Иллати бединии башар дар чист?

Ин суол ёдовари ҷумлаи машҳур аст, ки мегӯянд:“суол аз илм бархезад” бар хилофи ончӣ имрӯза бидуни далели маҳкаму қотеъ ба башарият илқо мешавад. Башар мавҷуди мушрику бутпараст набудаст, ки кам-кам ба тавҳиду яктопарастӣ наздик шавад! балки башар мавҷуди муваҳҳиду яктопараст буд ва авомили гирду атрофаш сабаби инҳирофи ӯ аз тавҳиду яктопарастӣ шуда аст. Ва бовари мо бар ин ақида росих аст, ки аввалин фарди башар  худи паёмбарон буда ки аз аҳдофи таъолими онҳо, яктопарастӣ ва тавҳид мебошад.

 

Бо таваҷҷӯҳ ба ин муқаддама бояд гуфт, ки авомиле, ки сабаби дур шудани башар аз тавҳиду яктопарастӣ мешавад, ба ду дастаи куллӣ қобили тақсим ҳастанд. Авомили берунӣ ва авомили дарунӣ, ки ҳар кадом аз инҳоро ба ихтисор баён мекунем.

 

Авомили берунӣ

Авомили беруние, ки боис мешаванд то башар аз тавҳиду яктопарастӣ дур гашта ва ӯро аз ёду зикри Худованд ғофил месозанд, фаровон аст, дар инҷо ба чанд намуна аз ин омилҳо ишораи мухтасаре хоҳем намуд.

1.     Шайтони раҷим

Шайтон сардаста ва раиси гумроҳон ва душмани сарсахти инсонҳост, ки онҳоро аз масири саъодату хушбахтӣ мунҳариф мекунад. Ва муҳимтарин ҳадаф ва ғарази нопоки ӯ, боздоштани инсонҳо аз тавҳиду яктопарастӣ аст, ки саъодати башарият бар гирду атрофи ин нуқта, ки  нуқтаи меҳварӣ дар зиндагии башар мебошад, ҳамон тавре ки Худован мефармояд:

» اسْتَحْوَذَ عَلَيْهِمُ الشَّيْطَانُ فَأَنسَاهُمْ ذِكْرَ اللَّهِ أُوْلَئِكَ حِزْبُ الشَّيْطَانِ أَلَا إِنَّ حِزْبَ الشَّيْطَانِ هُمُ الْخَاسِرُونَ  «

Тарҷумаи оя:” Шайтон бар онҳо мусаллат гашта ва Худоро аз ёдашон бурда аст. Онон аз ҳизбу гурӯҳи шайтонанд. Огоҳ бош, ки ҳизби шайтон, ҳамон зиёнкоранд.[1]

 2.     Молу сарват ва фарзандон

Инсон дар зиндагии моддии худ, мумкин аст дучор ғафлат шуда ва андак-андак ба манзиле бирасад, ки ҳеҷ рангу бӯи худоӣ дар он боқӣ намонда бошад:

» يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لَا تُلْهِكُمْ أَمْوَالُكُمْ وَلَا أَوْلَادُكُمْ عَن ذِكْرِ اللَّهِ وَمَن يَفْعَلْ ذَلِكَ فَأُوْلَئِكَ هُمُ الْخَاسِرُونَ  «

Тарҷумаи оя:«Эй касоне, ки имон овардаед! (огоҳ бошед, зинҳор,ки) Амволи шумо ва фарзандонатон шуморо аз ёду зикри Худо ғофил нагардонад. Ва ҳар кас чунин кунад, онон худ зиёнкоранд.»[2]

 3.     Таҳоҷуми фарҳангӣ

Касоне, ки дар ҷавомеъи башарӣ ба гунае улгӯва сармашқи дигарон шуда анд, агар дар фарозу нишеби зиндагӣ ба гунае мунҳариф шаванд ва ҳадафи аслии худро гум намоянд, метавонанд дигаронро, ки аз онҳо пайравӣ мекарданд  мунҳариф кунанд. Маслан дар замони мо ҷавомеъи ғарбӣ, ки пешрафти моддии чашмгире кардаанд ва ба гунае улгӯ ва сармашқи баъзеҳо қарор гирифтаанд, метавонанд инсонҳои дигареро дар гумроҳии худ саҳим созанд ва ононро ба он сарошебие, ки дар ҳоли суқут ҳастанд бикашонанд ва нобуд созанд. Ҳамон гуна ки Қорунҳо ва Фиръавнҳо бо матраҳ будан дар ҷомеъаи хеш соири мардумро, ки аз онҳо пайравӣ менамуданд дар гумроҳии худ саҳим сохта ва ононро низ ба гумроҳӣ кашонданд.

» وَانطَلَقَ الْمَلَأُ مِنْهُمْ أَنِ امْشُوا وَاصْبِرُوا عَلَى آلِهَتِكُمْ إِنَّ هَذَا لَشَيْءٌ يُرَادُ «

Тарҷумаи оя: “ Ва бузургонашон равон шуданд (ва дар муқобили даъвати Паёмбар(саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ба тавҳид гуфтанд) биравед ва бар Худоёни худ истодагӣ намоед, ки ин амр қатъан ҳадафи (мо) аст” .[3]

 4.     Ҳамнишинӣ ё муҳити номуносиб

Муҳиту атрофи фосид ва дӯстони нобоб сабаби гумроҳии инсон мешаванд ва ӯро аз масири тавҳиду яктопарастӣ боз медоранд:

» يَا وَيْلَتَى لَيْتَنِي لَمْ أَتَّخِذْ فُلَانًا خَلِيلًا ﴿۲۸﴾ لَقَدْ أَضَلَّنِي عَنِ الذِّكْرِ بَعْدَ إِذْ جَاءنِي وَكَانَ الشَّيْطَانُ لِلْإِنسَانِ خَذُولًا ﴿۲۹﴾ «

Тарҷумаи оя: «Эй вой бар ман! Кош фалони (шахси гумроҳ)ро дӯсту рафиқи худ интихоб накарда будам ! ӯ (буд,ки) маро аз ёдоварии ҳаққ ба гумроҳӣ кашонид, баъд аз онки Қуръон ба суроғи ман омада буд. Ва ҳамеша шайтон фуругузорандаи инсон аст.»[4]

Ин ҳамнишинӣ ва дӯстии нолойиқ ба ҷое инсонро мерасонад, ки аз ёду зикри розиқу холиқи хеш ғофил мегардад. Баъд аз ин оя Расули Худо (с) аз уммати худ гилоя ва шиква мекунад, ки Худоё! Ин уммати ман, ин қавми ман Қуръонро раҳо карданд.

» وَقَالَ الرَّسُولُ يَا رَبِّ إِنَّ قَوْمِي اتَّخَذُوا هَذَا الْقُرْآنَ مَهْجُورًا «

Тарҷумаи оя: “ Ва Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) гуфт: Қавми ман ин Қуръонро раҳо карданд.[5]

Яъне эй инсон! Огоҳ бош, ки ин шайтон хайру салоҳи туро намехоҳад. Вақте аз рушанӣ ба торикиву зулмат роҳнамоӣ мекунад, дӯсту рафиқи лойиқест?!? Эй инсон! Огоҳ бош, ки дар ин дунё ғайр аз туву Худованди маннон каси дигаре вуҷуд надорад. Ва ҳар чизе, ки дар ин дунёст, барои туст.

Абру боду маҳу хуршеду фалак дар коранд,

То ту ноне ба каф орию ба ғафлат нахӯрӣ.

Ин яъне чӣ ?!? ин матлаб маънояш чӣ метавонад бошад ?!?

Ҷуз иззату бузургии инсон, чизи дигаре ҳаст ?! Ба Худо қасам нест. Эй инсон! Ғайр аз ту дар ин ҷаҳон касе нест. Эй инсон! Огоҳ бош, ки ту халифатуллоҳӣ. Ҷонишину баргузидаи Худо дар рӯи заминӣ.

Дар муроҷиаи иҷмолӣ ба Қуръони карим, мебинем, ки инсон ба унвони халифа ва ҷонишини Худованд бар рӯи замин ва мавҷуде, ки Худованд ӯро каромат бахшида ва амонатдори худ қарор дода муаррифӣ мегардад. Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки ановини сегонаи “каромат”, “хилофат” ва “амонатдор” ихтисос ба инсон дошта ва дар бораи дигар мавҷудот ба кор нарафта аст. Бинобарин ин матлаб  баёнкунандаи манзалат, фазилат ва ҷойгоҳи вижжаи инсонӣ аст.

Чандин ҳазор зарра саросема медаванд

дар офтобу ғофил аз он к−офтоб чист

Ҳарфи охири ҷамии паёмбарони илоҳӣ – аз Одам то Хотам – ва тамоми саъю талоши онон ва ҳамаи ранҷу машаққатҳое, ки дар ин ҷода кашидаанд, ҷуз ин набудааст, ки ба одамиён бигӯянд: эй мардум! Худоятонро бишносед, аз Ӯ ғофил машавед, ҷуз Ӯ касе ва ё чизи дигареро напарастед, ба ахлоқ ва сифоти илоҳӣ ороста шавед, ки саодати шумо дар дунё ва охират ҷуз дар он намебошад! Ба дастурот ва авомири илоҳӣ гардан ниҳед, ки хушбахтии шумо танҳо дар гардан ниҳодан ба фармонҳои ӯст.

Ва ҳамчунин, сухани охири тамоми фалосифаи илоҳӣ – аз Суқроту Афлотуну Арастуву Форобиву Синову ғайра – ҷуз ин нест, ки бо такя бар хирад, исбот намоянд, ки ҳадафи ғоӣ аз офариниши ҳастиву инсон, ҳамон Худост, ва саодати инсон дар тақарруб ва наздикӣ ба Ӯст.

Ва ҳамчунин, ҳарфи охири ҳамаи урафо ва мутасаввифа ҳам ҷуз ин нест, ки амалан роҳи расидан ба Худои Якторо ба банда нишон бидиҳанд ва нишон додаанд.

Хулоса агар ба ҳар гӯша аз ин дунёи паҳновар бингарӣ, ҳама ва ҳама ба дунболи як чиз ҳастанд ва он ҳам ҷуз Худо чизи дигаре нест.

» فَأَيْنَمَا تُوَلُّواْ فَثَمَّ وَجْهُ اللّهِ «

Тарҷумаи оя: “Пас ба ҳар сӯ рӯ кунед, онҷо рӯй (ба) Худост.[6]

Ба дарё бингарум, дарё ту бинум,

Ба саҳро бингарум, саҳро ту бинум.

Ба ҳар ҷо бингарум, кӯҳу дару дашт,

Нишон аз қадди раънои ту бинум.

Эй инсон! Огоҳ бош … Огоҳ бош … Огоҳ бош …

Авомили дарунӣ

То инҷо ба чанд намуна аз омлҳои хатарнок ва мухарриби берунӣ ишора кардем ва ҳоло бо таваҷҷӯҳ ба авомили берунӣ, метавонем авомили даруниеро,  ки кумаккунанда ва заминасози авомили берунӣ ҳастанд ба равшанӣ бишносем ва нисбат ба онҳо огоҳӣ пайдо намоем:

1. Ҳавои нафс

Ҳавои нафаси инсон яке аз омилҳои даруние аст, ки масирро барои шайтони рондашуда аз даргоҳи Худованд ҳамвор мекунад, то роҳаттар ба инсон мусаллат шавад ва ӯро ба бероҳаи куфру илҳод ва масири ҷаҳлу нодонӣ бикашонад.

2. Дунёталабӣ ва орзӯҳои дароз

Дунёталабӣ ва орзӯҳои дароз ва беҳӯда низ яке аз авомили даруниест, ки инсонро аз дарун ба сӯи шайтон роҳнамоӣ мекунад ва агар сари вақт аз рахна кардани он пешгирӣ нашавад, ин омил сабаби дил бастани инсон ба сарват ва қудрат мегардад ва ин бар хилофи қонуни ошиқон аст, ки дар қалб ду муҳаббат ҷой надорад ва бо ҷой гирифтани яке бояд дуввумӣ ҷойро холӣ созад.

3. Ҷаҳлу нодонӣ

Ҷаҳлу нодонӣ низ яке аз омилҳои даруниест, ки инсонро мусаххари хеш сохта ва ӯро водор мекунад то кур-курона аз дигарон пайравӣ ва итоат намояд.

Ва ҳамин тавр авомиле, ки инсонро аз Худованд дур месозад беандоза зиёд аст, ки дар ҳадду тавони ин мухтасар нест ва хонандагони азизро ба мутолиаи бештар дар ин замина даъват менамоем то худашон ба дунболи мутолиъа дар ин замина бошанд.

Ёсин

Таҳияи Сайидолими Сироҷ



[1] Сураи Муҷодила, оя 19

[2] Сураи Мунофиқун, ояи 9

[3] Сураи Содд, ояи 6

[4] Сураи Фурқон, ояи 28 ва 29

[5] Ҳамон, ояи 30

[6] Сураи Бақара, ояи 115

Охирин матолиб

Тарҷумаи СУРАИ АЪРОФ

СУРАИ АЪРОФ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 206 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Алиф, лом, мим, сод. [Ин] китобест, ки ба...

Бо баҳори дилҳо (3)

  Чаро Қуръонро «Каломуллоҳ» номидаанд? Аз он ҷо, ки Қуръони Карим маҷмӯаи суханони Худованд аст, ки фариштаи ваҳй ҳазрати Ҷабраил (а) барои ҳазрати Муҳаммад (с)...

Ашрафи махлуқот

Чаро инсон ашрафи махлуқот номида шуд ва чӣ гуна ва чаро инсон ин масъулияти бузургро бар уҳда гирифт? Оё инсон қудрат ва таҳаммули ин бори...

Бо баҳори дилҳо (2)

Далели аҳамияти Қуръон чист? Аҳамияти Қуръон ба хотири аҳамияти фиристандаи он аст, тавзеҳ он ки: Агар номае аз тарафи дӯсти азизе ба дастамон бирасад барои...

Тарҷумаи СУРАИ АНЪОМ

СУРАИ АНЪОМ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 165 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Ситоиш Худорост, ки осмонҳо ва заминро офарид ва...