ЭЪТИЁДИ[1] ИНТЕРНЕТӢ[2](2)

… Кор ё саргармӣ.

Бархе афрод ба ҷои он ки дар соатҳои корӣ ба вазифаи худ бипардозанд, вақташонро бо дидани сойтҳои интернетӣ ва саргармиҳои он мегузаронанд. Дар корҳое, ки эҳтиёҷ ба тамаркуз ва диққати фавқулода доранд, барои фард метавонад асарҳои ҷуброннопазире дошта бошад. Ин ки тамоми зеҳну фикри фард, ба интернет ва  истифода аз он бошад, метавонад дар сади эҳтимоли хаторо боло барад.

Аз сӯи дигар фарди муътод ба интернет чун тамоми неруи зеҳнияшро дар интернет сарф мекунад, дигар наметавонад тафаккури халлоқ, мубтакир дошта бошад. Гарчи мумкин аст баҳонаи ин афрод ин бошад, мехоҳанд ба иттилооти мавриди ниёз дастрасӣ ёбанд, аммо бештарашон дар амал ҷуз беҳуда ва беҳадаф сарф кардани вақт кори дигаре намекунанд.

Алоими муътод.

Шахси муътод, саргармӣ ба интернетро беҳтар аз анҷоми фаолиятҳои лозим ва иртибот бо аъзои хонавода ва дӯстон медонад. Бештар    ба робита бо афроди ҷадиде, ки тавассути интернет пайдо карда майл дорад. Рӯзе чандин бор почтаи электроникии худро мебинад ва ҳангоми иттисол мутавҷҷеҳи гузашти замон нест. Аз хоб ва истироҳат сарфи назар мекунад. Агар ба интернет даст наёбад ошуфта, асабонӣ, бадахлоқ ва дар ниҳоят афсурда мешавад ва дар сурати имкони  дастрасӣ тамоми ин ҳолатҳо низ аз байн меравад.

Видоъ бо ахлоқ.

Аз ҷумла мавориде, ки амнияти иҷтимоӣ ва конуни хонаводаро таҳдид мекунад ва яке аз масоили нигаронкунандаи падарону модарон дар бораи шахсият ва ояндаи фарзандонашон гардидааст дастрасӣ ба матолиб ва тасовири ғайри ахлоқӣ  аст, ки эътиёди истифода-кунандагонро бештар мекунад. Ҳатто агар навҷавоне дар ин масъала эҳтиёт кунад, бо як ҷустуҷуи содда барои дастрасӣ ба матолиби муфид, нохудогоҳ пойгоҳҳои ғайри ахлоқӣ зоҳир мешавад ва зеҳни ӯро машғул мекунад. Номаҳои бешумори электроникӣ, ҳамчун сел ба сандуқи пусти электронекиаш сарозер мешавад, ки ҳамагуна иттилоот дар ин заминаро ироа медиҳад.

Албатта роҳҳое ҳамчун истифода аз нармафзорҳои назоратшуда вуҷуд дорад. Ағлаби барномаҳои пусти электроникӣ низ қобилияти филтер ва масдуд кардани номаҳои гуногунро доранд.

Роҳи пешгирӣ ва дармон.

Дар сурати пешомади ҳар кадом аз алоими ин эътиёд, манъи комили дастрасӣ ба интернет ниёз нест ва тавсия низ намешавад. Балки эҷоди сохторе, ки дар ниҳоят ба коҳиши ин дастрасӣ то марзи эътидол бирасад лозим аст. Барои мисол истифодаи як навҷавон аз шаш соат дар рӯз ба як соат дар  рӯз коҳиш ёбад.

Истифода аз васоиле мисли соати зангдор барои нишон додани муддати замони иттисол дар утоқи фарзандон метавонад муфид бошад. Беҳтар аст дар муқобили камтар истифода кардан, барои ӯ подоше дар назар бигиред. Ё дар сурати сарпечӣ муҷозоташ кунед. Агар роёнаи фарзандон дар утоқаш ё дар ҷои дигаре бошад, бурдани он ба маконе, ки битавонед роёнаро бибинед, метавонад ба шумо кӯмак кунад. Таҳияи феҳрести аз фаолиятҳои ҷойгузин муфид аст. Кам кам дигар саргармиҳои ҷаззобро ҷойгузини истифода аз интернет кунед.

Истифодаи беҳад аз интернет, метавонад пушише барои мушкилоти гуногуне бошад ки фарзандон бо он рӯ ба рӯ ҳастанд. Дар ин сурат, ба дармонҳои хориҷ аз хона, ки бо  кӯмаки мутахассис эҳсос мешавад ниёзманданд. Аз мушовирони  мадраса ё марокизи дармонӣ ҳам метавон кӯмак гирифт. Аз сойтҳои интернетӣ, ки махсуси мабоҳиси таълим ва тарбият ва дармон ҳастанд метавон баҳраманд шуд ба шарте, ки худ дучори эътиёд нашавед.

Бо вуҷуди ин ки масалаи интернет ва таъсиргузории он дар зиндагии фардӣ ва иҷтимоӣ инкорнопазир аст бояд ҳамаи масъулони таълим ва тарбият ва афроди ҷомеа дар баробари зарарҳо ва таҳдидҳои он чораи созандае бияндешанд ва насли ояндасози миллатро солим нигаҳ доранд.

 



[1] Эътиёд ба маънои одат кардан аст, вале бештар дар бораи одат кардан ба корҳои бад истифода мешавад.

[2]  Дидори ошно, ш.67-67.(бо дахлу тасарруф)

 

 

Охирин матолиб

Қироатҳои ҳафтгона 2

  Қироатҳои сабъа Авомили ихтилофи қироатҳо Қаблан баён шуд, ки дар даврони халифаи севвум бо таваҷҷӯҳ ба густариши Ислом ва имон овардани ақвоми ғайри араб...

Тарҷумаи СУРАИ АНБИЁ

СУРАИ АНБИЁ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 112 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Барои мардум [замони] ҳисобашон наздик шуд, дар ҳоле...

Қироатҳои ҳафтгона 1

Қироатҳои сабъа Қироат ва тиловати Қуръони карим бо оғози нузули Қуръон ҳамроҳ аст. Аввалин қори ва муаллими Қуръон Паёмбари Акрам (с) буд, ки бо дарёфти...

Усули тарбияти исломӣ2

Тарбияти баданӣ Саломатӣ шахсияти инсонӣ ва тавоноии ҷисмонӣ, ду пояти асосии парвариши дурусти фарзандон аст, зеро ақли солим дар бадани солим аст ва лозимаи амал...

Осори зикр ва ёди Худо

Аз дасту забон, ки барояд                                         каз ӯҳдаи шукраш бадар ояд Яке аз умуре ки дар   Қуръони карим  ва ривоёт мавриди таваҷҷӯҳ ва аҳамияти хоссе...