Чаро ризқу рӯзӣ баробар тақсим намешавад?

Чаро Худованд ба баъзе аз бандагонаш ризқу рӯзӣ намедиҳад? Намедонад? Ё наметавонад? Ё хасису бахел  аст?

 

Ин савол дорои пешфарзҳои ғалат ва дар айни ҳол ғафлат ва чашмпӯшӣ аз баъзе аз ҳақоиқ аст. Барои посухгӯӣ ба ин суол ва равшанӣ андохтан дар бораи ин мавзӯъ, дар ибтидо мисолеро хидмати шумо хонандагон пешкаш мекунем то каме ба фазои воқеӣ наздиктар гардем.

 

Писарбаччае, қалами  худро гум карда аст. Модараш медонад, ки фарзандаш қаламашро гум намуда ва иттифоқан дар хона низ чанд баста қалам низ дорад. Модари ин писарбачча нисбат ба фарзанди дилбанди худ аз ҳеч меҳру муҳаббате низ дареғ намекунад. Инҷо аз маҳзари шумо азизон ва махсусан бародари азизе, ки ин суолро матраҳ намудаанд суолеро пурсон мешавем, ки: Оё агар модар ба фарзанди худи бигӯяд, ки писарам! Бояд худат саъю талош намоӣ то қаламатро пайдо кунӣ,  дуруст амал намуда аст ё он ки ҳар замон писарбача гуфт: қаламамро гум кардаам, модар бе ягон мудохила ва роҳнамоӣ, як қалами дигар ба ӯ бидиҳад? Дар инҷо метавонем бигӯем, ки модар намедонад, ки фарзандаш ба қалам ниёз дорад? Ё модар наметавонад ба писараш қалам бидиҳад? Дар ҳоле ки фарз кардем чанд баста қалам ҳам дар хона мавҷуд аст. Оё модар хасис ва бахел аст?

Бинобарин равшан ва возеҳ аст, ки инсони ҳаким дар ҷое аз бахшиш иҷтиноб ва мумониат мекунад, ки бихоҳад дигареро дарс диҳад ва ӯро нисбат ба камбудаш огоҳ созад. Ва ин матлаб ҳеҷ рабте ба ҷаҳлу нотавонӣ ва хасосату бахелӣ надорад.

 

Аммо дар масъалаи мавриди суол, қабл аз ҳар чизи дигаре бояд ба ин нукта таваҷҷӯҳ намоем, ки Худои субҳон инсонро мухтор офарида аст ва ӯ дар ҳама корҳояш соҳиби ихтиёр аст. Бинобарин лозимаи ихтиёри инсон, тавоноӣ бар зулму ситам кардан аст хоҳ ин кори зишту нописанд аз рӯи огоҳӣ бошад ё аз рӯи ноогоҳӣ. Ба ҳамин хотир аст, ки  гурӯҳе дар ин замини паҳновар ва дар ҳамсоягии мову шумо беш аз ниёзи худ доранд ва гурӯҳи дигаре ҳам, ба андозаи ниёзи хонаводаашон надоранд ва ба хотири касби рӯзӣ ва масрафи рӯзмаррашон бояд дасти ниёз ба сӯи дигарон дароз намоянд. Агар Худои мутаъол бихоҳад дар ҳар воқеае ворид шуда ва монеъи зулми золимон шавад, дигар ихтиёри инсон зери суол рафта ва соҳиб ихтиёр будан бемаъно мешавади !!! монанди ин мисол, ки ба касе бигӯем: метавонӣ савори яке аз ин ду мошин шавӣ, аммо ҳар замон ки бихоҳад ба тарафи яке аз он мошинҳо раҳсипор гардад, бо задан ба пушти гардани ӯ, ӯро аз мошин дур кунем ва монеъи саворшуданаш гардем!

 

Пас бо ин ҳисоб далели аслии бисёре аз норасоиҳо, барқарор ва побарҷо будани асли ихтиёр, ба хотири маслиҳатҳои бузурге аст, ки дар гирду атрофи мо рух медиҳад ва ононе, ки ҳастиро мунҳасир дар ҳамин олами моддӣ намебинанд, бузургии маслиҳати ихтиёрро дарак мекунанд. Бар хилофи касоне, ки олами моддиро манзиле барои саъодати худ мехоҳанд. Мисли инки ҷанин ва кӯдаке, ки дар раҳими молдар аст, аз рушд ва шаклгирии андомҳояш мутанаффир бошад, чун сабаби тангтар шудани ҷояш мешавад  дар ҳоле ки ӯ шинохте нисбат ба зиндагии берун аз раҳим надорад.

