Плюрализм гуногунфикрӣ аз манзари Ислом1

pulorizm

pulorizmМуқаддима  

   Ончи ки дар пеши рӯ доред қарор аст, ки ба таври мухтасар плюрализмро аз назари луғавӣ ва истилоҳӣ баррасӣ намуда ва ба маншаъ ва хостгоҳи он низ бипардозад. Дар натиҷа низ назари Исломро дар робита бо ин падидаи навзуҳур дар ҷомеаи исломӣ баён намояд, ки оё плюрализм ба маънои тааддуди динҳои ҳақ дар як мақтае аз замон аз назари Ислом дуруст аст ё на!.

Таърифи луғавӣ ва истилоҳӣ                                                        

Маънои луғавӣ: Калимаи плюрализм (pluralism) вожаи лотинӣ буда ба маънои гароиш ба зиёдӣ ё чандгонагӣ мебошад. Дар калисоҳои масеҳӣ ба шахсе, ки дорои чанд мансаби гуногун буд плюралист мегуфтанд.Z1X

Маънои истилоҳӣ: Маънои шоеъ ва роиҷи плюрализм зиёдӣ ва тааддуди динҳои ҳақ дар як мақтае аз замон мебошад, ки Ҷон Ҳек файласуфи ғарбӣ ин таърифро кардааст.Z2X

   Дар фарҳанги Оксфорд таърифи дигаре низ аз плюрализм ба ин маъно омада, ки пайравони динҳои гуногун метавонанд зиндагии мусолиматомезе дар як ҷомеа бо якдигар дошта бошанд ва ҳудуду ҳуқуқи якдигарро ҳурмат бигзоранд.

   Ин таъриф дар ҳақиқат ба маънои мудоро кардан ва таҳаммулпазирӣ (Tolerance), ки ғайр аз маънои плюрализм аст мебошад. Агар плюрализмро ба маънои мудоро кардан ва таҳаммулпазирӣ бидонем (на ҳақ будани ҳамаи динҳо дар як мақтае аз замон) аз назари Ислом мавриди қабул мебошад.  

Хосгоҳ ва маншаи плюрализм

Дар бораи маншаъ ва хостгоҳи плюрализм назарияҳои гуногуне баён шудааст. Аммо бо таваҷҷуҳ ба ин ки ин истилоҳ дар миёни Масеҳият ба кор бурда шудааст метвон гуфт, ки хостгоҳи асосии плюрализм ҳамон ҷаҳони Масеҳият мебошад. Пайдоиши ҷангҳои дохилӣ ва мазҳабӣ дар миёни худи Масеҳият сабаб шуд, ки ҷаҳони Масеҳият бар сари як фикр биёянд ва бо пешниҳоди ин ки ҳақ дар ҳамаи адён ва мазоҳиб вуҷуд дорад ва бо тарҳи ин масъала тавонистанд ҷангҳо ва хунрезиҳоро камтар кунанд. Муҳаммад Лангҳовезн мегӯяд: Ин амр (ҷангҳои дохилӣ) яке аз муҳимтарин ангезаҳои пайдоиши зиёдагароии (плюрализми) дини масеҳӣ аст.Z3X Яке дигар аз маншаъ ва хостгоҳи плюрализм дар асри ҳозир камранг шудани маънавият дар ҷаҳони Масеҳият ва пучу беарзиш намоён шудани масеҳияти таҳрифшуда мебошад.Масеҳиёни кишварҳои аврупоӣ таассуби шадид бо Яҳудият дошта ва онҳоро қотилони ҳазрати Исо(а) медонистанд. Ба ин хотир метавон гуфт, ки бо пешниҳоди тарҳи ташкили давлати яҳуд аз тарафи донишмандони яҳудӣ, назарияи плюрализмро ғанимат шумурда дар саросари Аврупо масъалаи зиёдагароӣ ва ҳақ будани ҳамаи динҳоро матраҳ карданд, то битавонанд заминаи пазириши давлати яҳудро дар Аврупо ва миёни Масеҳият фароҳам намоянд.Z4X Бо ҷуръат метавон гуфт, ки меваи ба зоҳир шириннамои плюрализмро пеш аз ҳама яҳудиён ё ба таъбири дурусттар саҳюнизми сиёсӣ чидааст ва имрӯз тавонистаанд ҳамроҳ бо кишварҳои истеъморгар ва султагар аз манофеи сарзаминҳои дигар кишварҳо ба суди худашон харҷ кунанд. Яке дигар аз далоили матраҳ намудани плюрализм баҳси гавҳари дин мебошад. Аз назари плюралистҳо ҳамаи динҳо дар зоҳир дорои равишҳо ва ибодатҳои хоссе ба худ ҳастанд, аммо ин тафовутҳо ҳаргиз бо гавҳари динҳо дар тазод намебошад. Мегӯянд динҳо ва пайравони онҳо ҳама дар пайи дастёбӣ ба маърифати ҳақ ва ҷустуҷӯи як ҳақиқати бепоён ҳастанд. Бинобар ин, ҳамаи динҳо чун дорои як гавҳари муштарак ҳастанд, ҳамагӣ баҳрае аз ҳақро доранд, ки метавонанд пайравони худро ба растагорӣ ва наҷот бирасонанд. Аммо ҷавоби ин сухан равшан аст, ки ваҳдати гавҳари динҳо ҳаргиз ба маънои ҳақонияти ҳамаи динҳо дар як замон намебошад, зеро илова бар гавҳари дин, дар зимни он дин тасдиқкунанда ва оварандаи онро низ бояд дар назар гирифт, ки мо мусулмонон аз он таъбир ба “нубувват” мекунем. Гарчи ҳамаи динҳо дорои як ҳақиқати муштарак ҳастанд, аммо тартиби замонӣ ва муҳтавои он динро (дар сиҳаташ) бояд дар назар гирифт.

