Хондани кадом сура инсонро дар корҳояш муваффақ мекунад?

Хондани кадом сура инсонро дар корҳояш муваффақ мекунад?

Инсон фақат бо хондани Қуръон, бе онки ба ба дастурҳои Худованд амал кунд,наметавонад дар корҳояш муваффақ шавад. Мо бояд Қуръонро бихонем ва ба дастурҳои Худованд ҳам амал кунем, то дар дунёву охират муваффақ бошем. Муваффақият маънои васеъ дорад ва шомили муваффақиятҳои моддӣ ва маънавӣ мешавад. Масалан роҳ ёфтан ба биҳишт яке аз бузургтарин мувафақиятҳои одамӣ аст, ки дар сояи Қуръон метавон ба он даст ёфт. Пас хондани ҳамаи сураҳои Қуръон муваффақиятовар аст. Дар айни ҳол, барои муваффақияти бештар дар дунё ва охират, ба хондани бархе аз сураҳо бештар таъкид шудааст, ки ба намунаҳое аз он ишора мекунем.

1. Сураи Ёсин.Паёмбар (с) фармуд: Касе, ки бо ин сура ҳамдам ва ҳамроҳ бошад(ҳамеша ин сураро бихонад) ба хайри дунёву охират мерасад.

2. Сураи Зориёт.Имом Содиқ(а) фармуд: Ҳар касе сураи Зориётро рӯз ё шаб бихонад, Худованд вазъи зиндагии ӯро ислоҳ мекунад ва ба ӯ рӯзии фаровон медиҳад.

3. Сураи Соффот.Имом Содиқ(а) фармуд: Ҳар кас сураи Соффотро рӯзҳои Ҷумъа бихонад аз тамоми офатҳо дар дунё ҳифз мешавад ва дар дунё ба ӯ рӯзии бисёр дода мешавад.

4. Сураи Воқеа. Ҳар касе сураи Воқеаро ҳар шаби Ҷумъа тиловат кунад, Худованд ӯро дӯст дорад ва дӯстии ӯро дар дили ҳамаи мардум меандозад. Ва дар муддати умраш дар ин дунё бадбахтӣ ва фақр ба ӯ рӯ намекунад. Ҳамчунин пешвоён ба мо дастур додаанд, ки сураҳои Мулк, Наср ва Тавҳидро барои муваффақияти бештар бихонем.

Охирин матолиб

Таъини ҳазрати Алӣ(рз) аз сӯи Паёмбар Акрам(с) ба унвони имому раҳбари уммати исломӣ

Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим قال الله نعالی: وَمَا آتَاكُمُ الرَّسُولُ فَخُذُوهُ وَمَا نَهَاكُمْ عَنْهُ فَانْتَهُوا ۚ وَاتَّقُوا اللَّهَ ۖ إِنَّ اللَّهَ شَدِيدُ الْعِقَابِ.  Ҳар ончӣ Паёмбар(с)...

Фазилати даҳаи аввали моҳи Зилҳиҷҷа

Фазилати даҳаи аввали моҳи Зилҳиҷҷа Расули Худо (с) мефармоянд: ما مِنْ أيامٍ العملُ الصالحُ فيهنَّ أحبُّ إلى اللهِ مِنْ هذهِ الأيامِ العشرِ Ҳеҷ айёме нест,...

Ҳасодат офати дин ва дӯнё

Ҳасад ҳолатест, ки инсон аз дидани неъмати дигарон нороҳат мешавад ва  ранҷ мебарад ва орзӯ мекунад, ки он неъмат аз онҳо гирифта шавад[1], ҳатто агар...

Коркарди ақл дар дини Ислом Ақл дар дини Ислом, дар фаҳм ва шинохтани ҳақиқат ва зиндагии худо писанд нақши бисёр ҳаётӣ дорад. Ақл дорои чандин...

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *