Тарҷумаи сураи Анъом

Ин сура дар Макка нозил шуда ва дорои 165 оят аст.

Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар

1 Ситоиш барои Худованде аст, ки осмонҳо ва заминро офарид ва зулматҳо ва нурро падид овард, аммо кофирон барои Gарвардигори худ шарикe шабеҳ қарор медиҳанд, (бо ин ки далелҳои тавҳид ва ягонагии Ў, дар офариниши ҷаҳон ошкор аст).

2   Ў касе аст, ки шуморо аз гил офарид, сипас муддате муқаррар дошт, (то инсон такомул ёбад). Ва аҷали ҳатмӣ назди Ўст (ва фақат Ў аз он огоҳ аст). Бо ин ҳама, шумо (мушрикон дар тавҳид ва ягонагӣ ва қудрати Ў), шак мекунед.

3  Ўст Худованд дар осмонҳо ва дар замин, пинҳону ошкори шуморо медонад ва аз он чӣ (анҷом медиҳед ва) ба даст меоваред, бохабар аст.

4   Ҳеҷ нишона ва ояте аз оятҳои парвардигорашон барои онон намеояд, магар ин ки аз он рўйгардон мешаванд.

5   Онон ҳақро ҳангоме, ки суроғашон омад, инкор карданд, вале ба зудӣ хабари он чиро ба боди масхара мегирифтанд, ба онон мерасад (ва аз натоиҷи кори худ огоҳ мешаванд).

6  Оё надиданд, чӣ қадар аз ақвоми пешинро ҳалок кардем?! Ақвоме, ки ( аз шумо нерўмандтар буданд ва) қудратҳое ба онҳо дода будем, ки ба шумо надодем. Боронҳои пай дар пай барои онҳо фиристодем ва аз зери (ободиҳои) онҳо наҳрҳоро ҷорӣ сохтем, (аммо ҳангоме, ки саркашиву туғён карданд), ононро ба хотири гуноҳонашон нобуд кардем. Ва ҷамъияти дигаре баъд аз онон падид овардем.

7    (Ҳатто) агар мо номае рўи саҳифае бар ту нозил кунем ва (илова бар дидану хондан), онро бо дастҳои худ ламс кунанд, боз кофирон мегўянд: «Ин, чизе ҷуз як сеҳри ошкор нест!».

8  (Аз баҳонаҳои онҳо ин буд, ки) гуфтанд: «Чаро фариштае бар ў нозил нашудааст, (то) ўро дар даъвати мардум ба сўи Худо ҳамроҳӣ кунад?!)». Вале агар фариштае бифиристем (ва мавзўъ ҷанбаи ҳиссӣ ва шуҳудӣ пайдо кунад), кор тамом мешавад, (яъне агар мухолифат кунанд), дигар ба онҳо мўҳлат дода нахоҳад шуд (ва ҳама ҳалок мешаванд).

9  Ва агар ўро фариштае қарор медодем, ҳатман вайро ба сурати инсоне дар меовардем, (боз ба хиёли онҳо) корро бар онҳо муштабаҳ месохтем, ҳамон тавр, ки онҳо корро бар дигарон муштабаҳ месозанд.

10   (Бо ин ҳол нигарон набош). Ҷамъе аз пайғамбарони пеш аз туро масхара карданд, аммо саранҷом он чиро масхара мекарданд, доманашонро гирифт (ва азоби илоҳӣ бар онҳо фуруд омад).

11   Бигў: «Рўи замин гардиш кунед, сипас бингаред сранҷоми инкоркунандагони оятҳои илоҳӣ чӣ шуд?!».

12 Бигў: «Он чӣ дар осмонҳо ва замин аст, аз они кист?». Бигў: «Аз они Худост». Раҳмат (ва бахшиш)-ро бар худ ҳатмӣ карда (ва ба ҳамин далел) ба таври ҳатмӣ, ҳамаи шуморо дар рўзи қиёмат, ки дар он шакку тардиде нест, гирд хоҳад овард. (Оре), фақат касоне, ки сармояҳои вуҷуди худро аз даст дода ва гирифтори зиён шуданд, имон намеоваранд.

13   Ва барои Ўст, он чӣ дар шабу рўз қарор дорад. Ва Ў Шунаво ва Доност.

14 Бигў: «Оё ғайри Худоро сарпарасти худ интихоб кунам?! (Худое), ки офаринандаи осмонҳо ва замин аст, Ўст, ки рўзӣ медиҳад ва аз касе рўзӣ намегирад». Бигў: «Ман маъмурам, ки нахустин мусулмон бошам ва (Худованд ба ман дастур дода, ки) аз мушрикон набош».

15           Бигў: «Ман (низ) агар нофармонии Парвардигорам кунам, аз азоби рўзи бузург, (рўзи растохез) метарсам.

16           Он кас, ки дар он рўз, муҷозоти илоҳӣ ба ў нарасад, Худованд ўро машмули раҳмати худ сохтааст. Ва ин ҳамон пирўзии ошкор аст».

17           Агар Худованд зиёне ба ту бирасонад, ҳеҷ кас ҷуз Ў наметавонад онро бартараф созад. Ва агар хайре ба ту расонад, Ў бар ҳама чиз тавоност (ва аз қудрати Ў ҳар гуна некӣ сохта аст).

18           Ўст, ки бар бандагони худ қоҳиру мусаллат аст. Ва Ўст Ҳакими Огоҳ.

19           Бигў: «Болотарин гувоҳӣ, гувоҳии кист?». (Ва худат ҷавоб бидеҳ ва) бигў: «Худованд гувоҳ миёни ман ва шумост ва (беҳтарин далели он ин аст, ки) ин Қуръон бар ман ваҳй шуда, то шумо ва тамоми касонеро, ки ин Қуръон ба онҳо мерасад, бо он бим диҳам (ва аз мухолифати фармони Худо битарсонам). Оё ба ростӣ шумо гувоҳӣ медиҳед, ки маъбудони дигаре бо Худо аст?!». Бигў: «Ман ҳаргиз чунин гувоҳӣ намедиҳам». Бигў: «Ўст танҳо Маъбуди Ягона. Ва ман аз он чӣ барои Ў шарик қарор медиҳед, безорам».

20           Онон, ки китоби осмонӣ ба эшон додаем, ба хубӣ ў (пайғамбар)-ро мешиносанд, ҳамон гуна, ки фарзандони худро мешиносанд, фақат касоне, ки сармояи вуҷуди худро аз даст додаанд, имон намеоваранд.

21           Чӣ касе ситамкортар аст, аз он кас, ки бар Худо дурўғ баста, (ҳамтое барои Ў қоил шуда), ё оятҳои Ўро инкор кардааст?! Ҳатман золимон растагор нахоҳанд шуд.

22           Он рўз, ки ҳамаи онҳоро маҳшур мекунем, сипас ба мушрикон мегўем: «Маъбудҳоятон, ки ҳамтои Худо мепиндоштед, куҷоянд?!». (Чаро ба ёрии шумо намешитобанд?!).

23           Сипас ҷавоб ва узри онҳо чизе ҷуз ин нест, ки мегўянд: «Ба Худованде, ки Парвардигори мост савганд, ки мо мушрик набудем!».

24           Бубин чӣ гуна ба худашон (низ) дурўғ мегўянд ва он чиро ба дурўғ ҳамтои Худо мепиндоштанд, аз даст медиҳанд!

25           Порае аз онҳо ба (суханони) ту гўш фаро медиҳанд, вале бар дилҳои онон пардаҳое афкандаем, то онро нафаҳманд ва дар гўши онҳо сангинӣ қарор додаем. Ва (онҳо ба қадре саркашанд, ки) агар тамоми нишонаҳои ҳақро бубинанд, имон намеоваранд, то он ҷо ки вақте ба суроғи ту меоянд, ки бо ту пархошгарӣ кунанд, кофирон мегўянд: «Инҳо фақат афсонаҳои пешиниён аст».

