Огоҳиҳои инсон

human brain1

human brain1Огоҳиҳои инсон

Муртазо Мутаҳҳарӣ

Инсон ҳам худогоҳ аст ва ҳам ҷаҳоногоҳ ва дӯст медорад аз худ ва аз ҷаҳон огоҳтар гардад. Расидан ба камолу пешрафту саодати ӯ вобаста ба ин ду огоҳӣ аст.

Аз ин ду огоҳӣ кадом аз назари аҳамият дар дараҷаи аввал аст ва кадом дар дараҷаи дуввум? Доварӣ дар мавзӯъ сода нест. Бархе ба худогоҳӣ арзиши бештаре медиҳанд ва бархе ба ҷаҳоногоҳӣ. Яке аз ҷиҳатҳои ихтилоф дар навъи посух ба ин пурсиш тарзи андешаи шарқӣ ва ғарбӣ аст, ҳамчуноне ки яке аз ваҷҳҳо дар фарқи байни илму имон ин аст, ки илм василаи ҷаҳоногоҳӣ ва имон сармояи худогоҳӣ аст.

Албатта илм бар ин талош аст, ки ҳамон гуна ки инсонро ба ҷаҳоногоҳӣ мерасонад ба худогоҳӣ низ бирасонад. Илмуннафсҳо чунин вазифаеро ӯҳдадор ҳастанд. Аммо худогоҳие, ки илм медиҳад мурдаву беҷон аст. Дар дилҳо дигаргунӣ намеафканад ва нерӯҳои хуфтаи инсонро бедор намекунад, бархилофи худогоҳиҳое, ки аз ноҳияи дину мазҳаб пайдо мешавад, ки бо як имон пайрезӣ мешавад. Худогоҳии имонӣ саросари вуҷуди инсонро равшан мекунад.

Он худогоҳие, ки худи ҳақиқии инсонро ба ёдаш меоварад ғафлатро аз ӯ мезудояд, оташ ба ҷонаш меафканад, ӯро дардманду дардошно месозад, кори улуму фалсафаҳо нест. Ин улуму фалсафаҳо гоҳе ғафлатзо ҳастанд ва инсонро аз ёди худаш мебаранд. Аз ин рӯ басо донишмандону файласуфони бедард, сар дар охуру худноогоҳ ва басо таҳсилнокардаҳои худогоҳ.

Даъват ба худогоҳӣ ва ин ки “худро бишинос, то Худои хешро бишиносӣ”, “Худои хешро фаромӯш макун, ки худатро фаромӯш мекунӣ” сарлавҳаи таълимоти мазҳаб аст.

Қуръони Карим мефармояд:

Аз ононе набошед, ки Худоро фаромӯш карданд, пас Худо онҳоро аз худашон фаромӯшонид. Онон ҳамон фосиқон ҳастанд[1].

Расули Акрам(с) фармуд:

Ҳар кас худро бишиносад, Худои худро мешиносад[2].

Ҳазрати Алӣ (а) фармуд:

Худшиносӣ судмандтарини шинохтҳо аст[3].

Ва боз дар ҷои дигар фармуд:

Дар шигифтам аз касе, ки чизе аз худро гум мекунад ва дар ҷустуҷӯяш бармеояд ва худро гум карда, аммо ҷустуҷӯ намекунад[4].

Огоҳони ҷаҳон, айби асосие, ки бар фарҳангу маданияти ғарбӣ гирифтаанд ин аст ки ин фарҳанг, фарҳанги ҷаҳоногоҳӣ ва худфаромушӣ аст. Инсон дар ин фарҳанг ба ҷаҳон огоҳ мегардад ва ҳарчи бештар ба ҷаҳон огоҳ мегардад худро бештар аз ёд мебарад. Рози аслии суқути инсоният дар ғарб ҳамин ҷост. Инсон онгоҳ ки худро ба таъбири қуръонӣ бибозад (зиёну хусрон дидани нафс), ба даст овардани ҷаҳон чӣ фоидааш дорад?

