Тарҷумаи сураи Нисо

Ин сура дар Макка нозил шуда ва дорои 176 оят аст.

Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар

1 Эй мардум! Аз (мухолифати) Парвардигортон бипарҳезед. Ҳамон касе, ки ҳамаи шуморо аз як инсон офарид ва ҳамсари ӯро

(низ) аз ҷинси ӯ халқ кард ва аз он ду мардону занони фаровоне (дар рўи замин) мунташир сохт. Ва аз Худое бипарҳезед, ки (ҳамагӣ ба азамати ӯ эътироф доред ва) вақте, ки чизе аз якдигар мехоҳед, номи Ўро мебаред. (Ва низ) аз (қатъи робита бо) хешовандони худ парҳез кунед. Зеро Худованд муроқиби шумост.

2 Ва амволи ятимонро (ҳангоме, ки ба ҳадди рушд расиданд), ба онҳо бидиҳед. Ва амволи бад (-и худ)-ро бо амволи хуб (-и онҳо) иваз накунед. Ва амволи ононро ҳамроҳи амволи худатон (бо махлут кардан ё табдил намудан) нахўред, зеро ин гуоҳи бузурге аст.

3               Ва агар метарсед, ки (дар ҳангоми издивоҷ бо духтарони ятим) адолатро риоят накунед, (аз издивоҷ ба онҳо чашмпӯшӣ кунед ва) бо занони пок (-и дигар) издивоҷ намоед, ду ё се ё чаҳор ҳамсар. Ва агар метарсед адолатро (дар бораи ҳамсарон бештар) риоят накунед, танҳо як ҳамсар бигиред ва ё аз заноне, ки молики онҳоед, истифода кунед. Ин кор аз зулму ситам беҳтар пешгирӣ мекунад.

4               Ва маҳри занонро (ба таври комил) ба унвони як неҳла (ё атия) ба онҳо бипардорзед, (вале) агар онҳо чизе аз онро бо ризояти хотир ба шумо бибахшанд, ҳалолу гуворо сарф кунед.

5               Амволи худро, ки Худованд василаи барпоии зиндагии шумо қарор додааст, ба дасти сафеҳон насупоред ва аз он ба онҳо рӯзӣ диҳед ва либос бар онҳо бипўшонед ва ба онҳо сухани шоиста бигӯед.

6               Ва ятимонро чун ба ҳадди булуғ бирасанд, биёзмоед, агар дар онҳо рушд (-и кофӣ) ёфтед, амволашонро ба онҳо бидиҳед. Ва пеш аз он ки бузург шаванд, амволашонро аз рўи исроф нахўред. Ҳар кас, ки бе ниёз аст, (аз бардошти ҳаққи заҳмат) худдорӣ кунад ва он кас, ки ниёзманд аст, ба таври шоиста (ва мувофиқи заҳмате, ки мекашад), аз он бихўрад. Ва ҳангоме, ки амволашонро ба онҳо бозмегардонед, шоҳид бигиред, (агар чӣ) Худован барои ҳисобу китоб кофӣ аст.

7               Барои мардон аз он чӣ падару модару хешовандон аз худ бар ҷой мегузоранд, саҳме аст, ва барои занон низ, аз он чӣ падару модару хешовандон мегузоранд, саҳме аст, хоҳ он мол кам бошад ё зиёд, ин саҳме аст таъйиншуда ва пардохтанӣ.

8               Ва агар дар ҳангоми тақсими (ирс) хешовандон (ва табақае, ки ирс намебаранд) ва ятимону мустамандон ҳузур дошта бошанд, чизе аз он амволро ба онҳо бидиҳед, ва бо онҳо ба таври шоиста сухан бигӯед.

9               Касоне, ки агар фарзанди нотавоне аз худ ба ёдгор бигузоранд, аз ояндаи онҳо метарсанд, бояд (аз ситам дар бораи ятимони мардум), битарсанд! Аз (мухолифти) Худо бипарҳезанд ва сухани устуворе бигӯянд.

10           Касоне, ки амволи ятимонро ба зулму ситам мехўранд (дар ҳақиқат) танҳо оташ мехўранд ва ба зудӣ дар шўълаҳои оташ (-и дўзах) месўзанд.

11           Худованд дар бораи фарзандонатон ба шумо суфориш мекунад, ки саҳми (мероси) писар, ба андозаи саҳми ду духтар бошад ва агар фарзандони шумо (ду духтар ва) беш аз ду духтар бошад ду севуми мерос аз они онҳост ва агар яке бошад ниме (аз мерос) аз они ӯст. Ва барои ҳар як аз падару модари ӯ, як шашуми мерос аст, агар (маййит) фарзанде дошта бошад. Ва агар фарзанде надошта бошад ва (танҳо) падару модар аз ў ирс баранд, барои модари ў як севвум аст (ва боқӣ аз они падар аст). Ва агар ў бародароне дошат бошад, модараш як шашум мебарад (панҷ шашуми боқимонда барои падар аст). (Ҳамаи инҳо) баъд аз анҷоми васияте аст, ки ӯ карда ва баъд аз адои қарз аст – шумо намедонед падарону модарону фарзандонатон, кадом як барои шумо судмандтаранд. – Ин фаризаи илоҳӣ аст ва Худованд Доно ва Ҳаким аст.

12           Ва барои шумо нисфи мероси занатон аст, агар онҳо фарзанде надошат бошанд, ва агар фарзанде дошта бошанд, як чоҳрум аз они шумост, пас аз анҷоми васияте, ки кардаанд ва адои қарз (-и онҳо). Ва барои занони шумо як чаҳоруми мероси шумост, агар фарзанде надошта бошед ва агар барои шумо фарзанде бошад, як ҳаштум аз они онҳост, пас аз анҷоми васияте, ки кардаед ва адои қарз. Ва агар марде бошад, ки калола (хоҳар ё бародар) аз ӯ ирс мебарад ё зане, ки бародар ё хоҳаре дорад, саҳми ҳар кадом як шашум аст, (агар бародарону хоҳарони модарӣ бошанд) ва агар беш аз як нафар бошанд, онҳо дар як севвум шариканд, пас аз анҷоми васияте, ки шуда ва адои қарз, ба шарти он ки (аз тариқи васият ва иқрор ба қарз), ба онҳо зарар назанад. Ин суфориши Худост ва Худо Доно ва Бурдбор аст.

13           Инҳо марзҳои илоҳӣ аст ва ҳар кас Худо ва Паёмбарашро итоат кунад (ва қонунҳои ӯро мўҳтарам бишуморад), Худованд вайро дар боғҳое аз биҳишт дохил мекунад, ки ҳамвора об аз зери дарахтонаш ҷорӣ аст, ҷовидона дар он мемонад ва ин пирӯзии бузурге аст.

14           Ва он кас, ки нофармонии Худо ва Паёмбарашро кунад ва аз марзҳои ӯ таҷовуз намояд, ӯро дар оташе дохил мекунанд, ки ҷовидона дар он хоҳад монд ва барои ӯ ҷазои хоркунандае аст.

15           Ва касоне аз занони шумо, ки муртакиби зино шаванд, чаҳор нафар аз мусулмононро ба унвони шоҳид ба онҳо биталабед, агар гувоҳӣ доданд, онон (занон)-ро дар хонаҳо (-и худ) нигоҳ доред, то маргашон фаро расад ё ин ки Худованд роҳе барои онҳо қарор диҳад.

16           Ва аз миёни шумо он мардону заноне, ки (ҳамсар надоранд ва) муртакиби он кор (-и нописанд) мешаванд, онҳоро озор диҳед (ва ҳад бар онҳо ҷорӣ намоед). Ва агар тавба кунанд ва (худро) ислоҳ намоянд (ва ба ҷуброни гузашта бипардозанд), аз онҳо даргузаред. Зеро Худованд Тавбапазир ва Меҳрубон аст.

17           Пазириши тавба аз сўи Худо, танҳо барои касоне аст, ки кори бадеро аз рўи нодонӣ анҷом медиҳанд, сипас зуд тавба мекунанд. Худованд тавбаи чунин ашхосеро мепазирад ва Худо Доно ва Ҳаким аст.

18           Барои касоне, ки корҳои бадеро анҷом медиҳанд ва ҳангоме, ки марг яке аз онҳо фаро мерасад, мегўяд: «Акнун тавба кардам», тавба нест ва на барои касоне, ки дар ҳоли куфр аз дунё мераванд, инҳо касоне ҳастанд, ки азоби дардноке барояшон фарҳам кардаем.

19           Эй касоне, ки имон овардаед! Барои шумо ҳалол нест, ки аз занон аз рўи икроҳ (ва эҷоди нороҳатӣ барои онҳо), ирс бибаред. Ва онҳоро таҳти фишор қарор надиҳед, ки қисмате аз он чиро ба онҳо додаед (аз маҳр), тамаллук кунед, магар ин ки онҳо амали нописанди ошкоре анҷом диҳанд. Ва бо онон ба таври шоиста рафтор кунед. Ва агар аз онҳо (ба ҷиҳете) кароҳат доштед, (фавран тасмим ба ҷудоӣ нагиред), чӣ басо чизе хушоянди шумо набошад ва Худованд хайри фаровоне дар он қарор медиҳад.

