Оё Язид қотили Имом Ҳусайн(а) набуд?

 

 

 

Ибни Таймия дар ин бора мегӯяд:

Язид бар куштани Ҳусайн амр накард … ва лекин, фақат дастур дода буд, ки аз дохил шудани Ҳусайн ба ҳукумати Кӯфа пешгирӣ шавад. [1]

Абӯҳомиди Ғазолӣ ҳам дар китоби Эҳёулъулум гуфт аст:

 

Агар гуфта шавад, ки оё лаъни Язид ҷоиз аст, ба хотири он ки қотили Имом Ҳусайн буд, ё ба куштани ӯ дастур дода буд. Дар ҷавоб мегӯем ин амр собит нашудааст, аз ин сабаб, дуруст нест, ки гуфта шавад, ки Язид қотили Имом Ҳусайн буд, ё ба кушта шудани ӯ дастур дода буд, чи расад бар ин ки лаънаш ҷоиз бошад.[2]

Баррасӣ ва нақди шубҳаи мазкур

Ин ки Язид қотили Имом Ҳусайн(а) набуда, ё ба кушта шудани ӯ дастур надодааст, нодуруст аст ва нодуруст будани ин суханҳо барои касе, ки ба таърихи Ислом ошноӣ ва огоҳӣ дошта бошад, маълум ва равшан аст, зеро:

  1. Ибни Тайимия ва Абӯҳомиди Ғазолӣ ҳангоме, ки мегӯянд, Язид қотили Имом Ҳусайн(а) набуда ва дастур ба қатли ӯ надодааст, ҳеҷ далелу мадраке барои исботи сухани худ ироа намедиҳанд. Аз ин рӯ, то далел ироа надиҳанд суханашон арзиши илмӣ надошта ва фоқиди эътибор хоҳад буд.
  2. Бештари пешвоён ва донишмандони аҳли суннат Язидро қотили Имом Ҳусайн(а) донистаанд, мисли Ибни Аббос,[3] Муовия ибни Язид,[4] Аҳмад ибни Ҳанбал,[5] Шамсиддини Заҳабӣ,[6] Ҷалолиддини Суютӣ,[7] Ибни Касири Димишқӣ,[8] Олӯсии Бағдодӣ[9] ва ғ.
  3. Мадорики зиёде дар китобҳои таърихӣ вуҷуд дорад, ки нишон медиҳанд, куштани Имом Ҳусайн(а) ба дастури Язид анҷом шудааст, ки дар зер ба баъзе аз онҳо бо такя ба китобҳои таърихии Аҳли Суннат ишора мегардад:

1)    Ибни Касир дар мавриди ин ки Язид ибни Муовия қотили Имом Ҳусайн(а) буда, менависад:

«وقد أخطأ يزيد خطأ فاحشا فى قوله لمسلم بن عقبة أن يبيح المدينة ثلاثة أيام وهذا خطأ كبير فاحش مع ما انضم إلى ذلك مِن قتل خَلق مِن الصَحابَةِ وَ أَبنائِهم وَ قَد تَقَدَّمَ أَنَّهُ قَتَلَ الحُسينَ وأصحابَهُ عَلى يَدى عُبيدُ الله بن زياد»[10]

Қатъан Язид хатои фоҳише кард, ки ба Мусриф ибни Уқба гуфт, ки Мадина шаҳри Пайғамбар(с) -ро се рӯз (барои лашкарат) ҳалол кун (ва ҳар коре, ки мехоҳанд бигузор бикунанд) ва ин хатои бузургу фоҳише буда аст, ки дар он ҷамъе аз саҳобагон ва фарзандонашон (тавассути лашкари Язид) кушта шуданд ва (дар баҳсҳои) гузашта (гуфта шуд, ки) Язид, Ҳусайн ва асҳобашро бо дасти Убайдуллоҳ ибни Зиёд кушт.

