Тарҷумаи сураи Моида

Ин сура дар Мадина нозил шуда ва дорои 120 оят аст.

Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар.

1               Эй касоне, ки имон овардаед! Ба паймонҳо (ва қарордодҳо) вафо кунед.

Чаҳорпоён (ва ҷанини онҳо) барои шумо ҳалол шудааст, магар он чӣ бар шумо хонда мешавад (ва истисно хоҳад шуд). Ва дар ҳангоми эҳром, шикорро ҳалол нашуморед. Худованд ҳар чӣ бихоҳад (ва маслиҳат бошад), ҳукм мекунад.

2               Эй касоне, ки имон овардаед! Шаоир ва ҳудуди илоҳӣ (ва маросими ҳаҷро мўҳтарам бишуморед ва мухолифати бо онҳо)-ро ҳалол надонед ва на моҳи ҳаромро ва на қурбониҳои бенишон ва нишондорро. Ва на онҳоро, ки ба қасди хонаи Худо барои ба даст овардани фазли Парвардигор ва хушнудии Ў меоянд. Аммо ҳангоме, ки аз эҳром берун омадед, шикор кардан барои шумо монее надорад . Ва хусумат бо ҷамъияте, ки шуморо аз омадан ба Масҷид-ул-ҳаром (дар соли Ҳудайбия) боз доштанд, набояд шуморо водор ба таадӣ ва таҷовуз кунад. Ва (ҳамвора) дар роҳи некӣ ва парҳезгорӣ бо ҳам таовун кунед. Ва (ҳаргиз) дар роҳи гуноҳу таҷовуз ҳамкорӣ нанамоед. Ва аз (мухолифати фармони) Худо бипарҳезед, ки муҷозоти Худо шадид аст!

3               Гўшти мурдор ва хун ва гўшти хук ва ҳайвоноте, ки ба ғайри номи Худо зибҳ шаванд ва ҳайвоноти хафашуда ва ба заҷр кушташуда ва онҳо, ки бар асари партобшудан аз баландӣ бимиранд ва онҳо, ки ба зарби шохи ҳайвони дигаре мурда бошанд ва боқимондаи шикори ҳайвони дарранда – магар он ки (дар вақти худ ба он ҳайвон бирасед ва) онро сар бибуред – ва ҳайвоноте, ки рўи бутҳо (ё дар баробари онҳо) зибҳ мешаванд, (ҳама) бар шумо ҳаром шудааст. Ва (ҳамчунин) қисмат кардани гўшти ҳайвон ба василаи чўбаҳои тири махсуси бахтозмоӣ, тамоми ин аъмол, фисқу гуноҳ аст. – Имрўз, кофирон аз (зоил шудани) оини шумо маъюс шуданд, бинобар ин аз онҳо натарсед ва аз (мухолифати) ман битарсед! Имрўз дини шуморо комил кардам ва неъмати худро бар шумо тамом намудам ва Исломро ба унвони оини (ҷовидони) шумо пазируфтам, — аммо онҳо, ки дар ҳоли гуруснагӣ, дасташон ба хўроки дигаре нарасад ва моил ба гуноҳ набошанд, (монее надорад, ки аз гўштҳои манъшуда бихўранд). Худованд Омурзанда ва Меҳрубон аст.

4               Аз ту савол мекунанд, чӣ чизҳое барои онҳо ҳалол шудааст? Бигў: «Он чӣ покиза аст, барои шумо ҳалол гардида ва (низ) сайди ҳайвоноти шикорӣ ва сагҳои омўхташуда (ва тарбиятёфта), ки аз он чӣ Худованд ба шумо таълим додааст, ба онҳо ёд додаед, (барои шумо ҳалол аст). Пас, аз он чӣ ин ҳайвонот барои шумо (шикор мекунанд ва) нигоҳ медоранд, бихўред ва номи Худоро (дар ҳангоми фиристодани ҳайвон барои шикор), бар он бубаред ва аз (маъсияти) Худо бипарҳезед, ки Худованд саре-ул-ҳисоб аст».

5               Имрўз чизҳои покиза барои шумо ҳалол шуда ва (ҳамчунин) таоми аҳли китоб бар шумо ҳалол шудааст ва таоми шумо бар онҳо ҳалол аст. Ва (низ) занони покдоман аз мусалмонон ва занон покдоман аз аҳли китоб, ҳалоланд, ҳангоме, ки маҳри онҳоро бипардозед ва покдоман бошед, на зинокор ва на дўсти пинҳонӣ ва номашрўъ гиред. Ва касе, ки инкор кунад он чиро бояд ба он имон биёварад, аъмоли ў табоҳ мегардад ва дар сарои дигар аз зиёнкорон хоҳад буд.

6               Эй касоне, ки имон овардаед! Ҳангоме, ки ба намоз меистед, чеҳра ва дастҳоро то оринҷ бишўед. Ва сар ва поҳоро то мафсал (баромадагии пушти по) масҳ кунед. Ва агар ҷунуб бошед, худро бишўед (ва ғусл кунед). Ва агар бемор ё мусофир бошед ё яке аз шумо аз маҳалли пасте омада (қазои ҳоҷат карда) ё бо занон тамос гирифта (ва омезиши ҷинсӣ кардаед) ва об (барои ғусл ё вузў) наёбед, бо хоки поке таямум кунед. Ва аз он бар чеҳра (пешонӣ) ва дастҳо бикашед. Худованд намехоҳад мушкиле барои шумо эҷод кунад, балки мехоҳад шуморо пок созад ва неъматашро бар шумо тамом намояд, шояд шукри Ўро ба ҷо оваред.

7               Ва ба ёд оваред неъмати Худоро бар шумо ва паймонеро, ки бо таъкид аз шумо гирифт, он замон, ки гуфтед: «Шунидем ва итоат кардем». Ва аз (мухолифати фармони) Худо бипарҳезед, ки Худо аз он чӣ даруни синаҳост, огоҳ аст.

8               Эй касоне, ки имон овардаед! Ҳамвора барои Худо қиём кунед ва аз рўи адолат гувоҳӣ диҳед. Душманӣ бо ҷамъияте, шуморо ба гуноҳу тарки адолат накашонад. Адолат кунед, ки ба парҳезгорӣ наздиктар аст. Ва аз (маъсияти) Худо бипарҳезед, ки Худованд аз он чӣ анҷом медиҳед бохабар аст.

9               Худованд ба онҳо, ки имон оварда ва аъмоли солеҳ анҷом додаанд, ваъдаи омурзиш ва подоши бузурге додааст.

