ОЁ МЕДОНЕД?

«Оё медонед, ки Қуръони Карим охирин ваҳйномаи илоҳӣ ва китоби муқаддаси дини Ислом буда дар тӯли 23 сол бар хотами анбиё, Муҳаммад ибни Абдуллоҳ (с) аз тарафи Худованди Мутаол нозил шудааст».

«Оё медонед, ки Қуръон ду навъи нузул (фуруд омадан) дорад: яке «нузули дафъӣ» яъне якпорча ва якбора, дигарӣ «нузули тадриҷӣ» яъне оҳиста-оҳиста ва бахш-бахш. Бори аввал Қуръон ба таври якпорча ва якбора дар «шаби қадр» аз «лавҳи маҳфуз» ба «байт-ул-иззаҳ» (дар осмони чаҳорум) нозил шуда ва сипас бахш-бахш ва бо фосила, дар тӯли 23 сол нозил гардидааст».

«Оё медонед, ки Қуръони Карим тамомии ҳарфҳо, калимаҳо, ҷумлаҳо ва ҷумлабандиҳояш ваҳёнӣ буда, ба амри Расулуллоҳ (с) ва бо кўмаки баъзе аз саҳоба(р), бо диққати тамом, дар замони ҳаёти Паёмбар (с) навишта шудааст».

«Оё медонед, ба саҳобагоне, ки Қуръонро менавиштанд «Котибони ваҳй» мегуфтанд. Муҳимтарини онон иборатанд аз: Хулафои рошидин (чаҳоргона), Убай ибни Каъб, Зайд ибни

Собит, Талҳа, Зубайр, Саъд ибни Абиваққос, Солим — ғуломи Абўҳузайфа (р)».

«Оё медонед, ки Қуръони Маҷид дорои 114 сура аст ва ба «маккӣ»-ю «маданӣ» тақсим мегардад. Зобитаи маккӣ ва маданӣ будани сураҳо беш аз он, ки ҷуғрофиёӣ бошад, таърихист; ваҳйи маккӣ вобаста ба солҳои «Беъсат» ва пеш аз «Ҳиҷрат» аст ва ваҳйи маданӣ вобаста ба солҳои баъд аз ҳиҷрат ба шаҳри Мадина мебошад».

«Оё медонед, ки Қуръон мутобиқи «нузули ваҳй» ҷамъ ва тадавин нагардидааст, балки бо роҳнамоии Расули гиромӣ (с), ки ҳазрат ҳам аз роҳнамоии амини ваҳй  –Ҷабраил– бархӯрдор будаанд, маҳалли ҳар оят дар ҳар сура ва маҳалли ҳар сура дар ҷои муносиби худ, таин мегардид».

«Оё медонед , ки қариб ду саввуми Қуръон дар Макка ва каме бештар аз як саввуми он дар Мадина нозил шудааст. Теъдоди оятҳои маккӣ 4468 адад ва теъдоди оятҳои маданӣ 1768 адад аст».


 

Охирин матолиб

Наҳзати ҳусейнӣ ва низоми илоҳӣ2

Идомаи баҳс: Чунон ки қаблан ишора шуд, Язид касе буд, ки аҳкоми илоҳиро зойеъ мекард ва эътиқоде ба онҳо надошт. Дар маҳдудаи ҳукумати ӯ, исломи...

Тарҷумаи СУРАИ ТАВБА

СУРАИ ТАВБА Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 129 оят дорад. [Ин эълони] безорӣ аст аз тарафи Худо ва Паёмбараш нисбат ба касоне аз...