Тафовутҳо ва вижагиҳои таълиму тарбияти динӣ бо ғайри динӣ 4.

Қабл аз баёни тафовутҳои таълиму тарбияти динӣ аз ғайри динӣ, дар васои лозим ба ёдоварист, ки васоили таълиму тарбияти динӣ дорои ду вижагӣ мебошанд, ки ин ду вижагӣ дар таълиму тарбияти ғайри динӣ дида намешавад ва шинохти онҳо дар шинохти таълиму танбияти динӣ нақши муҳиммеро дорад, ки онҳо иборатанд аз:

1. Собит будани усули куллии равишҳои таълиму тарбияти динӣ.

Дар таълиму тарбияти динӣ усули куллӣ дорои субот аст бар хилофи руйкарди ғайри динӣ, ки ин усул дар маърази тағйир ва гуногунӣ мебошад. Ба унвони намуна, муаллим ва мурабӣ дар таълиму тарбияти динӣ наметавонад дурӯғгӯиро ҷавоз донанд ва ин асл дар тамоми асрҳо ва замонаҳо собит аст, ки мубтанӣ бар маърифат аз дин ва арзишҳост. Руйкарди ғайри динӣ таълиму тарбият, ки як асли куллӣ монанди “лазат” ҳадаф қарор дода мешавад, сипас ҳар он чи таъминкунандаи ин ҳадаф аст метавонад василаи расидан ба он ҳадаф қарор гирад ва ин васила метавонад дар замоне мавриди амал воқеъ шавад, вале дар замоне на.

2. Адами тавҷеҳи васила тавассути ҳадаф, дар таълиму тарбияти динӣ.

Дар таълиму тарбияти динӣ нафси васила дар паи таҳаққуқи аҳдоф дорои арзиш аст, агар чӣ ҳадаф низ ин арзишро таъкид карда бошад. Бар хилофи таълиму тарбияти ғайри динӣ, ки он чи муҳим ва дорои арзиш аст худи ҳадаф аст ва ҳар он чи ба зоҳири амр номатлуб бошад, вале ба гунае бошад, ки ҳаракат ба ҳадафро мадди назар қарор дода бошад матлуб аст. Ба унвони намуна дар таълиму тарбияти динӣ, агар аз масхара кардани мутараббӣ парҳез мешавад ба хотири он аст, ки нафси ин амал номатлуб аст агар чӣ ба хотири садама задан дар ҳадаф низ аз он руӣгардон мешавад, вале дар таълиму тарбияти ғайри дини аз ин амал ба хотири он дури мешавад, ки расидан ба ҳадафи таълиму тарбиятро душвор месозад, лизо аз он ба хотири нафсаш парҳез намешавад, балки ба хотири авоқибаш парҳез мешавад. Бинобар ин, чӣ басо ҳамин амр дар ҷои дигар амри матлубе талақӣ шавад.

Тамоюзи таълиму тарбияти динӣ аз ғайри динӣ дар васоил дар чанд ҳавза қобили тарҳ мебошад, ки онҳо иборатанд аз:

1. Маконҳо.

Агар чӣ руйкарди динӣ ва ғайри динӣ таълиму тарбият дар ҷаҳл найл ба аҳдофи хеш дар истифода аз амокине бо ҳамдигар муштараканд монанди донишгоҳҳо ва мадориси давлатӣ, вале дар амокини дигар, бо ҳамдигар дар тамоюз мебошанд, ки онҳо иборатанд аз:

А. Ибодатгоҳҳо.

Дар таълиму тарбияти динӣ ибодатгоҳҳо ба унвони васила нақши муҳиммеро ифо мекунанд. Мавъизаҳои омӯзишӣ барои умумӣ марудм ва розу ниёз ба маншаи боварҳои динӣ дар ин макон сурат мегирад. Чун руйкарди ғайри динии таълиму тарбият, аҳдофи дигари ғайри эътиқодиро, ки сабаби истифода аз чунин амокинаст надорад, лизо дар он хабаре аз истифода аз ин гуна маконҳо нест.

 

Охирин матолиб

Одоби тиловати Қуръон

Одоби тиловати Қуръон зиёд аст, ки ба муҳимтарини онҳо ишора мекунем: 1. Бо таҳорат тиловат кардан 2. Мисвок задан (шустани дандонҳо) қабл аз Қуръон хондан,...

тарҷума

Тарҷумаи СУРАИ ИСРО

СУРАИ ИСРО Ин сура дар Макка нозил шуда ва 111 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Муназзаҳ аст Зоте, ки бандаашро шабонгоҳе аз Масҷид-ул-ҳаром...