Сирру асрори Ояталкурсӣ

Албатта ҳамаи ояҳои Қуръони карим дорои фазилат ва баракоте ҳастанд, ҳеҷ як аз ояҳои ин китоби муқаддас нест, ки дар он чанд ҳикмате нуҳуфта набошад, аммо дар мавриди баъзе аз сураҳои Қуръон ва ояҳо, ҳадисҳое ворид шудааст, ки азамат ва бузургии онҳоро бештар баён мекунад, ба монанди ин ривоят, ки Паёмбари Худо (с) фармудаанд:

قال رسول الله صلى الله عليه وآله و سلم  : «{قُلْ هُوَ اللَّهُ أَحَدٌ} تعدل ثلث القرآن» رواه مسلم

Паёмбари Худо (с) фармуданд: «(Сураи) Қул ҳуваллоҳу аҳад, муодили сеяки Қуръон аст». Аммо мавзӯе, ки мехоҳем дар инҷо ба он ишора кунем, сирру фазилати Ояталкурсӣ аст ва ё чаро ин ояи каримаро сайиди ояҳои Қуръон медонанд?

Худованди маннон фармудааст:

بِسْمِ اللّهِ الرَّحْمنِ الرَّحِيمِ

اللّهُ لاَ إِلَهَ إِلاَّ هُوَ الْحَيُّ الْقَيُّومُ لاَ تَأْخُذُهُ سِنَةٌ وَلاَ نَوْمٌ لَّهُ مَا فِي السَّمَاوَاتِ وَمَا فِي الأَرْضِ مَن ذَا الَّذِي يَشْفَعُ عِنْدَهُ إِلاَّ بِإِذْنِهِ يَعْلَمُ مَا بَيْنَ أَيْدِيهِمْ وَمَا خَلْفَهُمْ وَلاَ يُحِيطُونَ بِشَيْءٍ مِّنْ عِلْمِهِ إِلاَّ بِمَا شَاء وَسِعَ كُرْسِيُّهُ السَّمَاوَاتِ وَالأَرْضَ وَلاَ يَؤُودُهُ حِفْظُهُمَا وَهُوَ الْعَلِيُّ الْعَظِيمُ.

“Аллоҳ худоест, ки ҳеҷ маъбуде барҳақ ҷуз Ӯ нест. Зиндаву тадбиркунандаи ҳама чиз аст, на хобби сабук (пинак) Ӯро фаро мегирад ва на хоби сангин. Аз они Ӯст ҳарчӣ дар осмонҳо ва замин аст. Чӣ касе ҷуз ба иҷозати Ӯ дар назди Ў шафоат кунад? Он чиро, ки пеши рӯ ва он чиро, ки пушти сарашон аст, медонад ва ба илми Ӯ ҷуз он чӣ Худ хоҳад, иҳота натавонад ёфт. Курсии Ӯ осмонҳо ва заминро дар бар дорад. Нигоҳдории онҳо бар Ӯ душвор нест, Ӯ баландпояву бузург аст.[1]

Чаро сайиди ояҳои Қуръон аст?

Дар бораи ин матлаб, ки чаро ин ояи шарифа сайиди ояҳои Қуръон қарор гирифта, матолибе зикр шуда аст, ки дар инҷо ба чанд намуна аз онҳо ишора мекунем:

* Қоидаи асосии дин, ки тавҳиди холис аст, дар ин оя баён шудааст.

* Муодили сеяки Қуръон аст.

* Бошарофат ва бо фазилаттарин ояи Қуръон аст.

* Дорои 50 калима аст, ки ҳар як аз он калимаҳо дорои 50 баракат аст.

* Бештар аз 17 номҳои илоҳӣ (асмои ҳусно) дар он зикр шудааст.

Вақти нузули Ояталкурсӣ .

Ин ояи муборака дар шаб нозил шудааст. Ривоят намудаанд, ки вақте ин оя нозил шуд тамоми бутҳо дар дунё ба замин афтоданд ва шайтон ҳам дар ғаму ғуссаи фаровон гирифтор шуд.

Шайтони рондашуда аз даргоҳи илоҳӣ, ҳар вақт ояе нозил мешуд, ки тиловати он боиси ҳидоят ба сӯи нур ва наҷоти бандагон аз шарри шаётин мешуд ғамгину нороҳат мегашт.

Чаро Ояталкурсӣ номида шудааст?

* Курсӣ асоси ҳукмро мегӯянд, ки он рамзи подшоҳон аст.

* Ин оя далолат бар улуҳияти мутлақ дорад.

* Бо лафзи «Аллоҳ» шурӯъ шудааст ва бо лафзи «Алиюл-азим» поён ёфтааст.

* Ин оя ҳар касеро, ки ба хондани он пойбанд бошад манзилат ва мартабаашро боло мебарад.

Паёмбари Худо (с) дар баёни фазилати ин оя фармудаанд:

لِكُلِّ شَيْءٍ سَنَامٌ وَإِنَّ سَنَامَ الْقُرْآنِ سُورَةُ الْبَقَرَةِ وَفِيهَا آيَةٌ هِيَ سَيِّدَةُ آيِاة الْقُرْآنِ هِيَ آيَةُ الْكُرْسِيِّ

«Ҳар чизе дорои саном[2] аст ва саноми Қуръон сураи Бақара аст ва дар ин сура ояе ҳаст, ки сайиди ояҳои Қуръон аст ва он Ояталкурсӣ аст».

Касе ин ояро дар чор гӯшаи хонааш бихонад, ҳамчун посбоне мешавад, ки шайтонҳо аз онҷо мегурезанд.

Касе ин ояро дар шаб бихонад то субҳ дигар шайтон ба онҷо намедарояд.

Касе ин ояро қабл аз хоб рафтан барои худ ва фарзандон бихонад таҳти ҳифзу ҳимояти Худованд қарор гирифта ва шайтон то субҳ ба онон наздик намешавад ва ҳамчунин гирифтори хобҳои тарснок ва даҳшатовар намегардад.

Ин ояи муборака дорои фазилатҳои бешуморе аст, ки иншоаллоҳ дар матолиби баъдӣ ба шумо хонандагони муҳтарам пешкаш хоҳем намуд. Аммо чун матолиб дар бораи ин оя тӯлонӣ аст ва шояд барои хонандаи азиз мушкил ва хастакунанда бошад ба ин чанд нукта иктифо намудем.

Сухани поёнӣ

Худоё! Касе ин сафҳаро мекушояд ва аз сидқи дил онро мехонад баракотатро аз осмон барои ӯ фурӯд овар ва аз ҷаннати беҳамтоят маҳрумаш нагардон.

 

 


[1] Сураи Бақара, ояи 255

[2] Саном, баландии пушти шутурро гӯянд, яъне нуқтаи баландие аст.

Охирин матолиб

Наҳзати ҳусейнӣ ва низоми илоҳӣ2

Идомаи баҳс: Чунон ки қаблан ишора шуд, Язид касе буд, ки аҳкоми илоҳиро зойеъ мекард ва эътиқоде ба онҳо надошт. Дар маҳдудаи ҳукумати ӯ, исломи...

Тарҷумаи СУРАИ ТАВБА

СУРАИ ТАВБА Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 129 оят дорад. [Ин эълони] безорӣ аст аз тарафи Худо ва Паёмбараш нисбат ба касоне аз...