Шеваҳои таълиму тарбияти волидайн 2

Осори шеваи тарбияти муқтадирона бар тарбияти фарзандон:

Ин шеваи тарбиятӣ осори мусбати фаровоне бар тарбияти фарзандон дорад, ки ба баъзе аз муҳимтарини онҳо ишора мешавад:

    Ба далели эҳтироме, ки волидайни муқтадир бар кӯдаки худ мегузоранд руҳияи истиқлол ва эътимод ба нафсро дар ӯ тақвият ва ба рушди солими шахсияти вай кӯмак мекунанд. Ин амал маҳбубияти кӯдакро дар миёни ҳамсолони худ ба дунбол дорад ва дар оянда истеъдоди ӯро дар пазириш ва анҷоми нақши раҳбарӣ ва мудирият, шукуфо хоҳад сохт.
    Бар асоси баррасиҳои равоншиносони иҷтимоӣ афроде, ки дар даврони кӯдакӣ аз озодии мӯътадиле бархӯрдор буда ва ба онҳо эҳтиром гузошта шудааст, дар бузургсолӣ душмани зулму золим ва мухолифи ноӣаробапиҳо будаанд ва ба ислоҳоти бузурги иҷтимоӣ тавфиқ ёфтаанд; ҷанбаҳои иктишоф ва офаринандагӣ дар онон нерӯманд будааст ва аз дунё ва умри худ лаззати бештаре бурдаанд.
    Вақте фарзандон битавонанд бо волидайн ва дигар аъзои хонаводаи худ дар як фазои отифӣ ва мутаодил зиндагӣ кунанд дар мактаб ва дигар маконҳои омӯзишӣ ва ғайри омӯзишӣ низ хоҳанд тавонист, бо муаллим ва масъулони мактаб, ҳамсинфҳо ва дигар афрод, иртиботи отифӣ ва иҷтимоии саҳеҳе барқарор кунанд. Онон метавонанд бо дӯстон ва ҳамсолони худ ҳамкорӣ ва ҳамфикрӣ дошта бошанд. Ба онҳо эҳтиром бигузоранд ва ихтилофи ақоидашонро ба роҳатӣ пазиро шаванд ва ба ҳеҷ ваҷҳ дар садади таҷовуз ва ҳамла бар ҳарими дигарон набошанд. Дар сояи чунин шеваи тарбиятӣ тавонмандиҳо ва истеъдодҳои кӯдакон ҳадар намеравад, балки дар ҷиҳат ва ҳадафи муайян ҳидоят мешаванд ва волидайн метавонанд он нерӯҳои мавҷуд дар фарзандони худро ба самти дастёбӣ ба рушд ва камоли матлуб роҳнамоӣ кунанд.

Ин фарзандон, хештандор, коромад ва муттакӣ ба худ ба воя мерасанд.

    Худдории фарзандони волидайни муқтадир аз аъмоли ношоист ба сабаби тарс аз волидайн ё тарс аз танбеҳ ва сарзаниш нест, балки сабаби асосии он риояти қавонин ва муқарароти иҷтимоӣ ва ахлоқӣ ва эҳтиром аст.
    Фарзандонеро, ки хонаводаи муқтадир парвариш медиҳанд аз назари отифӣ низ мутаодил ва бе ифроту тафрит ҳастанд ва ба мавқеъ аз муҳаббати волидайн баҳра меҷӯянд. Ба шахсияти онҳо дар хона таваҷҷӯҳ шуда ва ба онон эҳтиром мегузоранд ва ҷойгоҳашон дар ҷамъи хонавода мушаххас ва маҳфуз аст. Ин фарзандон бо назорат ва роҳнамоии мудири хона аз қавонин ва муқарароти иҷтимоӣ ва хонаводагӣ итоат мекунанд ва пайравӣ аз қавонин, ҷузъи шинохти онҳо шудааст ва дар рафтори онҳо таъсир мегузорад. Ин кӯдакон ба ҳангоми иштибоҳ дучори ноамнии равонӣ мешаванд, зеро боварӣ доранд, ки роҳнамоӣ ва ҳидояти волидайни муқтадир ба ёрияшон мешитобад ва барои рафъи иштибоҳ ба онҳо кӯмак мекунанд, ки бори дигар он хаторо анҷом надиҳанд.

