Тафреҳ ва саргармии солим дар Ислом 1

Тафреҳ ва саргармии солим дар Ислом 1

Муқадима:

Дини Ислом, ки комилтарин дин дар байни динҳои осмонӣ (яҳудӣ ва масеҳӣ) аст, ки ҳам аз назари ҷисмӣ ва ҳам аз ҷиҳати рӯҳӣ тамоми ниёзҳои инсонро мавриди диққат ва назар қарор додааст ва барнома ва роҳкорҳоеро дар тамоми заминаҳо баён намудааст. Аммо дар ин мақола мехоҳем дидгоҳи дини Исломро дар бораи тафреҳ ва фаолиятҳои хушҳолкунанда ва шодибахш, ки яке аз ниёзҳои муҳимми башаранд, муайян намеом. Манобеъ ва сарчашмаи аслии Ислом, ки Қуръону ҳадис аст ва мо ин баҳсро аз ин ду гавҳари гаронбаҳо пайгирӣ ва баён мекунем.

Қуръони карим ва Суннати шариф барои саодати дунявӣ ва ухравии башар роҳнамоиҳои зиёде дар тамоми заминаҳо намудааст ва тафреҳи солим, ки яке аз низёҳои муҳимми башар мебошад ҳеҷ вақт аз он ғофил набуда ва ба он таваҷҷӯҳи фаровон доштааст.

Дар ин мақола мехоҳем дар се маврид баҳс кунем:

   1. Таърифи тафреҳи солим.

   2. Тафреҳи солим аз манзари Қуръон.

   3. Тафреҳи солим аз дидгоҳи ривоёт.

  1. 1.Таърифи тафреҳ:

Тафреҳ дар луғат ба маънои шод кардан, шодӣ, хурсандӣ, тамошо ва сайру гашт кардан омада аст. Ва тафреҳ кардан ба маънои саргарм шудан ва шодмонӣ кардан,[1] ва шодмонӣ намудан, шодӣ каран ва шодмон сохтан [2] омада аст.

Тафреҳ дар истилоҳ: Фаъолияти ғайри ҷиддӣ ба қасди саргармӣ, вақтгузаронӣ ва баровардани хастагӣ омадааст[3].

Таърифи тафреҳи солим: Тафреҳи солим, яъне тафреҳи беайб, бегазанд, дуруст ва саҳеҳ[4], ва тафреҳи солим ба тафреҳоти гуфта мешавад, ки аз назари ахлоқӣ ва иҷтимоӣ зиёновар набошанд[5].

Ҳамчуноне ки инсон ба ғизо, нӯшиданӣ, хоб, истироҳат ва назофат ниёз дорад, ҳаминтавр ба тафреҳ ва саргамии солим низ ниёзмандаст. Ва ҳеҷ оқиле наметавонад ин ниёзи фитрӣ ва табии инсонро инкор намояд. Ҳатто ҳайвонот низ аз ин қонуни куллӣ ҷудо нестанд. Соатеро дар шабонарӯз машғули бозӣ ва тафреҳ ҳастанд аз парандагони ҳаво гирифта то дарандагони саҳро, аз хазандагон гирфта то мавҷудот ва моҳиёни дарё ҳам саҳнаҳои зебое аз тафреҳу бозиро ба намоиш мегузоранд, Ҳатто дарандатарин ҳайвонот монанди шер, паланг ва гург, соатеро бо фарзандони хеш дар канори ҳам ба бозию шодӣ ва тафреҳ сипарӣ мекунанд.

Инсон қатъан дар ин ҷиҳат бояд пешгом бошад, чароки инсон як мавҷуди пулодин ва ҷисми беҷон нест, ки ҳар чи бихоҳад кор кунад, балки мавҷуде аст дорои рӯҳу равон, ва рӯҳ низ ҳамчун тан ва ҷисм хаста мешавад, ҳамон гуна ки ҷисм бо истироҳату хоб нерӯ ва қувваи аз дастрафтаро таъмин мекунад, рӯҳу равон низ бо тафреҳ ва саргармии солим қувва ва нерӯ мегирад. Таҷриба ва гузашти замон низ нишон додааст, ки агар инсон ба корҳои якнавохт беистироҳат давом диҳад ва аз саргармӣ ва тарфриҳ маҳрум бошад, тавоноӣ ва кашиши баданӣ бар асари камбуди нишот оҳиста оҳиста уфт карда, поён меояд. Ва аммо баръакс пас аз соате тафреҳ ва саргармӣ ончунон нишоти кору талош дар ӯ эҷод мешавад, ки каммият ва кайфияти кор фузунӣ меёбад. Ба ҳамин хотир бояд гуфт соате, ки сарфи тафреҳ ва саргармии солим мешавад, на танҳо ҳадар намеравад, балки бо рафъи хастагӣ аз рӯҳу равон ва сабаби тақвият ва пешрафти кор ва фаолияти инсон мешавад. [6]

