Тавсеяҳои Паёмбари Аъзам(с) дар мавриди хоб

توصیه پیامبر ص به فاطمه زهراء س در مورد خواب

عن فاطمه الزهرا(سلام الله علیها )قالت: رسول الله (صلی الله علیه و آله ) قال : یا فاطمه لاتنامی الا و قد عملت اربعه: ختمت القرآن , و جعلت الانبیاء شفعائک , و ارضیت المومنین عن نفسک , و حججت و اعتمرت , قال هذا و اخذ فی الصلوه , فصبرت حتی اتم صلاته, قلت: یا رسول الله امرت باربعه لا اقدر علیها فی هذا الحال فتبسم(صلی الله علیه و آله )و قال:

اذا قرات قل هو الله احد ثلاث مرات فکانک ختمت القرآن , واذا صلیت علی و علی الانبیاء قبلی کنا شفعائک یوم القیمه , و اذا استغفرت للمومنین رضوا کلهم عنک و اذا قلت : سبحان الله و الحمد لله و لا اله الا الله و الله اکبر, فقد حججت و اعتمرت .

Ҳазрати Фотима(с) нақл мекунад, ки ҳазрати Паёмбар(с) ба ман тавсея фармуданд ва гуфтанд:

Эй Фотима(с) нахоб магар онки чор корро анҷом диҳӣ:

1.Қуръонро хатм кунӣ.

2.Паёмбаронро шафиат гардонӣ.

3.Муъминеро аз худ рози кунӣ.

4.Ҳаҷҷи умраро ба ҷо оварӣ.

Инро фармуд ва оғоз ба хондани намоз кард. Сабр кардам то намозаш тамом шавад. Гуфтам: Эй Расули Худо! Ба чор чиз маро амр фармудӣ, дар ҳоле ки бар онҳо тавоноӣ надорам.

Паёмбар(с) табассуме карду фармуд:

Чун «Қул ҳуваллоҳ»-ро се бор бихонӣ мисли ин аст, ки Қуръонро хатм кардаӣ.

Чун бар ман ва паёмбарони пеш аз ман салавот фиристӣ, шафоаткунандагони ту дар рӯзи қиёмат хоҳем буд.

Чун барои мӯъминон истиғфор кунӣ, онон ҳама аз ту розӣ хоҳанд шуд.

Ва чун бигӯӣ: «Субҳоналлоҳ валҳамдулиллоҳ ва ло илоҳа иллаллоҳ валлоҳу акбар» ҳаҷ ва умраеро анҷом додаӣ.

Нури тоҷикон

Охирин матолиб

Одоби тиловати Қуръон

Одоби тиловати Қуръон зиёд аст, ки ба муҳимтарини онҳо ишора мекунем: 1. Бо таҳорат тиловат кардан 2. Мисвок задан (шустани дандонҳо) қабл аз Қуръон хондан,...

тарҷума

Тарҷумаи СУРАИ ИСРО

СУРАИ ИСРО Ин сура дар Макка нозил шуда ва 111 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Муназзаҳ аст Зоте, ки бандаашро шабонгоҳе аз Масҷид-ул-ҳаром...