Дини Ислом ва пешрафт

Пурсиш:Агар дин, зиндагии инсонро беҳтар мекунад, пас чаро ҷавомеи исломӣ пешрафти чандоне намекунанд?

 

Посух: Бояд таваҷҷӯҳ кард, ки Ислом ва мусулмонҳо асрҳо дар улуму фунун, санъату фалсафа, ҳунару ахлоқ, силоҳсозӣ, дорусозӣ ва пизишкӣ, риёзиёт, улуми табиӣ ва шимӣ, ҳайату нуҷум ва ғайра бар ҷаҳониён бартарӣ доштанд ва дигарон аз хирмани файзи онҳо баҳра мегирифтанд.

Пешрафти ғарбиҳо ва аврупоиҳо ба  иқрор ва эътирофи муҳаққиқон ва торихнависони бузурги ғарбӣ аз баракати вуҷуди  Ислом будааст, чуноне ки Гутовлубун аз донишмандони бузургу ба номи Аврупо менависад: Баъзе аз донишмандон мегӯянд: Барои аврупои масеҳӣ нанг аст, ки берун омадан аз даврони таваҳуши худро мадюни як қавми кофире монанди мусулмонон бидонанд ва албатта чунин нангеро ба сахтӣ бояд қабул кард.

Ба таври хулоса мегӯям: Тамаддуни исломӣ дар ҷаҳон таъсири азим ва шигифтангезе доштааст ва мусулмонон буданд, ки миллатҳои ваҳшии нобудкунандаи давлати Румро ба василаи ахлоқи худ ислоҳ карданд ва ҳамин мусулмонон буданд, ки дарҳое аз маорифи илмӣ, адабӣ ва фалсафиро, ки Аврупо иттилое аз онҳо надошт, бар рӯи мо боз карданд ва дар муддати шашсад сол устоди мо аврупоиён буданд.

Велдуронт таърихдони бузурги Аврупо мегӯяд: Пайдоиш ва измиҳлоли тамаддуни исломӣ аз ҳодисаҳои бузурги таърих аст. Ислом дар тайи панҷ аср аз соли 81 ҳиҷрӣ то 597 ҳиҷрӣ (700 то 1200 милоди) аз ҷиҳати нерӯ, назм, вусъати қаламрави ҳукуматӣ, тасфияи ахлоқу рафтор, такомули сатҳи зиндагӣ, вазъи қавонини мунсифона…. адабиёт, донишварӣ, улум, тибу фалсафа пешоҳанги ҷаҳон буд.

Дар ҷои дигар мегӯяд: Дунёи Ислом дар ҷаҳони масеҳӣ нуфузҳои гуногуне дошт. Аврупои масеҳӣ ғизоҳо, шарбатҳо, дору, дармон, аслиҳа, истифода аз нишонҳои махсуси хонаводагӣ, салиқа ва завқи ҳунарӣ, абзор, фунуни санъат, тиҷорат, қавонини дарёнавардиро аз Ислом фаро гирифт ва ғолибан луғатҳои онро низ аз мусулмонон иқтибос кард…. донишмандони исломӣ риёзиёт, табииёт, шимӣ, ситорашиносӣ ва пизишкии юнониро ҳифз карда ва ба камол расониданд ва ин мероси юнониро, ки бисёр ғаннитар шуда буд ба Аврупо интиқол доданд.

Файласуфони исломӣ, таълифоти Арастуро барои аврупои масеҳӣ ҳифз ва зимнан тарҷума карданд. Ибни Сино ва ибни Рушд аз машриқзамин, бар фалосафаи мадрасаи Аврупо партав афканданд ва салоҳияташон чун юнониён мавриди эътимод буд… ин нуфузи исломӣ аз роҳи бозаргонӣ ва ҷангҳои салибӣ ва тарҷумаи ҳазорон китоб аз арабӣ ба лотин ва мусофиратҳои донишвароне монанди  Журберт Мойкел Эскот Идлордбоси ба Испанияи мусулмонон анҷом гирифт.

Бо таваҷҷӯҳ ба матолиби  боло мегӯем: Агар Ислом далели ақабмондагии кишварҳои исломӣ буд, чигуна дар асрҳои тулонӣ иллати аслии пешрафтҳои мусулмонон қарор дошт? Пас иллати ақибмондагии кишварҳои исломиро бояд дар масоили дигаре ҷустуҷӯ кард, ки  мо акнун ду омили асосие, ки боиси инҳитот ва ақибмондагии ҷавомеи исломӣ шудаастро матраҳ мекунем:

1) Иҷро накардани дастурои оллии Ислом ва вуҷуди ҳокимони нолоиқ

Агар ба дини Ислом ҳақиқатан амал шавад, ҳам зиндагии дунявӣ ва ҳам ҳаёти ухравии инсон, обод мегардад. Бояд пазируфт, ки решаи аслии ақибмондагии кишварҳои исломӣ дар дараҷаи  аввал ба кор нагирифтани дастурот ва таолими олии Ислом будааст. Дар тули таърих, инсонҳои белаёқат, ҳавасрон ва худфурухта, ки худро ҳокими мусулмонон медонистанд, бо ҳазор найрангу ҳила ва ситам бар мардум ҳукумат карданд ва сарнавишти миллатҳои мусулмонро бозича қарор медоданд ва бидуни таваҷҷӯҳ ба дастуроти дин ва гоҳе ба саҳлангорӣ дар иҷрои дарстуроти исломӣ ва ба истилоҳ имрӯз бо тасоҳул ва тасомуҳи беҳаду ҳисоб, роҳи тазъифи мабонии дин ва инҳироф ва табоҳиро дар ҷомеа ҳамвор мекарданд.

Ин навъ ҳукуматҳо ва хилофатҳо боиси тафриқа ва эҷоди рухна дар суфуфи мусулмонон ва аз ҳам гусехтагӣ ва фурумоягии ҷомеаи исломӣ гардиданд. Онҳо ҷомеаи исломиро ба фаҳшо ва фасоди ахлоқӣ машғул сохта ва нагузоштанд ҷавонони боистиъдод ва нухбагони муъмини кишварҳои исломӣ ба тарақи ва таолии миллатҳои худ биандешанд.

2) Авомили бегона

Аз садри Ислом ҳамеша Ислом душманони сарсахте дар хориҷ ё дохил дошта ва дорад. Яҳудиён, масеҳиён, маҷусиён ва занодиқае, ки дар миёни мусулмонон будаанд, дар таҳрифи ҳақоиқи исломӣ ба василаи ҷаъл ва вазъи аҳодис ё эҷоди фирқаҳо ва доманзадан ба ихтилофоти миёни мусулмонон таъсири зиёде доштаанд.

Дар таърихи Ислом ҳаракатҳо ва наҳзатҳои зиёде дида мешавад, ки аз тарафи душманони Ислому мусулмонон ба ҳадафи тазъиф ё нобудии Ислом пайдо шудааст.

Ҳамчунин дар мавриди ҳуҷум воқеъ шудани ҷаҳони Ислом аз тарафи душманонки ҷангҳои салибӣ ва ҳамлаи муғул намунаи ошкори ин ҳамалот асттаъсири фаровоне дар инҳитот ва ақибмондагии мусулмонон дошта аст. Аз ҳама хатарноктар истеъмори ғарб, ки бо тавтиаҳо ва ҳилаҳои рангорангу фаровон аз ҷумла таҳмили ҳокимони белаёқат, худфурухта, фурумоя, шаҳватрону ҳавопараст, нуфузи худро ба аркони мухталифи ҷаҳони Ислом густариш дод ва хуни мусулмононро макид ва камари онҳоро дар зери фишори зулму таадди ҳам кард ва афкору ахлоқи исломиро аз байн бурд ва мусулмононро зери истеъмор ва султаи худ қарор дод.

Ёсин

 

Охирин матолиб

Қуръон ваҳй илоҳӣ

Қуръон ваҳй илоҳӣ Ваҳй чист? Вақте Худо мехоҳад матлаберо ба паёмбарон бифаҳмонад, аз роҳе, ки барои мо қобили дарк нест паёмашро ба онҳо мерасонад. Дар...

Тарҷумаи СУРАИ МОИДА

СУРАИ МОИДА Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 120 оят дорад.  Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Эй касоне, ки имон овардаед! Ба паймонҳо вафо...

Инсоф дар рафтор

Имом Ҳасан(а) фармуданд:  Бо мардум ба гунае рафтор кун, ки дӯст дорӣ бо ту он гуна рафтор кунанд. (Аъломуддин, с.297)

Парҳез аз саҳлангорӣ

 امام حسن (ع): إنَّ اللهَ جَعَلَ شَهْرَ رَمَضانَ مِضْمارا لِخَلْقِهِ. فَیَسْتَبِقُونَ فیهِ بِطاعَتِهِ إِلی مَرْضاتِهِ. فَسَبَقَ قَوْمٌ فَفَازُوا، وَقَصَّرَ آخَرُونَ فَخابُوا    Имом Ҳасан (а)...