20           Ва агар тасмим гирифтед, ки ҳамсари дигаре ба ҷои ҳамсари худ интихоб кунед ва моли фаровоне (ба унвони маҳр) ба ӯ пардохтаед, чизе аз онро пас нагиред. Оё барои бозгирифтани маҳри занон ба тўҳмату гуноҳи ошкор даст мезанед?!

21           Ва чӣ гуна онро бозмегиред, дар ҳоле, ки шумо бо якдигар тамосу омезиши комил доштаед?! Ва (аз ин гузашта) онҳо (ҳангоми издивоҷ) аз шумо паймони маҳкаме гирифтаанд.

22           Бо заноне, ки падарони шумо бо онҳо издивоҷ кардаанд, ҳаргиз издивоҷ накунед, магар он чӣ дар гузашта (пеш аз нузули ин ҳукм), анҷом шудааст, зеро ин кор амали нописанду танаффуровар ва роҳи нодурусте аст.

23           Ҳаром шудааст бар шумо, модаронатон ва духтарон ва хоҳарон ва аммҳо ва холаҳо ва духатрони бародар ва духтарони хоҳари шумо ва модароне, ки шуморо шир додаанд ва хоҳарони ризоии шумо ва модарони ҳамсаронатон ва духтарони ҳамсаратон, ки дар домони шумо парвариш ёфтаанд, аз ҳамсороне, ки бо онҳо омезиши ҷинсӣ доштаед – ва чунон чӣ бо онҳо омезиши ҷинсӣ надоштаед, (духтарони онҳо) барои шумо монеъ надорад – ва (ҳамчунин) ҳамсарҳои писаронатон, ки аз насли шумо ҳастанд (на писархондаҳо) ва (низ ҳаром аст барои шумо), ҷамъи миёни ду хоҳар кунед, магар он чӣ дар гузашта воқеъ шудааст, зеро ки Худованд Омурзанда ва Меҳрубон аст.

24            Ва занони шавҳардор (ба шумо ҳаром аст), магар онҳоро, ки (аз роҳи асорат) молик шудаед, (зеро асорати онҳо дар ҳукми талоқ аст), инҳо аҳкоме аст, ки Худованд ба шумо муқарар доштааст. Аммо занони дигар ғайр аз инҳо, (ки гуфта шуд), барои шумо ҳалол аст, ки бо амволи худ ононро ихтиёр кунед, дар ҳоле, ки покдоман бошед ва за зино худдорӣ намоед. Ва занонеро мутъа (издивоҷи муваққат) мекунед, воҷиб аст маҳри онҳоро бипардозед. Ва гуноҳе бар шумо нест дар он чӣ баъд аз таъйини маҳр, бо якдигар тавофуқ кардаед. (Баъдан метавонед бо тавофуқ, онро кам ё зиёд кунед). Худованд Доно ва Ҳаким аст.

25           Ва онҳо, ки тавоноии издивоҷ бо занони (озоди) покдомани бо имонро надоранд, метавонанд бо занон покдоман аз бардагони бо имоне, ки дар ихтиёр доред, издивоҷ кунанд — Худо ба имони шумо огоҳтар аст ва ҳамагӣ аъзои як пайкаред – онҳоро бо иҷозати соҳибони онон тазвиҷ намоед ва маҳрашонро ба худашон бидиҳед, ба шарти он ки покдоман бошанд, на ба таври ошкор муртакиби зино шаванд ва на дӯсти пинҳонӣ бигиранд. Ва дар сурате, ки «мўҳсана» бошанд ва муртакиби амали зидди иффат шаванд, нисфи ҷазои занони озодро хоҳанд дошт. Ин (иҷозати издивоҷ бо канизон), барои касоне аз шумост, ки битарсанд, (аз назари ғаризаи ҷинсӣ) ба заҳмат бияфтанд ва (бо ин ҳол низ) худдорӣ (аз издивоҷ бо онон), барои шумо беҳтар аст. Ва Худованд Омурзанда ва Меҳрубон аст.

26           Худованд мехоҳад (бо ин дастурҳо роҳҳои хушбахтиву саъодатро) барои шумо ошкор созад ва ба суннатҳои (саҳеҳи) гузаштагон раҳбарӣ кунад ва тавбаи шуморо бипазирад. Ва Худованд Доно ва Ҳаким аст.

27           Худо мехоҳад шуморо бибахашад (ва аз олудагӣ пок намояд), аммо онҳо ки пайрави шаҳватҳо ҳастанд, мехоҳанд шумо ба куллӣ бероҳа шавед.

28           Худо мехоҳад (бо аҳкоми марбут ба издивоҷ бо канизон ва монанди он), корро ба шумо сабук кунад ва инсон заиф офарида шуда (ва дар баробари тўфони ғаризаҳо таҳаммули ӯ кам) аст.

29           Эй касоне, ки имон овардаед! Амволи якдигарро ба ботил (ва аз роҳҳои номашрӯъ), нахўред, магар ин ки тиҷорате бо ризояти шумо анҷом гирад. Ва худкушӣ накунед. Худованд нисбат ба шумо Меҳрубон аст.

30           Ва ҳар кас ин амалро аз рўи зулму ситам анҷом диҳад, ба зудӣ ӯро дар оташ дохил хоҳем сохт ва ин кор барои Худо осон аст.

31           Агар аз гуноҳони бузурге, ки аз он наҳй мешавед, парҳез кунед, гуноҳони кўчаки шуморо мепўшонем ва шуморо дар ҷойгоҳи хубе дохил месозем.

32           Бартариҳоеро, ки Худованд барои баъзе аз шумо бар баъзеи дигар қарор додааст, орзу накунед. (Ин фарқиятҳои табии ва ҳуқуқӣ, барои ҳифз низоми зиндагии шумо ва бар тибқи адолат аст. Вале бо ин ҳол) мардон насибе аз он чӣ ба даст меоваранд, доранд ва знон низ насибе (ва набояд ҳуқуқи касе поймол гардад). Ва аз фазли (ва раҳмату баракати) Худо барои рафъи тангноҳо талаб кунед. Ва Худованд ба ҳар чиз Доност.

33           Барои ҳар кас ворисоне қарор додем, ки аз мероси падару модару наздикон, ирс бибаранд ва (низ) касоне, ки бо онҳо паймон бастаед, насибашонро бипардозед. Худованд бар ҳар чиз Шоҳид ва Нозир аст.

34           Мардон, сарпарасту нигаҳбони занонанд, ба хотири бартариҳое, ки Худованд (аз назари низоми иҷтимоъ), барои баъзе нисбат ба баъзе дигар қарор додааст ва бахотри инфоқҳое, ки аз амволашон (дар мавриди занон) мекунанд. Ва занони солеҳа, заноне ҳастанд, ки мутавозеъанд ва дар ғиёб (-и ҳамасари худ) асрору ҳуқуқи ӯро дар муқобили ҳуқуқе, ки Худо барои онҳо қарор додааст, ҳифз мекунанд. Ва (аммо) он даста аз занонеро, ки аз саркашӣ ва мухолифаташ хавф доред, панду андарз диҳед (ва агар муассир воқеъ нашуд), дар бистари аз онҳо дурӣ намоед ва (агар ҳеҷ роҳе ҷуз шиддати амал, барои водор кардани онҳо ба анҷоми вазифаҳояшон набуд), онҳоро танбеҳ кунед. Ва агар аз шумо пайравӣ карданд, роҳе барои таҷовуз бар онҳо наҷўед. (Бидонед), Худованд баландмартаба ва бузург аст. (Ва қудрати Ў болотарини қудратҳост).

35           Ва агар аз ҷудоӣ ва шикоф миёни он ду (ҳамсар) хавф дошта бошед, як довар аз хонаводаи шавҳар ва як довар аз хонаводаи зан интихоб кунед, (то ба кори онон расидагӣ кунанд). Агар ин ду довар тасмим ба ислоҳ дошта бошанд, Худованд ба тавофуқи онҳо кўмак мекунад, зеро Худованд Доно ва Огоҳ аст (ва аз ниятҳои ҳама бохабар аст).

36           Ва Худоро бипарастед. Ва ҳеҷ чизро ҳамтои Ў қарор надиҳед ва ба падару модар некӣ кунед, ҳамчунин ба хешовандону ятимону мискинон ва ҳамсояи наздику ҳамсояи дур ва дӯсту ҳамнишин ва вомондагони дар сафар ва бардагоне, ки молики он ҳастед, зеро Худованд касеро, ки мутакаббиру фахр фурўш аст (ва аз адои ҳуқуқи дигарон саркашӣ мекунад), дӯст намедорад.

