Чаро Имом Ҳусайн(а) бо Язид байъат накард?

Пеш аз ин ки ба ҷавоби ин суол бипардозем, бояд матлаберо ёдовар шавем ва он ин ки таърих шоҳид аст, ки Язид фарди фосиқе буд, ки ошкоро аҳкоми исломиро зери по мегузошт. Шароб менӯшид, намоз намехонд, хуни ноҳақ мерехт ва маймунбозу сагбоз буд.[1] Ҳатто тарфадорони бани Умая низ дар бораи Язид чунин эътиқоде доштанд.

Ҳангоме, ки Муовия ба Зиёд фармондори Мадина нома навишт, ки барои Язид байъат бигирад, вай дар ҷавоб навишт: Язид фардест, ки бо сагҳо ва маймунҳо бозӣ мекунад ва пайваста шароб менӯшад. Агар мардумро ба байъати бо ӯ даъват кунем ба мо чӣ хоҳанд гуфт? Дар ҳоле ки ҳануз мардоне чун Ҳусайн ибни Алӣ(а) ва ғ. дар миёнашон ҳастанд.[2]

Имом Ҳусайн(а) низ дар ҷавоби волии Мадина, ки аз он ҳазрат хост бо Язид байъат кунад, чунин фармуд: Эй волӣ! мо хонадони нубувват, маъдани рисолат ва маҳалли рафту омади малоика ва ҷойгоҳи раҳмат ҳастем. Худованд бо мо оғоз карда ва ба мо хотима додааст. Язид марди фосиқ ва шаробхор ва қотили инсонҳои муҳтараму бегуноҳ буда ва касест, ки фисиқу фуҷури худро ошкор сохтааст ва шахсе чун ман бо чун ӯ байъат нахоҳад кард. [3]

Акнун чунин фарде бар сарнавишти мусалмонон ҳоким шуда буд ва бо фиребу найранг аз онҳо байъат гирифта буд ва мехост аз зодаи Пайғамбар(с), яъне ҳазрати Имом Ҳусайн(а) низ байъат бигирад, ки танҳо дар ин сурат буд пояҳои ҳукумати ин фосиқи бебандубор побарҷо мемонд. Ҳоло бо таваҷҷӯҳ ба ин муқаддима далелҳои байъат накардани Имом Ҳусайн(а) бо Язидро баён хоҳем кард:

Таъйиди ҳукумати зулм

Агар Имом Ҳусайн (а) бо Язид байъат мекард, ин кор сабаби таъйиди ҳокими золим ва пойдории ҳукумати ғайриқонунии Язид ва бани Умая мешуд. Ва хонадони Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ҳеҷ вақт фисқу фуҷур ва зулму ситамро, ки худ мардумро аз ин аъмоли зишту нописанд наҳй мекарданд, таъид накардаанд ва сафаҳоти торих шоҳиди ин иддаост. Ва ҳамкорӣ бо золим яъне таовун бар гуноҳ, дар ҳоле ки Қуръон мефармояд: Бар гуноҳу саркашӣ кӯмак накунед.[4]

Нобудии Дин

Байъат бо Язид имзо бар нобудии Дин буд, ба ҳамин хотир, Имом Ҳусайн(а) фармуд: Замоне ки афроде мисли Язид, ҳокими уммати исломӣ шаванд, бояд бо Ислом худоҳофизӣ кард.[5] Зарбулмасали маъруфест, ки мегӯяд мардум пайрави дини раҳбарону масъулони хешанд. Вақте ҳокиме мисли Язид, ки ҳеҷ эҳтироме ба дину имон намегузорад[6], мардуми зери фармони ӯ, бо пайравӣ аз ӯ, нисбат ба дин бетаваҷҷӯҳ хоҳанд шуд.  Имом Ҳусайн(а) шаҳодатро беҳтар аз зиндаӣ дар ҷомеае медонад, ки дар он ба ҳақ амал намешавад ва аз ботил пуштибонӣ мегардад.[7]