26           Онҳо дигаронро аз он боз медоранд ва худ низ аз он дурӣ мекунанд, онҳо ҷуз худро ҳалок намекунанд, вале намефаҳманд.

27           Кош (ҳоли онҳоро) ҳангоме, ки дар баробари оташ (-и дўзах) истодаанд, бубинӣ! Мегўянд: «Эй кош (бори дигар ба дунё) бозгардонида мешудем ва оятҳои Парвардигорамонро инкор намекардем ва аз мўъминон мебудем».

28           (Онҳо дар ҳақиқат пушаймон нестанд), балки аъмол ва ниятҳоеро, ки пеш аз он пинҳон мекарданд, дар баробари онҳо ошкор шуда (ва ба ваҳшат афтодаанд). Ва агар боз гарданд, ба ҳмон аъмоле, ки аз он наҳй шуда буданд, боз мегарданд, онҳо дурўғгўёнанд.

29           Онҳо гуфтанд: «Чизе ҷуз ин зиндагии дунёи мо нест ва мо ҳаргиз барангехта нахоҳем шуд».

30           Агар онҳоро дар ҳангоме, ки дар пешгоҳи Парвардигорашон истодаанд, бубинӣ! (Ба онҳо) мегўяд: «Оё ин ҳақ нест?!», мегўянд: «Чаро, қасам ба Парвардигорамон (ҳақ аст)». Мегўяд: «Пас муҷозотро бичашед, ба сазои он чӣ инкор мекардед!».

31           Онҳо, ки лиқои Парвардигорро инкор карданд, ҳатман зиён диданд. (Ва ин инкор идома меёбад), то ҳангоме, ки ногаҳон қиёмат ба суроғашон биёяд. Мегўянд: «Эй афсўс, бар мо, ки дар бораи он кўтоҳӣ кардем!». Ва онҳо (бори сангини) гуноҳонашонро бар дўш мекашанд, чӣ бори баде бар дўш хоҳанд дошт!

32           Зиндагии дунё, чизе ҷуз бозӣ ва саргармӣ нест. Ва сарои охират барои онҳо, ки парҳезгоранд, беҳтар аст. Оё намеандешед?!

33           Мо медонем, ки гуфтори онҳо, туро ғамгин мекунад, вале (ғам махўр ва бидон, ки) онҳо туро инкор намекунанд, балки золимон, оятҳои Худоро инкор менамоянд.

34           Пеш аз ту низ пайғамбароне инкор шуданд. Ва дар баробари инкорҳо, сабру истиқомат карданд ва (дар ин роҳ) озор диданд, то ҳангоме, ки ёрии мо ба онҳо расид. (Ту низ чунин бош. Ва ин, яке аз суннатҳои илоҳӣ аст). Ва ҳеҷ чиз наметавонад суннатҳои Худоро тағйир диҳад ва ахбори пайғамбарон ба ту расидааст.

35           Ва агар эърози онҳо бар ту сангин аст, чунон чӣ битавонӣ нақбе дар замин бизанӣ ё норбоне ба осмон бугузорӣ (ва аъмоқи замину осмонҳоро ҷустуҷў кунӣ, чунин кун), то оят (ва нишонаи дигаре) барои онҳо биёварӣ! (Вале бидон, ки ин саркашон имон намеоваранд). Аммо агар Худо бихоҳад, онҳоро (маҷбурӣ) бар ҳидоят ҷамъ хоҳад кард. (Вале ҳидояти маҷбурӣ, чӣ суде дорад?). Пас ҳаргиз аз ҷоҳилон мабош.

36           Танҳо касоне (даъвати туро) мепазиранд, ки гўши шунаво доранд, аммо мурдагон (ва онҳо, ки рўҳи инсониро аз даст додаанд, имон намеоваранд ва) Худо онҳоро (дар қиёмат) бармеангезад, сипас ба сўи Ў бозгардонида мешаванд.

37           Ва гуфтанд: «Чаро нишона (ва мўъҷизае) аз тарафи парвардигораш бар ў нозил намешавад?!». Бигў: «Худованд, қодир аст, ки нишонае нозил кунад», вале бештари онҳо намедонанд.

38           Ҳеҷ ҷунбандае дар замин ва ҳеҷ паррандае, ки бо ду боли худ парвоз мекунад, нест, магар ин ки умматҳое монанди шумо ҳастанд. Мо ҳеҷ чизро дар ин китоб фурўгузор накардем, сипас ҳамагӣ ба сўи Парвардигорашаон маҳшур мегарданд.

39           Онҳо, ки оятҳои моро инкор карданд, карҳо ва лолҳое ҳастанд, ки дар торикиҳо қарор доранд. Ҳар касро Худо бихоҳад (ва мустаҳақ бошад), гумроҳ мекунад ва ҳар касро бихоҳад (ва шоиста бидонад), бар роҳи рост қарор хоҳад дод.

40           Бигў: «Ба ман хабар диҳед, агар азоби Парвардигор ба суроғи шумо ояд, ё растохез барпо шавад, оё (барои ҳалли мушкилоти худ) ғайри Худоро мехонед, агар рост мегўед?!».

41           (На), балки танҳо Ўро мехонед. Ва Ў агар бихоҳад, мушкилеро, ки ба хотири он Ўро хондаед, бартараф месозад. Ва он чиро (имрўз) ҳамтои Худо қарор медиҳед, (дар он рўз) фаромўш хоҳед кард.

42           Мо ба сўи умматҳое, ки пеш аз ту буданд, (пайғамбароне) фиристодем. (Ва ҳангоме, ки бо ин пайғамбарон ба мухолифат бархостанд), онҳоро бо сахтиву ранҷу нороҳатӣ рў ба рў сохтем, шояд (бедор шаванд ва дар баробари ҳақ) хузўъ кунанд ва таслим гарданд.

43           Чаро ҳангоме, ки муҷозоти мо ба онон расид, (хузўъ накарданд ва) таслим нашуданд?! Балки дилҳои онҳо қасоват пайдо кард ва шайтон ҳар кореро, ки мекарданд, дар назарашон зинат дод.

44           (Оре), ҳангоме, ки (андарзҳо суде набахшид ва) он чиро ба онҳо ёдоварӣ шуда буд, фаромўш карданд, дарҳои ҳамаи чиз (аз неъматҳо)-ро ба рўи онҳо кушодем, то (комилан) хушҳол шуданд (ва дил ба он бастанд), ногаҳон онҳоро гирифтем (ва сахт муҷозот кардем), дар ин ҳангом, ҳамагӣ маъюс шуданд (ва дарҳои умед ба рўи онҳо баста шуд).

45           Ва (ба ин тартиб) дунболаи (зиндагии) ҷамъияте, ки ситам карда буданд, қатъ шуд. Ва ситоиш махсуси Худованд, Парвардигори ҷаҳониён аст.

46           Бигў: «Ба ман хабар диҳед, агар Худованд, гўш ва чашмҳоятонро бигирад ва бар дилҳои шумо мўҳр ниҳад, (ки чизеро нафаҳмед), чӣ касе ҷуз Худост, ки онҳоро ба шумо бидиҳад?!». Бубин чӣ гуна оятҳоро ба гунаҳаи мухталиф барои онҳо шарҳ медиҳем, сипас онҳо рўй мегардонанд!

47           Бигў: «Ба ман хабар диҳед, агар азоби Худо ба таври ногаҳонӣ (ва пинҳонӣ) ё ошкоро ба суроғи шумо биёяд, оё ҷуз ҷамъияти ситамкор ҳалок мешаванд?!».

48           Мо пайғамбаронро ҷуз (ба унвони) башоратдиҳанда ва хавфдиҳанда намефиристем. Онҳо, ки имон биёваранд ва (худро) ислоҳ кунанд, на тарсе бар онҳост ва на ғамгин мешаванд.