37           Онҳо касоне ҳастанд, ки бухл меварзанд ва мардумро ба бухл даъват мекунанд ва он чиро, ки Худованд аз фазл (ва раҳмати) худ ба онҳо додааст, пинҳон менамоянд. (Ин амал, дар ҳақиқат аз куфрашон сарчашмо гирифтааст) ва мо барои кофирон азоби хоркунандае омода кардаем.

38           Ва онҳо касоне ҳастанд, ки амволи худро барои нишондодан ба марум инфоқ мекунанд ва имон ба Худо ва рӯзи вопасин надоранд, (зеро шайтон рафиқу ҳамнишини онҳост) ва касе, ки шайтон ҳамнишини ӯ бошад, ҳамнишину қарини баде аст.

39           Чӣ мешуд, агар онҳо ба Худо ва рӯзи вопасин имон меоварданд ва аз он чӣ Худо ба онон рӯзӣ додааст, (дар роҳи ӯ) инфоқ мекарданд?! Ва Худованд аз (аз амалҳо ва ниятҳои) онҳо огоҳ аст.

40           Худованд, (ҳатто) ба андозаи сангинии заррае ситам намекунад ва агар кори неке бошад, онро ду чандон месозад ва аз назди худ подоши бузурге (дар баробари он) медиҳад.

41           Ҳоли онҳо чӣ гуна аст он рӯзе, ки аз ҳар уммате шоҳиду гувоҳе (бар аъмолашон) меоварем ва туро низ бар онҳо гувоҳ хоҳем овард?!

42           Дар он рӯз онҳо, ки кофир шуданд ва бо Паёмбар (с) ба мухолифат бархостанд, орзу мекунанд, ки эй кош (хок буданд ва) хоки онҳо бо занимҳои атроф яксон мешуд (ва ба куллӣ маҳву фармӯш мешуданд). Дар он рӯз (бо он ҳама гувоҳон), суханеро наметавонанд аз Худо пинҳон кунанд.

43           Эй касоне, ки имон овардаед! Дар ҳоли мастӣ ба номоз наздик нашавед, то бидонед чӣ мегӯед. Ва ҳамчунин ҳангоме, ки ҷунуб ҳастдед – магар ин ки мусофир бошед – то ғусл кунед. Ва агар беморед ё мусофир ва ё «қазои ҳоҷат» кардаед ва ё бо занон омезиши ҷинсӣ доштаед ва дар ин ҳол, об (барои вузў ё ғусл) наёфтед, бо хоки поке таяммум кунед, (ба ин тариқ, ки) суратҳо ва дастҳоятонро бо он масҳ намоед. Худованд, Бахшанда ва Омурзанда аст.

44           Оё надидӣ касонеро, ки баҳрае аз китоб (-и Худо) ба онҳо дода шудааст, (ба ҷои ин ки аз он барои ҳидояти худ ва дигарон истифода кунанд, барои худ) гумроҳӣ мехаранд ва мехоҳанд шумо низ гумроҳ шавед?!

45           Худо ба душманони шумо огоҳтар аст, (вале онҳо зиёне ба шумо намерасонанд). Ва кофӣ аст, ки Худо сарпарсти шумо бошад ва кофӣ аст, ки худо ёвари шумо бошад.

46           Баъзе аз яҳуд суханонро аз ҷои худ таҳриф мекунанд ва (ба ҷои ин ки бигўянд: «Шунидему итоат кардем»), мегўянд: «Шунидему мухолифат кардем. Ва (низ мегӯянд:) Бишнав, ки ҳаргиз нашунавӣ! Ва (аз рўи масхара мегӯянд:) Роино (моро таҳмиқ кун)», то бо забони худ ҳақиқатҳоро бигардонанд ва дар оини Худо таъна зананд. Вале агар онҳо (ба ҷои ин ҳама саркашиҳо), мегуфтанд: «Шунидему итоат кардем ва суханони моро бишнав ва ба мо мўҳлат деҳ, (то ҳақиқатҳоро дарк кунем)», барои онҳо беҳтар ва бо ҳақиқат созгортар буд. Вале Худованд онҳоро ба хотири куфрашон аз раҳмати худ дур сохтааст аз ин рў ҷуз гурўҳи каме имон намеоваранд.

47           Эй касоне, ки китоб (-и Худо) ба шумо дода шудааст! Ба он чӣ (бар Паёмбари худ) нозил кардем – ва ҳамоҳанг бо нишонаҳое аст, ки бо шумост – имон биёваред, пеш аз он ки чеҳраҳоеро маҳв кунем, сипас ба пушти сар бозгардонем ё онҳоро аз раҳмати худ дур созем, ҳамон гуна ки «асҳоби сабт» (гурӯҳе аз табоҳкорони Бани Исроил) – ро дур сохтем ва фармони Худо дар ҳар ҳол анҷомшуданӣ аст.

48           Худованд (ҳаргиз) ширкро намебахшад ва поёнтар аз онро барои ҳар кас (бихоҳад ва шоиста бидонад), мебахшад. Ва он касе, ки барои Худо шарике қарор диҳад, гуноҳи бузурге муртакиб шудааст.

49           Оё надидӣ касонеро, ки худситоӣ мекунанд?! (Ин худситоиҳо беарзиш аст), балки Худо ҳар касро бихоҳад, ситоиш мекунад ва камтарин ситме ба онҳо нахоҳад шуд.

50           Нигоҳ кун чӣ гуна бар Худо дурӯғ мебанданд! Ва ҳамин гуноҳи ошкор (барои ҷазои онҳо) кофӣ аст.

51           Оё надидӣ касонеро, ки баҳрае аз китоб (-и Худо) ба онҳо дода шудааст, (бо ин ҳол) ба «ҷибт» ва «тоғут», (буту бупарастон) имон меоваранд ва дар бораи кофирон мегӯянд: «Онҳо аз касоне, ки имон овардаанд. ҳидоят ёфтатаранд»?!

52           Онҳо касоне ҳастанд, ки Худованд эшонро аз раҳмати худ дур сохтааст ва ҳар касро Худо аз раҳматаш дур созад, ёваре барои ӯ нахоҳӣ ёфт.

53           Оё онҳо (яҳуд) саҳме дар ҳукумат доранд, (ки бихоҳанд чунин доварӣ кунанд)?! Дар ҳоле, ки агар чунин буд, (ҳама чизро ба худ ихтисос медоданд ва) камтарин ҳақро ба мардум намедоданд.

54           Ё ин ки нисбат ба мардум, (Паёмбар ва хондонаш), бар он чӣ Худо аз фазлаш ба онҳо бахшидааст, ҳасад меварзанд?! Мо ба Оли Иброҳим, (ки яҳуд аз хонадони ӯ ҳастанд, низ) китобу ҳикмат додем ва ҳукумати бузурге дар ихтиёри онҳо (Паёмбарони Бани Исроил), қарор додем.

55           Вале гурӯҳе аз онҳо ба он имон оварданд ва гурӯҳе роҳ (-и мардумро) бар он бастанд. Ва шўълаи фурўзони оташи дўзух (барои онҳо) кофӣ аст!

56            Касоне, ки ба оёти мо кофир шуданд, ба зудӣ онҳоро дар оташе ворид мекунем, ки ҳар гоҳ пўстҳои танашон (дар он) бирён гардад (ва бисӯзад), пўстҳои дигаре ба ҷои он қарор медиҳем, то кайфаи (-и илоҳӣ)-ро бичашанд. Худованд Тавоно ва Ҳаким аст (ва рўи ҳисоб кайфар медиҳад).

57           Ва касоне, ки имон оварданд ва корҳои шоиста анҷом доданд, ба зудӣ онҳоро дар боғҳое аз биҳишт дохил мекунем, ки нҳарҳо аз зерои дархонаш ҷорӣ аст, ҳамеша дар он хоҳанд монд ва ҳамсарони покизае барои онҳо хоҳанд буд ва ононро дар сояҳои густарда (ва фараҳбахш) ҷой медиҳем.

58           Худованд ба шумо фармон медиҳад, ки амонатҳоро ба соҳибонаш бидиҳед. Ва ҳангоме, ки миёни мардум доварӣ мекунед, ба адолат доварӣ кунед. Худованд пандҳои хубе ба шумо медиҳад. Худованд Шунаво ва Биност.

59           Эй касоне, ки имон овардаед! Худоро итоат кунед ва Паёмабари Худоро итоат кунед ва ул-ул-амр (Аҳли Байти Паёмбар)-ро. Ва ҳаргоҳ дар чизе низоъ доштед, онро ба Худо ва Паёмбар бозгардонед (ва аз онҳо доварӣ биталабед), агар ба Худо ва рӯзи қиёмат имон доред. Ин (кор) барои шумо беҳтар ва оқибату поёнаш некӯтар аст.