2)    Суютӣ дар Таърихулхулафо менависад: Ҳангоме ки Ҳусайн бо Язид байъат накард, ба сӯи Макка рафт ва аз он ҷо ба ҳамроҳи хонаводааш ба сӯи Ироқ ҳаракат кард.

«فكتب يزيد إلى واليه بالعراق عبيد الله بن زياد بقتاله فوجه إليه جيشا أربعة آلاف عليهم عمر بن سعد بن أبي وقاص»[11]

Язид ба волии Ироқ, яъне Убайдуллоҳ ибни Зиёд нома навишт, ки бо Ҳусайн биҷангад, аз ин сабаб, Убайдуллоҳ чаҳор ҳазор сарбоз бо фармондеҳии Умар ибни Саъд ба сӯи Ҳусайн фиристод.

3)    Заҳабӣ дар мавриди шахсияти Язид ва ин ки ӯ қотили Имом Ҳусайн(а) аст, мегӯяд:

«قُلْتُ: كَانَ قَوِيّاً، شُجَاعاً، ذَا رَأْيٍ، وَحَزْمٍ، وَفِطْنَةٍ، وَفَصَاحَةٍ، وَلَهُ شِعْرٌ جَيِّدٌ، وَكَانَ نَاصِبِيّاً، فَظّاً، غَلِيْظاً، جَلْفاً، يَتَنَاوَلُ المُسْكِرَ، وَيَفْعَلُ المُنْكَرَ، افْتَتَحَ دَوْلَتَهُ بِمَقْتَلِ الشَّهِيْدِ الحُسَيْنِ، وَاخْتَتَمَهَا بِوَاقِعَةِ الحَرَّةِ، فَمَقَتَهُ النَّاسُ، وَلَمْ يُبَارَكْ فِي عُمُرِه».[12]

Ман (Заҳабӣ) мегӯям: Язид қавӣ, шуҷоъ, соҳиби назар, ҷавонмард, фасоҳат ва табъи шеърие хубе дошт, (аммо Язид) носибӣ буд (яъне душмании Пайғамбар(с) ва аҳлибайти ӯро дар дил дошт),  хашин ва бераҳм буд, шароб мехӯрд ва корҳои ношоист анҷом медод. Ӯ ҳукуматашро бо куштани Ҳусайни шаҳид оғоз кард ва бо воқеаи ҳарра[13] поён дод, мардум бар ӯ хашм карданд ва дар умраш баракат надид.

4)    Яке дигар аз далелҳои даст доштани Язид писари Муовия дар қатли Имом Ҳусайн(а), номае аст, ки байни Язид ва ибни Аббос баъд аз ба шаҳодат расидани Имом Ҳусайн(а) радду бадал шудааст. Дар он нома баъд аз он ки Язид аз ҳамкорӣ накардани Ибни Аббос бо Абдуллоҳ ибни Зубайр таърифу тамҷид мекунад, ӯро ба ҳамкорӣ ба зидди Абдуллоҳ ибни Зубайр даъват мекунад. Ва ба ӯ ваъдаҳо медиҳад, аммо Ибни Аббос дар ҷавоби номаи Язид писари муовия менависад:

« بسم الله الرحمن الرحيم، أما بعد، فإن كتابك أتاني … كيف تسألني نصرتك، وتحدوني على ودك، وقد قتلت حسينا عليه السلام،…. أتحسبني لا أبا لك نسيت قتلك حسينا عليه السلام وفتيان بني عبد المطلب مصابيح الدجى، ونجوم الاعلام، …،».[14]

Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон, номаатро дарёфт кардам … чӣ гуна аз ман хостаӣ то мардумро ташвиқ кунам, ки ибни Зубайроро раҳо кунанд ва ба ту рӯй оваранд, дар ҳоле ки ту Ҳусайн ибни Алиро куштаӣ, … фикр накунӣ, ки ман қатли Ҳусайн ва ҷавонони Абдулмуталлиб, чароғҳои нуронӣ ва ситорагони дурахшонро, ки анҷом додӣ, аз ёд бурдаам!.

