Таҳрифнопазирии Қуръон

Таҳриф чист ва чаро мегӯянд: »Қуръон ҳаргиз таҳриф нашудааст«?

Таҳриф ба маънои тағйир додан аст. Масалан агар шумо бигӯед »Ман барои зиёрат ба Макка рафтаам«. Ҳоло агар касе ин ҷумларо тағйир диҳад ва бигӯяд ту гуфтаӣ »ман барои зиёрат ба Макка нарафтаам«. Ҷумлаи шуморо таҳриф кардааст.

Ҳоло ки маънои таҳрифро донистед бояд ба ин нукта таваҷҷӯҳ кунед, ки тамоми оятҳои Қуръони Маҷид ҳамонгуна, ки Худованд бар Паёмбар (с) нозил фармуда ба дасти мо расидааст ва ҳеҷ ояте аз Қуръон таҳриф нашуда ва тағйир пайдо накардааст. Албатта, мумкин аст касе Қуръонро иштибоҳ маъно ва тафсир кунад, вале оятҳои Қуръон тағйир накарда ва чизе бар Қуръон афзуда ва ё аз он коста нашудааст.

Барои таҳрифнопазирии Қуръон далелҳои зиёде вуҷуд дорад, ки 3 мавриди онро бароятон менависам.

Далели ақлӣ. Худованд Қуръонро барои мо инсонҳо офарида аст ва бояд то қиёмат бетағйир боқӣ бимонад, зеро агар камтарин тағйире дар Қуръон эҷод шавад дигар мардум ҳидоят намешаванд. Пас Худованди меҳрубон ҳеҷ гоҳ иҷоза намедиҳад касе Қуръонро таҳриф кунад ва мусулмонон нафаҳманд.

Далели Қуръонӣ. Худованд дар Қуръон фармудааст, ки худаш ҳофиз ва нигаҳдорандаи Қуръон аст. Чунонки мефармояд:

Мо Қуръонро фурӯ фиристодем ва худ аз он нигаҳдорӣ ва муҳофизат мекунем.” [1]

Пас чун Худованд муҳофизати Қуръонро бар ӯҳда гирифтааст, мумкин  нест таҳриф шавад.

Далели таърихӣ. Дар саҳифаҳои қаблӣ навиштем, ки вақте Қуръон нозил мешуд Паёмбар (с) оятҳоро барои мусулмонон мехонд, дар ин замон нависандагони Қуръон, фавран оятҳоро менавиштанд. Ҳофизон ба ҳифзи оятҳо ҳиммат мекарданд. Паёмбар (с) ва мусулмонон дар намоз ва ғайри намоз, оятҳоро мехонданд. Пас бо таваҷҷӯҳ ба мавриди зер маҳол аст Қуръон тағйир кунад ва мусулмонон огоҳ набошанд.

А) Инояти махсуси Паёмбар (с) ба қироат, навиштан, ҳифз ва нигаҳдорӣ аз Қуръон.

Б) Таваҷҷӯҳи фавқулодаи мусулмонон ба Қуръон хондан, ҳифз ва мурур ва муқобилаи Қуръон.

Г) Омода кардани нусхаҳои зиёде аз Қуръон ва ирсоли он нусхаҳо ба тамоми нуқоти сарзаминҳои исломӣ дар замони садри Ислом ва пас аз реҳлати Паёмбар (с) ва хулоса ин ки агар касе андаке бо таърихи Қуръон ошно бошад дармеёбад, ки имкон надошт касе Қуръонро тағйир диҳад ва Паёмбар (с), ҳазрати Алӣ(к), саҳобагон(рз) ва имомон(а) сукут кунанд. Чунонки ҳамакнун низ чунин аст, зеро вуҷуди ҳазорон нусха аз Қуръон дар дасти мусулмонон ва дар китобхонаҳо ва роёнаҳо ва ғайра, имкони ҳар гуна тағйир дар Қуръонро аз байн бурдааст.

Оё Қуръони Маҷид дар мавриди таҳрифи Таврот ва Инҷил сухан гуфтааст?

Қуръон дар ин бора мефармояд:

>فَبِمَا نَقْضِهِم مِّيثَاقَهُمْ لَعنَّاهُمْ وَجَعَلْنَا قُلُوبَهُمْ قَاسِيَةً يُحَرِّفُونَ الْكَلِمَ عَن مَّوَاضِعِهِ وَنَسُواْ حَظًّا مِّمَّا ذُكِّرُواْ بِهِ… < [2]

Ва ба сазои паймоншикании (яҳудиён), онҳоро лаънат кардем ва дилҳои онҳоро сахт (ва онҳоро сангдил) намудем, онҳо суханони (Худо)-ро аз ҷояш тағйир мекунанд ва бахше аз он чиро ба онҳо гӯшзад шуда буд фаромӯш кардаанд…

 

Чунон ки мебинем ин оят ба хубӣ бар ин матлаб далолат мекунад, ки яҳудиён Тавротро таҳриф кардаанд.[3]

Ояти дигар, ки ба таҳрифгарии аҳли китоб, яъне яҳудиён ва масеҳиён ишора мекунад, ояти зер аст:

 