 

Масъалаи дигаре, ки бояд дар инҷо ба он таваҷҷӯҳ кунем, ин аст, ки савоб ва иқоби илоҳӣ, амри эътиборие нест, ки Худои мутаъол бидуни ҳеч заминае ба касе савоб дода ва дараҷоти олиро насиби ӯ гардонад ё ӯро иқоб намуда ва аз раҳмату баракоташ маҳрум намояд ! кофист дар савобу иқобҳое, ки Худои субҳон дар олами охират ба бандагонаш ато менамояд, каме таъаммул ва таъаққул намоем, то ин масъала бароямон рушан шавад. Ба унвони мисол касоне, ки аз зикру ёди Худо безор ҳастанд ҳамон тавре ки дар сураи Рум Худованд ба ин матлаб ишора намуда аст:

» لِيَجْزِيَ الَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ مِن فَضْلِهِ إِنَّهُ لَا يُحِبُّ الْكَافِرِينَ «

Тарҷумаи оя: “То (Худованд) касонеро, ки имон оварда ва амали неку шоиста анҷом додаанд ба фазлу инояти хештан подош диҳад, ки Ӯ кофиронро дӯст намедорад. [1]

Кофирон вақте қадрнашносу носипос ҳастанд, чӣ гуна метавонанд ризвони илоҳиро  ба унвони яке аз бузургтарин подошҳои биҳишти барин дарак кунанд?

» وَعَدَ اللّهُ الْمُؤْمِنِينَ وَالْمُؤْمِنَاتِ جَنَّاتٍ تَجْرِي مِن تَحْتِهَا الأَنْهَارُ خَالِدِينَ فِيهَا وَمَسَاكِنَ طَيِّبَةً فِي جَنَّاتِ عَدْنٍ وَرِضْوَانٌ مِّنَ اللّهِ أَكْبَرُ ذَلِكَ هُوَ الْفَوْزُ الْعَظِيمُ  «

Тарҷумаи оя: “Худованди маннон ба мардону занони боимон боғҳое ваъда дода аст, ки аз зери (дарахтони) он наҳрҳову дарёҳо ҷорӣ аст, дар он ҷовидона ва то абад хоҳанд монд (ва сокин хоҳанд шуд) ва (ҳамчунин) хонаҳо ва сароҳои покиза дар биҳиштҳои ҷовидон (ба онҳо ваъда дода аст). Хушнудии Худованд (ва ҳадяҳову пешкашҳои Ӯ) бузаргтар аз ин аст. Ин ҳамон комёбии бузург (ва бемислу монанд) аст. [2]

Бинобарин  савоб ва иқоби илоҳӣ, ҳамон аъмоли мо, ва аз навъи таквинӣ аст, ва инки амале имрӯз бароямон, дарднок нест, фардо бадтарин азоб хоҳад шуд, ба ин далел аст, ки пардаҳо канор мераванд ва ҳар касе ҳақиқати амали хешро дарк мекунад. Ба ҳамин хотир Қуръони маҷид мефармояд: Ононе, ки моли ятимеро мехӯранд, дар ҳақиқат оташ мехӯранд ! ин дар ҳолест, ки моли ятимихӯр, чӣ басо аз хӯрдани он моли ҳаром бисёр ҳам лаззат бибарад:

» إِنَّ الَّذينَ يَأْكُلُونَ أَمْوالَ الْيَتامى‏ ظُلْماً إِنَّما يَأْكُلُونَ في‏ بُطُونِهِمْ ناراً «

Тарҷумаи оя: касоне, ки амволи ятимонро ба зулму ситам мехӯранд (дар ҳақиқат) танҳо оташ мехӯранд.[3]

Аз ин баёноти гуҳарборе, ки Худои субҳон баъзе аз аъмолро бо баъзе аз амалҳои зишту нописанди дигар баробар дониста аст, дар китоби ҳаётбахшу шифобахши башарият, Қуръони карим зиёд ба чашм мехӯрад, мисли баҳси ғайбат, ки Қуръони маҷид ғайбатро хӯрдани гӯшти бародари мурдаи хеш медонад ва ғ.

Илова бар ин агар фарз кунем, ки Худованди субҳон бидуни ҳеҷ ҳисобу китобе, бихоҳад ба ҳамаи бандагонаш подошу савоб диҳад ё ҳамаро бидуни истисно азоб намояд, ки ин амр бар хилофи ҳикмати Ӯст, чаро ки  байни кофиру мӯъмин фарқе нагузошта аст. Дар ҳоле ки Худованд ин фарзияро ботил дониста ва мефармояд:

» وَ ما يَسْتَوِي الْأَعْمى‏ وَ الْبَصيرُ وَ الَّذينَ آمَنُوا وَ عَمِلُوا الصَّالِحاتِ وَ لاَ الْمُسي‏ءُ قَليلاً ما تَتَذَكَّرُونَ «

Тарҷумаи оя: “Ҳаргиз афроди нобино ва афроди бино бо ҳам яксону якнавохт нестанд ва ҳамчунин касоне, ки имон оварда (ва гӯш ба фармони илоҳӣ ҳастанд) ва амалҳои солеҳу писандида анҷом додаанд бо бадкорон яксон нахоҳанд буд. Аммо камтар (ба ин матлаб таваҷҷӯҳ намуда ва) мутазаккир мешавед.[4]

Натиҷаи баҳс

Бинобарин бо таваҷҷӯҳ ва таъаммул ба матолибе, ки зикр намудем, бояд барои хонандагону мухлисони сомонаи қуръонӣ ҳадисии “Ёсин” равшан шуда бошад, ки эътиборӣ донистани савобу иқоби илоҳӣ, комилан ғалат ва нобаҷо мебошад ва бояд дар ин гуна мавзӯъот ва шубҳаҳои роиҷ дар ҷомеъа, ихтиёри инсонҳо ва нақши онҳоро дар зулму ситамҳои имрӯзӣ дар назар бигирем. Ҳамчунин ҳикмати Худованди маннонро ҳамеша ва ҳама ҷо дар назар дошта бошем ва аз он бардошти бемаврид низ накунем.

Вақте инсон худ ба зулму ситам ризоят медиҳад ва дар муқобили ноадолатиҳо ҳеҷ гуна эътирозе наменамояд, инҷо метавон ҳамл бар ҳикмати илоҳӣ намуд !?!

Худованди маннон дар сураи Раъд дар бораи такомул ва тараққӣ ва тағйиру таҳаввули инсон –чӣ аз ҷиҳати ҷинсӣ ва ғ.- ба нуктаҳое ишора намуда ва дар ин маврид мефармояд:

» لَهُ مُعَقِّبَاتٌ مِّن بَيْنِ يَدَيْهِ وَمِنْ خَلْفِهِ يَحْفَظُونَهُ مِنْ أَمْرِ اللّهِ إِنَّ اللّهَ لاَ يُغَيِّرُ مَا بِقَوْمٍ حَتَّى يُغَيِّرُواْ مَا بِأَنْفُسِهِمْ وَإِذَا أَرَادَ اللّهُ بِقَوْمٍ سُوءًا فَلاَ مَرَدَّ لَهُ وَمَا لَهُم مِّن دُونِهِ مِن وَالٍ  «

Тарҷумаи оя: Барои ӯ фариштагоне аст, ки пай дар пай ва ҳамеша ӯро ба фармонбардории Худованд аз пеши рӯ ва аз пушти сараш посдорӣ ва нигаҳдорӣ мекунанд. Дар ҳақиқат Худованд ҳолу аҳволи қавмеро тағйир намедиҳад то онҳо худашон ҳоли худро тағйир диҳанд ва чун Худованд барои қавм ё гурӯҳе осебу зиёне бихоҳад, ҳеҷ баргаште барои он нест ва ғайр аз ӯ ҳимоятгаре барои онон нахоҳад буд.[5]

Дар тафсири ин ояи шарифа овардаанд:

» تسأل عن تفسير قول الحق -تبارك وتعالى- في سورة الرعد: إِنَّ اللَّهَ لا يُغَيِّرُ مَا بِقَوْمٍ حَتَّى يُغَيِّرُوا مَا بِأَنفُسِهِمْ؟[6]

بسم الله الرحمن الرحيم، الحمد لله، والصلاة والسلام على رسول الله، وعلى آله وأصحابه ومن اهتدى بهداه، أما بعد: فالآية الكريمة آية عظيمة تدل على أن الله -سبحانه- لكمال عدله، وكمال حكمته، لا يغير ما بقوم من خير إلى شر، ومن شر إلى خير، ومن رخاء إلى شدة، ومن شدة إلى رخاء حتى يغيروا ما بأنفسهم، فإذا كانوا في صلاح واستقامة ثم غيروا غيِّر عليهم بالعقوبات والنكبات، والشدائد والجدب والقحط والتفرق وغير هذا من أنواع العقوبات «

Ҳамчуноне ки мушоҳида менамоед дар тафсири ин ояи шарифа ибни Боз мегӯяд: Худованди маннон ба хотири ин ки адлу ҳикматаш иқтизои онро доранд, ҳолу аҳволи ҳеҷ бандаеро аз хайр ба шарр ва аз шарр ба хайр ва аз сахтиву машаққат ба осӯдагиву рафоҳ тағйир намедиҳад, магар инки онҳо худашон талабгори он бошанд.[7]

Хонандагони азиз барои мутолиъаи бештар метавонанд ба ин одресси интенетӣ низ муроҷиа намоянд.[8]

Пас Худои субҳон инсонро ихтиёр дода аст то худ барои сарнавишти хеш тасмимгирӣ намояд ва ҳамчуноне, ки Худои субҳон дар Қуръони карим хитоб ба Расули Худо (саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам)  ба он ишора намуда аст, ҳар касе, ки амали хубу шоистае анҷом дод, барои нафси хеш карда аст ва агар бад кард, ба худаш бармегардад.

» مَنْ عَمِلَ صَالِحًا فَلِنَفْسِهِ وَمَنْ أَسَاء فَعَلَيْهَا وَمَا رَبُّكَ بِظَلَّامٍ لِّلْعَبِيدِ «

Тарҷумаи оя: “Ҳар касе, ки кори хубу шоистае анҷом диҳад, ба суду фоидаи худаш аст ва ҳар касе, ки бадӣ кунад ба зиёни худи ӯст ва Парвардигори Ту нисбат ба бандагони худ ситамкору золим нест.[9]

Мавлоно, ки ашъори зебое дар заминаҳои гуногун дорад ва бештари сурудаҳояш илҳомгирифта аз оёту ривоёти исломӣ аст, дар ин мавзӯъ ин гуна суруда аст:

Гар неку бад назди Худо, яксон буди дар ибтило,

Бо Ҷабраили моҳрӯ, Иблис ҳамсимости.

Вар роздорасти башар, пайдо накардӣ хайру шарр,

Ҳар чӣ, ки нопайдосташ, бар рӯи ҳам пайдости.

Ин ҳисси чун ҷосӯси мо, шуд баставу маҳбуси мо,

Чун менабинад аслро, эй кошкӣ аъмости.[10]./[11]

Ҷаноби Хайём барои афроде, ки худашонро дар зулму ситам гирифтор дида ва ноумеду маъюс гашта ва фикре барои раҳоиашон аз ин ботлоқи намекунанд ва мегӯянд тақдиру сарнавишти мо ҳамин буда аст, мегӯяд:

Некиву бадӣ, ки дар ниҳоди башар аст,

Шодиву ғаме, ки дар қазову қадар аст.

Бо чарх макун ҳавола, кандар раҳи ақл,

Чарх аз ту ҳазор бор бечоратар аст.[12]

Ёсин

Сайидолими Сироҷ


[1] Сураи Рум ояи 45

[2] Сураи Тавба, ояи 72

[3] Сураи Нисо, ояи 10

[4] Сураи Ғофир, ояи 58

[5] Сураи Раъд, ояи 11

[6] سورةالرعد:11

[7] Фатовои шайх ибни Боз

[8] http://www.nquran.com/index.php?group=view&rid=16507

[9] Сураи Фуссилат, ояи 46

[10] Куру нобино буд

[11] Девони Мавлоно

[12] Ашъори Хайём

Охирин матолиб

Нигоҳи гузаро бар Ошурои ҳусайнӣ

Муқаддима Он чи дар ин чанд саҳфа таҳти унвони “Нигоҳи гузаро бар Ошурои ҳусайнӣ” барои хонандагони азиз матраҳ мегардад, хулосае аз зиндагони имом Ҳусайн(а) аст,...