10           Ва касоне, ки кофир шуданд ва оятҳои моро инкор карданд, аҳли дўзаханд.

11           Эй касоне, ки имон овардаед! Неъматеро, ки Худо ба шумо бахшид, ба ёд оваред, он замон, ки ҷамъе (аз душманон) қасд доштанд, даст ба сўи шумо дароз кунанд (ва шуморо аз миён бардоранд), аммо Худо дасти онҳоро аз шумо боз дошт. Аз Худо бипарҳезед. Ва мўъминон бояд танҳо бар Худо таваккул кунанд.

12           Худо аз Банӣ Исроил паймон гирифт. Ва аз онҳо давоздаҳ нақиб (сарпараст) барангехтем. Ва Худованд (ба онҳо) гуфт: «Ман бо шумо ҳастам, агар намозро барпо доред ва закотро бипардозед ва ба расулони ман имон биёваред ва онҳоро ёрӣ кунед ва ба Худо қарзулҳасана бидиҳед, (дар роҳи Ў ба ниёзмандон кўмак кунед), гуноҳони шуморо мепўшонам (мебахшам) ва шуморо дар боғҳое аз биҳишт, ки наҳрҳо аз зери дарахтонаш ҷорӣ аст, дохил мекунам. Аммо ҳар кас аз шумо баъд аз ин кофир шавад, аз роҳи рост мунҳариф гардидааст.

13           Вале ба хотири паймоншиканӣ, онҳоро аз раҳмати худ дур сохтем ва дилҳои ононро сахт ва сангин намудем. Суханон (-и Худо)-ро аз мавридаш таҳриф мекунанд ва бахше аз он чиро ба онҳо гўшзад шуда буд, фаромўш карданд. Ва ҳар замон аз хиёнати (наве) аз онҳо огоҳ мешавӣ, магар шумори каме аз онон, вале аз онҳо даргузар ва сарфиназар кун, ки Худованд некўкоронро дўст медорад.

14           Ва аз касоне, ки даъвои насроният (ва ёрии масеҳ) доштанд (низ), паймон гирифтем, вале онҳо қисмати муҳиммеро аз он чӣ ба онон тазаккур дода шуда буд, фаромўш карданд, аз ин рў, дар миёни онҳо то доманаи қиёмат, адовату душманӣ афкандем. Ва Худованд (дар қиёмат) онҳоро аз он чӣ анҷом медоданд (ва натоиҷи он), огоҳ хоҳад сохт.

15           Эй аҳли китоб! Пайғамбари мо, ки бисьёре аз ҳақоиқи китоби осмониро, ки шумо пинҳон мекардед, равшан месозад, ба сўи шумо омад ва аз бисьёре аз он, (ки ҳамакнун ифшои он маслиҳат нест), сарфиназар менамояд. (Оре), аз тарафи Худо Нур ва Китоби ошкоре ба сўи шумо омад.

16           Худованд ба баракати он, касонеро, ки аз хушнудии ў пайравӣ кунанд, ба роҳҳои саломат ҳидоят мекунад ва ба фармони худ аз торикиҳо ба сўи равшаноӣ мебарад ва онҳоро ба сўи роҳи рост, раҳбарӣ менамояд.

17           Онҳо, ки гуфтанд: «Худо, ҳамон Масеҳ ибни Марям аст», ба таври ҳатмӣ кофир шуданд, бигў: «Агар Худо бихоҳад Масеҳ ибни Марям ва модараш ва ҳамаи касоне, ки рўи замин ҳастанд, ҳалок кунад, чӣ касе метавонад пешгирӣ кунад? (Оре), ҳукумати осмонҳо ва замин ва он чӣ миёни он ду қарор дорад, аз они Худост, ҳар чӣ бихоҳад меофаринад, (ҳатто инсони бепадар, монанди Масеҳ). Ва Ў бар ҳар чизе тавоност».

18           Яҳуд ва насоро гуфтанд: «Мо фарзандони Худо ва дўстони (хосси) Ў ҳастем». Бигў: «Пас чаро шуморо дар баробари гуноҳонатон муҷозот мекунад?! Балки шумо ҳам башаре ҳастед, аз махлуқоте, ки офаридааст. Ҳар касро бихоҳад (ва шоиста бидонад) мебахшад ва ҳар касро бихоҳад (ва мустаҳақ бидонад), муҷозот мекунад. Ва ҳукумати осмонҳо ва замин ва он чӣ дар миёни онҳост, аз они Ўст ва бозгашти ҳамаи мавҷудот ба сўи Ўст».

19           Эй аҳли китоб! Расули мо пас аз фосила ва фатрате миёни пайғамбарон, ба сўи шумо омад, дар ҳоле, ки ҳақоиқро барои шумо баён мекунад, то мабодо (рўзи қиёмат) бигўед: «На башоратдиҳандае ба суроғи мо омад ва на бимдиҳандае». (Ҳамакнун пайғамбари) башоратдиҳанда ва бимдиҳанда ба сўи шумо омад. Ва Худованд бар ҳама чиз тавоност.

20           (Ба ёд оваред) ҳангомеро, ки Мўсо ба қавми худ гуфт: «Эй қавми ман! Неъмати Худоро бар худ ёдовар шавед, ҳангоме, ки дар миёни шумо пайғамбароне қарор дод (ва занҷири бандагӣ ва асорати фиръавниёнро шикаст) ва шуморо ҳоким ва соҳибихтиёри худ қарор дод ва ба шумо чизҳое бахшид, ки ба ҳеҷ як аз ҷаҳониён надода буд.

21           Эй қавм! Ба сарзамини муқддасе, ки Худованд барои шумо муқаррар доштааст, дохил шавед ва ба пушти сари худ боз нагардед (ва ақибгардӣ накунед), ки зиёнкор хоҳед буд».

22           Гуфтанд: «Эй Мўсо! Дар он (сарзамин) ҷамъияти (нерўманде ва) ситамгар ҳастанд. Ва мо ҳаргиз дохили он намешавем, то онҳо аз он хориҷ шаванд. Агар онҳо аз он хориҷ шаванд, мо дохил хоҳем шуд».

23           (Вале) ду нафар аз мардоне, ки аз Худо метарсиданд ва Худованд ба онҳо неъмат (-и ақлу имону шаҳомат) дода буд, гуфтанд: «Шумо дохили дарвозаи шаҳри онон шавед, ҳангоме, ки дохил шудед, пирўз хоҳед шуд. Ва бар Худо таваккул кунед, агар имон доред».

