ПУРСИШУ ПОСУХ

Чӣ кор кунем, ки дар дунё зиндагии роҳат дошта бошем?

Қуръони Карим мефармояд: Онгуна бошед, ки агар чизеро аз даст додед афсус нахӯред ва агар чизе ба даст овардед (аз)  шодӣ (худро набозед) .

Оё имкон дорад, ки инсон ин гуна шавад ва дар ҳар ду сурат ҳеҷ тағйире наёбад?

Ба ин мисол таваҷҷуҳ намоед:

Корманди банк як рӯз масъули гирифтани пули мардум мешавад ва милионҳо сумро мегирад ва рӯзи дигар масъули додани пул ба мардум  мешавад ва милионҳо сумро ба мардум медиҳад. На он рӯзе, ки пул мегирад хушҳол аст ва на он рӯзе, ки мепардозад нороҳат аст, зеро медонад, ки ӯ ҳар ду рӯз фақат амонатдор будааст.

Мисоли дигар.

Барои чархи трактор ҳаракат дар замини ҳамвор ва ноҳамвор фарқе надорад, вале барои чархи дучарха фарқ дорад.

Нишастан ва бархостани як гунҷишк ба рӯи шохаи гул таъсир дорад, вале рӯи дарахти тануманд ҳеҷ таъсире надорад.

Ҳамин тавр инсонҳо ба хотири доштани руҳи бузург масоили ҷузъӣ дар руҳашон чандон асар надорад.

Имом Ҳусайн(а) дар зуҳри Ошуро дар баробари даҳҳо тире, ки ба сӯяш партоб шуд ва даҳҳо доғе, ки  дид намози бошукуҳ ва холисонаву ботавозуъ хонд. Дар ҳоле, ки камтарин ҳаракат моро аз намоз ё хушуъ (фурутанӣ) боз медорад.[1]

   Оё ин ки Худованд фақат кори одамҳои парҳезгорро қабул мекунад сабаби ноумедии афроди оддӣ ё  гунаҳкор намешавад?

1) Қуръон мефармояд: Худованд фақат (аъмоли) парҳезгоронро мепазирад.

Тақво дараҷоте дорад аз ин рӯ калимаи (اتقی) яъне ботақвотар дар Қуръон омадааст. Гиромитарини шумо назди Худованд ботақвотарини шумост.[2]

Бештари одамони оддӣ ва хилофкор ҳам як дараҷае аз тақворо доранд, вагарна ҳеҷ кори хайре намекарданд ва аз ҳеҷ гуноҳе даст намекашиданд.

2) Агар гӯянд давлат фақат касонеро, ки хатмкунандагони донишгоҳро ба кор қабул мекунад мурод он аст, ки шарти ба хидамат қабул кардан касонеанд, ки донишгоҳро тамом карда бошанд на ин ки дигарон ҳаққи ҳеҷ гуна кореро надоранд ва ё агар коре кунанд подош намегиранд. 

3) Пазириши амал дараҷоте дорад, қабули оддӣ ва қабули шоиста[3]  ва қабули бартар, ки дар дуо мехонем  و تقبل باحسن قبولک бинобарин кори ҳар кас ба миқдори тақвое, ки дорад қабул мешавад ба ҳамин далел подошҳои Қуръон нисбат ба афрод ва корҳо ва шароит фарқ дорад.

Баъзе корҳо подоши ду баробар доранд.  [4] ضعفین 

Баъзе корҳо  чанд баробар подош доранд. اضعافا[5]

Баъзе корҳо  даҳ баробар подош доранд.[6] 



[1] . Баргирифта аз тамсилоти устод Қироатӣ, с. 27-28, бо дахлу тасарруф.Таҳияи Муҳаммадалии Исломӣ.

[2] . Ҳуҷурот, 13.

[3] . Оли Имрон, 37.

[4] . Бақара, 265.

[5] . Бақара, 245.

[6] . Анъом, 160.

 

Охирин матолиб

Қироатҳои ҳафтгона 2

  Қироатҳои сабъа Авомили ихтилофи қироатҳо Қаблан баён шуд, ки дар даврони халифаи севвум бо таваҷҷӯҳ ба густариши Ислом ва имон овардани ақвоми ғайри араб...

Тарҷумаи СУРАИ АНБИЁ

СУРАИ АНБИЁ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 112 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Барои мардум [замони] ҳисобашон наздик шуд, дар ҳоле...

Қироатҳои ҳафтгона 1

Қироатҳои сабъа Қироат ва тиловати Қуръони карим бо оғози нузули Қуръон ҳамроҳ аст. Аввалин қори ва муаллими Қуръон Паёмбари Акрам (с) буд, ки бо дарёфти...

Усули тарбияти исломӣ2

Тарбияти баданӣ Саломатӣ шахсияти инсонӣ ва тавоноии ҷисмонӣ, ду пояти асосии парвариши дурусти фарзандон аст, зеро ақли солим дар бадани солим аст ва лозимаи амал...

Осори зикр ва ёди Худо

Аз дасту забон, ки барояд                                         каз ӯҳдаи шукраш бадар ояд Яке аз умуре ки дар   Қуръони карим  ва ривоёт мавриди таваҷҷӯҳ ва аҳамияти хоссе...