Намунае аз оромиши равонии фарзандони волидайни муқтадир дар иборатҳои зер омадааст:

Духтари шонздаҳсолае дар бораи волидайнаш мегӯяд: “Вақте ки волидайнамро бо дигар падару модарҳо муқоиса мекунам мебинам, ки як хусусияти хеле хубе доранд ва он ин ки воқеан ба ҳарфҳои ман гӯш мекунанд. Онон ташхис медиҳанд, ки саранҷом бояд барои худам зиндагӣ кунам. Бисёре вақтҳо, ки мехоҳам тавзеҳ бидиҳам, ки чи мехоҳам бикунам ба суханони ман хуб гӯш мекунанд, гоҳе оқибати онро барои ман ҳушдор медиҳанд ва мегӯянд: Бояд бо он рӯ ба рӯ шавам ё инки иштибоҳамро ба ман гӯшзад мекунанд. Гоҳе ҳам сареҳан ба ман ҷавоби манфӣ медиҳанд, вале вақте ки ин корро мекунанд ҳамеша иллаташро тавзеҳ медиҳанд ва ингуна бархӯрд корро барои ман осонтар мекунад”[1]

    Равоншиносон дар бораи баҳоҳои дарси кӯдакони ин хонавода мегӯянд: Баҳоҳояшон хуб буда ва ҳатто баҳраи ҳушии онҳо дар муқобили дигар улгӯҳои тарбиятӣ пешрафти беҳтаре доранд, аз ҳисси кунҷковии бештаре бархӯрдоранд, халлоқ ҳастанд ва дар байни ҳамсолони худ ба ҳадде маҳбубият доранд, ки метавонанд раҳбарии гурӯҳро ба ӯҳда бигиранд.

Дар фарзандони ин хонаводаҳо эътимоди ба нафс ва лаёқат барои масъулиятҳои иҷтимоӣ дида мешавад.

    Кӯдаконе, ки парваришёфтаи волидайни муқтадир ҳастанд байни рушди ахлоқӣ, иҷтимоӣ, равонӣ, отифӣ ва шахсиятии онҳо ҳамоҳангии комил вуҷуд дорад ва ин ҳамоҳангӣ сабаби шаклгирии рафторҳои мусбат дар онон мешавад ва ҳамчунин аз худмеҳварӣ ба қонунмеҳварӣ мерасанд.
    Додани озодии мутаодил ва боз доштани дасти кӯдак дар интихоб сабаби шодобӣ ва нишоти кӯдак ва ҳамчунин сабаби ризояти дарунӣ ва хурсандии ӯст. Шодобӣ ва нишот, ки аз вижагиҳои фарзандони волидайни муқтадир аст боиси шуҷоат, ҷуръат, ғалаба бар худхоҳӣ ва худмадорӣ, муқобила бо мушкилот ва душвориҳои зиндагӣ ва дар ниҳояти сабаби ҳаракат ва фаолият дар ҷиҳати рушд ва пешрафт аст.
    Аз вижагиҳои кӯдаконае, ки бо шеваи тарбияти муқтадирона тарбият шудаанд ин аст, ки рафторҳои ҳадафманд ва пешрафтаро доранд, ҳамчунин дар ин кӯдакон ангезаи пешрафт низ беш аз кӯдаконест, ки бо шеваи тарбиятии саҳлгирона ё сахтгирона тарбият шудаанд, яке аз масодиқи равшани рафторҳои ҳадафманд ва пешрафти таҳсил аст. Натоиҷи пажӯҳишҳо нишон медиҳад, ки авомили хонаводагӣ монанди шеваҳои тарбияти фарзанд ва таомули волидайн бо онон бо ангезаи пешрафти таҳсилӣ, иртиботи маънодоре доранд.

Онморӣ Фунтен донишманде, ки бо таваҷҷӯҳ ба шеваҳои тарбиятӣ ва тарбияти волидайн мехост бидонад, ки кадом як аз шеваҳои сегонаи тарбият, ки иборатанд аз; тарбияти сахтгирона, саҳлгирона ва муқтадирона бо ангезаи пешрафти таҳсилӣ иртибот дорад. Ӯ пажӯҳиши худро дар бораи 288 бародар ба иҷро даровард. Ёфтаҳои вай нишон дод, ки шеваи тарбияти муқтадирона робитаи маънодоре бо ангезаи пешрафти таҳсилӣ дорад.

Бо ин тарбият метавон фарзандонро, ки амонати илоҳӣ ҳастанд дар фазои отифӣ ва дӯстона ҳамроҳ бо унс, самимият ва хайрхоҳӣ ва дар айни ҳол озодона ва бо эҳтиром парвариш диҳем.

идома дорад.

[1] . Дафтари ҳамкории ҳавза ва донишгоҳ, Равоншиносии тарбиятӣ , саҳ. 878.

Охирин матолиб

Одоби тиловати Қуръон

Одоби тиловати Қуръон зиёд аст, ки ба муҳимтарини онҳо ишора мекунем: 1. Бо таҳорат тиловат кардан 2. Мисвок задан (шустани дандонҳо) қабл аз Қуръон хондан,...

тарҷума

Тарҷумаи СУРАИ ИСРО

СУРАИ ИСРО Ин сура дар Макка нозил шуда ва 111 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Муназзаҳ аст Зоте, ки бандаашро шабонгоҳе аз Масҷид-ул-ҳаром...