садақа ба ниёзмандон, то бартараф шудани ниёзашон аст, вале дар ин маврид андоза надорад.
  • Вазифаи ҳамаи фарзандон аст. Масалан агар афроде ниёзи маҳруминро таъмин кунанд аз дигарон масъулият бартараф машавад, вале дар ин масъала ҳамаи фарзандон вазифа доранд.
  • Расули Худо(с) дар посух ба савол аз ҳаққи падару модар фармуд: Он ду биҳишти ту (агар онро адо кунӣ) ва дузахи ту ҳастанд (агар онро адо накунӣ.) (Аттарғиб ваттарҳиб, 3/316/10)
  • Ҳазрати Алӣ(к) фармуд: Некӣ ба падару модар бузургтарин вазифа аст. (Ғурарул ҳикам/4423)
  • Албатта бояд диққат кунем, ки итоат аз онҳо, то вақте воҷиб аст, ки даъват ба куфр ва гуноҳ накунанд. Агар ин корро карданд дигар итоат воҷиб нест. (Анкабут/8)
  • Ҳазрати Ризо(р) фармуд: Некӣ ба падару модар воҷиб аст, агарчи мушрик бошанд, вале дар (коре, ки сабаби) нофармонии Худо (мешавад) набояд аз онҳо итоат кард. (Биҳор, 74/72/55)

Пас  падару модари азиз!

        Агар дасти фарзанди худро дар дасти Худо бигузоред ва бо Худо маънус ва муртабит кунед Худованд дасти фарзандатонро дар дасти шумо мегузорад ва дастур медиҳад, ки агар мехоҳӣ аз ман ташаккур кунӣ аз падару модарат ҳам ташаккур кун ва ба онҳо эҳсон кун!

        Пас биёед аз Худое, ки некӣ кардан ба падару модарро дар канори ибодат ва итоати худаш қарор додааст ва мураббии ҳақиқӣ ва холиқу розиқ ва соҳиби ҳамаи неъматҳо аст бо амал ба дастурҳояш ва парҳез аз нофармониаш ташаккур кунем ва бо ин кор ба фарзандони худ ташаккур карданро биёмузем.

Охирин матолиб

Наҳзати ҳусейнӣ ва низоми илоҳӣ2

Идомаи баҳс: Чунон ки қаблан ишора шуд, Язид касе буд, ки аҳкоми илоҳиро зойеъ мекард ва эътиқоде ба онҳо надошт. Дар маҳдудаи ҳукумати ӯ, исломи...

Тарҷумаи СУРАИ ТАВБА

СУРАИ ТАВБА Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 129 оят дорад. [Ин эълони] безорӣ аст аз тарафи Худо ва Паёмбараш нисбат ба касоне аз...