Парвариши истеъдодҳо

Таълимоти исломӣ нишон медиҳад, ки ин мактаби муқаддаси илоҳӣ ба ҳамаи ҷиҳатҳои инсон, чи ҷисмиву рӯҳӣ, чи моддию маънавӣ, чи фикриву отифӣ ва чи фардиву иҷтимоӣ аҳамияти дақиқе доштааст ва на танҳо ҷониби ҳеҷ кадомро намаъмул нагузоштааст, балки аҳамияти хос ба “парвариши” ҳамаи инҳо бар асаси асли мушаххасе доштааст. Дар ин ҷо ба таври хулоса ба ҳамаи инҳо ишора мекунем.

Парвариши ҷисм

Ислом аз “танпарварӣ” ба маънои “ҷонпарварӣ” ва шаҳватпарастиро манъ кардааст, аммо парпариши бадан ба маънои муроқибат ва нигаҳдории саломату беҳдоштро аз воҷибот медонад ва ҳар гуна амалеро, ки барои бадан зиёнбахш бошад ҳаром донистааст. Ислом дар он ҷо ки як амри воҷиб (монанди рӯза), ки агар барои бадани инсон зарарнок ташхис дода шавад, дигар онро бар инсон фарз намедонад. Ҳар эътиёде, ки барои бадани зарарнок бошад аз назар Ислом ҳаром аст. Одоб ва сунатҳои бисёре дар Ислом ба хотири беҳдошту саломати бадан гузошта шудааст.

Мумкин аст афроде миёни “парвариши бадан”, ки амри беҳдоштӣ аст ва “танпарварӣ” ба маънои худпарварӣ ва ҷонпарварӣ, ки амре ахлоқӣ аст, фарқ нагузоранд ва хиёл кунанд Ислом, ки бо тарпарварӣ мухолиф аст бо беҳдошти бадан мухолиф аст, пас қайде нест дар нигаҳдории саломат, балки корҳое, ки ба саломатии бадани инсон зарар мерасонад аз назари Ислом кори ахлоқӣ аст. Ин иштибоҳи ошкору хатарнок аст. Қавӣ кардани бадану саломатии он дахле ба танпарварӣ надорад.

Танпарварӣ ва шаҳватпарастие, ки дар Ислом манъ шудааст, ҳамон тавре ки бар зидди рӯҳпарварӣ аст ва сабаби бемории рӯҳу равон мегардад бар зидди беҳдошту парвариши саҳеҳи ҷисм низ ҳаст ва сабаби бемории ҷисмӣ мегардад. Зеро танпарварӣ ва шаҳватпарастӣ сабаби зиёдаравиҳое мешавад ва зиёдаравӣ сарчашмаи дигаргуниҳои зарарнок дар арганизм мешавад.

Парвариши рӯҳ

Парвариши ақлу фикр ва ба дастоварии истиқлоли фикрӣ ва мубориза бо умуре, ки бар зидди истиқлоли ақл аст аз ҷумла пайравӣ аз ниёкон, аз роҳу рафтори зиёдаи мардум ва монанди инҳо, мавриди таваҷҷуҳи Ислом аст.

Парвариши ирода ва ба дастоварии моликият бар тану ҷон ва озодии маънавӣ аз ҳукумати беқайди майлҳо, ҳадафи бисёре аз ибодатҳои исломӣ ва аз таълимоти исломист. Парвариши ҳисси ҳақиқатҷӯӣ ва доништалабӣ, парвариши отифаҳои ахлоқӣ, парвариши ҳисси ҷамолу зебоӣ, парвариши ҳисси парастиш, ҳар кадом ба навбаи худ мавриди таваҷҷуҳи дақиқи Ислом аст.

Охирин матолиб

Қуръон ваҳй илоҳӣ

Қуръон ваҳй илоҳӣ Ваҳй чист? Вақте Худо мехоҳад матлаберо ба паёмбарон бифаҳмонад, аз роҳе, ки барои мо қобили дарк нест паёмашро ба онҳо мерасонад. Дар...

Тарҷумаи СУРАИ МОИДА

СУРАИ МОИДА Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 120 оят дорад.  Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Эй касоне, ки имон овардаед! Ба паймонҳо вафо...

Инсоф дар рафтор

Имом Ҳасан(а) фармуданд:  Бо мардум ба гунае рафтор кун, ки дӯст дорӣ бо ту он гуна рафтор кунанд. (Аъломуддин, с.297)

Парҳез аз саҳлангорӣ

 امام حسن (ع): إنَّ اللهَ جَعَلَ شَهْرَ رَمَضانَ مِضْمارا لِخَلْقِهِ. فَیَسْتَبِقُونَ فیهِ بِطاعَتِهِ إِلی مَرْضاتِهِ. فَسَبَقَ قَوْمٌ فَفَازُوا، وَقَصَّرَ آخَرُونَ فَخابُوا    Имом Ҳасан (а)...