Ба гумроҳӣ андохтани муслимин

Имом Ҳусайн(а) сайиди ҷавонони аҳли биҳишт аст.[8] Биҳиштӣ будани он ҳазрат тазминест, ба ҳамин хотир, рафтори ӯ улгӯи ҷомеаи исломӣ аст. Агар имом Ҳусайн(а) бо Язид байъат мекард, ин кор боиси гумороҳ кардани муслимин мешуд ва мардум хиёл мекарданд, ки байъат бо золим дуруст аст, чунон ки бархе мусалмонон — бо эътимод ба аҳодиси ҷаълие, ки дар замони ҳокимони золими умавӣ сохта шуд — ин эътиқодро доранд. Имом Ҳусайн(а) бо байъат накардани худ ва  қиём бар зидди золим ин ақидаро ботил кард ва ба мусалмонон фаҳмонд, ки сукут дар баробари зулму золим ҳаром аст. Имом Ҳусайн(а) аз ҷадди бузургвораш Расули Худо(с) нақл мекунад, ки он ҳазрат фармуд: Ҳар кас подшоҳеро бубинад, ки зулм мекунад ва ҳароми Худоро ҳалол мекунад, аҳди илоҳиро мешиканад, мухолифи суннати Расули Худо(с) рафтор мекунад ва дар миёни бандагони Худо бо гуноҳу таҷовуз амал мекунад, вале бо амал ва гуфтор дар баробари чунин золиме наистад, бар Худост, ки ӯро вориди ҷаҳаннам кунад. Огоҳ бошед, ки Язиду язидиён аз шайтон итоат мекунанд ва тоати Раҳмонро тарк кардаан. Ва фасодро зоҳир ва қонунҳои Худоро таътил ва ҳароми Худоро ҳалол ва ҳалоли Худоро ҳаром кардаанд.[9] Қиёмҳое, ки баъд аз қиёми ҳусайнӣ дар ҷаҳони Ислом ба вуҷуд омад, илҳомгирифта аз наҳзати Имом Ҳусайн(а) буд.  Имрӯза низ баъзе қиёмҳое, ки алайҳи зулму золим дар ҷаҳон ба вуҷуд меояд, шиори ҳайҳот минназзилаи[10] Имом Ҳусайн(а) дар онҳо танинандоз аст.

Ситампазириву зиллатпазирӣ

Агар Имом(а) байъат бо Язидро мепазируфт, ин кор ба маънои пазириши зулму зиллат буд, ҳол он ки дар фарҳанги хонадони ваҳй зулмпазирӣ маъно надорад. Бар ин  асос буд, ки Имом(а) фарёд баровард, ки раҳбари ҷомеа бояд омил ба китоби илоҳӣ ва одил бошад.[11] Ҳазрати имом Ҳусайн(а) дар тӯли қиёми илоҳии худ, ҳамвора аз адами зиллатпазирӣ сухан мегуфт ва мефармуд: Марги бо иззат, беҳтар аз зиндагӣ дар зиллату хорист.[12] Ҳангоме ки душман ӯро миёни ҷангу байъат мухайяр кард, фармуд: Нопоки нопокзода маро байни ду чиз мухайяр кардааст: шамшер ва зиллат; зиллат аз мо бисёр дур аст.[13]

Ёсин


[1]. Торихи Табарӣ, ҷ.4, саҳ.369, Албидоя ванниҳоя, ибни Касир, ҷ.6, саҳ.234, Суютӣ, Торихи хулафо, саҳ.182, Алахборуттивол, саҳ.266, Алкомил фитторих, ибни Асир, ҷ.2, саҳ.186, Ҳалабия, ҷ.1 саҳ.266.

[2]. Эҳтиҷоҷи Табрасӣ, ҷ.2, саҳ.92. ин ҷумалот бо андаке тафовут дар ал-Имомату ва ас –сиёса низ омадааст.

[3]. Ал- Футуҳ, ҷ.5, саҳ.11.

[4] . Моида, ояти 2.

[5]. Мақтали Хоразмӣ, ҷ.1, саҳ.184. 

[6] . Алкомил фитторих, ибни Асир, ҷ.2, саҳ.186, Ҳалабия, ҷ.1 саҳ.266.

[7] . Табарӣ, ҷ.4, саҳ.305.

[8] . Сунани Тирмизӣ, ҷ.5,саҳ.426, боби маноқиби Ҳасан(а) ва Ҳусайн(а), Мустадрак алассаҳеҳайн, ҷ.3, саҳ.429, Сунани Ибни Моҷа, ҷ.1, саҳ.134 ва 135, Муснади Аҳмад, ҷ.6, саҳ.542, Хасоис, саҳ.36, Ҳилятулавлиё, ҷ.4, саҳ.190, ал- Исиба, ҷ.1, саҳ.226, Усдулғоба, ҷ.5, саҳ.574.

[9] . Табарӣ, ҷ 5, саҳ 403, Алкомилу фитторих,ҷ 2,саҳ 552.

[10] Ҳаргиз зулму ситамро намепазирем

[11] . Торихи Табарӣ, ҷ 4, саҳ 304.

[12] . Маноқиби Ибни Шаҳрошуб, ҷ 4, саҳ 68..

[13] . Луҳуф, саҳ 57.

Охирин матолиб

Одоби тиловати Қуръон

Одоби тиловати Қуръон зиёд аст, ки ба муҳимтарини онҳо ишора мекунем: 1. Бо таҳорат тиловат кардан 2. Мисвок задан (шустани дандонҳо) қабл аз Қуръон хондан,...

тарҷума

Тарҷумаи СУРАИ ИСРО

СУРАИ ИСРО Ин сура дар Макка нозил шуда ва 111 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Муназзаҳ аст Зоте, ки бандаашро шабонгоҳе аз Масҷид-ул-ҳаром...