60           Оё надидӣ касонеро, ки гумон мекунанд ба он чӣ (аз китобҳои осмонӣ, ки) бар ту ва бар он чӣ пеш аз ту нозил шудааст, имон овардаанд, вале мехоҳанд барои доврӣ назди тоғут ва ҳокимони ботил бираванд?! Бо ин ки ба онҳо дастур дода шудааст, ки ба тоғут кофир шаванд. Аммо шайтон мехоҳад ононро гумроҳ кунад ва ба бероҳаҳои дурдасте бияфканад.

61           Ва ҳангоме, ки ба онҳо гуфта шавад: «Ба сўи он чӣ Худованд нозил кардааст ва ба сўи Паёмбар биёед», мунофиқонро мебинӣ, ки (аз қабули даъвати) ту рўй мегардонанд.

62           Пас чӣ гуна вақте ба хотири амалҳояшон гирифтори мусибате мешаванд, сипас ба суроғи ту меоянд, савганд ёд мекунанд, ки манзури (мо аз бурдани доварӣ назди дигарон), ҷуз некӣ кардан ва тавофуқ (миёни ду тарафи низоъ) набудааст?!

63           Онҳо касоне ҳастанд, ки Худо он чиро дар дил доранд, медонад. Аз (муҷозоти) онон чашмпӯшӣ кун ва онҳоро андарз деҳ, ва бо баёни расое натиҷаҳои амалҳояшонро ба онҳо гўшзад намо.

64           Мо ҳеҷ Паёмбареро нафиристодем, магар барои ин ки ба фармони Худо аз вай итоат шавад. Ва агар ин мухолифон, ҳангоме, ки ба худ ситам мекарданд (ва фармонҳои Худоро зери по мегузориданд), ба назди ту меомаданд ва аз Худо талаби омурзиш мекарданд ва Паёмбар ҳам барои онҳо истиғфор мекард, Худоро Тавбапазир ва Меҳрубон меёфтанд.

65           Ба Парвардигорат савганд, ки онҳо мӯъмин нахоҳанд буд, магар ин ки дар ихтилофҳои худ, туро ба доварӣ талабанд ва сипас аз доварии ту дар дили худ эҳсоси нороҳатӣ накунанд ва комилан таслим бошанд.

66           Агар (монанди баъзе аз умматҳои гузашта) ба онҳо дастур медодем: «Якдигарро ба қатл бирасонед» ва ё: «аз ватану хонаи худ берун равед», танҳо шумори каме аз онҳо амал мекарданд. Ва агар андарзҳоеро, ки ба онҳо дода мешуд, анҷом медоданд, барои онҳо беҳтар буд ва сабаби тақвияти имони онҳо мешуд.

67           Ва дар ин сурат подоши бузурге аз ноҳияи худ ба онҳо медодем.

68           Ва онҳоро ба роҳи рост ҳидоят мекардем.

69           Ва касе, ки Худо ва Паёмбарро итоат кунад, (дар рӯзи қиёмат), ҳамнишини касоне хаҳад буд, ки Худо неъмати худро бар онон тамом кардааст, аз Паёмбарон ва сиддиқон ва шаҳидон ва солеҳон ва онҳо рафиқҳои хубе ҳастанд.

70           Ин бахшише аз ноҳияи Худост. Ва кофӣ аст, ки Ў (аз ҳоли бандагон ва ниятҳову аъмолашон) огоҳ аст.

71           Эй касоне, ки имон овардаед! Омодагии худро (дар баробари душман) ҳифз кунед ва дар дастаҳои гуногун ё ба сурати як гурӯҳи воҳид, (мувофиқи шароити ҳар замону ҳар макон), ба сўи душман ҳаракат намоед.

72           Дар миёни шумо ашхоси (мунофиқе) ҳастанд, ки (ҳам худашон суст мебошанд ва ҳам) дигаронро ба сустӣ мекашонанд, агар мусибате ба шумо бирасад, мегӯянд: «Худо ба мо неъмат додааст, ки бо муҷоҳидон набудем, то шоҳид (-и он мусибат) бошем».

73           Ва агар ғанимате аз ҷониби Худо ба шумо бирасад, дуруст мисли ин ки ҳаргиз миёни шумо ва онҳо дӯстӣ ва меҳрубоние набудааст, мегӯянд: «Эй кош мо ҳам бо онҳо будем ва ба растагорӣ (ва пирӯзии) бузурге мерасидем!».

74           Касоне, ки зиндагии дунёро ба охират фарўхтаанд, бояд дар роҳи Худо ҷанг кунанд. Ва он кас, ки дар роҳи Худо ҷанг кунад ва кушта шавад ё пирӯз гарданд, подоши бузурге ба ӯ хоҳем дод.

75           Чаро дар роҳи Худо ва (дар роҳи) мардону занону кӯдаконе, ки (ба дасти ситамгарон) заиф шудаанд, ҷанг намекунед?! Ҳамон ашхоси (ситамдидае), ки мегӯянд: «Парвардигоро! Моро аз ин шаҳр (Макка), ки аҳлаш ситамгаранд, берун бибар ва аз тарафи Худ барои мо сарпарасте қарор деҳ ва аз ҷониби худ ёру ёваре барои мо таъйин намо».

76           Касоне, ки имон доранд, дар роҳи Худо ҷиҳод мекунанд ва онҳо, ки кофиранд, дар роҳи тоғут (бут ва ашхоси саркаш). Пас шумо бо ёрони шайтон ҷиҳод кунед (ва аз онҳо наҳаросед), зеро нақшаи шайтон (монанди қудраташ) заиф аст.

77           Оё надидӣ касонеро, ки (дар Макка) ба онҳо гуфта шуд: (ҳамакнун) даст аз ҷиҳод бардоред ва намозро барпо кунед ва закот бипардозед». (Аммо онҳо аз ин дастур нороҳат буданд), вале ҳангоме, ки (дар Мадина) фармони ҷиҳод ба онҳо дода шуд, гурӯҳе аз онҳо аз мардум метарсиданд, ҳамон гуна, ки аз Худо метарсанд, балки бештар. Ва гуфтанд: «Парвардигоро! Чаро ҷиҳодро бар мо муқаррар доштӣ?! Чаро ин фармонро, то замони наздике ақиб наяндохтӣ?!». Ба онҳо бигў: «Сармояи зиндагии дунё, ночиз аст ва сарои охират барои касе, ки парҳезгор бошад, беҳтар аст. Ва ба андозаи риштаи шикофи донаи хурмое ба шумо ситам нахоҳад шуд».

78           Ҳар ҷо бошед, марг шуморо дармеёбад, ҳар чанд дар бурҷҳои мустаҳкам бошед. Ва агар ба онҳо (мунофиқон) некӣ (ва пирӯзӣ) бирасад, мегӯянд: «Ин аз ноҳияи Худост». Ва агар бадӣ (ва шикасте) бирасад, мегӯянд: «Ин аз ноҳияи туст». Бигў: «Ҳамаи инҳо аз ноҳияи Худост». Пас чаро ин гурӯҳ ҳозир нестанд суханеро дарк кунанд?!

79           (Оре), он чӣ аз некиҳо ба ту мерасад, аз тарафи Худост ва он чӣ аз бадӣ ба ту мерасад, аз сӯи худи ту аст. Ва мо туро расул барои мардум фиристодем ва гувоҳии Худо дар ин бора кофӣ аст.

80           Касе, ки аз Паёмбар итоат кунад, Худоро итоат кардааст ва касе, ки саркашӣ кунад, туро нигаҳбони (ва муроқиби) ӯ нафиристодем (ва дар баробари ӯ масъул нестӣ).

81           Онҳо дар ҳузури ту мегӯянд: «Фармонбардорем», аммо ҳангоме, ки аз назди ту берун мераванд, гурӯҳе аз онон бар хилофи гуфтаҳои ту, ҷаласаҳои пинҳонии шабона ташкил медиҳанд, он чиро дар ин ҷаласаҳо мегӯянд, Худованд менависад. Эътиное ба онҳо накун (ва аз нақашаҳои онон ваҳшат надошат бош) ва бар Худо тавкал кун. Кофӣ аст, ки Ў ёру мудофеи ту бошад.

82           Оё дар бораи Қуръон андеша намекунанд?! Агар аз сўи ғайри Худо буд, ихтилофи фаровоне дар он меёфтанд.

83           Ва ҳагоме, ки хабаре аз пирӯзӣ ё шикаст ба онҳо бирасад, (бетафтиш) онро шойеъ месозанд, дар ҳоле, ки агар онро ба Паёмбар ва пешвоён – ки қудрати ташхиси кофӣ доранд – бозгардонанд, аз решаҳои масоил огоҳ хоҳанд шуд. Ва агар фазлу раҳмати Худо бар шумо набуд, ҷуз шумори каме, ҳамагӣ аз шайтон пайравӣ мекрдед (ва гумроҳ мешудед).