24           (Банӣ Исроил) гуфтанд: «Эй Мўсо! То онҳо дар он ҷо ҳастанд, мо ҳаргиз дохил нахоҳем шуд. Ту ва Парвардигорат биравед ва (бо онон) биҷангед, мо ҳамин ҷо нишастаем».

25           (Мўсо) гуфт: «Парвардигоро! Ман танҳо ихтиёри худам ва бародарамро дорам, миёни мо ва ин ҷамъияти гунаҳкор ҷудоӣ бияфкан».

26           Худованд (ба Мўсо) гуфт: «Ин сарзамин (-и муқаддас) то чиҳил сол бар онҳо манъ аст (ва ба он нахоҳанд расид), пайваста дар замин (дар ин биёбон) саргардон хоҳанд буд. Ва дар бораи (сарнавишти) ин ҷамъияти гунаҳкор ғамгин мабош».

27           Ва достони ду фарзанди Одамро ба ҳақ бар онҳо бихон: ҳангоме, ки ҳар кадом коре барои тақарруб (ба парвардигор) анҷом доданд, аммо аз яке пазируфта шуд ва аз дигарӣ пазируфта нашуд. (Бародаре, ки амалаш рад шуда буд, ба бародари дигар) гуфт: «Ба Худо савганд, туро хоҳам кушт!». (Бародари дигар) гуфт: («Ман чӣ гуноҳе дорам? Зеро) Худо танҳо аз парҳезгорон мепазирад.

28           Агар ту барои куштани ман даст дароз кунӣ, ман ҳаргиз ба қатли ту даст намекушоям, чун аз парвардигори ҷаҳониён метарсам.

29           Ман мехоҳам, ту бо гуноҳи ман ва худат (аз ин амал) боз гардӣ (ва бори ҳар ду гуноҳро бар дўш кашӣ) ва аз дўзахиён гардӣ. Ва ҳамин аст сазои ситамкорон!».

30           Нафси саркаш, кам-кам ўро ба куштани бародараш тарғиб кард, (саранҷом) ўро кушт ва аз зиёнкорон шуд.

31           Сипас Худованд зоғеро фиристод, ки дар замин ҷустуҷў (ва кофту ков) мекард, то ба ў нишон диҳад, чӣ гуна ҷасади бародари худро дафн кунад. Ў гуфт: «Вой бар ман! Оё ман натавонистам мисли ин зоғ бошам ва ҷасади бародарамро дафн кунам?!». Ва саранҷом (аз тарси расвоӣ ва бар асари фишори виҷдон, аз кори худ) пушаймон шуд.

32           Ба ҳамин ҷиҳат бар Банӣ Исроил муқаррар доштем, ки ҳар кас инсонеро беиртикоби қатл ё фасод дар рўи замин бикушад, чунон аст, ки гўё ҳамаи инсонҳоро куштааст. Ва ҳар кас инсонеро аз марг раҳоӣ бахшад, чунон аст, ки гўё ҳамаи мардумро зинда кардааст. Ва расулони мо далелҳои равшан барои Банӣ Исроил оварданд, аммо бисёре аз онҳо пас аз он, дар рўи замин таҷовуз ва исроф карданд.

33           Кайфари онҳо, ки бо Худо ва пайғамбараш ба ҷанг бар мехезанд ва иқдом ба фасод дар рўи замин мекунанд (ва бо таҳдиди аслиҳа, ба ҷону молу номуси мардум ҳамла мебаранд), фақат ин аст, ки эъдом шаванд ё ба дор овехта шаванд ё (чаҳор ангушт аз) даст (-и рост) ва пои (чапи) онҳо ба акси якдигар бурида шавад ва ё аз сарзамини худ табъид гарданд. Ин расвоии онҳо дар дунёст ва дар охират муҷозоти бузурге доранд.

34           Магар онҳо, ки пеш аз даст ёфтани шумо бар онон, тавба кунанд, пас бидонед (Худо тавбаи онҳоро мепазирад). Худованд Омурзанда ва Меҳрубон аст.

35           Эй касое, ки иомн овардаед! Аз (мухолифати фармони) Худо бипарҳезед. Ва василае барои тақарруб ба Ў биҷўед. Ва дар роҳи Ў ҷиҳод кунед, бошад, ки растагор шавед.

36           Ба яқин касоне, ки кофир шуданд, агар тамоми он чӣ рўи замин аст ва монанди он, моли онҳо бошад ва ҳамаи онро барои наҷот аз кайфари рўзи қиёмат бидиҳанд, аз онон пазируфта нахоҳад шуд ва муҷозоти дардноке хоҳанд дошт.

37           Пайваста мехоҳанд аз оташ хориҷ шаванд, вале наметавонанд аз он хориҷ гарданд. Ва барои онҳо муҷозоти пойдоре аст.

38           Дасти марди дузд ва зани дуздро ба кайфари амале, ки анҷом додаанд, ба унвони як муҷозоти илоҳӣ қатъ кунед. Ва Худованд Тавоно ва Ҳаким аст.

39           Аммо он кас, ки пас аз ситам кардан, тавбаву ҷуброн намояд, Худованд тавбаи ўро мепазирад (ва аз ин муҷозот маоф мешаванд, зеро) Худованд Омурзанда ва Меҳрубон аст.

40           Оё намедонӣ, ки ҳукумат ва фармонравоии осмонҳо ва замин аз они Худост?! Ҳар касро бихоҳад (ва мустаҳақ бидонад), кайфар мекунад ва ҳар касро бихоҳад ва шоиста бидонад, мебахшад. Ва Худованд бар ҳар чизе қодир аст.

41           Эй фиристода (-и Худо)! Онҳо, ки дар роҳи куфр шитоб мекунанд ва бо забон мегўянд: «Имон овардем» ва қалби онҳо имон наовардааст, туро андўҳгин насозад! Ва (ҳамчунин) гурўҳе аз яҳудиён, ки хуб ба суханони ту гўш медиҳанд, то дастовезе барои инкори ту биёбанд, онҳо ҷосусони гурўҳи дигаре ҳастанд, ки худашон назди ту наёмадаанд, онҳо суханонро аз маънои аслиаш таҳриф мекунанд ва (ба якдиагр) мегўянд: «Агар ин (ки мо мехоҳем) ба шумо дода шуд (ва Муҳаммад бар тибқи хостаи шумо доварӣ кард), бипазиред вагарна (аз ў) дурӣ кунед». (Вале) касеро, ки Худо (бар асари гуноҳони пай дар пайи ў) бихоҳад муҷозот кунад, қодир ба дифоъ аз ў нестӣ. Онҳо касоне ҳастанд, ки Худо нахостааст дилҳояшонро пок кунад. Дар дунё расвоӣ ва дар охират муҷозоти бузурге насибашон хоҳад шуд.

42           Онҳо бисёр ба суханони ту гўш медиҳанд, то онро инкор кунанд. Моли ҳаром фаровон мехўранд, пас агар назди ту омаданд, дар миёни онон доварӣ кун ё (агар салоҳ донистӣ), онҳоро ба ҳоли худ вогузор. Ва агар аз онон сарфиназар кунӣ, ба ту ҳеҷ зиёне намерасонанд. Ва агар миёни онҳо доварӣ кунӣ, бо адолат доварӣ кун, ки Худо одилонро дўст дорад.

43           Чӣ гуна туро ба доварӣ металабанд?! Дар ҳоле, ки Таврот назди онҳо аст. Ва дар он ҳукми Худо ҳаст. (Вонгаҳе) пас аз доварӣ хостан аз ҳукми ту, (чаро) рўй мегардонанд?! Онҳо мўъмин нестанд.

44           Мо Тавротро нозил кардем, дар ҳоле, ки дар он ҳидояту нур буд. Ва пайғамбарон, ки дар баробари фармони Худо таслим буданд, бо он барои яҳуд ҳукм мекарданд. Ва (ҳамчунин) уламо ва донишмандон, ба ин китоб, ки ба онҳо супурда шуда ва бар он гувоҳ буданд, доварӣ менамуданд. Бинобар ин (ба хотири доварӣ бар тибқи оятҳои илоҳӣ), аз мардум наҳаросед ва аз ман битарсед ва оятҳои маро ба баҳои ночиз нафурўшед. Ва онҳо, ки ба аҳкоме, ки Худо нозил кардааст, ҳукм намекунанд, кофиранд.

45           Ва бар онҳо (Банӣ Исроил) дар он (Таврот) муқаррар доштем, ки ҷон дар муқобили ҷон ва чашм дар муқобили чашм ва бинӣ дар баробари бинӣ ва гўш дар муқобили гўш ва дандон дар баробари дандон мебошад. Ва ҳар захме қисос дорад. Ва агар касе онро бубахшад (ва аз қисос сарфиназар кунад), каффораи (гуноҳони) ў ҳисоб мешавад ва ҳар кас ба аҳкоме, ки Худо нозил кардааст, ҳукм накунад ситамгар аст.

46           Ва дар пайи онҳо (пайғамбарони пешин), Исо инби Марямро фиристодем, дар ҳоле, ки китоби Тавротро, ки пеш аз ў фиристода шуда буд, тасдиқ дошт. Ва Инҷилро ба ў додем, ки дар он ҳидояту нур буд. Ва (ин китоби осмонӣ низ), Тавротро, ки пеш аз он буд, тасдиқ мекард ва ҳидоят ва мавъизае барои парҳезгорон буд.

47           Аҳли Инҷил (пайравони Масеҳ) низ, бояд ба он чӣ Худованд дар он нозил кардааст, ҳукм кунанд. Ва касоне, ки бар тибқи он чӣ Худо нозил кардааст, ҳукм намекунанд, фосиқанд.

48           Ва ин китоб (Қуръон)-ро ба ҳақ бар ту нозил кардем, дар ҳоле, ки киобҳои пешинро тасдиқ мекунад ва ҳофизу нигаҳбони онҳост. Пас бар тибқи аҳкоме, ки Худо нозил кардааст, дар миёни онҳо ҳукм кун ва аз ҳавою ҳавасҳои онон пайравӣ накун ва аз ҳакоми илоҳӣ рўй магардон. Мо барои ҳар кадом аз шумо оин ва тариқаи равшане қарор додем ва агар Худо мехост, ҳамаи шуморо уммати воҳиде қарор медод, вале Худо мехоҳад, шуморо дар он чӣ ба шумо бахшидааст, имтиҳон кунад (ва истеъдодҳои мухталифи шуморо парвариш диҳад). Пас дар некиҳо бар якдигар сибқат ҷўед. Бозгашти ҳамаи шумо ба сўи Худост, сипас аз он чӣ дар он ихтилоф мекардед, ба шумо хабар хоҳад дод.

49           Ва дар миёни онҳо (аҳли китоб), тибқи он чӣ Худованд нозил кардааст, доварӣ кун ва аз ҳавою ҳавасҳои онон пайравӣ макун ва аз онҳо барҳазар бош, мабодо туро аз баъзе аҳкоме, ки Худо бар ту нозил кардааст, мунҳариф созанд. Ва агар онҳо (аз ҳукм ва доварии ту) рўй гардонанд, бидон, ки Худованд мехоҳад, ононро ба хотири порае аз гуноҳонашон муҷозот кунад. Ва бисёре аз мардум фосиқанд.

50           Оё онҳо ҳукми ҷоҳилиятро (аз ту) мехоҳанд?! Ва чӣ касе беҳтар аз Худо барои қавме, ки аҳли яқин ҳастанд, ҳукм мекунад?!

51           Эй касоне, ки имон овардаед! Яҳуд ва насороро валӣ (ва дўсту такягоҳи худ) интихоб накунед. Онҳо дўстони якдигаранд. Ва касоне, ки аз шумо бо онон дўстӣ кунанд, аз онҳо ҳастанд. Худованд ҷамъияти ситамкорро ҳидоят намекунад.

52           (Вале) касонеро, ки дар дилҳояшон беморӣ аст, мебинӣ, ки дар (дўстӣ бо онҳо) бар якдигар пешӣ мегиранд ва мегўянд: «Метарсем ҳодисае барои мо иттифоқ бияфтад (ва ниёз ба кўмаки онҳо дошта бошем)». Шояд Худованд пирўзӣ ё ҳодисаи дигаре аз сўи худ (ба нафъи мусулмонон) пеш биёварад. Ва ин даста аз он чӣ дар дил пинҳон доштанд, пушаймон гарданд.

53           Онҳо, ки имон овардаанд, мегўянд: «Оё ин (мунофиқон) ҳамонҳо ҳастанд, ки бо ниҳояти таъкид ба Худо савганд ёд карданд, ки бо шумо ҳастанд?! (Чаро корашон ба ин ҷо расид?!)». (Оре), аъмолашон нобуд гашт ва зиёнкор шуданд.