>وَإِنَّ مِنْهُمْ لَفَرِيقًا يَلْوُونَ أَلْسِنَتَهُم بِالْكِتَابِ لِتَحْسَبُوهُ مِنَ الْكِتَابِ وَمَا هُوَ مِنَ الْكِتَابِ وَيَقُولُونَ هُوَ مِنْ عِندِ اللّهِ وَمَا هُوَ مِنْ عِندِ اللّهِ وَيَقُولُونَ عَلَى اللّهِ الْكَذِبَ وَهُمْ يَعْلَمُونَ<[4]

 

Дар миёни онҳо (яҳуд) касоне ҳастанд, ки дар вақти тиловати китоби (Худо) забони худро чунон мегардонанд, ки гумон кунед, (он чиро мехонанд), аз китоби (Худо) аст, дар ҳоле, ки аз китоби (Худо) нест! (Ва бо равшанӣ) мегӯянд: «Он аз тарафи Худост!» бо ин ки аз тарафи Худо нест ва ба Худо дурӯғ мебанданд, дар ҳоле ки медонанд!

 

Ба назари шумо, агар касе калимотеро худаш бисозад ва бигӯяд, ки он чи мехонам аз китоби Худо аст, чунин касе китоби Худоро таҳриф накардааст?

Ба ақидаи бархе аз муфассирони Қуръон ин оят дар бораи яҳудиён ва масеҳиён аст, ки худашон калимотеро месохтанд ва мегуфтанд, ки он чи мехонем китоби Таврот ё Инҷил аст.[5] Албатта бисёре аз муфассирон мегӯянд, ки ин оят дар бораи яҳудиён аст.

Оё Таврот ва Инҷиле, ки дар дасти яҳудиён ва масеҳиён аст ҳамон китоби ҳақиқӣ аст?

Он чи Худованд бар ҳазрати Мусо (а) ва Исо (а) нозил фармуда буд бо он чи ҳамакнун дар дасти яҳудиён ва масеҳиён аст (Таврот ва Инҷили ҳозира) фарқҳое дорад ва Таврот ва Инҷиле, ки Худо нозил фармуда буд аз байн рафтааст ва чунонки худи масеҳиён муътақиданд ва дар Инҷилҳо ва дигар китобҳо ва рисолаҳои масеҳиён баён шудааст, ки ин Таврот ва Инҷили ҳозира солҳо пас аз ҳазрати Масеҳ (а) ва ба воситаи ёрони ҳазрати Масеҳ (а) навишта шудааст. Худо дар Қуръон, Таврот ва Инҷили ҳақиқиро сабаби нур ва ҳидояти мардум шуморида, мефармояд:

Мо Тавротро нозил кардем, дар ҳоле ки дар он ҳидоят ва нур буд ва паёмбарон –ки дар баробари фармони Худо таслим буданд- бо он барои яҳуд ҳукм мекарданд.

Ва дар чанд ояти баъд мефармояд:

Ва ба дунболи он (паёмбарон) Исо писари Марямро фиристодем, дар ҳоле ки китоби Тавротро, ки пеш аз ӯ фиристода шуда буд, тасдиқ мекард ва Инҷилро ба ӯ додем, ки дар он ҳидоят ва нур буд…[6]

Ин дар ҳоле аст, ки дар бораи китобҳои ҳозира, ки дар дасти яҳуд ва насоро аст мефармояд:

Пас вой бар онҳо, ки навиштае бо дасти худ менависанд, сипас мегӯянд, ки ин аз тарафи Худост то онро ба баҳои каме бифурушанд. Пас вой бар онҳо аз он чи бо дасти худ навиштанд ва вой бар онон аз он чи аз ин роҳ ба даст меоварданд.[7]



[1]. Ҳиҷр, ояти 9.

[2]. Моида, ояти 13.

[3]. Тафсири Аҳсан-ул-ҳадис, ҷ.3, саҳ. 38.

[4]. Оли Имрон, ояти 78.

[5]. Маҷмаъул баён, ҷ.1, саҳ. 465.

[6]. Моида, ояти 46.

[7]. Бақара, ояти 79.

Охирин матолиб

Омӯзиши рӯхонии Қуръони Карим

 Муқаддима  قَال» مَا مِن مُومِن؛ ذَکَرٍ اَو اُنثَی؛ حُرٍّ اَو مَملُوکٍ اِلَّا وَ لِلّهِ عَلَیهِ حَقٌّ وَاجِبٌ اَن يَتَعَلَمَ مِنَ القُرآنِ وَ یَتَفَقَّهُ فِیهِ» Пайғамбари...

Чаро Қуръон комилтарин китоб аст?

Дӯст дорам пеш аз посух додан чанд савол аз шумо бипурсам: —Агар китоберо як доинишманд бинависад, комилтар аст, ё фарди ғайри донишманд?

Роҳкорҳои ҳифзи шахсияти афроди ҷомеа 1

Роҳкорҳои ҳифзи шахсияти афроди ҷомеа Авомили ихтилофоти иҷтимоӣ ва одоби муоширати саҳеҳ Муқаддима Қуръони карим дар ояи ёздаҳуми сураи муборакаи Ҳуҷурот бархе “авомили ихтилоф” мисли...

Тарҷумаи СУРАИ КАҲФ

СУРАИ КАҲФ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 110 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Ситоиш Худоро, ки бар бандааш Китоб (Қуръон)-ро нозил...