Плюрализми динӣ

Ҷон Ҳек ва пайравонаш плюлрализми диниро ба ин маъно, ки ҳақиқат ва растагорӣ дар як дин набуда, балки ҳамаи адёни рӯи замин баҳрае аз ҳақиқати мутлақро дар худ доранд ва ҳар кас метавонад бо пайравӣ аз ҳар дин аҳли наҷот ва растагорӣ шавад. Бар асоси гуфтаҳои инҳо аслан мо дар олам баҳсе аз ҳақ ва ботил надорем ва мегӯянд ҳақиқати мутлақ як амре аст, ки ҳеҷ кас ба он ба таври комил дасрасӣ пайдо карда натавонистааст, вале ҳар кас дар дараҷаи аввал он ҳақиқати мутлақро ҳис карда ва бо таҷрибаҳои динии худ ба бахше аз он ҳақиқат мерасад. Аммо ин гуна боварҳо бо омӯзаҳои дини Ислом комилан дар тазод буда, балки ақли солим низ ин тарзи тафаккурро таҳти ҳеҷ шароит қабул нахоҳад кард. Зеро ақли солим инро босуръат дарк хоҳад кард, ки чигуна мешавад барои мисол Худоеро, ки мусулмонон тавсиф мекунанд зоте аст ягона, қодири мутлақ ва бепоён бо Худое, ки Масеҳият мегӯянд, яъне ҳамон таслис ё ба иборати дигар қоил ба се Худо буданд, ки бо қодири мутлақ будан ва бо бениҳоят будан носозгор аст, вале дар айни ҳол ҳарду таърифе, ки аз Худо кардаанд ҳақ бошад!? Аз ҳамин ҷитҳат плюрализм, ки ба маънои тааддуди адёни ҳақ дар як замон бошад, ҳаргиз мавриди писанди ақл намебошад. Бар фарз, ки адёни осмонӣ монанди Масеҳият (бо он ҳама зидду нақизе, ки дорад) ва Исломро дар канори ҳам дар як замон ҳақ бидонем боз ҳам ақли солим ба дунболи ҳамон қавонине меравад, ки охирин бор аз ҷониби Худо нозил шудааст.

Дар ҳавзаи ақл ва Қуръон ҷое барои ин падидаи навзуҳур ва таваҳҳумбарангез нест ва маншаи пайдоиши ин падидаи беасос, дур мондан аз ваҳй ва дастуроти илоҳӣ мебошад, ки дар ҷаҳони Ғарб ба вуҷуд омадааст.

Албатта бояд таваҷҷуҳ дошт, ки дигар динҳо монанди Масеҳият ва Яҳудият ҳар кадом дар замони худаш ҳақ буда, аз тарафи Худо тавассути паёмбари он замон барои ҳидояти башар нозил шудааст, аммо Мсеҳият ва Яҳудияте, ки имрӯз иддаои ҳақ буданро доранд комилан беасос буда ва китобҳояшон низ таҳрифшуда мебошад. Бар ин асос Ислом охирин дини осмонӣ аст, ки бар паёмбари Ислом ҳазрати Муҳаммад(с) барои ҳидояти ҳамаи башарият нозил шудааст. Ҳамчунин бояд таваҷҷуҳ кард, ки ҳамаи паёмбароне, ки аз тарафи Худо барангехта шудаанд башариятро ба як роҳ, ки ҳамон парастиши Худои ягона ва имон ба рӯзи қиёмат аст, даъват кардаанд. Ҳамчунин низ бояд диққат кард, ки масъалаи растагорӣ ҷудо аз масъалаи ҳаққонияти як дин аст. Мумкин аст, ки як масеҳӣ ё яҳудӣ ва ҳатто як будоӣ бо таваҷҷуҳ ба далоиле, аҳли наҷот шавад. Ба ин маъно, ки ҳақиқатан барои ин гуна ашхос хабари даъвати дини ҳақ, ки ҳамон Ислом аст ба гушашон нарасида бошад ва ё дар воқеъ ба дур аз таассуби куркурона бо ба кор гирифтани ҳамаи қоидаҳои мантиқӣ ва ақлӣ, ҳақро дар дине, ки ҳастанд бидонанд. Аз назари Ислом ин гуна ашхос аҳли наҷот хоҳанд буд, аммо дар ҷаҳони кунунӣ ё имрӯза имкон надорад, ки хабари даъвати Ислом ба гуши касе нарасида бошад ва низ имкон надорад шахсе ҳамаи қоидаҳои мантиқӣ ва ақлро ба кор бигирад вале ҳақиқат барояш маълум нашавад.

Охирин матолиб

Нигоҳи гузаро бар Ошурои ҳусайнӣ

Муқаддима Он чи дар ин чанд саҳфа таҳти унвони “Нигоҳи гузаро бар Ошурои ҳусайнӣ” барои хонандагони азиз матраҳ мегардад, хулосае аз зиндагони имом Ҳусайн(а) аст,...