49           Ва онҳо, ки оятҳои моро инкор карданд, азоб (-и Парвардигор) ба хотири нофармониҳо ба онон мерасад.

50           Бигў: «Ман намегўям хазинаҳои Худо назди ман аст. Ва ман, (ҷуз он чӣ Худо ба ман биёмўзад), аз ғайб огоҳ нестам. Ва ба шумо намегўям, ман фариштаам. Танҳо аз он чӣ ба ман ваҳй мешавад, пайравӣ мекунам». Бигў: «Оё нобино ва бино баробаранд?! Пас чаро намеандешед?!».

51           Ва ба василаи он (Қуръон), касонеро, ки аз рўзи ҳашр ва растохез метарсанд, бим деҳ! (Рўзе, ки дар он) ёвару сарпараст ва шафоаткунандае ҷуз Ў (Худо) надоранд, шояд парҳезгорӣ пеша кунанд.

52           Ва касонеро, ки субҳу шом Худоро мехонанд ва ҷуз зоти поки Ў назаре надоранд, аз худ дур макун. На чизе аз ҳисоби онҳо бар туст ва на чизе аз ҳисоби ту бар онҳо, ки агар онҳоро дур кунӣ, аз ситамкорон гардӣ.

53           Ва ин чунин баъзе аз онҳоро бо баъзе дигар озмудем, (тавонгаронро ба василаи фақирон), то бигўянд: «Оё инҳо ҳастанд, ки Худованд аз миёни мо (баргузида ва) бар онҳо миннат гузорида (ва неъмати имон бахшида) аст?!». Оё Худованд шокиронро беҳтар намешиносад?!

54           Ҳар гоҳ касоне, ки ба оятҳои мо имон доранд, назди ту оянд, ба онҳо бигў: «Салом бар шумо! Парвардигоратон раҳматро бар худ фарз кардааст, ҳар кас аз шумо кори баде аз рўи нодонӣ кунад, сипас тавбаву ислоҳ (ва ҷуброн) намояд, (машмули раҳмати Худо мешавад, зеро) Ў Омурзандаи Меҳрубон аст».

55           Ва ин чунин оятҳоро бармешуморем, (то ҳақиқат бар шумо равшан шавад) ва роҳи гунаҳкорон ошкор гардад.

56           Бигў: «Ман аз парастиши касоне, ки ғайр аз Худо мехонед, наҳй шудаам». Бигў: «Ман аз ҳавою ҳавасҳои шумо пайравӣ намекунам, агар чунин кунам, гумроҳ шудаам ва аз ҳидоятёфтагон нахоҳам буд».

57           Бигў: «Ман далели равшане аз Парвардигорам дорам ва шумо онро инкор кардаед. Он чӣ шумо дар бораи он, (аз нузули азоби илоҳӣ) шитоб доред, ба дасти ман нест. Ҳукму фармон, танҳо аз они Худост. Ҳақро аз ботил ҷудо мекунад ва Ў беҳтарин ҷудокунанд (-и ҳақ аз ботил) аст».

58           Бигў: «Агар он чӣ дар бораи он шитоб доред, назди ман буд (ва ба дархости шумо тартиби асар медодам, азоби илоҳӣ бар шумо нозил мегашт). Ва кор миёни ман ва шумо поён гирифта буд, вале Худованд золимонро беҳтар мешиносад (ва ба ҳангом муҷозот мекунад)».

59           Калидҳои ғайб, танҳо назди Ўст. Ва ҷуз Ў касе онҳоро намедонад. Ў он чиро дар хушкӣ ва дарё аст, медонад, ҳеҷ барге (аз дарахте) намеафтад, магар ин ки аз он огоҳ аст. Ва на ҳеҷ донае дар торикиҳои замин ва на ҳеҷ тару хушке вуҷуд дорад, ҷуз ин ки дар китоби ошкоре (дар китоби илми Худо), сабт аст.

60           Ў касе аст, ки (рўҳи) шуморо дар шаб (дар ҳангоми хоб) мегирад. Ва аз он чӣ дар рўз кардаед, бохабар аст, сипас дар рўз шуморо (аз хоб) бармеангезад ва (ин ҳолат ҳамчунон идома меёбад), то саромади муайяне фаро расад, сипас бозгашти шумо ба сўи Ўст. Ва сипас шуморо аз он чӣ амал мекардед, бохабар месозад.

61           Ў бар бандагони худ тасаллути комил дорад ва муроқибоне бар шумо мегуморад, то замоне, ки яке аз шуморо марг фаро расад, (дар ин ҳангом), фиристодагони мо ҷони ўро мегиранд. Ва онҳо (дар нигаҳдории ҳисоби умр ва аъмоли бандагон), кўтоҳӣ намекунанд.

62           Сипас (тамоми бандагон) ба сўи Худо, ки мавлои ҳақиқии онҳост, бозмегарданд. Бидонед, ки ҳукму доварӣ, махсуси Ўст. Ва Ў сареътарин ҳисобгарон аст.

63           Бигў: «Чӣ касе шуморо аз торикиҳои хушкӣ ва дарё раҳоӣ мебахшад?! Дар ҳоле, ки ўро бо ҳолати тазаррўъ (ва ошкоро) ва дар пинҳонӣ мехонед (ва мегўед:) Агар аз ин (хатарҳо ва зулматҳо) моро раҳоӣ бахшад, аз шукргузорон хоҳем буд».

64           Бигў: «Худованд шуморо аз инҳо ва аз ҳар мушкил ва нороҳатӣ, наҷот медиҳад, боз ҳам шумо барои Ў шарик қарор медиҳед. (Ва роҳи куфр мепўед)».

65           Бигў: «Ў қодир аст, ки аз боло ё аз зери пои шумо, азобе бар шумо фиристад. Ё ба сурати дастаҳои пароканда шуморо бо ҳам биёмезад ва таъми ҷанг (ва ихтилоф)-ро ба ҳар як аз шумо ба василаи дигарӣ бичашонад». Бубин чӣ гуна оятҳои гуногунро (барои онҳо) бозгў мекунем, шояд бифаҳманд (ва боз гарданд).

66           Қавм ва ҷамъияти ту, он (оятҳои илоҳӣ)-ро такзибу инкор карданд, дар ҳоле, ки ҳақ аст. (Ба онҳо) бигў: «Ман масъули (имон овардани) шумо нестам. (Вазифаи ман танҳо иблоғи рисолат аст, на маҷбур кардани шумо бар имон)».

67           Ҳар хабаре, (ки Худованд ба шумо додааст, саранҷом) қароргоҳе дорад (ва дар ваъдагоҳи худ, анҷом мегирад). Ва ба зудӣ хоҳед донист!

68           Ҳар гоҳ касонеро дидӣ, ки оятҳои моро масхара мекунанд аз онҳо рўй бигардон, то ба сухани дигаре бипардозанд. Ва агар шайтон аз ёди ту бибарад, ҳаргиз пас аз ёд омадан бо ин ҷамъияти ситамгар манишин.

69           Ва (агар) ашхоси бо тақво (барои иршоду андарз бо онҳо бинишинанд), чизе аз ҳисоби (ва гуноҳи) онҳо бар эшон нест, вале (ин кор бояд танҳо) барои ёдоварии онҳо бошад, шояд (бишнаванд ва) тақво пеша кунанд.

