Тавбаи воқеӣ

Ҷобир ибни Абдуллоҳи Ансорӣ мегӯяд: Шахси биёбоние дар Мадина ба масҷиди Паёмбар(с) омад ва гуфт: Худоё ман аз ту талабу хохиши бахшиш ва тавба дорам ва ба намоз истод. Пас аз намоз ҳазрати Алӣ ибни Абитолиб(к) ба ӯ гуфт: Суръат ва тез будани забон дар истиғфор ва талаби бахшиш тавбаи дурӯғгӯён аст, ки худи ин (тавба) тавба (кардан) мехоҳад. Он мард пурсид: Пас ҳақиқати тавба чигуна аст? Ҳазрати Алӣ(к) фармуданд: Тавба исме аст, ки шаш шоха (шароит) дорад:

1-     Пушаймонӣ аз гуноҳони гузашта.

2-      Амал ба фароизи гузашта (қазоҳо(.

3-       Баргардондани ҳаққи мардум.

4-     Об кардани гӯштҳои бадан дар роҳи пайравӣ аз Худованд (чунонки бо гуноҳ омадааст(.

5-     Чашидани сахтии итоат ба ҷону тан (чунонки ширинии гуноҳро мечашид).

6-       Гиря дар баробари ҳамаи хандаҳое, ки кардааст[1].

Таҳияи Саидбурҳони Акбар

[1] . Тафсири Руҳ-ул-Баён, ҷ.8 с.31.

Охирин матолиб

ИХТИЛОФ САБАБИ НОБУДИИ УММАТҲОСТ

Паёмбари Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи васалам умматашро хӯб таълим дод ва ба ростӣ ҳӯҷҷатро барояшон тамом кард ва онҳоро аз ҷаҳлу ҳавопарастӣ, ихтилофандозию тафриқабозӣ...

Нақши Форсҳо дар Ислом аз манзари Расули Худо(с)

Расули акрам(с) дар бораи Форсҳо мефармоянд: ‏لَوْ كَانَ الدِّينُ عِنْدَ ‏الثُّرَيَّا‏ ‏لَذَهَبَ بِهِ رَجُلٌ مِنْ فَارِسَ ‏أَوْ قَالَ مِنْ أَبْنَاءِ فَارِسَ ‏حَتَّى يَتَنَاوَلَهُ Агар дин...

ҲИКМАТҲОИ РАМАЗОН

Фаро расидани моҳи мубораки Рамазон ба тамоми мусулмонон ба хусӯс шумо ҳамдиёрони азиз муборак бошад! Дар ин моҳи шарифу муқаддас, аз Парвардигори олам қабл аз...

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *