Тафовутҳои таълиму тарбияти динӣ бо ғайри динӣ1

t t islami

t t islamiБешак, яке аз ҳавзаҳои муҳимми улуми инсонӣ, ки таваҷҷӯҳи донишмандонро ба худ ҷалб намудааст, таълиму тарбият мебошад ва ба ин масъала нигоҳҳои мухталиф бо мабонии мутафовит маътуф шудааст. Аз тарафи дигар, вуҷуди ҳаргуна қолаб дар зеҳн ҳангоми нигоҳ кардан ба масъалае, бардоштро аз он воқеият ҷиҳати муносиб бо он қолаб медиҳад. Масалан нигоҳи бединона ба масъалаи таълиму тарбият, ин ҳавзаро ҳам аз ҳайси шакл ва ҳам аз ҳайси муҳтаво дорои вижагиҳое месозад, ки бо дигар нигоҳҳо мутафовит мебошад.

Дар ин мақола саъй мешавад ба баёни тафовутҳои таълим ва тарбияти динӣ аз ғайри динӣ пардохта шавад ва аз зикри далелҳои гурӯҳӣ ё қазоват дар бораи нигоҳе, ба хотири парҳез аз тулонигӯӣ дурӣ хоҳад шуд.

Қабл аз пардохтан ба асли баҳс яъне баёни фарқҳо дар таълиму тарбияти динӣ ва ғайри динӣ, бояд таърифе аз дин ва таълиму тарбият ироа намуд.

Таърифи дин: Дин дар луғат итоат ва ҷазост[1] ва дар истилоҳ иборат аст аз маҷмӯаи ақоид, ахлоқ, қавонин ва муқаррароте, ки барои идораи умури ҷомеаи инсонӣ ва парвариши инсонҳо мебошад. Гоҳе ҳамаи ин маҷмӯа ҳақ, гоҳе ботил ва замоне махлут аз ҳаққу ботил аст. Агар маҷмӯа ҳақ бошад, дин ҳақ аст ва илло дини ботил ва омехтагии ҳақ ва ботил хоҳад буд[2].

Таърифи таълиму тарбият: Таълиму тарбият маҷмӯаи фаолиятҳои ҳадафманд, фаннӣ ва ҳирфаист, ки бар пояи барномарезии дақиқ ва пайвастаи мубтанӣ бар донишандӯзиҳо, корварзиҳо ва таҷрибаҳои майдонӣ ва коромади муаллим ва мураббӣ, ба манзури рушд, таолӣ ва шукӯфоии истеъдодҳо, халлоқиятҳо ва тавонмандиҳои зеҳнӣ (шинохтӣ ва гароишӣ) рафтории фарогирон ва мураббиён сурат мегирад[3].

Қабл аз пардохтан ба асли баҳс, зикри нукоти зайл дорои аҳаммияти фаровонаст.

    Ба хотири парҳез аз тӯлонӣ шудан ва нигоҳи куллӣ ба мавзӯъ, дини ҳақ, меҳвари баёни фарқҳои таълиму тарбияти динӣ ва ғайри динӣ қарор гирифтааст.

      Саҳеҳ ва ғайри саҳеҳ будани таълиму тарбияти динӣ, аз ҷиҳате машрут ба саҳеҳ ва ғайри саҳеҳ будани дин аст. Масалан дар дини ботил, таълиму тарбият низ ботил ба бор хоҳад омад.

           Ғайри дин онаст, ки ақида (дар диёнат ба чизе итлоқ мешавад, ки инсон ба он имон ва эътиқод дорад, мисли вуҷуди Худо, беъсати анбиё ва савобу иқоб[4] ва бар меҳвари он, ахлоқ ва қавонин дар ҳавзаи дин давр мезанад ва метавон гуфт; муҳимтарин ва аслитарин ҳастаи дин аст), дар он вуҷуд дорад.

           Бо иноят ба ду таърифи мазкур аз дин ва таълиму тарбият, метавонад таълиму тарбияти динӣ муҳимтарин аносиреро дошта бошад, ки баёни ин аносир, вуҷуҳи ифтироқи таълиму тарбияти диниро аз ғайри он, дар ҳадди куллӣ мушаххас месозад, ки басти нисбии ин куллиёт ҳадафи аслии ин мақола аст ва ин аносир иборатанд аз:

А. Таълиму тарбияти динӣ, маҷмӯаи фаолиятҳои фаннӣ ва ҳирфаист, ки дар доираи баровардани хостаҳои дин таъриф мешаванд, агарчӣ дин аҳдофи ғаӣри табииро дунбол менамояд, вале танзими ҳаёти матлуб дар дунё ҷиҳати расидан ба ин ҳадафи муқаддас аз муҳимтарин аҳдофи муқадаммоти дин маҳсуб мешавад (чунон чи аз қайди “ шукуфои истеъдодҳо, халоқиятҳо”, ки ингуна маворид дар шинохтҳои ғаӣри табии мунҳасир намешавад, метавон чунин натиҷа гирифт), масалан ростгӯӣ аз ин ҷиҳате хубаст ва дар ҳавзаи ахлоқи динӣ мавриди амал воқеъ мешавад, бинобар ин, гоҳе мавзӯъи таълиму тарбияти динӣ қарор мегирад, ки эътиқод амал ба онро аз муътақидони худ талаб мекунад, то бо ҳаёти хуб ба зиндагии саодатмандона ва ҷовид даст ёбанд, вале дар таълиму тарбияти ғайри динӣ аҳдофи дигари ғайри эътиқодӣ мадди назар қарор дода мешавад, монанди лаззат, ки короӣ чунин таълиму тарбият маҳалли тааммуласт.