2. Тафреҳи солим аз назари Қуръони Карим:

Ҳамон тавр ки ҷисми инсон ниёз ба ғизо ва анвои витаминҳо дорад, рӯҳи инсон низ ниёз ба танаввуъ, истироҳат, тафреҳ, шодӣ ва нишот дорад. Шодӣ ва тафреҳҳои солим фурсатҳое аст, ки заминаи баҳрабардории бештар аз вақтҳои умрро фароҳам мекунад. Саргармӣ ва тафреҳ, инсонро аз малолати корҳои якнавохт ва хастакунандаи зиндагӣ халос мекунад ва барои муддати кӯтоҳе бори сангини масъулияту машғалаҳои фикриро мезудояд. Ба ҳамин хотир тафреҳ барои истироҳати бадан ва ҷуброни хастагиҳои ношӣ аз кор, як ниёзи асосӣ ва иҷтинобнопазираст.

Аз ин рӯ дар дастуроти динӣ тавсияи акид ба тафреҳу саргармӣ шудааст. Зеро дар оини муқаддаси Ислом рағбат ба тафреҳ монанди дигар хоҳишҳои табиъии башар мавриди таваҷҷӯҳ воқеъ шуда ва ба шоистагӣ ирзоъ мешавад. Дар инҷо ба бархе аз ин оёту ривоёт дар бораи тафреҳи солим ва шод будан худ ва шод кардани дигарон ишора шудааст.

Дар Қуръони Карим дар достони ҳазати Юсуф (а) ва Яъқуб (а) омадааст: Онгоҳ, ки фарзандони Ӯ хостанд Юусуф (а)-ро аз эшон ҷудо кунанд, тафреҳ ва варзишро баҳона карданду гуфтанд:

Фардо ӯро ҳамроҳи мо бифирист, то варзишу бозӣ кунад ва мо ҳам яқинан аз ӯ муҳофизат мекунем.

Ва ин баҳонаҳои хуб, ки ҳазрати Яъқуб (а) дар баробари он хомӯшӣ ихтиёр кард, хомӯшие, ки аломати ризоят ва баёнгари таъйиди ин кораст.

Нақли таъйидомези бозӣ ва варзиши Юсуф (а) дар достони Ӯ, ва низ таъкид бар варзиш ва мусобиқот дар ривоёт ва суфоришҳои фаровон дар хусуси варзишҳое ки пеш аз ҳама нишотовар ва муфарраҳаст. Худ метавонад далеле бар таъкиди дини Ислом бар тафреҳҳои солим бошад.Ва ҳамчунин дар ривоёти фаровон ба амри тафреҳи солим ишора шудааст, ва тавсия шудааст, ки соате аз зиндагиро ба лаззатҳои ҳалол ва тафреҳҳои солим ихтисос диҳед.

 

 


[1]. Алӣ Акбар, Деҳхудо, Луғатномаи Деҳхудо, ҷ 15, саҳ. 810.

[2] . Муҳаммад, Муъин, Фарҳанги форсӣ, ҷомеа 1, саҳ. 1112.

[3] . Ҳасан, Анварӣ, Фарҳанги бузурги сухан, ҷ 3, саҳ. 1811.

[4] . Ҳамон, саҳ. 1806.

[5] . Ҳамон.

[6] . Носир Макорими Шерозӣ ва дигарон, тафсири Намуна, ҷ 9, саҳ 334.

Охирин матолиб

Тарҷумаи СУРАИ КАҲФ

СУРАИ КАҲФ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 110 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Ситоиш Худоро, ки бар бандааш Китоб (Қуръон)-ро нозил...

Одоби тиловати Қуръони Карим

Одоби тиловати Қуръон зиёд аст, ки ба муҳимтарини онҳо ишора мекунем: 1. Бо таҳорат тиловат кардан 2. Мисвок задан (шустани дандонҳо) қабл аз Қуръон хондан,...