Фикр мекунам касе, ки беҳтар аз дигарон фарҳанги ғарбро аз ин назар нақд кардааст Гондӣ – раҳбари бузурги Ҳинд, аст. Гондӣ мегӯяд:

Ғарбиҳо дар корҳои бузурге тавоно ҳастанд, ки миллатҳои дигар онро дар қудрати Худо медонанд, вале ғарбиҳо аз як чиз нотавонанд ва он андешидан дар даруну ботини худ аст. Танҳо ҳамин мавзӯъ барои нишон додани дурахшандагии дурӯғини тамаддуни нави ғарбӣ кифоят мекунад. Агар тамаддуни ғарбӣ ғарбиёнро мубтало ба хӯрдани шароб ва таваҷҷӯҳ ба аъмоли ҷинсӣ намудааст ба ин хотир аст, ки ғарбӣ ба ҷои “худҷӯӣ” дар пайи фаромуш кардану ҳадар додани “худ” аст. Бештари корҳои бузургу қаҳрамонӣ ва ҳатто аъмоли неки ғарбӣ, фаромушӣ (аз худ) ва беҳудагӣ аст. Қувваи амалии ӯ ба кашф кардан ва таҳияи василаҳои ҷангӣ, нашъатгирифта аз гурехтани ғарбӣ аз “худ” аст на қудрату тасаллути мунҳасир ба фарди вай бар худ.

Вақте инсон рӯҳи худро аз даст бидиҳад дастрасӣ ба дунё барои ӯ чӣ фоидае дорад?[5]

Гондӣ мегӯяд:

Дар дунё фақат як ҳақиқат вуҷуд дорад ва он шиносоии зот (нафс) аст. Ҳар кас худро шинохт Худо ва дигаронро шинохта аст ва ҳар кас худро нашинохт ҳеҷ чизро нашинохта аст. Дар дунё фақат як нерӯ ва як озодӣ ва як адолат вуҷуд дорад ва он нерӯи ҳукумат ба худ аст. Ҳар кас худро маҳор кард дунёро маҳор кардааст. Дар дунё фақат як некӣ вуҷуд дорад ва он дӯст доштани дигарон монанди дӯст доштани худ аст. Ба гуфтори дигар, дигаронро монанди худ бидонед. Дигар масъалаҳо хаёлу ваҳму пуч аст.[6]

Ба ҳар ҳол хоҳ ба худогоҳӣ арзиши бештаре бидиҳем ва хоҳ ба ҷаҳоногоҳӣ ва хоҳ арзиши яксон ба онҳо бидиҳем, он чи пазируфташуда аст ин аст, ки густариши огоҳӣ ба маънои густариш додани зиндагонии инсон аст. Рӯҳ бо огоҳӣ ва хабар баробар аст ва огоҳӣ баробар бо рӯҳ аст. Он ки огоҳтар аст ҷонаш фузунтар аст:

Ҷон набошад ҷуз “хабар” дар озмун

Ҳаркиро афзун “хабар” ҷонаш фузун

Ҷони мо аз ҷони ҳайвон бештар

Аз чӣ? З-он рӯ ки фузун дорад хабар

Пас фузун аз ҷони мо ҷони малак

Ку муназзаҳ шуд зи ҳисси муштарак

В-аз малак ҷони худовандони дил

Бошад афзуни ту таҷаббурро биҳил

З-он сабаб Одам бувад масҷудашон

Ҷони Ӯ афзунтараст аз будашон

Вар-на беҳтарро суҷуди дунтаре

Амр кардан ҳеҷ набвад дар хуре

Кай писандад лутфу адли Кирдигор

Ки гуле саҷда кунад дар пеши хор

Ҷон чу афзун шуд гузашт аз интиҳо

Шуд мутеаш ҷони ҷумла чизҳо

Мурғу моҳию парию одамӣ

З-он ки ӯ беш асту эшон дар камӣ

Ҷон чӣ бошад? Бохабар аз хайру шар

Шод аз эҳсону гирён аз зарар

Чун сару моҳияти ҷон мухбир аст

Ҳар ки ӯ “огоҳтар”, “боҷонтар” аст

Иқтизои ҷон чу эй дил огаҳист

Ҳар ки огаҳтар бувад ҷонаш қавист

Рӯҳро таъсири огоҳӣ бувад

Ҳар киро ин беш, аллоҳӣ бувад

Чун ҷаҳони ҷон саросар огаҳист

Ҳар ки беҷон аст аз дониш туҳист

Пас инсон ба ҳар нисбат, ки аз худ ва аз ҷаҳон огоҳтар бошад, ҷондортар аст. Ҷондорӣ, ба истилоҳи файласуфҳо ҳақиқати мушаккака аст, яъне дараҷаҳо ва мартабаҳое дорад. Дар тули замон, ки дараҷаи огоҳии инсон боло меравад, дараҷаи ҳаёту ҷондорияш боло меравад.