84           Дар роҳи Худо ҷиҳод кун. Танҳо масъули фазифаи худ ҳастӣ. Ва мӯъминонро (бар ин кор) ташвиқ намо. Умед аст, Худованд аз қудрати кофирон пешгирӣ кунад, (ҳатто агар танҳо худат ба майдон биравӣ). Ва Худованд қудраташ бештар ва ҷазоҳояш дардноктар аст.

85           Касе, ки шафоат (ташвиқ ва кўмак) ба кори неке кунад, насибе аз он барои ӯ хоҳад буд. Ва касе, ки шафоат (тафвиқ ва кӯмак) ба кори баде кунад, саҳме аз он хоҳад дошт. Ва Худованд ҳисобрас ва нигаҳдори ҳар чиз аст.

86           Ҳар гоҳ ба шумо таҳият (салом) гўянд, ҷавоби онро беҳтар аз он бидиҳед ё (ҳадди ақал) ба ҳамон гуна ҷавоб гўед. Худовард ҳисоби ҳама чизро дорад.

87           Худованд, маъбуде ҷуз Ў нест. Ва ба яқин ҳамаи шумро дар рӯзи қиёмат, — ки шакке дар он нест – ҷамъ мекунад. Ва кист, ки аз Худованд ростгўтар бошад?!

88           Чаро дар бораи мунофиқон ду даста шудаед?! (Баъзе ҷанг бо онҳоро манъ ва баъзе ҷоиз медонед). Дар ҳоле, ки Худованд ба хотири аъмолашон, (афкори) онҳоро комилан воруна кардааст. Оё шумо мехоҳед касонеро, ки Худованд (бар асари амалҳои зишташон), гумроҳ карадааст, ҳидоят кунед?! Дар ҳоле, ки ҳар касро Худованд гумроҳ кунад, роҳе барои ӯ нахоҳӣ ёфт.

89           Онҳо орзу мекунанд, ки шумо ҳам монанди онҳо кофир шавед ва баробари якдигар бошед. Бинобар ин, аз онҳо дӯстоне интихоб накунед, магар ин ки (тавба кунанд ва) дар роҳи Худо ҳиҷрат намоянд. Ҳар гоҳ аз ин кор рйгардонанд (ва зиддиятро нисбат ба шумо идома диҳанд), ҳар ҷо онҳоро ёфтед, асир кунед ва (дар сурати эҳсоси хатар), ба қатл бирасонед. Ва аз миёни онҳо дӯст ва ёру ёваре интихоб накунед.

90           Магар онҳо, ки бо ҳампймонони шумо, паймон бастаанд ё онҳо, ки ба сӯи шумо меоянд ва аз ҷиҳод бо шумо ё ҷанг бо қавми худ, нотавон шудаанд, (на қасди ҷанг бо шумо доранд ва на тавоноии мубориза бо қавми худ). Ва агар Худованд бихоҳад, онҳоро ба шумо мусаллат мекунад, то бо шумо ҷанг кунанд. Пас агар аз шумо канорагирӣ карда ва бо шумо ҷанг накарданд, (балки) пешниҳоди сулҳ карданд, Худованд ба шумо иҷозат намедиҳад, ки мутаарризи онон шавед.

91           Ба зудӣ ҷамъияти дигареро меёбед, ки мехоҳанд, ҳам аз ноҳияи шумо дар амон бошанд ва ҳам аз ноҳияи қавми худашон, (ки мушриканд. Бинобар ин назди шумо даъвои имон мекунанд, вале) ҳар замон онҳоро ба сўи фитана (ва бутпарастӣ) бозгардонанд, бо сар дар он фурў мераванд. Агар аз даргирӣ бо шумо канор нарафтанд ва пешниҳоди сулҳ накарданд ва даст аз шумо накашиданд, онҳоро ҳар ҷо ёфтед, асир кунед ва (ё) ба қатл бирасонед. Онҳо касоне ҳастанд, ки мо барои шумо тасаллути ошкоре нисбат ба онон қарор додаем.

92           Ҳеҷ шахси боимоне ҷоиз нест, ки мӯъминеро ба қатл бирасонад, магар ин ки ин кор аз рўи хатову иштибоҳ аз ӯ сар занад (ва дар айни ҳол), касе, ки мӯъминеро аз рўи хато ба қатл бирасонад, бояд як бардаи мӯъминро озод кунад ва хунбаҳое ба соҳибони ӯ диҳад, магар ин ки онҳо хунбаҳоро бибахшанд. Ва агар мақтул аз гурӯҳе бошад, ки душманони шумо ҳастанд (ва кофиранд), вале мақтул боимон буда, (танҳо) бояд як ғуломи мӯъминро озод кунад (ва додани хунбаҳо лозим нест). Ва агар аз ҷамъияте бошад, ки миёни шумо ва онҳо паймоне барқарор аст, бояд хунбаҳои ӯро ба сиҳибони ӯ бидиҳад ва як ғуломи мӯъмин (низ) озод кунад. Ва он кас, ки дастрасӣ (ба озод кардани ғулом) надорад, ду моҳ пай дар пай рӯза мегирад. Ин (як навъ сабукӣ ва) тавбаи илоҳӣ аст. Ва Худованд Доно ва Ҳаким аст.

93           Ва ҳар кас шахси боимонеро аз рўи амд ба қатл бирсонад, ҷазои дўзах аст, дар ҳоле, ки ҷовидона дар он мемонад ва Худованд бар ӯ ғазаб мекунад ва ӯро аз раҳматаш дур месозад ва азоби азиме барои ӯ омода сохтааст.

94           Эй касоне, ки имон овардаед! Ҳангоме, ки дар роҳи Худо қадам мезанед (ва ба сафре барои ҷиҳод меравед), таҳқиқ кунед. Ва ба хотири ин ки сармояи нопойдори дунё (ва ғаниматҳое) ба даст оваред, ба касе, ки изҳори сулҳу ислом мекунад, нагӯед: «Мусулмон нестӣ», зеро ғаниматҳои фаровоне (барои шумо) назди Худост. Шумо қаблан чунин будед ва Худованд бар шумо миннат ниҳод (ва ҳидоят шудед). Пас, (ба шукронаи ин неъмати бузург) таҳқиқ кунед. Худованд ба он чӣ анҷом медиҳед, огоҳ аст.

95           Ҳаргиз ашхоси боимоне, ки бидуни беморӣ ва нороҳатӣ аз ҷиҳод бознишастанд, бо муҷоҳидоне, ки дар роҳи Худо бо молу ҷони худ ҷиҳод карданд, баробар нестанд. Худованд, муҷоҳидонеро, ки бо молу ҷони худ ҷиҳод намуданд, бар қоидон (тарккунандагони ҷиҳод), бартарии муҳимме бахшидааст ва ба ҳар як аз ин ду гурӯҳ (нисбат ба амалҳои некашон) Худованд ваъдаи подоши нек дода ва муҷоҳидонро бар нишастагон, бо подоши азиме батарӣ бахшидааст.

96           Дараҷоти (муҳимме) аз ноҳияи Худованд ва омурзишу раҳмат (насиби онон мегардад) ва (агар лағзишҳое доштаанд), Худованд Омурзанда ва Меҳрубон аст.

97           Касоне, ки фариштагон (-и қабзи арвоҳ) рўҳи онҳоро гирифтанд, дар ҳоле, ки ба худ ситам карда буданд, ба онҳо гуфтанд: «Шумо дар чӣ ҳоле будед? (ва чаро бо ин ки мусулмон будед, дар сафи куффор ҷой доштед?!)». Гуфтанд: «Мо дар сарзамини худ зери фишор ва мустазъаф будем». Онҳо (фариштагон) гуфтанд: «Магар сарзамини Худо паҳновар набуд, ки муҳоҷират кунед?!». Онҳо (узре надоштанд ва) ҷойгоҳашон дўзах аст ва оқибати баде аст.

98           Магар он гурӯҳ аз мардону занон ва кӯдаконе, ки баростӣ зире фишор қарор гирифтаанд (ва ҳақиқатан мустазъафанд), на чарае доранд ва на роҳе (барои наҷот аз он муҳити олуда) меёбанд.

99           Мумкин аст Худованд онҳоро мавриди афв қарор диҳад ва Худованд Афвкунанда ва Омурзанда аст.

100       Касе, ки дар роҳи Худо ҳиҷрат кунад, ҷоҳои амни фаровон ва густардае дар замин меёбад. Ва ҳар кас ба унвони муҳоҷират ба сўи Худо ва Паёмбари Ў аз хонаи худ берун равад, сипас маргаш фаро расад, подоши ӯ бар Худост ва Худованд Омурзанда ва Меҳрубон аст.

101       Ҳангоме, ки сафар мекунед, гуноҳе бар шумо нест, ки намозро кўтоҳ (қаср) кунед, агар аз фитна (ва хатари) кофирон битарсед, зеро кофирон барои шумо душмани ошкоре ҳастанд.