54           Эй касоне, ки имон овардаед! Ҳар кас аз шумо аз оини худ боз гардад, (ба Худо зиёне намерасонад), Худованд ҷамъиятеро меоварад, ки онҳоро дўст дорад ва онон (низ) Ўро дўст доранд, дар баробари мўъминон мутавозеъ ва дар баробари кофирон сарсахту нерўманд ҳастанд. Онҳо дар роҳи Худо ҷиҳод мекунанд ва аз сарзаниши ҳеҷ маломатгаре ҳаросе надоранд. Ин фазли Худост, ки ба ҳар кас бихоҳад (ва шоиста бибинад), медиҳад. Ва (фазли) Худо васеъ ва Худованд доност.

55           Сарпараст ва валии шумо, танҳо Худост ва пайғамбари Ў ва онҳо, ки имон овардаанд, ҳамонҳо, ки намозро барпо медоранд ва дар ҳоли рукўъ, закот медиҳанд.

56           Ва касоне, ки вилояти Худо ва пайғамбари Ў ва ашхоси бо имонро бипазиранд, (пирўзанд, зеро) ҳизб ва ҷамъияти Худо пирўз аст.

57           Эй касоне, ки имон овардаед! Ашхосе аз аҳли китоб, ки оини шуморо ба боди масхара ва бозӣ мегиранд ва мушриконро дўсти худ интихоб накунед ва аз Худо бипарҳезед, агар имон доред.

58           Онҳо ҳангоме, ки (аз он мегўед ва мардумро) ба намоз фаро мехонед, онро ба масхара ва бозӣ мегиранд, ин ба хотири он аст, ки онҳо ҷамъе бехираданд.

59           Бигў: «Эй аҳли китоб! Оё моро ба айб мегиред?! (Магар мо чӣ кардаем?!), ҷуз ин ки ба Худованди Ягона ва ба он чӣ бар мо нозил шуда ва ба он чӣ пеш аз ин нозил гардидааст, имон овардаем. Ва ин ба хотири он аст, ки бештари шумо аз роҳи ҳақ хориҷ шудаед».

60           Бигў: «Оё шуморо аз касоне, ки ҷойгоҳ ва подошашон назди Худо бадтар аз ин аст, бо хабар кунам? Касоне, ки Худованд онҳоро аз раҳмати худ дур сохта ва мавриди хашм қарор дода (ва масх кардааст) ва аз онҳо маймунҳо ва хукҳое қарор додааст ва парастиши бут кардаанд, ҷойгоҳ ва маҳалли онҳо бадтар аст ва аз роҳи рост гумроҳтаранд».

61           Ҳангоме, ки назди шумо меоянд, мегўянд: «Имон овардаем», (аммо) бо куфр дохил мешаванд ва бо куфр хориҷ мегарданд. Ва Худованд аз он чӣ пинҳон мекарданд, огоҳтар аст.

62           Бисёре аз ононро мебинӣ, ки дар гуноҳу таҷовуз ва хўрдани моли ҳаром, шитоб мекунанд. Чӣ зишт аст коре, ки анҷом медоданд!

63           Чаро донишмандони насоро ва уламои яҳуд, онҳоро аз суханони гуноҳомез ва хўрдани моли ҳаром, наҳй намекунанд?! Чӣ зишт аст амале, ки анҷом медоданд!

64           Ва яҳуд гуфтанд: «Дасти Худо (бо занҷир) бастааст». Дастоҳояшон баста бод! Ва ба хотири ин сухан аз раҳмат (-и илоҳӣ) дур шаванд! Балки ҳар ду дасти (қудрати) Ў кушодааст, ҳар гуна бихоҳад, мебахшад. Вале ин оятҳо, ки аз тарафи Парвардигорат бар ту нозил шудааст, бар туғёну куфри бисёре аз онҳо меафзояд. Ва мо дар миёни онҳо то рўзи қиёмат, адовату душманӣ афкандем. Ҳар змон оташи ҷанге афрўхтанд, Худованд онро хомўш сохт. Ва барои фасод дар замин талош мекунанд ва Худованд муфсидонро дўст надорад.

65           Ва агар аҳли китоб имон биёваранд ва тақво пеша кунанд, гуноҳони онҳоро мебахшем ва онҳоро дар боғҳои пурнеъмати биҳишт, дохил месозем.

66           Ва агар онон, Таврот ва Инҷил ва он чиро аз сўи Парвардигорашон бар онҳо нозил шудааст (Қуръон), барпо доранд, аз осмону замин, рўзӣ хоҳанд хўрд. Ҷамъе аз онҳо мўътадилу миёнарав ҳастанд, вале бештарашон аъмоли баде анҷом медиҳанд.

67           Эй Пайғамбар! Он чӣ аз тарафи Парвардигорат бар ту нозил шудааст, комилан (ба мардум) бирасон ва агар накунӣ, рисолати Ўро анҷом надодаӣ. Худованд туро аз (хатарҳои эҳтимолии) мардум нигоҳ медорад. Ва Худованд ҷамъияти кофирон (-и саркаш)-ро ҳидоят намекунад.

68           Бигў: «Эй аҳли китоб! Шумо ҳеҷ оини саҳеҳе надоред, магар ин ки Таврот ва Инҷил ва он чиро аз тарафи Парвардигоратон бар шумо нозил шудааст, барпо доред». Вале он чӣ бар ту аз сўи Парвардигорат нозил шуда, (на танҳо сабаби бедории онҳо намегардад, балки) бар туғёну куфри бисёре аз онҳо меафзояд. Бинобар ин аз ин қавми кофир (ва мухолифати онҳо) ғамгин мабош.

69           Онҳо, ки имон овардаанд ва яҳуд ва собион ва масеҳиён, ҳар гоҳ ба Худованди Ягона ва рўзи ҷазо имон биёваранд ва амали солеҳ анҷом диҳанд, на тарсе бар онҳост ва на ғамгин хоҳанд шуд.

70           Мо аз Банӣ Исроил паймон гирифтем ва расулоне ба сўи онҳо фиристодем, (вале) ҳар замон пайғамбаре ҳукме бар хилофи ҳавасҳо ва дилхоҳи онҳо меовард, гурўҳеро инкор мекарданд ва гурўҳеро мекуштанд.

71           Гумон карданд муҷозоте дар кор нахоҳад буд, аз ин рў (аз дидани ҳақиқатҳо ва шунидани суханони ҳақ), нибино ва кар шуданд, сипас (бедор гаштанд ва) Худованд тавбаи онҳоро пазируфт, бори дигар (дар хоби ғафлат фурў рафтанд ва) бисёре аз онҳо кўру кар шуданд. Ва Худованд ба он чӣ анҷом медиҳанд, Биност.

72           Онҳо, ки гуфтанд: «Худованд ҳамон Масеҳ ибни Марям аст», ба яқин кофир шуданд, (бо ин ки худи) Масеҳ гуфт: «Эй Банӣ Исроил! Худованди Ягонаро, ки Парвардигори ман ва шумост, парастиш кунед. Зеро ҳар кас шарике барои Худо қарор диҳад, Худованд биҳиштро бар ў ҳаром кардааст ва ҷойгоҳи ў дўзах аст ва ситамкорон ёру ёваре надоранд.

73           Онҳо, ки гуфтанд: «Худованд яке аз се худост», (низ) ба яқин кофир шуданд. Маъбуде ҷуз Маъбуди Ягона нест. Ва агар аз он чӣ мегўянд, даст барнадоранд, азоби дардноке ба кофирони онҳо, (ки рўи ин ақида истодагӣ кунанд), хоҳад расид.

74           Оё ба сўи Худо боз намегарданд ва аз ў талаби омурзиш намекунанд?! (Дар ҳоле, ки) Худованд Омурзандаи Меҳрубон аст.

75           Масеҳ фарзанди Марям, фақат фиристода (-и Худо) буд. Пеш аз вай низ, фиристодагони дигаре буданд. Модараш, зани бисёр ростгўе буд, ҳар ду хўрок мехўрданд. (Бо ин ҳол чӣ гуна даъвои улуҳияти масеҳ ва парастиши Марямро доред?!). Бингар чӣ гуна нишонаро барои онҳо ошкор месозем, сипас бингар чӣ гуна аз ҳақ бозгардонда мешаванд!

76           Бигў: «Оё ҷуз Худо чизеро мепарастед, ки молики суду зиёни шумо нест?! Ва Худованд Шунаво ва Доност».

77           Бигў: «Эй аҳли китоб! Дар дини худ ғулув (ва зиёдаравӣ) накунед ва ғайр аз ҳақ нагўед ва аз ҳавасҳои ҷамъияте, ки пештар гумроҳ шуданд ва дигаронро гумроҳ карданд ва аз роҳи рост мунҳариф гаштанд, пайравӣ нанамоед».

78           Кофирони Банӣ Исроил бар забони Довуд ва Исо ибни Марям лаън (ва нафрин) шуданд. Ин ба хотири он буд, ки гуноҳ карданд ва таҷовуз менамуданд.

79           Онҳо аз аъмоли зиште, ки анҷом медоданд, якдигарро наҳй намекарданд, чӣ кори баде анҷом медоданд!

80           Бисёре аз онҳоро мебинӣ, ки кофирон (ва бутпарастон)-ро дўст медоранд (ва бо онҳо тарҳи дўстӣ мерезанд). Нафси (саркаши) онҳо, чӣ аъмоли бад аз пеш барои (маоди) онҳо фиристод, ки натиҷаи он хашми Худованд буд ва дар азоби (илоҳӣ) ҷовидона хоҳанд монд.

81           Ва агар ба Худо ва Пайғамаб (с) ва он чӣ бар ў нозил шудааст, имон меоварданд, (ҳаргиз) онон (кофирон)-ро ба дўстӣ ихтиёр намекарданд, вале бисёре аз онҳо фосиқанд.

82           Ба таври ҳатмӣ душмантарини мардум нисбат ба мўъминонро, яҳуд ва мушрикон хоҳӣ ёфт. Ва наздиктарини дўстон ба мўъминонро касоне меёбӣ, ки мегўянд: «Мо насоро ҳастем». Ин ба хотири он аст, ки дар миёни онҳо ашхоси олиме ва торики дунё ҳастанд ва онҳо (дар баробари ҳақ), такаббур намеварзанд.

83           Ва ҳар замон оятҳоеро, ки бар Пайғамбар (-и Ислом) нозил шудааст, бишнаванд, чашмоҳи онҳоро мебинӣ, ки (аз шавқ) ашк мерезад, ба хотири ҳақиқате, ки дарёфтаанд, онҳо мегўянд: «Парвардигоро! Имон овардем, пас моро бо гувоҳон (ва шоҳидони ҳақ дар зумраи ёрони Муҳаммад) бинавис.

84           Чаро мо ба Худо ва он чӣ аз ҳақ ба мо расидааст, имон наоварем, дар ҳоле, ки орзу дорем, Парвардигорамон моро дар зумраи солеҳон қарор диҳад?!».

85           Худованд ба хотири ин сухан ба онҳо боғҳое аз биҳишт подош дод, ки аз зери дарахтонаш наҳрҳо ҷорӣ аст, ҷовидона дар он хоҳанд монд. Ва ин аст ҷазои некўкорон!

86           Ва касоне, ки кофир шуданд ва оятҳои моро инкор карданд, ҳамонҳо аҳли дўзаханд.

87           Эй касоне, ки имон овардаед! Чизҳои покизаро, ки Худованд барои шумо ҳалол кардааст ҳаром накунед ва аз ҳад таҷовуз нанамоед, зеро Худованд мутаҷовизонро дўст намедорад.

88           Ва аз неъматҳои ҳалолу покизае, ки Худованд ба шумо рўзӣ додааст, бихўред. Ва аз (мухолифати) Худованде, ки ба Ў имон доред, бипарҳезед.

89           Худованд шуморо ба хотири савгандҳои беҳуда (ва холӣ аз ирода), муохиза намекунад, вале дар баробари савгандҳое, ки (аз рўи ирода) маҳкам кардаед, муохиза менамояд. Каффораи ин гуна қасамҳо, таом додани даҳ нафар мустаманд аз хўрокҳои оддӣ аст, ки ба хонаводаи худ медиҳед ё либос пўшондан бар он даҳ нафар ва ё озод кардани як барда. Ва касе, ки ҳеҷ кадом аз инҳоро наёбад, се рўз рўза мегирад. Ин каффораи савгандҳои шумост, дар ҳангоме, ки савганд ёд мекунед (ва мухолифат менамоед). Ва савгандҳои худро ҳифз кунед ва (нашиканед). Худованд оятҳои худро ин чунин барои шумо баён мекунад, шояд шукри Ўро ба ҷо оваред.

90           Эй касоне, ки имон овардаед! Шаробу қимору бутҳо ва азлом (як навъ бахтозмоӣ), палид ва аз амали шайтон аст, аз онҳо дурӣ кунед, то растагор шавед.

91           Шайтон мехоҳад ба василаи шаробу қимор, дар миёни шумо адовату кина, эҷод кунад ва шуморо аз ёди Худо ва аз намоз боздорад. Оё (бо ин ҳама зиён ва фасод ва бо ин наҳйи муаккад), худдорӣ хоҳед кард?!

92           Итоати Худо ва итоати Пайғамбар кунед ва (аз мухолифати фармони Ў) битарсед. Ва агар рўй баргардонед, (мустаҳаққи муҷозот хоҳед буд ва) бидонед бар Пайғамбари мо ҷуз иблоғи ошкор, чизи дигаре нест (ва ин вазифаро дар баробари шумо анҷом додааст).

93           Бар касоне, ки имон оварда ва аъмоли солеҳ анҷом додаанд, гуноҳе дар он чӣ хўрдаанд, нест (ва нисбат ба нўшидани шароб, пеш аз нузули ҳукми ҳаром будан, муҷозот намешаванд), агар тақво пеша кунанд ва имон биёваранд ва аъмоли солеҳ анҷом диҳанд, сипас тақво пеша кунанд ва имон оваранд, сипас тақво пеша кунанд ва некӣ намоянд. Ва Худованд, некўкоронро дўст медорад.

94           Эй касоне, ки имон овардаед! Худованд шуморо ба чизе аз шикор, ки (ба наздикии шумо меояд, ба тавре, ки) дастҳо ва найзаҳоятон ба он мерасад, меозмояд, то маълум шавад, чӣ касе дар ниҳон аз Худо метарсад. Ва ҳар кас баъд аз он таҷовуз кунад, муҷозоти дардноке хоҳад дошт.

95           Эй касоне, ки имон овардаед! Дар ҳоли эҳром шикор накунед. Ва ҳар кас аз шумо қасдан онро ба қатл бирасонад, бояд каффорае баробари он аз чаҳорпоён бидиҳад, (каффорае, ки) ду нафари одил аз шумо, баробар будани онро тасдиқ кунанд ва ба сурати қурбонӣ ба (ҳарими) Каъба бирасад ё (ба ҷои қурбонӣ) итъоми мустамандон кунад ё баробари он рўза бигирад, то кайфари кори худро бичашад. Худованд гузаштаро афв карда, вале ҳар кас такрор кунад, Худо аз ў интиқом мегирад. Ва Худованд Тавоно ва соҳиби интиқом аст.

96           Сайди дарё ва таоми он барои шумо ва корвониён ҳалол аст, то (дар ҳоли эҳром), аз он баҳараманд шавед, вале модоме, ки мўҳрим ҳастед, шикори саҳро барои шумо ҳаром аст. Ва аз (нофармонии) Худое, ки ба сўи Ў маҳшур мешавед, битарсед!

97           Худованд Каъба – Байтулҳаром – ро василае барои устуворӣ ва сомон бахшидан ба кори мардум қарор дода ва ҳамчунин моҳи ҳаром ва қурбониҳои бенишон ва қурбониҳои нишондорро. Ин гуна аҳком (ҳисобшуда ва дақиқ) ба хотири он аст, ки бидонед, Худованд он чӣ да осмонҳо ва он чӣ дар замин аст, медонад. Ва Худо ба ҳар чизе Доност.

98           Бидонед Худо муҷозоти шадид, ва (дар айни ҳол) Омурзанда ва Меҳрубон аст.

99           Пайғамбар вазифае ҷуз расондани паём (-и илоҳӣ) надорад (ва масъули аъмоли шумо нест). Ва Худованд он чиро ошкор ва он чиро пинҳон медоред, медонад.

100       Бигў: «(Ҳеҷ гоҳ) нопоку пок баробар нестанд, ҳар чанд фузунии нопокҳо туро ба ҳайрат андозад. Аз (мухолифати) Худо бипарҳезед, эй соҳибони хирад, шояд растагор шавед.

101       Эй касоне, ки имон овардаед! Аз чизҳое напурсед, ки агар барои шумо ошкор гардад, шуморо нороҳат мекунад. Ва агар дар ҳаногоми нузули Қуръон, аз онҳо савол кунед, барои шумо ошкор мешавад. Худованд онҳоро бахшида (ва нодида гирифта) аст. Ва Худованд Омурзанда ва Бурдбор аст.

102       Ҷамъе аз пешиниёни шумо аз он савол карданд ва сипас бо он ба мухолифат бархостанд. (Мумкин аст шумо ҳам чунин санавиште пайдо кунед).

103       Худованд ҳеҷ гуна «баҳира» ва «соиба» ва «васила» ва «ҳом» қарор надодааст, (ишора ба чаҳор гуна аз ҳайвоноти аҳлӣ аст, ки дар замони ҷоҳилият истифода аз онҳоро ба иллатҳое ҳаром медонистанд. Ва ин бидъат дар Ислом манъ шуд). Вале касоне, ки кофир шуданд бар Худо дурўғ мебанданд. Ва бештари онҳо намефаҳманд.

104       Ва ҳангоме, ки ба онҳо гуфта шавад: «Ба сўи он чӣ Худо нозил кардааст ва ба сўи Пайғамбар биёед», мегўянд: «Он чӣ аз падарони худ ёфтаем, моро бас аст». Оё агар падарони онҳо чизе намедонистанд ва ҳидоят наёфта буданд, (боз аз онҳо пайравӣ мекунанд?!).

105       Эй касоне, ки имон овардаед! Муроқиби худ бошед. Агар шумо ҳидоят ёфтаед, гумроҳии касоне, ки гумроҳ шудаанд, ба шумо зиёне намерасонад. Бозгашти ҳамаи шумо ба сўи Худост ва шуморо аз он чӣ амал мекардед, огоҳ месозад.

106       Эй касоне, ки имон овардаед! Ҳангоме, ки марги яке аз шумо фаро расад, дар вақти васият, бояд аз миёни шумо ду нафари одилро ба шаҳодат биталабад ё агар сафар кардед ва мусибати марг шуморо фаро расид (ва дар он ҷо мусулмоне наёфтед), ду нафар аз ғайри худатонро ба гувоҳӣ биталабед. Ва агар дар ҳангоми адои шаҳодат, дар сидқи онҳо шак кардед, онҳоро баъд аз намоз нигоҳ медоред, то савганд ёд кунанд, ки: «Мо ҳозир нестем ҳақро ба чизе бифурўшем, ҳар чанд дар мавриди хешовандони мо бошад ва шаҳодати илоҳиро пинҳон намекунем, ки аз гунаҳкорон хоҳем буд».

107       Ва агар хабаре ҳосил шавад, ки он ду, муртакиби гуноҳе шудаанд (ва ҳақро пўшидаанд), ду нафар аз касоне, ки нисбат ба маййит авло ҳастанд, ба ҷои онҳо қарор мегиранд ва ба Худо савганд ёд мекунанд, ки: «Гувоҳии мо аз гувоҳии он ду ба ҳақ наздиктар аст ва мо таҷовузе накардаем, ки агар чунин карда бошем, аз золимон хоҳем буд».

108       Ин кор наздиктар аст ба ин ки гувоҳӣ ба ҳақ диҳанд (ва аз Худо битарсанд) ва ё (аз мардум) битарсанд, ки (дурўғашон фош гардад ва) савгандҳое ҷои савгандҳои онҳоро бигирад. Аз (мухолифати) Худо бипарҳезед ва гўш фаро диҳед. Ва Худованд, ҷамъияти фосиқонро ҳидоят намекунад.

109       (Аз) рўзе (битарсед), ки Худованд пайғамбаронро ҷамъ мекунад ва ба онҳо мегўянд: «(Дар баробари даъвати шумо), чӣ ҷавобе ба шумо дода шуд?», мегўянд: «Мо чизе намедонем, Ту худ аз ҳамаи асрори ниҳон огоҳӣ».

110       (Ба хотир овар), ҳангомеро, ки Худованд ба Исо ибни Марям гуфт: Ёд кун неъматеро, ки ба ту ва модарат бахшидам, замоне, ки туро бо «Рўҳ-ул-қудус» қувват бахшидам, ки дар гаҳвора ва дар ҳангоми бузургӣ бо мардум сухан мегуфтӣ. Ва ҳангоме, ки китоб ва ҳикмат ва Таврот ва Инҷилро ба ту омўхтам ва ҳангоме, ки ба фармони ман аз гил чизе ба шакли парранда месохтӣ ва дар он медамидӣ ва ба фармони ман паррандае мешуд. Ва кўри модарзод ва мубтало ба бемории песиро ба фармони ман шифо медодӣ ва мурдагонро (низ) ба фармони ман зинда мекардӣ ва ҳангоме, ки Банӣ Исроилро аз осеб расондан ба ту боз доштам, дар он ҳангом, ки далелҳои равшан барои онҳо овардӣ, вале ҷамъе аз кофирони онҳо гуфтанд: «Инҳо ҷуз сеҳри ошкор нест».

111       Ва (ба ёд овар) замонеро, ки ба ҳавориён ваҳй фиристодам, ки: «Ба ман ва фиристодаи ман имон биёваред», онҳо гуфтанд: «Имон овардем ва гувоҳ бош, ки мо мусулмонем».

112       Дар он ҳангом, ки ҳавориён гуфтанд: «Эй Исо ибни Марям! Оё Парвардигорат метавонад моидае аз осмон бар мо нозил кунад?». Ў (дар ҷавоб) гуфт: «Аз Худо бипарҳезед, агар бо имон ҳастед!».

113       Гуфтанд: «(Мо назари баде надорем), мехоҳем аз он бихўрем ва дилҳои мо (ба рисолати ту) мутмаин гардад. Ва бидонем ба мо рост гуфтаӣ ва бар он гувоҳ бошем».

114       Исо ибни Марям гуфт: «Худовандо! Парвардигоро! Аз осмон моидае бар мо бифрист, то барои аввалу охири мо иде бошад ва нишонае аз ту ва ба мо рўзӣ деҳ. Ту беҳтарин рўзидиҳандагонӣ».

115       Худованд, (дуои ўро мустаҷоб кард ва) фармуд: «Ман онро бар шумо нозил мекунам, вале ҳар кас аз шумо баъд аз он кофир гардад (ва роҳи инкор пўяд), ўро муҷозоте мекунам, ки аҳаде аз ҷаҳониёнро чунон муҷозот накарда бошам!».

116       Ва он гоҳ, ки Худованд ба Исо ибни Марям мегўяд: «Оё ту ба мардум гуфтӣ, ки ман ва модарамро ба унвони ду маъбуд ғайр аз Худо интихоб кунед?!», ў мегўяд: «Муназзаҳӣ Ту! Ман ҳақ надорам, он чиро ки шоистаи ман нест, бигўям! Агар чунин суханеро гуфта бошам, Ту медонӣ. Ту аз он чӣ дар рўҳу ҷони ман, аст огоҳӣ. Ва ман аз он чӣ дар зоти (поки) Туст, огоҳ нестам. Ба яқин Ту аз тамоми асрор ва пинҳониҳо бохабарӣ.

117       Ман, ҷуз он чӣ маро ба он фармон додӣ, чизе ба онҳо нагуфтам. (Ба онҳо гуфтам:) Худовандеро бипарастед, ки Парвардигори ман ва Парвардигори шумост. Ва то замоне, ки дар миёни онҳо будам, муроқиб ва гувоҳашон будам, вале ҳангоме, ки маро аз миёнашон баргирифтӣ, Ту худ муроқиби онҳо будӣ. Ва Ту бар ҳар чиз гувоҳ ҳастӣ!

118       (Бо ин ҳол) агар онҳоро муҷозот кунӣ, бандагони Туанд. (Ва қодир ба гурез аз муҷозоти Ту нестанд). Ва агар ононро бубахшӣ, Тавоно ва Ҳакимӣ. (На кайфари Ту нишонаи беҳикматӣ аст ва на бахшиши Ту нишонаи заъф)».

119       Худованд мегўяд: «Имрўз, рўзе аст, ки ростии ростгўён ба онҳо суд мебахшад. Барои онҳо боғҳое аз биҳишт аст, ки наҳрҳо аз зери (дарахтони) он мегузарад ва то абад ҷовидона дар он мемонанд. Ҳам Худованд аз онҳо хушнуд аст ва ҳам онҳо аз Худо хушнуданд, ин растагории бузург аст».

Ҳукумати осмонҳо ва замин ва он чӣ дар онҳост, аз они Худост ва Ў бар ҳар чизе Тавоност.

 

Ёсин

 

Охирин матолиб

Наҳзати ҳусейнӣ ва низоми илоҳӣ2

Идомаи баҳс: Чунон ки қаблан ишора шуд, Язид касе буд, ки аҳкоми илоҳиро зойеъ мекард ва эътиқоде ба онҳо надошт. Дар маҳдудаи ҳукумати ӯ, исломи...

Тарҷумаи СУРАИ ТАВБА

СУРАИ ТАВБА Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 129 оят дорад. [Ин эълони] безорӣ аст аз тарафи Худо ва Паёмбараш нисбат ба касоне аз...