Бадеҳӣ аст, ки худогоҳии мавриди баҳс, худогоҳии шиносномаӣ нест, ки номам чӣ аст? Номи падару модарам чӣ аст? Дар куҷо ба дунё омадаам ва дар куҷо зиндагӣ мекунам? Ва ё худогоҳии биологӣ нест, ки дар шинохти ҳайвонӣ як дараҷа болотар аз хирсу маймун хулоса мешавад. Барои ин ки мақсуд равшан шавад, дар ин ҷо ба анвои худогоҳиҳо ба таври хулоса ишора мекунем. Аз худогоҳиҳои ғайриҳақиқӣ ва маҷозӣ монанди худогоҳии шиносномаӣ, ки бигузарем чанд навъ худогоҳии воқеӣ ва ҳақиқӣ дорем:

 

  1. 1.Худогоҳии фитрӣ

Худогоҳӣ дар зоти инсон аст, яъне ҷавҳари зоти инсон огоҳист. Инчунин нест, ки аввал “ман”–и инсон ба марҳилаи вуҷуд бирасад ва дар марҳилаи баъд инсон ба ин “ман” огоҳӣ меёбад. Пайдоиши “ман”–и инсон айни пайдоиши огоҳӣ ба худ аст. Дар он марҳила “огоҳ”, “огоҳӣ” ва “ба огоҳидаромада” яке ҳастанд. “Ман” ҳақиқатест, айни огоҳии ба худаш аст.

Инсон дар марҳилаҳои баъд, яъне пас аз он ки ба чизҳои дигар каму беш огоҳ мегардад, ба худ низ ба ҳамон сурате, ки ба чизҳои дигар огоҳ мегардад огоҳӣ меёбад. Яъне сурате аз худ дар “зеҳн”-и худ тасаввур мекунад ва ба истилоҳ ба илми ҳусулӣ ба худ огоҳ мегардад, аммо пеш аз он ки ин гуна ба худ огоҳ гардад, балки пеш аз огоҳӣ ба ҳар чизи дигар, ба худ ба гунае ки ишора шуд, яъне ба наҳви илми ҳузурӣ огоҳ аст.

Равоншиносон, ки бештар дар бораи худогоҳӣ баҳс мекунанд, назар ба марҳилаи дувум доранд, яъне огоҳӣ ба худ ба гунаи илми ҳусулӣ ва зеҳнӣ, вале бештари таваҷҷуҳи файласуфҳо ба марҳилаи илми ҳузурии ғайризеҳнӣ аст. Ин навъ аз огоҳӣ ҳамон аст, ки яке аз далелҳои яқинии муҷаррад будани нафс дар фалсафа аст.

Дар ин навъ аз худогоҳӣ шакку тардид, ки оё ҳастем ё нестем ва агар ҳастем оё кадомам ва мисли инҳо роҳ надорад. Зеро шакку тардид он ҷо роҳ дорад, ки илму огоҳӣ аз навъи илми ҳусулӣ ва иктисобӣ бошад, яъне вуҷуди айнии чизи ба огоҳидаромада бо вуҷуди айнии огоҳӣ ду чиз бошанд, аммо он ҷо ки “огоҳӣ” айни “огоҳ” ва “огоҳидаромада” аст ва аз навъи огоҳии ҳузурӣ аст, шакку тардид тасаввур намешавад.

Иштибоҳи асосии Декорт дар ҳаминҷост, ки таваҷҷуҳ накарда буд “ман ҳастам” шакбардор нест, то аз роҳи “ман фикр мекунам” бихоҳем он шакро бартараф кунем.[7]

Ҳарчанд ки худогоҳии фитрӣ воқеӣ аст, аммо ба даст оварданӣ ва таҳсилӣ нест, (балки) наҳваи вуҷуди “ман”-и инсонӣ аст. Аз ин рӯ он худогоҳӣ, ки ба он даъват шуда, ин дараҷа аз худогоҳӣ, ки ба таври қаҳрӣ ва таквинӣ дар асари ҳаракати ҷавҳарии табиат падид меояд, нест.