102       Ва ҳангоме, ки дар миёни онҳо бошӣ ва (дар майдони ҷанг) барои онҳо намозро барпо кунӣ, бояд гурӯҳе аз онҳо бо ту (ба нмоз) бархезанд ва силоҳҳояшонро бо худ бигиранд. Ва ҳангоме, ки саҷда карданд (ва намозро ба поён расонданд), бояд ба пушти сари шумо (ба майдони ҷанг) бираванд ва он дастаи дигар, ки намоз нахондаанд (ва машғули ҷиҳод будаанд), биёянд ва бо ту намоз бихонанд. Онҳо бояд василаҳои дифоӣ ва силоҳҳояшонро (дар ҳоли намоз) бо худ бигиранд, (зеро) кофирон орзу доранд, ки шумо аз силоҳҳо ва матъҳои худ ғофил шавед ва якбора ба шумо ҳуҷум оваранд. Ва агар аз борон нороҳатед ва ё бемор (ва маҷрўҳ) ҳастед, монее надорад, ки силоҳҳои худро бар замин бигузоред, вале василаҳои дифоӣ (монанди зиреҳ ва кулоҳи оҳанин)-ро бо худ бардоред. Худованд азоби хоркунандае барои кофирон фароҳам сохтааст.

103       Ва ҳангоме, ки намозро ба поён расондед, Худоро ёд кунед, истода ва нишаста ва дар ҳоле, ки ба паҳлў хобидаед. Ва ҳар гоҳ оромиш ёфтед (ва ҳолати тарс аз байн рафт), намозро (ба таври оддӣ) анҷом диҳед, зеро намоз вазифаи собит ва муайяне барои мӯъминон аст.

104       Ва дар роҳи дунболи душман (ҳаргиз) суст нашавед, (зеро) агар шумо дарду ранҷе мебинед, онҳо низ монанди шумо дарду ранҷ мебинанд, вале шумо умеде аз Худо доред, ки онҳо надоранд ва Худованд Доно ва Ҳаким аст.

105       Мо ин китобро ба ҳақ бар ту нозил кардем, то ба он чӣ Худованд ба ту омӯхтааст, дар миёни мардум қазоват кунӣ ва аз касоне мабош, ки аз хиёнаткорон ҳимоят намоӣ.

106       Ва аз Худованд талаби омурзиш намо, ки Худованд Омрузанда ва Меҳрубон аст.

107       Ва аз онҳо, ки ба худ хиёнат карданд, дифоъ макун, зеро Худованд ашхоси хиёнатпешаи гунаҳкорро дӯст надорад.

108       Онҳо зишткории худро аз мардум пинҳон медоранд, аммо аз Худо пинҳон намедоранд ва ҳангоме, ки дар маҷолиси шабона, суханоне, ки Худо розӣ набуд, мегуфтанд, Худо бо онҳо буд. Худо ба он чӣ анҷом медиҳанд, иҳота дорад.

109       Оре, шумо ҳамонҳо ҳастед, ки дар зиндагии ин ҷаҳон аз онҳо дифоъ кардед. Аммо кист, ки дар баробари Худованд, дар рӯзи қиёмат аз онҳо дифоъ кунад?! Ё чӣ касе аст, ки вакил ва ҳомии онҳо бошад?!

110       Касе, ки кори баде анҷом диҳад ё ба худ ситам кунад, сипас аз Худованд талаби омурзиш намояд, Худоро омурзанда ва меҳрубон хоҳад ёфт.

111       Ва касе, ки гуноҳе муртакиб шавад, ба зиёни худ муртакиб шудааст. Худованд Доно ва Ҳаким аст.

112       Ва касе, ки хато ё гуноҳе муртакиб шавад, сипас бегуноҳеро муттаҳам созад, бори бўҳтон ва гуноҳи ошкоре бар дўш гирифтааст.

113       Агар фазлу раҳмати Худо шомили ҳоли ту набуд, гурӯҳе аз онҳо тасмим доштанд, туро гумроҳ кунанд, аммо ҷуз худашонро гумроҳ намекунанд ва ҳеҷ гуна зиёне ба ту намерасонанд. Ва Худованд китобу ҳикмат бар ту нозил кард ва он чиро намедонистӣ, ба ту омӯхт ва фазли Худо бар ту (ҳамвора) бузург будааст.

114       Дар бисёре аз суханони пинҳонӣ (ва маҷлисҳои маҳрамонаи) онҳо, хайру суде нест, магар касе, ки (ба ин васила), амри кӯмак ба дигарон ё кори нек ё ислоҳ дар миёни мардум кунад ва ҳар кас барои хушнудии Парвардигор чунин кунад, подоши бузурге ба ӯ хоҳем дод.

115       Касе, ки баъд аз ошкор шудани ҳақ, бо Паёмбар мухолифат кунад ва аз роҳе ҷуз роҳи мӯъминон пайравӣ намояд, мо ӯро ба ҳамон роҳ, ки меравад мебарем ва ба дўзах дохил мекунем ва саранҷоми баде аст.

116       Худованд ширки ба ӯро намеомурзад, (вале) камтар аз онро барои ҳар кас бихоҳад (ва шоиста бидонад), меомурзад. Ва ҳар кас барои Худо ҳамтое қарор диҳад, дар гумроҳии дуре афтодааст.

117       Он чӣ ғайр аз Худо мехонанд, фақат бутҳое аст (бе рўҳ), ки ҳеҷ асаре надорад ва (ё) шайтони саркаш ва вайронгар аст.

118       Худо ӯро аз раҳмати худ дур сохта ва ӯ гуфтааст: «Аз бандагони Ту саҳми муайяне хоҳам гирифт.

119       Ва онҳоро гумроҳ мекунам ва ба орзуҳо саргарм месозам ва ба онҳо дастур медиҳам, ки (амалҳои хурофӣ анҷом диҳанд ва) гўши чаҳорпоёнро бишикофанд ва офариниш поки худоиро тағйир диҳанд (ва фитрати тавҳидро ба ширк олуда кунанд)». Ва ҳар кас, шайтонро ба ҷои Худо сарпарсти худ интихоб кунад, зиёни ошкоре кардааст.

120       Шайтон ба онҳо ваъдаҳо (-и дурӯғин) медиҳад ва ба орзуҳо саргарм месозад, дар ҳоле, ки ҷуз фиребу найранг, ба онҳо ваъда намедиҳад.

121       Онҳо (пайравони шайтон) ҷойгоҳашон ҷаҳаннам аст ва ҳеҷ роҳи гурезе надоранд.

122       Ва касоне, ки имон овардаанд ва амалҳои солеҳ анҷом додаанд, ба зудӣ ононро дар боғҳое аз биҳишт дохил мекунем, ки наҳрҳо аз зери дарахтонаш ҷорӣ аст, ҷовидона дар он хоҳанд монд. Ваъдаи ҳаққи Худованд аст ва кист, ки дар гуфтору ваъдаҳояш аз Худо содиқтар бошад?!

123       (Фазилату бартарӣ) ба орзуҳои шумо ва орзуҳои аҳли китоб нест, ҳар кас амали баде анҷом диҳад, ҷазо дода мешавад ва касеро ҷуз Худо сарпарасту ёвари худ нахоҳад ёфт.

124       Ва касе, ки чизе аз амалҳои солеҳро анҷом диҳад, хоҳ мард бошад ё зан, дар ҳоле, ки имон дошта бошад, чунин касоне дохили биҳишт мешаванд ва камтарин ситаме ба онҳо нахоҳад шуд.

125       Дин ва оини чӣ касе беҳтар аст аз он кас, ки худро таслими Худо кунад ва некӯкор бошад ва пайрави оини холису поки Иброҳим гардад?! Ва Худо Иброҳимро ба дӯстии худ интихоб кард.

126       Он чӣ дар осмонҳо ва замин аст, аз они Худост ва Худованд ба ҳар чизе иҳота дорад.

127       Аз ту дар бораи ҳукми занон савол мекунанд, бигў: «Худованд дар бораи онҳо ба шумо ҷавоб медиҳад: он чӣ дар Қуръон дар бораи занони ятме, ки ҳуқуқашонро ба онҳо намедиҳед ва мехоҳед бо онҳо издивоҷ кунед ва низ он чӣ дар бораи кӯдакони сағиру нотавон, барои шумо баён шудааст, (қисмате аз суфоршҳои Худованд дар ин зимина мебошад ва низ ба шумо суфориш мекунад, ки) бо ятимон ба адолат рафтор кунед. Ва он чӣ аз некиҳо анҷом медиҳед, Худованд аз он огоҳ аст (ва ба шумо подоши шоистае медиҳад).

128       Ва агар зане, аз туғёну саркашӣ ё пушт гардондани шавҳараш тарс дошта бошад, монее надорад, бо ҳам сулҳ кунанд (ва зан ё мард, аз порае аз ҳуқуқи худ, ба хотири сулҳ сарфиназар намоянд). Ва сулҳ беҳтар аст, агар чӣ мардум (мувофиқи ғаризаи дўсдоштани худ, дар ин гуна мавридҳо) бухл меварзанд. Ва агар некӣ кунед ва парҳезгорӣ пеша созед (ва ба хотири сулҳ гузашт намоед), Худованд ба он чӣ анҷом медиҳед, огоҳ аст (ва подоши шоиста ба шумо хоҳад дод).