Б. Барномарез дар таълиму тарбияти динӣ, ҳамвора мубтанӣ бар донишандузиҳо, корварзиҳо, таҷрибаҳои майдонӣ ва коромади муаллим ва мурабист, ки хутути аслии он, ба наҳве дар дин, ба иборати дигар, дар ҳавзаҳои зикршудаи; дин яъне ақоид, ахлоқ ва қавонин вуҷуд дошта бошад, агар ҳам вуҷуд надорад набояд зиддият бо дин ва арзишҳои он дошта бошад. Ба унвони намуна таълиму тарбияти динӣ бо мавзӯи иҷрои қавонини иҷтимоӣ дар ҷомеаи динӣ наметавонад равишеро барои худ интихоб кунад, ки бо ақоиди динӣ дар зиддият бошад ё бо арзишҳои динӣ мунофот дошта бошад.

Акнун то ҳудуде барои хонанда равшан шудааст, ки муҳимтарин ваҷҳ фарқи тарбияти динӣ аз ғайри он, дар ҳавзаи аҳдоф ва васоил аст ва тамоми фарқҳои дигар, монанди фарқ бо усул ва ғаӣра, ба ин ду асл бар мегардад; масалан касе, ки эътиқод ба Худо дошта бошад ҳамвора манбаи таълими худ он чиро қарор медиҳад, ки ба Худо иртибот дорад, агар чӣ тафовути ҷаҳоншиносӣ ва маърифатшиносӣ ва инсоншиносӣ, муқаддам бар ин тафовутҳост, ки пардохтан ба тамоми ин мавзӯъ маҷоли густардаеро металабад. Ҳамчунин баргашти васоил низ ба наҳве ба аҳдоф мебошад, вале тақсими баҳс дар ин ду қисм, дорои аҳаммияти бештараст монанди суҳулат дар сайри иртиботи матолиб бо мақсами хос. Ва ин ду қисм аз тафовут ва мавориди он иборатанд аз:

1-        Тафовут дар аҳдоф.

Руйкарди таълиму тарбяти динӣ, дорои аҳдофе мебошад, ки дар тарбияти ғайри динӣ, ин аҳдоф ба шакле, ки матраҳ хоҳанд шуд, дида намешавад. Ин аҳдоф дар се бахш, ки иборатанд аз:

1.         Ҳадафҳои шинохти муртабит бо фароянди ҳушӣ.

2.         Ҳадафҳои отифӣ муртабит бо эҳсосот ва ҳаяҷон.

3.         Ҳадафҳои ҳиссӣ ва ҳаракати муртабит ба рафтор[5].

Ва дар зейл ба баёни онҳо пардохта хоҳад шуд.

Идома дорад.

[1] . Исфаҳонӣ, Роғиб Ҳусайн ибни Муҳаммад, Алмуфрадот фи ғарибил Қуръон, дорулилм дору шомия, Димишқ, соли 1412ҳ.қ. чопи аввал, моддаи дин.

[2] . Омулӣ, Абдуллоҳ Ҷаводи, Шариъат дар оинаи маърифат, маркази нашри Исроъ, чопи дуюм, соли 1378ҳ.ш, с.111.

[3] . Роҳнамоӣ, Саидаҳмад, Даромаде бар фалсафаи таълиму тарбият, интишороти муассисаи имом Хумайнӣ. 1387 чопи авал, с.38.

[4] . Фарҳанги фалсафӣ, ҷ.1, с.475.

[5] . Тарбияти динӣ аз нигоҳи имом Алӣ(а), саҳ.24, Маҳди Абутолибӣ, интишороти муассисаи омӯзишӣ ва пажӯҳишӣ имом Хумайнӣ, 1386ҳ.ш, чопи дуюм.

 

Охирин матолиб

Нигоҳи гузаро бар Ошурои ҳусайнӣ

Муқаддима Он чи дар ин чанд саҳфа таҳти унвони “Нигоҳи гузаро бар Ошурои ҳусайнӣ” барои хонандагони азиз матраҳ мегардад, хулосае аз зиндагони имом Ҳусайн(а) аст,...

Беҳтарин шаби сол

Бисмиллоҳи Раҳмони Раҳим Пешгуфтор  Ба номи онки дил кошонаи ӯст, Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.