Он ҷо ки Қуръони Карим пас аз ишора ба марҳилаҳои офариниши ҷанин дар раҳими модар ба унвони охирин марҳила мефармояд:

«…. сипас мо ӯро чизи дигар ва офариниши дигар кардем[8]»

Ишора ба ҳамин аст, ки моддаи нохудогоҳ табдил ба ҷавҳари рӯҳии худогоҳ мешавад.

 

  1. 2.Худогоҳии фалсафӣ

Файласуф кушиш дорад ҳақиқати “ман”-и худогоҳро бишиносад, ки чист? Оё ҷавҳар (зот) аст ё араз (сифат)? Чӣ робитае бо бадан дорад? Оё пеш аз бадан мавҷуд буда ё аз бадан сар баровардааст? Оё пас аз бадан боқӣ аст ё на? Ва аз ин мисолҳо.

Дар ин дараҷа аз худогоҳӣ он чи ки ба миён меояд моҳият ва ҳақиқати “худ” аст, ки чист ва аз чӣ ҷинс аст? Агар файласуф иддаои худогоҳӣ дорад ба маънои ин аст, ки медонам моҳияту ҷинсу ҷавҳари “ман” чист.

 

  1. 3.Худогоҳии ҷаҳонӣ

Худогоҳии ҷаҳонӣ, яъне худогоҳӣ ба худ дар робитааш бо ҷаҳон, ки аз куҷо омадаам? Дар куҷо ҳастам? Ба куҷо меравам? Инсон дар ин худогоҳӣ кашф мекунад, ки қисмате аз як “кул” ба номи ҷаҳон аст. Медонад, ки як ҷазираи мустақилу озод нест, вобаста аст, ба худ наёмада ва ба худ зиндагӣ намекунад ва ба худ намеравад, мехоҳад вазъу шароити худро дар ин “кул” мушаххас кунад. Сухани пурмағзи ҳазрати Алӣ(а) бо нигоҳ ба ин навъ худогоҳӣ аст, ки мегӯяд:

Худо раҳмат кунад он касеро, ки бидонад аз куҷо омада ва дар куҷо аст ва ба куҷо меравад.[9]

Ин навъ аз худогоҳӣ яке аз латифтарину болотарин дардмандиҳои инсонро ба вуҷуд меоварад. Он дардмандие, ки дар ҳайвон ва ҳеҷ мавҷуди дигар дар табиат вуҷуд надорад. Дарди ҳақиқат доштан. Ин худогоҳӣ аст, ки инсонро ташнаи ҳақиқат ва ҷӯёи яқин месозад. Дар талоши итминону оромиш қарор медиҳад. Оташи шуълавари шакку тардид ба ҷонаш меафканад ва ӯро аз ин сӯ ба он сӯ мекашонад. Он оташе, ки ба ҷони ғаззолиҳо меафтад, хобу хӯрокро аз онҳо мегирад, онҳоро аз маснади низомияҳо ба зер меоварад, овораи биёбонҳо мекунад ва солҳо дар диёри ғурбат сар бар гаребонаш месозад[10]. Ин навъ аз худогоҳӣ аст, ки дағдағаи сарнавиштро дар инсон ба вуҷуд меоварад.

 

  1. 4.Худогоҳии табақотӣ

Худогоҳии табақотӣ як шакл аз шаклҳои мухталифи худогоҳии иҷтимоӣ аст. Худогоҳии табақотӣ, яъне огоҳӣ ба худ дар робитааш бо табақаи иҷтимоӣ, ки бо онҳо зиндагӣ мекунад.

Дар ҷомеаҳои табақотӣ ҳар шахс хоҳу нохоҳ аз назари зиндагӣ ва бархурдориҳо ва маҳрумиятҳо дар як табақаи хос қарор дорад. Дарки ҷойгоҳи табақотӣ ва масъулиятҳои табақотӣ, худогоҳии табақотӣ аст.

Бар асоси бархе назарияҳо инсон дар пушти табақае, ки дар он аст “худ”-е надорад, худи ҳар кас “виҷдон”-и ӯ аст, маҷмӯаи эҳсосҳо, андешаҳо, дардҳо ва гароишҳои ӯст ва инҳо ҳама дар “табақа” шакл мегирад. Ин аст, ки ба бовари ин гурӯҳ инсони навъӣ холӣ аз “худ” аст. Танҳо дар ҷомеаи бетабақа аст, ки инсон ҳақиқат пайдо мекунад. Пас дар ҷомеаи табақотӣ худогоҳии иҷтимоӣ ба худогоҳии табақотӣ вобастааст.

Бинобар ин худогоҳии табақотӣ баробар бо “судогоҳӣ” аст, зеро бар асоси ин далел аст, ки ҳокими аслӣ бар фарду зербинои шахсияти фард манфиатҳои моддӣ аст, ҳамчуноне ки дар сохтмони иҷтимоъ, ниҳоди асосӣ зербинои ниҳоди иқтисодӣ аст ва он чизе ки ба афроди як табақа “виҷдони муштарак”, “завқи муштарак”, қазовати муштарак” медиҳад, зиндагии моддии муштарак ва суди муштарак аст. Зиндагии табақотӣ бинишу нигоҳи табақотӣ медиҳад. Биниши табақотӣ сабаб мешавад, ки инсон ҷаҳону ҷомеаро аз он даричаи хос бибинад ва бо айнаки хос мушоҳида кунад ва аз дидгоҳи табақотӣ тафсир кунад, дардаш хоҳу нохоҳ дарди табақотист ва талошу ҷиҳатгирии иҷтимоияш табақотӣ хоҳад буд.

Марксистҳо ба чунин худогоҳие боварӣ доранд. Ин навъ худогоҳиро метавон “худогоҳии марксистӣ” номгузорӣ кард.

 

  1. 5.Худогоҳии миллӣ

Худогоҳии миллӣ, яъне худогоҳӣ ба худ дар робитааш бо мардуме, ки бо онҳо пайванди қавмӣ ва нажодӣ дорад. Инсон дар асари зиндагии муштарак бо гурӯҳе аз мардум бо қонун, одобу русум, забону адабиёт, фарҳанг, таърих, пирӯзиҳову шикастҳои таърихии муштарак, навъе ягонагӣ бо онҳо пайдо мекунад, балки ҳамон тавре ки як фард дорои як “худ” аст, як қавму як миллат ба сабаби доштани фарҳанг, як “худ”-и миллӣ пайдо мекунанд. Ҳамфарҳангӣ бештар аз ҳамнажодӣ ваҳдату якпорчагии бештаре миёни афроди инсонҳо барқарор мекунад. Миллате, ки пуштавонаи фарҳангӣ дошта бошад, аз “ман”-ҳо як “мо” месозад. Гоҳе барои ин “мо” фидокорӣ мекунад. Аз пирӯзии “мо” эҳсоси ғурур ва аз шикасти он сарафкандагӣ мекунад.

Худогоҳии миллӣ, яъне огоҳӣ ба фарҳанги миллӣ, ба “шахсияти миллӣ”, бо “мо”-и хосси миллӣ. Асосан дар ҷаҳон “фарҳанг” вуҷуд надорад, “фарҳангҳо” вуҷуд доранд ва ҳар фарҳанге дорои моҳияту шиносаҳо ва хислатҳои махсуси ба худ аст. Ба ҳамин далел “фарҳанги ягона” мафҳуме пуч аст. Натсионализм, ки ба хусус дар қарни 19ум ривоҷи фаровоне ёфт ва ҳануз ҳам каму беш таблиғ мешавад, бар ин фалсафа барқарор аст.

Дар ин навъ худогоҳӣ бар хилофи худогоҳии табақотӣ, ки ҳама чиз (арзёбиҳо, эҳсосҳо, довариҳо, ҷиҳатгириҳо) ҷанбаи табақотӣ дошт, ҷанбаи миллӣ дорад.

Худогоҳии миллӣ, гарчи аз навъи судогоҳӣ нест, вале аз навъи худхоҳӣ берун нест, аз ҳамин хонавода аст, тамоми оризаҳои худхоҳиро аз таассуб, ҳисси ҷонибдорӣ, надидани айби худ ва уҷбу худписандӣ дорад. Аз ин рӯ монанди худогоҳии табақотӣ, холӣ аз ҷанбаи ахлоқӣ аст.