129       Шумо ҳаргиз наметавонед (аз назари муҳаббати қалбӣ), дар миёни занон, адолат барқарор кунед, ҳар чанд кўшиш намоед, вале тамоюли худро ба куллӣ мутаваҷҷеҳи як тараф насозед, ки дигареро ба сурати зане, ки шавҳарашро аз даст додааст, дароваред. Ва агар роҳи салоҳ ва парҳезгорӣ пеш гиред, Худованд Омурзанда ва Меҳрубон аст.

130       (Аммо) агар (роҳе барои ислоҳ дар миёни худ наёбанд ва) аз ҳам ҷудо шаванд, Худованд ҳар кадом аз онҳоро бо фазлу карами худ, бениёз мекунад ва Худованд дорои фазлу карам ва Ҳаким аст.

131       Он чӣ дар осмонҳо ва он чӣ дар замин аст, аз он Худост. Ва мо ба касоне, ки пеш аз шумо китоби осмонӣ ба онҳо дода шуда буд, суфорш кардем, (ҳамчунин) ба шумо (низ) суфориш мекунем, ки аз (нофармонии) Худо бипарҳезед. Ва агар кофир шавед, (ба Худо зиёне намерасад, зеро) барои Худост, он чӣ дар осмонҳо ва он чӣ дар замин аст ва Худованд Бениёз ва Сутуда аст.

132       Барои Худост, он чӣ дар осмонҳо ва замин аст ва кофӣ аст, ки Худо ҳофизу нигаҳбони онҳо бошад.

133       Эй мардум! Агар Ў бихоҳад, шуморо аз миён мебарад ва ашхоси дигареро (ба ҷои шумо) меоварад ва Худованд бар ин кор тавоност.

134       Касоне, ки подоши дунявӣ бихоҳанд (ва дар қайди натиҷаҳои маънавӣ ва ухравӣ набошанд, дар иштибоҳанд, зеро) подоши дунёву охират назди Худост ва Худованд Шунаво ва Биност.

135       Эй касоне, ки имон овардаед! комилан қиём ба адолат кунед. Барои Худо шаҳодат диҳед, агар чӣ (ин гувоҳӣ) ба зарари худи шумо ё падару модар ва наздикони шумо бошад, (зеро) агар онҳо сарватманд ё фақир бошанд, Худованд сазовортар аст, ки аз онҳо ҳимоят кунад. Бинобар ин, аз ҳавою ҳавас пайраӣ накунед, ки аз ҳақ дур хоҳед шуд. Ва агар ҳақро дигаргун кунед ва ё аз изҳори он рўйгардонед, Худованд ба он чӣ анҷом медиҳед, огоҳ аст.

136       Эй касоне, ки имон овардаед! Ба Худо ва Паёмбараш ва китобе, ки бар ў нозил кардааст ва китобҳои (осмоние), ки пеш аз ин фиристодааст, имон (-и ҳақиқӣ) биёваред. Касе, ки Худо ва фариштагони Ў ва китобҳо ва Паёмбаронаш ва рӯзи охиратро инкор кунад, дар гумроҳии дуруру дарозе афтодааст.

137       Касоне, ки имон оварданд, сипас кофир шуданд, боз ҳам имон оварданд ва бори дигар кофир шуданд, сипас бар куфри худ афзуданд, Худо ҳаргиз онҳоро нахоҳад бахшид ва онҳоро ба роҳи (рост) ҳидоят нахоҳад кард.

138       Ба мунофиқон башорат деҳ, ки ҷазои дардноке дар интизори онҳост!

139       Ҳамонҳо, ки кофиронро ба ҷои мӯъминон, дӯсти худ интихоб мекунанд. Оё иззату обрў назди онон меҷӯянд, бо ин ки ҳамаи иззатҳо аз они Худост?!

140       Ва (Худованд ин ҳукмро) дар Қуръон бар шумо нозил кардааст, ки ҳар гоҳ бишунавед, ашхосе оятҳои Худоро инкор ва истеҳзо мекунанд, бо онҳо нанишинед, то ба сухани дигаре бипардозанд. Вагарна шумо ҳам мисли онон хоҳед буд. Худованд, мунофиқону кофиронро ҳамагӣ дар дўзах ҷамъ мекунад.

141       (Мунофиқон) ҳамонҳо (ҳастанд), ки пайваста интизор мекашанд ва муроқиби шумо ҳастанд, агар фатҳу пирӯзӣ насиби шумо гардад, мегӯянд: «Магар мо бо шумо набудем? (пас мо низ дар ифтихорот ва ғаниматҳо шарикем)». Ва агар баҳрае насиби кофирон гардад, ба онҳо мегӯянд: «Магар мо шуморо ба мубориза ва таслимнашудан дар баробари мӯъминон, ташвиқ намекардем?! (Пас бо шумо шарик хоҳем буд)». Худованд дар рӯзи растохез миёни шумо доврӣ мекунад ва Худованд ҳаргиз кофиронро бар мӯъминон тасаллуте надодааст.

142       Мунофиқон мехоҳанд Хдоро фиреб диҳанд, дар ҳоле, ки Ў онҳоро фиреб медиҳад ва ҳангоме, ки ба намоз бармехезанд, бо танбалӣ бармехезанд ва дар баробари мардум риё мекунанд ва Худоро ҷуз андаке ёд наменамоянд.

143       Онҳо ашхоси беҳадафе ҳастанд, ки на сўи инҳо ва на сўи онҳоянд. (На дар сафи мӯъминон қарор доранд ва на дар сафи кофирон). Ва ҳар касро Худованд гумроҳ кунад, роҳе барои ӯ нахоҳӣ ёфт.

144       Эй касоне, ки имон овардаед! Ғайр аз мӯъминон кофиронро сарпарсту такягоҳи худ қарор надиҳед. Оё мехоҳед (бо ин амал), далели равшане бар зидди худ дар пешгоҳи Худо қарор диҳед?!

145       Мунофиқон дар поинтарин даракоти дўзах қарор доранд ва ҳаргиз ёваре барои онҳо нахоҳӣ ёфт. (Бинабар ин аз тарҳи дӯстӣ бо душманони Худо, ки нишонаи нифоқ аст, бипарҳезед).

146       Магар онҳо, ки тавба кунанд ва ислоҳу ҷуброн намоянд ва ба (домани лутфи) Худо чанг зананд ва дини худро барои Худо холис кунанд, онҳо бо мӯъминон хоҳанд буд ва Худованд ба ашхоси боимон подоши азиме хоҳад дод.

147       Худо чӣ ниёзе ба ҷазо додани шумо дорад, агар шукргузорӣ кунед ва имон оваред?! Худо Шукргузор ва Огоҳ аст. (Амалҳо ва ниятҳои шуморо медонад ва ба амалҳои нек подоши нек медиҳад).

148       Худованд дӯст надорад, касе бо сухнони худ, бадиҳо (-и дигарон)-ро равшан кунад, магар он кас, ки мавриди ситам воқеъ шуда бошад. Худованд Шунаво ва Доност.

149       Агар некиҳоро ошкор ё пинҳон созед ва аз бадиҳо гузашт намоед, Худованд Бахшанда ва Тавоност (ва бо ин ки қодир бар интиқом аст, афву гузашт мекунад).

150       Касоне, ки Худо ва пайғамбарони Ўро инкор мекунанд ва мехоҳанд миёни Худо ва пайғамбаронаш фарқ ва ҷудоӣ қоил шаванд ва мегўянд: «Ба баъзе имон меоварем ва баъзеро инкор мекунем» ва мехоҳанд дар миёни ин ду, роҳе барои худ интихоб кунанд …

151       Онҳо кофирони ҳақиқианд ва барои кофирон муҷозоти хоркунандае фароҳам сохтаем.

152       (Вале) касоне, ки ба Худо ва расулони Ў имон оварда ва миёни аҳаде аз онон фарқ намегузоранд, подошашонро хоҳад дод. Худованд Омурзанда ва Меҳрубон аст.

153       Аҳли китоб аз ту мехоҳанд, китобе аз осмон (якҷо) бар онҳо нозил кунӣ, (дар ҳоле ки ин як баҳона аст). Онҳо аз Мўсо бузургтар аз инро хостанд ва гуфтанд: «Худоро ошкоро ба мо нишон деҳ!» ва ба хотири ин зулму ситам, соиқа онҳоро фаро гирифт. Сипас гўсола (-и Сомирӣ)-ро пас аз он ҳама далелҳои равшан, ки барои онҳо омад, (ба худоӣ) интихоб карданд. Вале мо аз он даргузаштем (ва афв кардем) ва ба Мўсо бурҳони ошкоре додем.