70           Ва раҳо кун касонеро, ки оини (фитрии) худро ба бозӣ ва саргармӣ гирифтанд ва зиндагии дунё онҳоро мағрур сохта ва бо ин (Қуръон) ба онҳо ёдоварӣ намо, то гирифтори (оқибатҳои шуми) аъмоли худ, нашаванд (ва дар қиёмат) ҷуз Худо, на ёваре доранд ва на шафоаткунандае. Ва (чунин касе) ҳар гуна иваз бипардозад, аз ў пазируфта нахоҳад шуд. Онҳо касоне ҳастанд, ки гирифтори аъмоле шудаанд, ки худ анҷом додаанд. Нўшобае аз оби сўзон барои онҳо аст ва азоби дардноке ба хотири ин ки куфр меварзиданд (ва оятҳои илоҳиро инкор мекарданд).

71           Бигў: «Оё ғайр аз Худо, чизеро бихонем (ва ибодат кунем), ки на суде ба ҳоли мо дорад, на зиёне. Ва (ба ин тартиб) ба ақиб баргардем баъд аз он ки Худованд моро ҳидоят кардааст?! Монанди касе, ки бар асари васвасаҳои шайтон дар рўи замин роҳро гум карда ва саргардон мондааст, дар ҳоле, ки ёроне ҳам дорад, ки ўро ба ҳидоят даъват мекунанд (ва мегўянд:) Ба сўи мо биё!». Бигў: «Танҳо ҳидояти Худованд, ҳидоят аст ва мо дастур дорем, ки таслими Парвардигори оламиён бошем.

72           Ва (низ ба мо фармон дода шудааст ба) ин ки: Намозро барпо доред ва аз Ў парҳезед ва танҳо Ўст, ки ба сўяш маҳшур хоҳед шуд».

73           Ўст, ки осмонҳо ва заминро ба ҳақ офарид. Ва он рўз, ки (ба ҳар чиз) мегўяд: «Мавҷуд бош!», мавҷуд мешавад. Сухани Ў ҳақ аст. Ва дар он рўз, ки дар «сур» дамида мешавад, ҳукумат махсуси Ўст, аз пинҳону ошкор бохабар аст ва Ўст Ҳаким ва Огоҳ.

74           (Ба хотир биёваред) ҳангомеро, ки Иброҳим ба падараш (амакаш) «Озар» гуфт: «Оё бутҳоеро маъбудони худ интихоб мекунӣ?! Ман ту ва қавми туро дар гумроҳии ошкоре мебинам».

75           Ва ин чунин, малакути осмонҳо ва замин (ва ҳукумати мутлақаи Худованд бар онҳо)-ро, ба Иброҳим нишон додем, (то ба он истидлол кунад) ва аҳли яқин гардад.

76           Ҳангоме, ки (торикии) шаб ўро пўшонид, ситорае мушоҳида кард, гуфт: «Ин худои ман аст?», аммо ҳангоме, ки ғуруб кард, гуфт: «Ғурубкунандагонро дўст надорам».

77           Ва ҳангоме, ки моҳро дид, ки (синаи уфуқро) мешикофад, гуфт: «Ин худои ман аст?», аммо ҳангоме, ки (он ҳам) ғуруб кард, гуфт: «Агар Парвардигорам маро роҳнамоӣ накунад, ҳатман аз гурўҳи гумроҳон хоҳам буд».

78           Ва ҳангоме, ки хуршедро дид, ки (синаи уфуқро) мешикофт, гуфт: «Ин худои ман аст? Ин (ки аз ҳама) бузургтар аст!», аммо ҳангоме, ки ғуруб кард, гуфт: «Эй қавм! Ман аз шарикҳое, ки шумо (барои Худо) месозед, безорам.

79           Ман рўи худро ба сўи касе кардам, ки осмонҳо ва заминро офаридааст. Ман дар имони худ холисам ва аз мушрикон нестам».

80           Вале қавми ў (Иброҳим), бо вай ба гуфтугўву ситез пардохтанд, гуфт: «Оё дар бораи Худо бо ман гуфтугўву ситез мекунед?! Дар ҳоле, ки Худованд, маро бо далелҳои равшан ҳидоят кардааст. Ва ман аз он чӣ шумо ҳамто (-и Худо) қарор медиҳед, наметарсам (ва ба ман зиёне намерасонанд), магар Парвардигорам чизеро бихоҳад. Вусъати огоҳии Парвардигорам ҳама чизро дарбар мегирад, оё мутазаккир (ва бедор) намешавед?!

81           Чӣ гуна ман аз бутҳои шумо битарсам?! Дар ҳоле, ки шумо аз ин наметарсед, ки барои Худо, ҳамтое қарор додаед, ки ҳеҷ гуна далеле дар бораи он, бар шумо нозил накардааст. (Рост бигўед), кадом як аз ин ду даста (бутпарастон ва худопарастон), шоистатар ба эминӣ (аз муҷозот) ҳастанд, агар медонед?!

82           (Оре), онҳо, ки имон оварданд ва имони худро бо ширку ситам олуда накарданд, эминӣ танҳо аз они онҳост ва онҳо ҳидоятёфтангонанд».

83           Инҳо далелҳои мо буд, ки ба Иброҳим, дар баробари қавмаш додем. Дараҷоти ҳар касро бихоҳем (ва шоиста бидонем), боло мебарем. Парвардигори ту Ҳаким ва Доност.

84           Ва Исҳоқ ва Яъқубро ба ў (Иброҳим) бахшидем. Ва ҳар дуро ҳидоят кардем. Ва Нўҳро (низ), пеш аз он ҳидоят намудем ва аз фарзандони ў Довуд ва Сулаймон ва Айюб ва Юсуф ва Мўсо ва Ҳорунро (ҳидоят кардем). Ин гуна некўкоронро подош медиҳем.

85           Ва (ҳамчунин) Закариё ва Яҳё ва Исо ва Илоёсро, ҳама аз солеҳон буданд.

86           Ва Исмоил ва Алясаъ ва Юнус ва Лутро. Ва ҳамаро бар ҷаҳониён бартарӣ додем.

87           Ва аз падарону фарзандону бародарони онҳо (ашхосеро бартарӣ додем) ва баргузидем ва ба роҳи рост ҳидоят намудем.

88           Ин, ҳидояти Худост, ки ҳар кас аз бандагони худро бихоҳад, бо он роҳнамоӣ мекунад. Ва агар онҳо мушрик шаванд, аъмоли (неке), ки анҷом додаанд, нобуд мегардад (ва натиҷае аз он намегиранд).

89           Онҳо касоне ҳастанд, ки китобу ҳукму нубувват ба онон додем ва агар (ба фарз) нисбат ба он куфр варзанд, (оини ҳақ замин намемонад, зеро) касони дигареро нигаҳбони он месозем, ки нисбат ба он кофир нестанд.

90           Онҳо касоне ҳастанд, ки Худованд ҳидояташон кардааст, пас ба ҳидояти онон иқтидо кун (ва) бигў: «Дар баробари ин (рисолат ва таблиғ), подоше аз шумо наметалабам, ин (рисолат), чизе ҷуз як ёдоварӣ барои ҷаҳониён нест, (ин вазифаи ман аст)».

91           Онҳо Худоро дуруст нашинохтанд, ки гуфтанд: «Худо, ҳеҷ чиз бар ҳеҷ инсоне нафиристодааст». Бигў: «Чӣ касе китоберо, ки Мўсо овард, нозил кард?! Китобе, ки барои мардум, нуру ҳидоят буд, (аммо шумо) онро ба сурати пароканда қарор медиҳед, қисматеро ошкор ва қисмати зиёдеро пинҳон медоред. Ва матлабҳое ба шумо таълми дода шудааст, ки на шумо ва на падаронатон аз он бохабар набудед». Бигў: «Худо!», сипас онҳоро дар гуфтугўҳои саркашомезашон раҳо кун, то бозӣ кунанд.

92           Ва ин китобе аст, ки мо онро нозил кардем, китобе аст пурбаракат, ки он чиро пез аз он омадааст, тасдиқ мекунад. (Онро фиристодем, то мардумро ба подошҳои илоҳӣ, башорат диҳӣ) ва то (аҳли) Уммул-қуро (Макка) ва касонеро, ки гирди он ҳастанд, битарсонӣ. (Яқин бидон) онҳо, ки ба охират имон доранд, ба он имон меоваранд ва бар намозҳои худ муроқибат мекунанд.

93           Чӣ касе ситамкортар аст, аз касе, ки дурўғе ба Худо нисбат диҳад ё бигўяд: «Бар ман, ваҳй фиристода шудааст», дар ҳоле, ки ба ў ваҳй нашудааст. Ва касе, ки бигўяд: «Ман низ монанди он чӣ Худо нозил кардааст, нозил мекунам?!» Ва агар бубинӣ ҳангоме, ки (ин) золимон дар сахтиҳои марг фурў рафтаанд ва фариштагон дастҳоро кушода, ба онон мегўянд: «Ҷони худро берун кунед! Имрўз дар баробари дурўғҳое, ки ба Худо бастед ва нисбат ба оятҳои Ў такаббур варзидед, муҷозоти хоркунандае хоҳед дид». (Ба ҳоли онҳо таассуф хоҳӣ хўрд!).

94           Ва (рўзи қиёмат ба онҳо гуфта мешавад:) Ҳамаи шумо танҳо ба сўи мо бозгашт намудед, ҳамон гуна, ки рўзи аввал шуморо офаридем. Ва он чиро ба шумо бахшида будем, пушти сар гузоштед ва шафеонеро, ки шарик дар шафоати худ мепиндоштед, бо шумо намебинем. Пайвандҳои шумо бурида шудааст ва тамои он чиро такягоҳи худ тасаввур мекардед, аз шумо дур ва гум шудаанд.

95           Худованд, шикофандаи дона ва ҳаста аст, зиндаро аз мурда хориҷ месозад ва мурдаро аз зинда берун меоварад. Ин аст Худои шумо! Пас чӣ гуна аз ҳақ мунҳариф мешавед?!

96           Ў шикофандаи субҳ аст ва шабро сабаби оромиш ва хуршеду моҳро василаи ҳисоб қарор додааст. Ин андозагирии Худованди Тавонои Доност.

97           Ў касе аст, ки ситорагонро барои шумо қарор дод, то дар торикиҳои хушкӣ ва дарё, ба василаи онҳо роҳ ёбед. Мо нишонаҳо (-и худ)-ро барои касоне, ки медонанд (ва аҳли фикру андешаанд), баён доштем.

98           Ў касе аст, ки шуморо аз як нафс офарид. (Ва шумо ду гурўҳ ҳастед:) баъзе пойдор (аз назари имон ё хилқати комил) ва баъзе нопойдор, мо оятҳои худро барои касоне, ки мефаҳманд, шарҳ намудем.

99           Ў касе аст, ки аз осмон, обе нозил кард ва ба василаи он гиёҳони гуногун рўёнидем ва аз он, соқаҳо ва шохаҳои сабз, берун намудем. Ва аз онҳо донаҳои мутароким ва аз шукуфаи нахл, шукуфаҳои бо риштаҳои борике берун фиристодем. Ва боғҳое аз анвои ангур ва зайтун ва анор, (гоҳ) шабеҳ ба якдигар ва (гоҳ) бешабоҳат! Ҳангоме, ки мева медиҳад, ба меваи он ва тарзи расиданаш бингаред, ки дар он нишонаҳое (аз азамати Худо) барои ашхоси боимон аст.

100       Онон барои Худо ҳамтоёне аз ҷин қарор доданд, дар ҳоле, ки Худованд ҳамаи онҳоро офаридааст. Ва барои Худо, ба дурўғ ва аз рўи ҷаҳл, писарону духтароне сохтанд. Муназзаҳ аст Худо ва бартар аст аз он чӣ тавсиф мекунанд!

101       Ў падидоварандаи осмонҳо ва змин аст, чӣ гуна мумкин аст, фарзанде дошта бошад?! Ҳол он ки ҳамсаре надошта ва ҳамаи чизро офаридааст. Ва Ў ба ҳамаи чиз доност.

102       (Оре), ин аст Худованд, Парвардигори шумо! Ҳеҷ маъбуде ҷуз Ў нест. Офаридгори ҳамаи чиз аст, Ўро бипарастед. Ва Ў нигаҳбон ва мудаббири ҳамаи мавҷудот аст.

103       Чашмҳо Ўро намебинанд, вале Ў ҳамаи чашмҳоро мебинад. Ва Ў бахшанда (-и анвои неъматҳо ва бохабар аз дақоиқи мавҷудот) ва огоҳ (аз ҳама) чиз аст.

104       Далелҳои равшан аз тарафи Парвардигоратон барои шумо омад. Касе, ки (ба василаи он ҳақро) бубинад, ба суди худи ўст. Ва касе, ки аз дидани он чашм бипўшад, ба зиёни худаш мебошад. Ва ман нигаҳбони шумо нестам (ва шуморо бар қабули имон маҷбур намекунам).

105       Ва ин чунин оятҳо (-и худ)-ро шарҳ мекунем, бигзор онҳо бигўянд: «Ту дарс хондаӣ (ва онҳоро аз дигарӣ омўхтаӣ!)». Мехоҳем онро барои касоне, ки омодаи дарки ҳақоиқанд, равшан созем.

106       Аз он чӣ ки аз сўи Парвардигорат бар ту ваҳй шудааст, пайравӣ кун. Ҳеҷ маъбуде ҷуз Ў нест. Ва аз мушрикон рўй бигардон.

107       Агар Худо мехост, (ҳама маҷбуран имон меоварданд ва) ҳеҷ як мушрик намешуданд. Ва мо туро масъули (аъмоли) онҳо қарор надодаем ва вазифа надорӣ онҳоро (ба имон) маҷбур созӣ.

108       (Ба маъбуди) касоне, ки ғайри Худоро мехонанд, дашном надиҳед, мабодо онҳо (низ), аз рўи (зулм ва) ҷаҳл, Худоро дашном диҳанд. Ин чунин барои ҳар уммате амалашонро зинат додем. Сипас бозгашти ҳамаи онон ба сўи Парвардигорашон аст. Ва онҳоро аз он чӣ амал мекарданд, огоҳ месозад (ва подошу кайфар медиҳад).

109       Бо ниҳояти исрор, ба Худо савганд ёд карданд, ки агар нишонае (мўъҷизае) барои онон биёяд, ҳатман ба он имон меоваранд. Бигў: «Мўъҷизот фақат аз сўи Худост (ва дар ихтиёри ман нест, ки ба майли шумо мўъҷизае биёварам). Ва шумо аз куҷо медонед, ки ҳар гоҳ мўъҷизае биёяд, (имон меоваранд? На) имон намеоваранд!».

110       Ва мо дилҳо ва чашмҳои онҳоро вожгуна месозем. (Оре онҳо имон намеоваранд), ҳамон гуна, ки дар оғоз, ба он имон наёварданд ва ононро дар ҳоли туғёну саркашӣ, ба худ вомегузорем, то саргардон шаванд.

111       Ва (ҳатто) агар фариштагонро бар онҳо нозил мекардем ва мурдагон бо онон сухан мегуфтанд ва ҳамаи чизро дар баробари онҳо ҷамъ менамудем, ҳаргиз имон намеоварданд, магар он ки Худо бихоҳад, вале бештари онҳо намедонанд.

112       Ин чунин дар баробари ҳар пайғамбаре, душмане аз шаётини инсу ҷин қарор додем, онҳо ба таври сиррӣ, суханони (пинҳонии) фиребанда ва беасос, (барои ғофил кардани мардум), ба якдигар мегуфтанд. Ва агар Парвардигорат мехост, чунин намекарданд. (Ва метавонист пеши онҳоро бигирад, вале маҷбур кардан суде надорад). Бинбар ин, онҳо ва тўҳматҳояшонро ба ҳоли худ вогузор.

113       Натиҷа (-и васвасаҳои шайтон ва таблиғоти шайтонсифатон) ин хоҳад шуд, ки дилҳои мункирони қиёмат, ба онҳо мутамоил гардад ва ба он розӣ шаванд ва ҳар гуноҳе, ки бихоҳанд, анҷом диҳанд.

114       (Бо ин ҳол) оё ғайри Худоро ба доварӣ талабам?! Дар ҳоле, ки Ўст, ки ин ктиоби осмониро, ки ҳамаи чиз дар он омадааст, ба сўи шумо фиристодааст. Ва касоне, ки ба онҳо китоби осмонӣ додаем, медонанд ин китоб, ба ҳақ аз тарафи Парвардигорат нозил шудааст. Бинобар ин аз шаккунандагон мабош.

115       Ва каломи Парвардигори ту, бо сидқу адл, ба ҳадди тамом расид. Ҳеҷ кас наметавонад калимоти Ўро дигаргун созад. Ва Ў Шунавандаи Доност.

116       Агар аз бештари касоне, ки дар рўи змин ҳастанд, итоат кунӣ, туро рз роҳи Худо гумроҳ мекунанд, (зеро) онҳо танҳо аз гумон пайравӣ менамоянд ва тахмин мезананд.

117       Парвардигорат ба касоне, ки аз роҳи Ў гумроҳ гаштаанд, огоҳтар аст. Ва ҳамчунин ба касоне, ки ҳидоят ёфтаанд.

118       Аз (гўшти) он чӣ номи Худо (ҳангоми сар буридан) бар он гуфта шудааст, бихўред (ва ғайри он нахўред), агар ба оятҳои Ў имон доред.

119       Чаро аз чизҳо (гўштҳо)-е, ки номи Худо бар онҳо бурда шудааст, намехўред?! Дар ҳоле, ки (Худованд) он чиро бар шумо ҳаром будааст, баён кардааст! Магар ин ки ночор бошед, (ки дар ин сурат хўрдан аз гўшти он ҳайвонот, ҷоиз аст). Ва бисёре аз мардум, ба хотири ҳавою ҳавас ва беилмӣ (дигаронро) гумроҳ месозанд. Ва Парвардигорат таҷовузкоронро беҳтар мешиносад.

120       Гуноҳони ошкору пинҳонро раҳо кунед. Зеро касоне, ки гуноҳ мекунанд, ба зудӣ дар баробари он чӣ муртакиб мешуданд, муҷозот хоҳанд шуд.

121       Ва аз он чӣ номи Худо бар он бурда нашдааст, нахўред, ки ин кор гуноҳ аст. Ва шаётин ба дўстони худ матлабҳои махфиёнае илқо мекунанд, то бо шумо ба муҷодила бархезанд. Агар аз онҳо итоат кунед, шумо ҳам мушрик хоҳед буд.

122       Оё касе, ки мурда буд, сипас ўро зинда кардем ва нуре барояш қарор додем, ки бо он дар миёни мардум роҳ биравад, монанди касе аст, ки дар зулматҳо бошад ва аз он хориҷ нагардад?! Ин гуна барои кофирон аъмол (-и зиште), ки анҷом медоданд, зинат дода шуда (ва зебо ҷилва карда) аст.

123       Ва (низ) ин гуна дар ҳар шаҳру ободӣ, бузргони гунаҳкоре қарор додем, (ашхосе, ки ҳама гуна қудрат дар ихтиёрашон гузоридем, аммо онҳо сўистифода карда ва роҳи хато пеш гирифтанд) ва саранҷоми корашон ин шуд, ки ба макр (ва фиреби мардум) пардохтанд, вале танҳо худашонро фиреб медиҳанд ва намефаҳманд.

124       Ва ҳангоме, ки ояте барои онҳо биёяд, мегўянд: «Мо ҳаргиз имон намеоварем, магар ин ки монанди чизе, ки ба пайғамбарони Худо дода шудааст, ба мо ҳам дода шавад». Худованд огоҳтар аст, ки рисолати худро куҷо қарор диҳад. Ба зудӣ касоне ки муртакиби гуноҳ шуданд (ва мардумро аз роҳи ҳақ мунҳариф сохтанд), дар муқобили макр (ва фиребу найранге), ки мекарданд, гирифтори ҳақорат дар пешгоҳи Худо ва азоби шадид хоҳанд шуд.

125       Он касро, ки Худо бихоҳад ҳидоят кунад санаашро барои (пазириши) ислом кушода месозад. Ва он касро, ки ба хотири аъмоли хилофаш бихоҳад гумроҳ созад синаашро он чунон танг мекунад, ки гуё мехоҳад ба осмон боло равад. Ин гуна Худованд палидиро бар ошхосе, ки имон намеоваранд қарор медиҳад!

126       Ва ин роҳи мустақими (ва суннати ҷовидони) парвардигори ту аст. Мо оятҳои худро барои касоне, ки панд мегиранд баён кардем!

127       Барои онҳо (дар биҳишт) хонаи амн ва амон назди парвардигорашон хоҳад буд. Ва Ў валӣ ва ёвари онҳо аст ба хотири аъмоле (неке), ки анҷом медоданд.

128       Дар он рўз, ки (Худо) ҳамаи онҳоро ҷамъ ва маҳшур месозад, (мегўяд:) Эй ҷамъияти шаётин ва ҷин! Шумо шахоси зиёде аз инсонҳоро гумроҳ сохтед! Дўстон ва пайравони онҳо аз миёни инсонҳо мегўянд: Парвардигоро! Ҳар як аз мо ду гурўҳ (пешвоён ва пайравони гумроҳ) аз дигарӣ истифода кардем, (мо ба лаззати ҳавасолуд ва зудгузар расидем ва онҳо бар мо ҳукумат карданд) ва ба аҷале, ки барои мо муқаррар дошта будӣ расидем». (Худованд) мегўяд: «Оташ ҷойгоҳи шумо аст, ҷовидона дар он хоҳед монд, магар он чӣ Худо бихоҳад» Парвардигори ту Ҳаким ва доност.

129       Мо ин гуна баъзе аз ситамгаронро ба баъзе дигар вомегузорем ба сабаби аъмоле, ки анҷом медоданд.

130       (Дар он рўз ба онҳо мегўяд:) Эй гурўҳи ҷин ва инс! Оё расулоне аз шумо ба сўи шумо наомаданд, ки оятҳои маро бароятон бозгў мекарданд ва шуморо аз мулоқоти чунин рўзе бим медоданд?! Онҳо мегўянд: «Бар зидди худамон гувоҳӣ медиҳем, (оре, мо бад кардем)». Ва зиндагии (пур зарқу барқи) дунё онҳоро фиреб дод ва ба зиёни худ гувоҳӣ медиҳанд, ки кофир буданд.

131       Ин ба хотири он аст, ки Парвардигорат ҳеҷ гоҳ (мардуми) шаҳрҳо ва ободиҳоро ба хотири ситамҳояшон дар ҳоли ғафлат ва бехабарӣ ҳалок намекунад. (Балки пеш аз он расулоне барои онҳо мефиристад).

132       Ва барои ҳар як (аз ин ду даста), дараҷот (ва маротибе) аст, аз он чӣ амал карданд. Ва Парвардигорат аз аъмоле, ки анҷмо медиҳанд, ғофил нест.

133       Парвардигорат бениёз ва Меҳрубон аст, (пас ба касе ситам намекунад, балки ҳама натиҷаи аъмоли худро мегиранд). Агар бихоҳад ҳамаи шуморо мебарад, сипас ҳар касро бихоҳад ҷонишини шумо месозад, ҳамон тавр, ки шуморо аз насли ақвоми дигаре ба вуҷуд овард.

134       Он чӣ ба шумо ваъда дода мешавад, яқинан меояд ва шумо наметавонед (Худоро) нотавон созед (ва аз одолату кайфари Ў гурезед).

135       Бигў: «Эй қавми ман! Ҳар кор дар қудрат доред, бикунед! Ман (ҳам ба вазифаи худ) амал мекунам, аммо ба зудӣ хоҳед донист, чӣ касе саранҷоми нек хоҳад дошт (ва пирўзӣ бо чӣ касе аст. Аммо) ба яқин золимон растагор нахоҳанд шуд».

136       Онҳо (мушрикон) саҳме аз он чӣ Худованд аз зироат ва чаҳорпоён офаридааст, барои Ў қарор доданд (ва саҳме барои бутҳо). Ва ба гумони худ гуфтанд: «Ин аз они Худост ва ин ҳам аз они шуракои мо (яъне бутҳо) аст». Он чӣ аз они шуракои онҳо буд, ба Худо намерасид, вале он чӣ аз они Худо буд, ба шуракояшон мерасид. (Оре, агар саҳми бутҳо бо камбудӣ рў ба рў мешуд, аз они Худо ба бутҳо медоданд, аммо акси онро ҷоиз намедонистанд). Чӣ бад ҳукм мекунанд, (ки илова бар ширк, ҳатто Худоро камтар аз бутҳо медонанд)!

137       Ҳамин гуна шуракои онҳо (бутҳо) қатли фарзандонашонро дар назарашон ҷилва доданд, (кўдакони худро қурбонии бутҳо мекарданд ва ифтихор менамуданд). Саранҷом онҳоро ба ҳалокат афканданд ва оинашонро бар онон муштабаҳ сохтанд. Ва агар Худо мехост, чунин намекарданд, (зеро метавонист пеши онро бигирад, вале иҷбор суде надорад). Бинобар ин, онҳо ва тўҳматҳояшонро ба ҳоли худ вогузор (ва ба онҳо эътино макун).

138       Ва гуфтанд: «Ин қисмат аз чаҳорпоён ва зироат, (ки махсуси бутҳост, барои ҳама) манъ аст. Ва ҷуз касоне, ки мо бихоҳем – ба гумони онҳо – набояд аз он бихўранд. Ва (инҳо) чаҳорпоёне аст, ки савор шудан бар онҳо (бар мо) ҳаром шудааст». Ва (низ) чаҳорпоёне (буд), ки (ҳангоми зибҳ), номи Худоро бар он намебурданд ва ба Худо дурўғ мебастанд (ва мегуфтанд: «Ин аҳком ҳама аз ноҳияи Ўст»). Ба зудӣ (Худо) кайфари тўҳматҳои онҳоро медиҳад.

139       Ва гуфтанд: «Он чӣ (аз бачча) дар шиками ин ҳайвонот аст, махсуси мардони мост ва бар ҳамсарони мо ҳаром аст, аммо агар мурда бошад, (мурда таваллуд шавад), ҳамагӣ дар он шариканд». Ба зудӣ (Худо) кайфари ин тавсифи (ва аҳкоми дурўғини) онҳоро медиҳад. Ў Ҳаким ва Доност.

140       Ба яқин онҳо, ки фарзандони худро аз рўи ҷаҳлу нодонӣ куштанд, гирифтори зиён шуданд, (зеро) он чиро Худо ба онҳо рўзӣ дода буд, бар худ ҳаром карданд ва бар Худо тўҳмат заданд. Онҳо гумроҳ шуданд ва (ҳаргиз) ҳидоят наёфта буданд.

141       Ўст, ки боғҳои маъруш (боғҳое, ки дарахтонаш рўи ховозаҳо қарор дорад) ва боғҳои ғайри маъруш (боғҳое, ки ниёз ба ховоза надорад)-ро офарид. Ҳамчунин нахл ва анвои зироатро, ки аз назари мева ва таъм бо ҳам фарқ доранд. Ва (низ) дарахти зайтун ва анорро, ки аз ҷиҳате бо ҳам шабеҳ ва аз ҷиҳате фарқ доранд, (баргу сохтмони зоҳирияшон монанди якдигар аст, дар ҳоле, ки таъми меваи онҳо фарқ доранд). Аз меваи он дар ҳангоме, ки ба самар менишинад, бихўред ва ҳаққи онро дар ҳангоми дирав бипардозед ва исроф накунед, ки Худованд мусрифонро дўст надорад.

142       (Ў касе аст, ки) аз чаҳорпоён барои шумо ҳайвоноти борбар ва ҳайвоноти хурд (барои манофеи дигар) офарид, аз он чӣ ба шумо рўзӣ додааст, бихўред ва аз гомҳои шайтон пайравӣ нанамоед, ки ў душмани ошкори шумост.

143       Ҳашт то аз чаҳорпоён (барои шумо) офарид, аз меш як ҷуфт ва аз буз як ҷуфт, бигў: «Оё Худованд нарҳои онҳоро ҳаром кардааст, ё модаҳоро?! Ё он чӣ шиками модаҳо дарбар гирифтааст?! Агар рост мегўед (ва бар ҳаром будани инҳо далеле доред), ба ман хабар диҳед!».

144       Ва аз шутур як ҷуфт ва аз гов ҳам як ҷуфт (барои шумо офарид), бигў: «Кадом як аз инҳоро Худо ҳаром кардааст?! Нарҳо ё модаҳоро?! Ё он чиро шиками модаҳо дарбар гирифтааст?! Ё ҳангоме, ки Худо шуморо ба ин мавзўъ тавсия кард, шумо гувоҳ (бар ин ҳаром кардан) будед?! Пас чӣ касе ситамкортар аст, аз он кас, ки бар Худо дурўғ мебандад, то мардумро аз рўи ҷаҳл гумроҳ созад?! Худованд ҳеҷ гоҳ ситамгаронро ҳидоят намекунад».

145       Бигў: «Дар он чӣ бар ман ваҳй шудааст, ҳеҷ хўроки ҳароме намеёбам, ба ҷуз ин ки мурдор (ҳароммурда) бошад, ё хуне, ки (аз бадани ҳайвон) берун рехта, ё гўшти хук – ки инҳо ҳама палиданд – ё ҳайвоне, ки ба гуноҳ, ҳангоми сар буридан, номи ғайри Худо (номи бутҳо) бар он бурда шудааст». Аммо касе, ки маҷбур (ба хўрдани ин муҳаррамот) шавад, бе он ки хоҳони лаззат бошад ва ё зиёдаравӣ кунад, (гуноҳе бар ў нест), зеро Парвардигорат Омурзандаи Меҳрубон аст.

146       Ва бар яҳудиён, ҳар ҳайвони нохундор (ҳайвоноте, ки суми якпорча доранд)-ро ҳаром кардем ва аз гову гўсфанд, пия ва чарбияшонро бар онон ҳаром намудем, магар чарбиҳое, ки бар пушти онҳо қарор дорад ва ё дар ду тарафи паҳлўҳо ва ё онҳо, ки бо устухон омехтааст. Инро ба хотири ситаме, ки мекарданд, ба онҳо кайфар додем. Ва мо рост мегўем.

147       Агар туро инкор кунанд (ва ин ҳақоиқро напазиранд), ба онҳо бигў: «Парвардигори шумо, раҳмати густардае дорад, аммо муҷозоти Ў ҳам аз муҷримон дафъшуданӣ нест (ва агар идома диҳед, кайфари шумо ҳатмӣ аст).

148       Ба зудӣ мушрикон (барои табриаи худ) мегўянд: «Агар Худо мехост, на мо мушрик мешудем ва на падарони мо ва на чизеро ҳаром мекардем». Касоне, ки пеш аз онҳо буданд низ, ҳамин гуна дурўғ мегуфтанд ва саранҷом (таъми) кайфари моро чашиданд. Бигў: «Оё далели равшане (бар ин мавзўъ) доред, ки онро ба мо нишон диҳед?! Шумо фақат аз пиндорҳои беасосе пайравӣ мекунед ва тахминҳои нобаҷо мезанед».

149       Бигў: «Далели расо (ва қотеъ) барои Худост, (далеле, ки барои ҳеҷ кас баҳонае боқӣ намегузорад). Ва агар Ў бихоҳад, ҳамаи шуморо (маҷбуран) ҳидоят мекунад. (Вале чун ҳидояти маҷбурӣ бесамар аст, ин корро намекунад)».

150       Бигў: «Гувоҳони худро, ки гувоҳӣ медиҳанд, Худованд инҳоро ҳаром кардааст, биёваред!». Агар онҳо (ба дурўғ) гувоҳӣ диҳанд, ту бо онон (ҳамсадо нашав ва) гувоҳӣ надеҳ ва аз ҳавою ҳаваси касоне, ки оятҳои моро инкор карданд ва касоне, ки ба охират имон надоранд ва барои Худо шарик қоиланд, пайравӣ макун.

151       Бигў: «Биёед он чиро Парвардигоратон бар шумо ҳаром кардааст, бароятон бихонам: ин ки чизеро шарики Худо қарор надиҳед ва ба падару модар некӣ кунед ва фарзандонатонро аз (тарси) фақр накушед, мо шумо ва онҳоро рўзӣ медиҳем. Ва наздики корҳои бад наравед, чӣ ошкор бошад, чӣ пинҳон ва инсонеро, ки Худованд мўҳтарам шумурдааст, ба қатл нарасонед, магар ба ҳақ (ва аз рўи истеҳқоқ). Ин чизе аст, ки Худованд шуморо ба он суфориш кардааст, шояд дарк кунед.

152       Ва ба моли ятим, ҷуз ба беҳтарин сурат (ва барои ислоҳ), наздик нашавед, то ба ҳадди рушди худ бирасад ва ҳаққи паймона ва вазнро ба адолат адо кунед. – Ҳеҷ касро, ҷуз ба миқдори тавоноияш, таклиф намекунем. – Ва ҳангоме, ки сухане мегўед, адолатро риоят намоед, ҳатто агар дар мавриди наздикон (-и шумо) бошад. Ва ба паймони Худо вафо кунед. Ин чизе аст, ки Худованд шуморо ба он суфориш мекунад, то мутазаккир шавед.

153       Ин роҳи рости ман аст, аз он пайравӣ кунед. Ва аз роҳҳои пароканда (ва инҳирофӣ) пайравӣ накунед, ки шуморо аз тариқи ҳақ, дур месозад. Ин чизе аст, ки Худованд шуморо ба он суфориш мекунад, шояд парҳезгорӣ пеша кунед».

154       Сипас ба Мўсо китоб (-и осмонӣ) додем (ва неъмати худро) бар онҳо, ки некўкор буданд, комил кардем ва ҳамаи чизро, (ки мавриди ниёзи онҳо буд, дар он) равшан сохтем, китобе, ки сабаби ҳидояту раҳмат буд, шояд ба лиқои Парвардигорашон (ва рўзи растохез) имон биёваранд.

155       Ва ин китобе аст пурбаракат, ки мо (бар ту) нозил кардем. Аз он пайравӣ кунед ва парҳезгорӣ пеша намоед, бошад, ки мавриди раҳмат (-и Худо) қарор гиред.

156       (Мо ин китобро бо ин имтиёзҳо нозил кардем), то нагўед: «Китоби осмонӣ, танҳо бар ду тоифаи пеш аз мо (яҳуд ва насоро), нозил шуда буд ва мо аз баҳсу баррасии онҳо бехабар будем».

157       Ё нагўед: «Агар китоби осмонӣ бар мо нозил мешуд, аз онҳо ҳидоятёфтатар будем». Инак оятҳо ва далелҳои равшан аз ҷониби Парвардигоратон ва ҳидояту раҳмат барои шумо омад. Пас чӣ касе ситамкортар аст, аз касе, ки оятҳои Худоро инкор карда ва аз он рўй гардондааст?! Аммо ба зудӣ касонеро, ки аз оятҳои мо рўй мегардонанд, ба хотири ҳамин эърози бедалелашон, муҷозоти шадид хоҳем кард!

158       Оё ҷуз ин интизор доранд, ки фариштагон (-и марг) ба суроғашон оянд ё Худованд (худаш) ба сўи онҳо биёяд ё баъзе аз оятҳои Парвардигорат (ва нишонаҳои растохез) биёяд?! Аммо он рўз, ки баъзе аз оятҳои Парвардигорат таҳаққуқ пазирад, имон овардани ашхосе, ки пеш аз он имон наёвардаанд, ё дар имонашон амали неке анҷом надодаанд, суде ба ҳолашон нахоҳад дошт. Бигў: «(Акнун, ки шумо чунин интизорҳои нодуруст доред), интизор бикашед! Мо ҳам интизор (-и кайфари шуморо) мекашем!».

159       Касоне, ки оини худро пароканда сохтанд ва ба дастаҳои гуногун (ва мазҳабҳои мухталиф) тақсим шуданд, ту ҳеҷ гуна робитае бо онҳо надорӣ. Сару кори онҳо танҳо бо Худост, сипас Худо онҳоро аз он чӣ анҷом медоданд, бохабар мекунад.

160       Ҳар кас кори неке ба ҷо оварад, даҳ баробари он подош дорад ва ҳар кас кори баде анҷом диҳад, ҷуз монанди он, кайфар нахоҳад дид. Ва ситаме бар онҳо нахоҳад шуд.

161       Бигў: «Парвардигорам маро ба роҳи рост ҳидоят кардааст. Оини побарҷое (ва зомини саодати дину дунё), оини Иброҳим, ки аз оинҳои хурофӣ рўй баргардонд ва аз мушрикон набуд».

162       Бигў: «Намоз ва тамоми ибодоти ман ва зиндагӣ ва марги ман, ҳама барои Худованди Парвардигори ҷаҳониён аст.

163       Ҳамтое барои Ў нест. Ва ба ҳамин маъмур шудаам. Ва ман нахустин мусулмонам».

164       Бигў: «Оё ғайри Худо, парвардигореро биталабам, дар ҳоле, ки Ў Парвардигори ҳама чиз аст?! Ҳеҷ кас, амал (-и баде), ҷуз ба зиёни худаш, анҷом намедиҳад. Ва ҳеҷ гунаҳкоре гуноҳи дигариро бар дўш намегирад, сипас бозгашти ҳамаи шумо ба сўи Парвардигоратон аст ва шуморо аз он чӣ дар он ихтилоф доштед, хабар хоҳад дод.

Ва Ў касе аст, ки шуморо ҷонишинон (ва намояндагони) худ дар замин сохт ва дараҷоти баъзе аз шуморо, болотар аз баъзеи дигар қарор дод, то шуморо ба василаи он чӣ дар ихтиёратон қарор додааст, биёзмояд. Ба яқин Парвардигори ту сареул-иқоб ва Омурзандаи меҳрубон аст. (Кайфари касоне, ки аз бўтаи имтиҳон нодуруст дароянд, зуд медиҳад ва нисбат ба ҳақҷўён Меҳрубон аст).

 

 

 

Охирин матолиб

Нигоҳи гузаро бар Ошурои ҳусайнӣ

Муқаддима Он чи дар ин чанд саҳфа таҳти унвони “Нигоҳи гузаро бар Ошурои ҳусайнӣ” барои хонандагони азиз матраҳ мегардад, хулосае аз зиндагони имом Ҳусайн(а) аст,...

Беҳтарин шаби сол

Бисмиллоҳи Раҳмони Раҳим Пешгуфтор  Ба номи онки дил кошонаи ӯст, Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.