 

  1. 6.Худогоҳии инсонӣ

Худогоҳии инсонӣ, яъне огоҳӣ ба худ дар робита бо ҳамаи инсонҳо. Худогоҳии инсонӣ бар ин асл устувор аст, ки инсонҳо дар маҷмӯъ як воҳиди воқеӣ ба шумор мераванд ва аз як “виҷдони муштараки инсонӣ” баҳраманданд. Эҳсоси инсондӯстӣ ва инсонгароӣ дар ҳамаи афроди инсон вуҷуд дорад. Ба гуфтаи Саъдӣ:

Бани Одам аъзои якдигаранд

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд

Чу узве ба дард оварад рӯзгор

Дигар узвҳоро намонад қарор

Ту к-аз меҳнати дигарон беғамӣ

Нашояд, ки номат ниҳанд одамӣ

Афроде монанди Конт дар ҷустуҷӯи “дини инсоният” буда ва ҳастанд, ин андешаро дар мағзи худ мепарваронанд. Гуманизм, ки каму беш фалсафаи роиҷшудаи замони мо аст ва бештари муддаиёни равшанфикрӣ аз он дам мезананд, ҳамин аст.

Гуманист инсонро дар ҳар он чи аз табақот, миллиятҳо, фарҳангҳо, мазҳабҳо, рангҳо, нажодҳо, хунҳо ба шакли як воҳид мебинад ва ҳаргуна бартарибинӣ ва тафовутеро инкор мекунад.

Эъломияҳое, ки ба номи “ҳуқуқи башар” дар ҷаҳон пахш шудааст бар ин фалсафа аст ва расонандаи ин навъ худогоҳӣ дар ҷаҳон аст.

Агар дар фарде ин навъ худогоҳӣ пайдо шавад, дардаш дарди инсон, орзӯҳояш орзӯи инсон мешавад ва ҷиҳатгирӣ ва талошаш дар ҷиҳати инсон анҷом мешавад, дӯстиҳо ва душманиҳояш ҳама ранги инсонӣ меёбад: Дӯсти дӯстони инсон, яъне илм, фарҳанг, беҳдошт, рифоҳ, озодӣ, адолату муҳаббат ва душмани душманҳои ӯ, яъне ҷаҳлу нодонӣ, фақр, ситам, беморӣ ва бартарбинӣ мегардад.

Агар ин навъ худогоҳӣ пайдо шавад бар хилофи худогоҳии миллӣ ва худогоҳии табақотӣ, ҷанбаи ахлоқӣ хоҳад дошт.

Вале ин худогоҳӣ бо ин ки бештар аз ҳама шакли мантиқӣ дорад ва сару садои зиёде ба роҳ андохтааст камтар аз ҳама воқеият ёфтааст. Чаро?

Рози матлаб дар наҳваи вуҷуду воқеияти инсон нуҳуфтааст. Инсон дар наҳваи вуҷуду воқеияташ бо ҳамаи мавҷудоти дигар тафовут дорад. Аз ин назар, ки ҳар мавҷуде по ба ҷаҳон мегузорад ва офарида мешавад ҳамон аст, ки офарида шудааст, яъне моҳияту воқеияту чигунагиҳояш ҳамон аст, ки ба дасти омилҳои офариниш сохта мешавад, аммо инсон пас аз офариниш тоза марҳилаи ин ки чӣ бошад ва чигуна бошад шурӯъ мешавад. Инсон он чизе нест, ки офарида шуда аст, балки он чизе аст, ки худаш бихоҳад бошад. Он чизест, ки маҷмӯаи омилҳои тарбиятӣ ва аз он ҷумла ирода ва интихоби худаш ӯро бисозад.

Ба таъбири дигар, ҳар чизе аз назари моҳият, ки чист ва аз назари кайфият, ки чигуна бошад “билфеъл” офарида шудааст, аммо инсон аз ин назар “билқувва” офарида шудааст. Яъне базри инсоният дар ӯ ба сурати умури билқувва мавҷуд аст, ки ба офате бархурд накунад. Он базрҳо бо гузашти замон аз заминаи вуҷуди инсон сар бар меоварад ва ҳаминҳо фитриёти инсонанд ва баъдҳо “виҷдон”-и фитрӣ ва инсонии ӯро месозанд.