154       Ва кўҳи Турро бар фарози онҳо барафроштем ва дар ҳамон ҳол аз онҳо паймон гирифтем ва ба онҳо гуфтем: «(Барои тавба) аз дари (Байт-ул-муқаддас) бо хузўъ дароед». Ва (низ) гуфтем: «Рўзи шанбе таҷовуз накунед (ва даст аз кор бикашед)». Ва аз онон (дар баробари ҳамаи инҳо) паймони маҳкаме гирифтем.

155       (Вале) ба хотири паймоншикании онҳо ва инкори оёти Худо ва куштани пайғамбарон ба ноҳақ ва ба хотири ин ки (аз рўи масхара) мегуфтанд: «Бар дилҳои мо парда афканда шуда (ва суханони пайғамбарро дарк намекунем». Рондаи даргоҳи Худо шуданд). Оре, Худованд ба сабаби куфрашон, бар дилҳои онҳо мўҳр зада, ки ҷуз шумори каме, (ки роҳи ҳақ мепўянд ва саркашӣ надоранд), имон намеоваранд.

156       Ва (низ) ба хотири куфрашон ва тўҳмати бузурге, ки бар Марям заданд.

157       Ва гуфторашон, ки: «Мо, Масеҳ Исо ибни Марям, пайғамбари Худоро куштем». Дар ҳоле, ки на ўро куштанд ва на бар дор овехтанд, локин амр бар онҳо муштабаҳ шуд. Ва касоне, ки дар мавриди (қатли) ў ихтилоф карданд, аз он дар шак ҳастанд ва илм ба он надоранд ва танҳо аз гумон пайравӣ мекунанд ва қатъан ўро накуштанд.

158       Балки Худо ўро ба сўи худ боло бурд. Ва Худованд Тавоно ва Ҳаким аст.

159       Ва ҳеҷ як аз аҳли китоб нест, магар ин ки пеш аз маргаш ба ў (Ҳазрати Масеҳ) имон меоварад ва рўзи қиёмат бар онҳо гувоҳ хоҳад буд.

160       Ба хотири зулме, ки аз яҳуд содир шуд ва (низ) ба хотири пешгирии бисёре онҳо аз роҳи Худо, бахше аз чизҳои покизаро, ки бар онҳо ҳалол буд, ҳаром кардем.

161       Ва (ҳамчунин) ба хотири рибо гирифтан, дар ҳоле ки аз он наҳй шуда буданд ва хўрдани амволи мардум ба ботил ва барои кофирони онҳо азоби дардноке омода кардаем.

162       Вале росихони дар илм аз онҳо ва мўъминон (аз уммати Ислом) ба тамоми он чӣ бар ту нозил шуда ва он чӣ пеш аз ту нозил гардидааст, имон меоваранд. (Ҳамчунин) намозгузорон ва закотдиҳандагон ва имон оварандагон ба Худо ва рўзи қиёмат, ба зудӣ ба ҳамаи онон подоши бузурге хоҳем дод.

163       Мо ба ту ваҳй фиристодем, ҳамон гуна, ки ба Нўҳ ва пайғамбарони баъд аз ў ваҳй фиристодем. Ва (низ) ба Иброҳим ва Исмоил ва Исҳоқ ва Яъқуб ва Асбот (Банӣ Исроил) ва Исо ва Айюб ва Юнус ва Ҳорун ва Сулаймон ваҳй намудем ва ба Довуд Забур додем.

164       Ва пайғамбароне, ки саргузашти онҳоро пеш аз ин барои ту боз гуфтаем ва пайғамбароне, ки саргузашти онҳоро баён накардаем. Ва Худованд бо Мўсо сухан гуфт. (Ва ин имтиёз аз они ў буд).

165       Пайғамбароне, ки башоратдиҳанда ва бимдиҳанда буданд, то баъд аз ин пайғамбарон, ҳуҷҷате барои мардум бар Худо боқӣ намонад (ва бар ҳама итмоми ҳуҷҷат шавад) ва Худованд Тавоно ва Ҳаким аст.

166       Вале Худованд гувоҳӣ медиҳад, ба он чӣ бар ту нозил карда, ки аз рўи илмаш нозил кардааст ва фариштагон (низ) гувоҳӣ медиҳанд, ҳар чанд гувоҳии Худованд кофӣ аст.

167       Касоне, ки кофир шуданд ва (мардумро) аз роҳи Худо боз доштанд, дар гумроҳии дуре гирифтор шудаанд.

168       Касоне, ки кофир шуданд ва (ба худ ва дигарон) ситам карданд, ҳаргиз Худо онҳоро нахоҳад бахшид ва ононро ба ҳеҷ роҳе ҳидоят нахоҳад кард.

169       Магар ба роҳи дўзах, кӣ ҷовидона дар он хоҳанд монд ва ин кор барои Худо осон аст.

170       Эй мардум! Пайғамбар (-е ки интизорашро мекашидед), ҳақро аз ҷониби парвардигоратон овард, ба ў имон биёваред, ки барои шумо беҳтар аст. Ва агар кофир шавед, (ба Худо зиёне намерасад, зеро) он чӣ дар осмонҳо ва замин аст, аз они Худост ва Худованд Доно ва Ҳаким аст.

171       Эй аҳли китоб! Дар дини худ ғулув (ва зиёдаравӣ) накунед. Ва дар бораи Худо ғайр аз ҳақ нагўед. Масеҳ, Исо Ибни Марям фақат фиристодаи Худо ва калима (ва махлуқи) Ўст, ки Ўро ба Марям илқо намуд ва рўҳи (шоистае) аз тарафи Ў буд. Бинобар ин ба Худо ва пайғамбарони Ў имон биёваред ва нагўед: «(Худованд) сегона аст». (Аз ин сухан) худдорӣ кунед, ки барои шумо беҳтар аст. Худо танҳо маъбуди ягона аст. Ў муназзаҳ аст, ки фарзанде дошта бошад, (балки) аз они Ўст он чӣ дар осмонҳо ва дар замин аст ва барои тадбир ва сарпарастии онҳо, Худованд кофӣ аст.

172       Ҳаргиз Масеҳ аз ин ибо надошт, ки бандаи Худо бошад ва на фариштагони муқарраби Ў (аз ин ибо доранд). Ва онҳо, ки аз убудият ва бандагии Ў рўй бартобанд ва такаббур кунанд, ба зудӣ ҳамаи онҳоро (дар қиёмат) назди худ ҷамъ хоҳад кард.

173       Аммо онҳо, ки имон оварданд ва аъмоли солеҳ анҷом доданд, подошашонро ба таври комил хоҳад дод ва аз фазлу бахшиши худ бар онҳо хоҳад афзуд. Ва онҳоро, ки ибо карданд ва такаббур варзиданд, муҷозоти дардноке хоҳад кард. Ва барои худ ғайр аз Худо сарпарасту ёваре нахоҳанд ёфт.

174       Эй мардум! Далели равшане аз тарафи парвардигоратон барои шумо омад ва нури ошкоре ба сўи шумо нозил кардем.

175       Аммо онҳо, ки ба Худо имон оварданд ва ба (он китоби осмонӣ) чанг заданд, ба зудӣ ҳамаро дар раҳмату фазли худ, дохил хоҳад сохт ва дар роҳи росте ба сўи худаш ҳидоят мекунад.

176       Аз ту (дар бораи ирси хоҳарону бародарон) савол мекунанд, бигў: «Худованд ҳукми калола (хоҳару бародар)-ро барои шумо баён мекунад: агар марде аз дуньё биравад, ки фарзанд надошта бошад ва барои ў хоҳаре бошад, нисфи амволеро, ки ба ҷо гузоштааст, аз ў (ирс) мебарад ва (агар хоҳаре аз дуньё биравад ва вориси ў як бародар бошад), ў тамоми молро аз он хоҳар ба ирс мебарад, дар сурате, ки (маййит) фарзанд надошта бошад ва агар ду хоҳар (аз ў) боқӣ бошанд, ду севвуми амволро (ирс) мебаранд ва агар бародарону хоҳарон бо ҳам бошанд, (тамоми амволро миёни худ тақсим мекунанд ва) барои ҳар мард, ду баробари саҳми зан аст. Худованд (аҳкоми худро) барои шумо баён мекунад, то гумроҳ нашавед. Ва Худованд ба ҳама чиз доност».

Ёсин

 

 

 

 

Охирин матолиб

Одоби тиловати Қуръон

Одоби тиловати Қуръон зиёд аст, ки ба муҳимтарини онҳо ишора мекунем: 1. Бо таҳорат тиловат кардан 2. Мисвок задан (шустани дандонҳо) қабл аз Қуръон хондан,...

тарҷума

Тарҷумаи СУРАИ ИСРО

СУРАИ ИСРО Ин сура дар Макка нозил шуда ва 111 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Муназзаҳ аст Зоте, ки бандаашро шабонгоҳе аз Масҷид-ул-ҳаром...