Оё касоне, ки ба Имом Ҳусайн(рз) нома навиштанд, ҳамагӣ дӯстдор ва пайрави он ҳазрат буданд?

Имрӯзҳо баъзе афрод қотилони Имом Ҳусайн(рз)-ро фаромӯш кардаанд. Ба ҷои онҳо, номанависонро дар қатли Имом(рз) шарик медонанд. Мо чанд нуктаро дар ин мавзӯъ баён мекунем:

  1. Агар ба маънои воқеӣ бигирем, шиа ба маънои пайрав аст. Касоне ҳам, ки ин корро карда бошанд, онҳоро наметавон пайрав номид. Чун пайрав касе аст, ки аз имоми худ пайравӣ кунад. Онҷо ҳар кас аз Имом Ҳусайн(а) пайравӣ кард, пайраву дӯстдори эшон аст. Ва ҳар кас пайравӣ накард, пайрави Язид ибни Муовия мебошад.
  2. Ин ки Имом Ҳусайн(рз) қабл аз он ки мардуми Кӯфа ба он ҳазрат нома бинависанд, аз Мадина хориҷ шуда буданд. Ва ба Макка рафта буданд, то пас аз он, ба Карбало ҳаракат кунанд. Ба хотири ин ки Имом, на дар Мадина амният доштанд ва на дар Макка.
  3. Мардуми Кӯфа он замон ба шаш қисм тақсим шуда буданд:

1) Пайравони он ҳазрат, ки ду гурӯҳ буданд:

а. Воқеӣ: Касоне, ки воқеан ба Имом(рз) ақида ва ихлоси комил доштанд.

б. Ғайривоқеӣ: Касоне, ки Алиро аз Усмон бартар медонистанд, вале бар Абӯбакру Умар бартар намедонистанд ва бо Бани Умая ҳам душманӣ доштанд.

2) Шаккокон: Касоне, ки бар сари дуроҳӣ монда буданд чӣ кор кунанд.

3) Моҷароҷӯён: Касоне, ки медиданд, қудрат дасти чӣ касе аст, ба ӯ мепайвастанд.

4) Хавориҷ: Касоне, ки бар алайҳи ҳазрати Алӣ(к) хуруҷ карда ва шиори «ло ҳукма илло лиллоҳ сар доданд.

5) Зидди шомӣ: Касоне, ки ба шомиён  душанӣ доштанд ва мунтазири фурсат буданд.

6) Тарафдорони Бани Умая: Касоне, ки дар таҳдиди мардум нақши асосӣ доштанд ва ҳукумат ҳам дар дасти онҳо буд.

Ин шаш гурӯҳ, ки дар нома навиштан шарик буданд. Ҳамаи онҳо медонистанд, ки Имом Ҳусайн(рз) набраи Паёмбар(с) аст. Паёмбар(с) Имом Ҳасан(рз) ва Имом Ҳусайн(рз)-ро сардори ҷавонони аҳли Биҳишт гуфтаанд. Аммо пайравони ростини он ҳазрат, ки дар ақаллият буданд, ба кӯмаки Имом Ҳусайн(рз) бархостанд ва то охир дар канори ӯ истоданд, ки баъзеро дар ҳамон Кӯфа ба хотири рафтан ба кумаки Имом Ҳусайн(рз) ба қатл расонданд[1] ва баъзеро зиндонӣ карданд[2] ва андаке муваффақ ба фирор шуданд ва бархе бо лашкари Язид аз Кӯфа баромаданд[3] ва ба Имом Ҳусайн(рз) пайвастанд.[4]

Ибни Зиёд, дар номае ба Язид навишт, ки касеро, ки эҳтимол медодам бар зидди шумо ҳаракате кунад, ҳамаашон дар зиндони шумо ҳастанд.[5]

Гурӯҳе, ки шаккок буданд, онҳо монда буданд, ки чӣ кор кунанд ва ин гурӯҳ ҳам, натавонистанд ба кумаки Имом(рз) бароянд ва баъд аз воқеаи Карбало, ба нияти ҷуброн, тавба карданду бархостанд, ки ба Таввобин машҳур шуданд.

Ва дигар гурӯҳҳо, ки Хавориҷ, Моҷароҷӯён ва Зидди шомиён буданд, ҳама ба маҳзи ворид шудани Убайдуллоҳ ибни Зиёд, таслим шуданд ва баъзе сокит монданд ва бақия, ҳама ба хотири сустии имон, тарс ва дунёпарастӣ, бо лашкариёни Язид ҳамроҳ шуданд.

  1. Чаҳорум, ин ки қарори мардуми Кӯфа бо Имом, шаҳри Кӯфа буд, на Карбало, ки душман коре кард, ки Имом ба Кӯфа нарасад ва низ пеши расидани Имомро гирифтанд ва ҳам баромадани мардумро аз Кӯфа.[6]

Ёсин

 

[1] . Кушта шудагон монанди: Майсами Таммор. Абдуллоҳ ибни Амри Киндӣ. Абдуллоҳ ибни Ҳориси Ҳамадонӣ. Абдулаъло ибни Язиди Калбии Алимӣ. Аббос ибни Ҷуъдаи Ҷадалӣ. Аммора ибни Аздӣ. Қайс ибни Мусаҳҳар ва ғ.

[2] . Зиндониён монанди: Мухтор ибни Абӯубайди Сақафӣ, Ҳориси Аъвар, Сулаймон ибни суради Хузоӣ, Мусайяб ибни Наҷба ва Руфоа ибни Шаддод.

[3] . Монанди Қосим ибни Абӯбашири Аздӣ ва Ҳалос ибни Амр.

[4] . Табарӣ, ҷ.4, саҳ.275 то 290; Мақотилуттолибин, саҳ.70; Мақтал-ул-Ҳусайн, Абӯмихнаф, саҳ.61.

[5] . Ҳамон, ҷ.5, саҳ.504.

[6]. Табарӣ, ҷ.5. Ҷиҳати мутолиаи бештар, руҷӯъ кунед ба: Мақтали ҷомеи Сайидушшуҳадо, гурӯҳе аз торихпажӯҳон зери назари устод Пешвоӣ.

 

Охирин матолиб

Одоби тиловати Қуръон

Одоби тиловати Қуръон зиёд аст, ки ба муҳимтарини онҳо ишора мекунем: 1. Бо таҳорат тиловат кардан 2. Мисвок задан (шустани дандонҳо) қабл аз Қуръон хондан,...

тарҷума

Тарҷумаи СУРАИ ИСРО

СУРАИ ИСРО Ин сура дар Макка нозил шуда ва 111 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Муназзаҳ аст Зоте, ки бандаашро шабонгоҳе аз Масҷид-ул-ҳаром...