5)    Ибни Ҳаҷари Ҳайсамӣ дар китоби Ассавоиқулмуҳриқа, ки дар радди шиа навишта аст, мегӯяд: Ҳангоме ки Язид мурд ва фарзандаш Муовия ибни Язид ба хилофат расид, ба минбари масҷид рафт ва чунин гуфт:

« إِن هَذِه الْخلَافَة حَبل الله وَإِن جدي مُعَاوِيَة نَازع الْأَمر أَهله وَمن هُوَ أَحَق بِهِ مِنْهُ عَليّ بن أبي طَالب وَركب بكم مَا تعلمُونَ…. ثمَّ قلد أبي الْأَمر وَكَانَ غير أهل لَهُ وَنَازع ابْن بنت رَسُول الله صلى الله عَلَيْهِ وَسلم…. ثمَّ بَكَى وَقَالَ إِن من أعظم الْأُمُور علينا علمنَا بِسوء مصرعه وبئيس منقلبه وَقد قتل عترة رَسُول الله صلى الله عَلَيْهِ وَسلم وأباح الْحرم وَخرب الْكَعْبَة…».[15]

Ин хилофат, ресмони илоҳӣ аст ва ҷаддам Муовия онро ба ноҳақ аз Алӣ ибни Абӯтолиб гирифт ва ончиро мехост анҷом дод … . Сипас, навбат ба падарам расид, ки ӯ низ аҳлияти тасаддии хилофатро надошт ва бо фарзанди духтари Расулаллоҳ(с) (яъне Ҳусайн ибни Алӣ) ба душманӣ пардохт… . Фарзанди Язид дар ҳоле ки гиря мекард, афзуд: Ногувортарин чизҳо бар мо он аст, ки бад мурдан ва бар расвоӣ баргаштани Язидро медонем, ӯ хонаводаи Расули Худо(с) -ро ба қатл расонд ва шаҳри Мадинаро барои лашкариёнаш мубоҳ кард ва Каъбаро, ки хонаи Худост, вайрон намуд… .

6)    Дар таърих омадааст, Мусофир ибни Шурайҳ дар соли шасту чаҳорум бо Убайдуллоҳ ибни Зиёд ҳамсафар мегардад ва дар миёни роҳ ҳангоми истироҳат ба Ибни Зиёд наздик мешавад ва ба ӯ мегӯяд: “мехоҳӣ бигӯям дар чӣ бора фикр мекунӣ?” Ибни Зиёд мегӯяд: “бигӯ”, сипас ӯ мегӯяд: “ дар ин бора фикр мекунӣ, ки эй кош Ҳусайнро намекуштам”, дар ҷавоб, Ибни Зиёд мегӯяд:

« أما قتلي الحسين فإنه أشار عليَّ يزيد بقتله أو قتلي، فاخترت قتله».[16]

Аммо дар мавриди куштани Ҳусайн мегӯям: Язид манро байни ду амр мухайяр намуд, ё Ҳусайнро бикушам ва ё худам кушта шавам, пас ман қатли ӯро баргузидам.

7)    Соҳиби китоби Нурулабсор менависад: “ Убайдуллоҳ ибни Зиёд дар номае хитоб ба Ҳусайн(а) гуфт: Аммо баъд, Язид писари Муовия ба ман навиштааст, ки хоб набояд ба чашмонат биёяд ва шикамат аз ғизо набояд пур шавад, ё Ҳусайнро ба фармони ман боз мегардонӣ ва ё он ки ӯро ба қатл мерасонӣ, васслом”.[17]

Ончи зикр шуд, бархе аз мадорикест, ки гувоҳ бар қотил будани Язид писари Муовия ва даст доштани ӯ дар қатли Имом Ҳусайн(а) буд, аммо ончи гуфта шуд ҳамаи мадорики таърихии гувоҳ бар қотил будани Язид нест, балки мадорики бештаре низ вуҷуд дорад, ки ҷиҳати иттилои бештар метавонед ба Таърихи Табарӣ, Таърихи ибни Касир, Таърихи ибни Асир ва ғ. муроҷеа намоед.

Ёсин



[1]. Маҷмауъул фатовои Ибни Тайимия, ҷ.3, саҳ.410, Минҳоҷуссуннаи Ибни Тайимия, ҷ.4, саҳ.557,

[2].  Эҳёулулуми дин, ҷ.3, саҳ.125, китоби офотуллисон.

[3].  Ахбору давлатил аббосия, ҷ.1, саҳ.86, Таърихи Яъқубӣ, ҷ.1, саҳ.208, ( сухани Ибни Аббос хоҳад омад).

[4].  Ассавоиқулмуҳриқа ало аҳли рафзи ва залоли ва зиндиқа, ибни Ҳаҷари Ҳайсамӣ, ҷ.2, саҳ.642, Аннуҷуму зоҳира фи мулуки мисри вал қоҳира, Ҷамолуддини Ҳанафӣ, ҷ.1, саҳ.164, Мавриду латофа фи ман вало салтаната вал хилофа, Ҷамолуддини Ҳанафӣ, ҷ.1, саҳ.71, Таърихи Яъқубӣ, ҷ.1, саҳ.211, (сухани Муовия ибни Язид хоҳад омад).

[5]. Тазкиратулхаввос, Сибт ибни Ҷавзӣ, саҳ.286.

[6]. Сияру аъломи нубалои Заҳабӣ, ҷ.7, саҳ.38, боби Язид ибни Муовия, Таърихул Исломи Заҳабӣ, ҷ.5, саҳ.30.

[7]. Таърихул хулафои Суютӣ, ҷ.1, саҳ.182.

[8]. Албидоя ванниҳоя, ҷ.8, саҳ.222.

[9].  Тафсири Рӯҳулмаонӣ, Олӯсии Бағдодӣ, дар зери ояти 22- и сураи муборакаи Муҳаммад(с).

[10]. Албидоя ванниҳояи Ибни Касир, ҷ.8, саҳ.222.

[11]. Таърихулхулафои Суюутӣ, ҷ.1, саҳ.182.

[12]. Сияру аъломинубалои Заҳабӣ, ҷ.7, саҳ.38, Таърихул Исломи Заҳаби, ҷ.5, саҳ.30, боби ҳаводиси соли шасту сеюм.

[13]. Воқеаи ҳарра чанге аст, ки як лашкри се ҳазор нафарӣ бо дастури Язид ибни Муовия ба шаҳри Мадина ҳамла карданд ва мардони онро кeштанд ва ба занону духтарони саҳоба се рӯз таҷовуз карданд ва баъд аз се рӯз, аз мардуми Мадина ба шарти бандагӣ ва бардагии Язид байъат гирифтанд.

[14]. Алкомил фитторих, Ибни Асир, дар зери ҳаводиси соли шасту чаҳорум, ҷ.3, саҳ.225,  Ахбору давлатил аббосия, ҷ.1, саҳ.86, Таърихи Яъқубӣ, ҷ.1, саҳ.208.

[15]. Ассавоиқул муҳриқа ало аҳлиррафзи ваззалоли ваззиндиқа, ҷ.2, саҳ.642, Аннуҷумуззоҳира фи мулуки мисри валқоҳира, Чамолуддини Ҳанафӣ, ҷ.1, саҳ.164, Мавриду латофа фиман вало салтаната вал хилофа, Ҷамолуддини Ҳанафӣ, ҷ.1, саҳ.71, Таърихи Яъқубӣ, ҷ.1, саҳ.211.

[16]. Алкомил фи торих, ибни Асир, ҷ.3, саҳ.474.

[17].  Нурулабсор, саҳ.129.

 

 

 

Охирин матолиб

Нигоҳи гузаро бар Ошурои ҳусайнӣ

Муқаддима Он чи дар ин чанд саҳфа таҳти унвони “Нигоҳи гузаро бар Ошурои ҳусайнӣ” барои хонандагони азиз матраҳ мегардад, хулосае аз зиндагони имом Ҳусайн(а) аст,...