Инсон бар хилофи сангу гиёҳу ҳайвон дорои шахсиятест. Шахси инсон (яъне маҷмӯаи ҷиҳозоти бадании ӯ) билфеъл ба дунё меояд. Инсон дар оғози таваллуд аз назари ҷиҳозоти баданӣ монанди ҳайвоноти дигар билфеъл аст, вале аз назари ҷиҳозоти рӯҳӣ, аз назари он чи баъдан шахсияти инсонии ӯро месозад, мавҷуде билқувва аст. Арзишҳои инсонии ӯ дар заминаи вуҷудаш билқувва мавҷуд ва омодаи рушд ёфтан аст.

Аз назари рӯҳӣ инсон як марҳила аз марҳилаи баданӣ ақибтар аст. Ҷиҳозоти баданияш (организм) дар раҳими модар ба василаи дастандкорони офариниш сохта мешавад, вале ҷиҳозоти рӯҳӣ, маънавӣ ва аркони шахсияташ бояд дар марҳилаи баъд аз раҳим, рушд дода шавад ва поягузорӣ гардад. Аз ин рӯ мегӯем, ки ҳар кас ҳамакораи шахсияти худаш аст. Қалами тасвиркунанда ва нақшкашандаи хилқати шахсияти инсон (бар хилофи шахси ӯ) ба дасти худаш дода шудааст.

Барои ҳар мавҷуде ғайр аз инсон, тасаввури ҷудоии миёни худаш ва моҳияташ масалан миёни сангу сангӣ, дарахту дарахтӣ, сагу сагӣ, гурбаву гурбаӣ ғайри мумкин аст. Инсон танҳо мавҷуде аст, ки миёни худаш ва моҳияташ ҷудоӣ ва фосила аст, яъне миёни инсону инсоният. Эй басо инсонҳое, ки ба инсоният нарасида ва дар марҳилаи ҳайвоният боқӣ мондаанд. Монанди баъзе аз инсонҳои тоза ба даврон расидаи ваҳшӣ ва инсонҳое, ки масх шуда ва ба зидди инсон табдил шудаанд, монанди бештари мутамаддиннамоҳо.

Чигуна мумкин аст миёни як чиз ва моҳияти худаш ҷудоӣ афтад? Бадеҳӣ аст, ки моҳият лозимаи вуҷуд аст. Агар вуҷуде билфеъл бошад (мавҷуд шуд) моҳияташ ҳам бо пайравӣ аз он билфеъл аст (мавҷуд мешавад). Вуҷуде билқувва аст, ки холӣ аз моҳияти шоистаи худ аст.

Ончи экзистинсиализм ба номи “асолати вуҷуд” меномад ин иддаоро дорад, ки инсон як вуҷуди бемоҳият аст ва худ бо интихоби роҳ ба худ моҳият мебахшад, тавҷиҳи саҳеҳи фалсафиаш ҳамин аст. Файласуфони исломӣ ба хусус Мулло Садро, такяи зиёде бар ҳамин матлаб дорад ва аз ҳамин рӯ мегӯяд:

Инсон навъ нест, навъҳо нест, балки ҳар фард гоҳе ҳар рӯз навъе аст ғайри рӯзи дигар.[11]

Аз ин ҷо равшан мешавад, ки инсони зистшиносӣ ва инсони биологӣ меъёри инсоният нест. Инсони зистшиносӣ танҳо заминаи инсони воқеӣ аст ва ба сухани файласуфҳо ҳамлкунандаи истеъдод инсоният аст на худи инсоният ва ҳам равшан мешавад, ки бе асолати рӯҳ сухан аз инсоният маъно ва мафҳум надорад.

Акнун ки ин муқаддимаро донистем, метавонем маънои “худогоҳии инсони”-ро дақиқтар бифаҳмем. Гуфтем худогоҳии инсонӣ бар ин асл устувор аст, ки инсонҳо дар маҷмӯъ як “воҳид”-и воқеӣ ба шумор мераванд ва аз як виҷдони муштараки инсонӣ, болотар аз виҷдони табақотӣ, мазҳабӣ, миллӣ ва нажодӣ баҳраманданд.

Акнун мегӯем, ки ин матлаб ниёз ба тавзеