Шахсият ва ҳуқӯқи зан дар Ислом

Дар тӯли таърихи башарият, ҳар гоҳ ки мардум фитрати илоҳии хешро ба фаромӯшӣ супурданд ва ба бероҳаи ҷаҳлу зулумоти зулму ситам раҳсипор шуданд, Раббуннос аз боби лутфу марҳамати бекарони худ хуҷҷату далеле ба сӯйи онон фиристода аст то бо нури вуҷуди хеш зулумоту торикии анбуҳшуда бар асари ҷуҳлу нодонии ҷомеаро аз байн бибарад ва афкори ононро бо нури маърифат мунаввар гардонад. Ин соҳибони хабар, ва расулони илоҳӣ, воситаи файзу баракат гардида ва ҳодии уммати гумроҳ гаштанд.

 

Бо зуҳури адён дар ҷомеаҳои мухталиф, соҳибони тазвир кӯшиш намуданд то монеъи роҳи илоҳӣ шаванд ва умматро аз убудияти Худованд мунсарифу мунҳариф созанд ва ба саҷдаи хештан водорашон кунанд. Бузургтарин ҳарбаи соҳибони тазвир дар фиреби мардум, таҳрифи ақоиди дин буд. Уммати фиребхӯрда, каломи Худоро, ки бар забони Паёмбар ҷорӣ буд, фарёди ҳабсшуда дар даруни хеш ва ёдовари аҳди фитрие, ки бо холиқи хештан баста буданд, меёфтанд.

Чӣ гуна имкон дошт, ки даст аз ин ҳақоиқи ошкор бардоранд? Магар инки маориферо, ки ҳуҷҷатҳои илоҳӣ ба онҳо арза намуда буданд, таҳриф созанд. Бинобарин олимоне, ки бо зару зевар фирефта шуда буданд, бо соҳибони тазвир даст бар дасти ҳам дода умматро аз сабили илоҳӣ ба бероҳаи тоғут мекашонданд ва кӯшиш мекарданд то нури фурӯзони илоҳиро, ки расулони ваҳйи илоҳӣ бо ҳазорон ранҷу машаққат афрухта буданд, хомӯш созанд.

Бо зуҳури дини мубини Ислом, касоне, ки маорифи исломиро монеъи расидан ба мақому мансаб медонистанд, талоши худро оғоз карданд ва кӯшиданд то ҳақоиқро бар хилофи он чизе, ки ҳаст ба мардум нишон диҳанд. Нодонони олим низ ба унвони ҳезумкашони ин тавтиа, дониста ё надониста боиси бештар шудани ин зулумот мешуданд.

Танҳо замоне ки Расули Худо (с) имкони арзаи ҳақоиқро пайдо мекард, бо бӯи хушу дилангези Исломи ноб, ҷонҳоро ба ваҷд меовард ва рӯҳро сайқал медод ва дидагони ҳамаро ба нури хиракунандаи хеш мутаваҷҷеҳ месохт. Яке аз умури муҳиме, ки дини муқаддаси Ислом ба он инояту таваҷҷӯҳи хоссе дошта аст, таваҷҷӯҳ ба таолии занон аст. Занон, ки мазҳари ҷамолу ҷалол ва раҳмати Худованди раҳим буданд.

Ҷавҳари асосии инсон, ин халифаи илоҳӣ, нафси нотиқа ва муҷарраде аст, ки дар ин олам метавонад ба камол бирасад ва дар ин сайри такомулӣ, зан ва ё мард будан шарт намебошад. Агар чи дар тӯли таърих ҳамеша ҷинси зан мавриди зулму беадолатӣ ва табъизҳо қарор гирифта аст вале ҳамеша дар канори ин торикиҳо, занони намунае ҳамчун гавҳари шабтоб дурахшидаанд ва бо нури худ саҳифаҳои таърихро равшан намудаанд.

Агар нигоҳе ба таърих дошта бошем, дар гузаштаи он, зан ба унвони инсон чеҳраи дурахшоне надошта аст ва дар баъзе аз ҷомеаҳо ба андозае пасту ҳақир шумурда мешуд, ки зинда мондани ӯ барои падари хонавода нангу ор буда аст, ки намунаи онро бо камоли таассуф дар фарҳанги ҷоҳилии қабл аз Ислом метавон назора намуд.

Зан ва мақому манзалати ӯ дар ҳақиқат шинохти инсон ва каромати инсонии ӯ аст. Ба ҳамин хотир аст, ки инсон бояд дар даруни вуҷуди хеш дунболи ин бигардад то огоҳии лозимро касб кунад. Бинобар ин мутолиа дар роҷеъ ба аҳволи зан ва баррасии қисматҳое аз ҳаёти ӯ гоҳе дар ростои инсоншиносӣ аст.

Дар мактаби инсонсози Ислом, зан ба унвони як фард аз ҷинси инсон муаррифӣ шуда аст.

» والله جعل لکم من انفسکم ازواجاً «.

Мо аз худатон ва аз ҷинси худатон завҷаҳое офаридем.

Бо тааммул ва тафаккур дар ин ояи шарифа, мебинем, ки дар моддаи аввалияи хилқат тафовуте нест ва ин тафовутҳо ба ҷисму равони он ду бармегардад ва ин ҳаргиз ба маънои айбу нуқсон барои яке ва камол барои дигаре нест, балки барои расидан ба як таодули матлуб ва бисёр зарурӣ дар ҷомеаи инсонӣ ва нашъатгирифта аз зоти хилқат аст. ин мақом ва ҷойгоҳи инсонии зан дар фарҳанги волои инсонӣ, намунаи олӣ ва улгӯе барои мӯъминон аст. Худованд дар Қуръони карим мефармояд:

» و ضرب الله مثلاً للذین آمنوا امرأة فرعون … «.

Ва Худовандюарои мӯъминон зани Фиръавнро мисол зад.

Дар оёоти дигаре низ ҷойгоҳи зан ва ҳуқӯқи ӯ дар тамоми абъоди инсонӣ баён шуда аст. Худованд дар ояе мефармояд:

» فلنحیینه حیاة طیبة «.

Мо зиндагӣ ва ҳаёти поку тайибае ба ӯ бахшидем.

Ва ҳамчунин дар оятҳои дигаре низ фазоили ахлоқии мардон дар канори занон баён шуда аст, ки мефармояд:

» و الصّالحین و الصّالحات و القانتین والقانتات و …».

Бо таваҷҷӯҳ ба таърихи Ислом мебинем, ки ҳазрати Заҳро (рз) ба масҷид рафта ва бо халифаи вақт ба баҳсу мунозира мепардохт. Вай бо хутбаҳои эъҷобангези хеш ба дифоъ аз ҳазрати Алӣ (кр) пардохта ва дар бештари зиндагии худ ба ранҷу андарзи мӯъминон мепардохт.

Зайнаби кубро (рз), ки тарбиятшудаи ин хонадон аст, дар болотарин нуқтаи авҷ ва шукӯҳ ва исору шуҷоат дар таърих дурахшиши чашмнавозе дошта аст.

Ӯ дар он сафаре, ки душманони ислом хонадони нубувватро ба асорат бурданд, бо равшнӣ андохтан ва хондани хутба ба муаррифии хонадони худ, ки бо рисолат иртиботи ногусастанӣ доранд, чунон ларза бар андоми душманон андохт, ки мардум ҳама ба гирди онҳо ҷамъ шуданд ва аз кардаи хеш изҳори пушаймонӣ ва надомат намуданд.

Дар ин замина заноне низ буданд, ки барои ҳимоят аз дину имонашон ва имоми замони хеш дар майдони илму амал ҳамосаофарин буданд.

Занонеро мебинем, ки дар масоили сиёсӣ ва ҳукуматӣ дахолат дошта ва дар саҳнаҳои ҳассоси мубориза бар алайҳи ботил ҳузури мустамир доштанд. Тибқи фармоишоти Қуръони маҷид, Паёмбари аъзам (с) бо занон байъат намуда ва масоилеро ба онон мутазаккир мешавад. Ба ҳамин равиш ин гурӯҳ аз ҷомеаи исломиро бо масулиятҳои сиёсӣ ва иҷтимоии хеш ошно месозад ва ҷарайнҳое барои ҳувиятбахшии ҷомеъа падид меоварад, ки наҳзати “Ошуро” намунаи ошкори ин мушорикат ва ҳамкорӣ аст зеро занон дар ҳар як аз ин наҳзатҳо нақшофаринии хоссе дар абъоди мухталиф дошта аст аммо дар Карбало ҳамаи ин нақшҳоро якҷо ва якбора иҷро намуда аст.

Иродаи чунин заноне ончунон маҳкаму устувор буд, ки мардону фарзандон ва ҳамсарони хешро бо шуҷоат тақдими Ислому Паёмбар (с) намуданд ва бо баҳрагирӣ аз ақлу дироят ва имону тақвои хештан тавонистанд ба ёрии ҳаққу ҳақиқат биштобанд ва бо камоли ихлос дар он ҷонфишонӣ карда ва номи ҷовидонае аз худ дар таърих бар ҷой бигузоранд.

Занон бо зуҳури Ислом, ҷони тозае ёфтанд ва бо раҳбарии Расули Худо, Муҳаммади мустафо (с) дар саҳнаҳои мухталифи мусобиқаи расидан ба камол, ҳузур ёфтанд ва гоҳе аз баъзе аз мардон ҳам сибқат гирифтанд ки шомили лутфу марҳамати илоҳӣ қарор гирифта ва шомили ояи

» السّابقون السّابقون اولئک المقربون «.

шуданд.[1]

Пас аз реҳлати Паёмбар (с) талошу кӯшиши шефтагони деринаи молу манол ва мансаб барои таҳрифи ҳақоиқ эҳё ва зинда шуд ва яке аз намунаҳои он монеъ шудани рушду нумувви занон буд, ки ин талош барои дур сохтани занон аз саҳнаи ҷомеъаи исломӣ буд.

Имом Хумайнӣ (рҳ), ин марди беназир ва эҳёкунандаи суннату равиши Расули Худо (с) бори дигар занонро ба саҳнаи иҷтимоъӣ ва сиёсӣ даъват карда ва дубора пардаи ҷаҳлу торикиро пора намуданд ва занонро ба талошу кӯшиш, чун кӯшиши занони садри Ислом фаро хонданд, ки натиҷаи ин даъватро метавон дар кишварҳои исломӣ мушоҳида намуд.[2]

Идома дорад …

Сайидолими Сироҷ

 



[1]Низоми ҳуқуқи зан дар Ислом 

[2] Занони дингустар дар таърихи Ислом, саҳ 19 то 22

Охирин матолиб

Нигоҳи гузаро бар Ошурои ҳусайнӣ

Муқаддима Он чи дар ин чанд саҳфа таҳти унвони “Нигоҳи гузаро бар Ошурои ҳусайнӣ” барои хонандагони азиз матраҳ мегардад, хулосае аз зиндагони имом Ҳусайн(а) аст,...

Беҳтарин шаби сол

Бисмиллоҳи Раҳмони Раҳим Пешгуфтор  Ба номи онки дил кошонаи ӯст, Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.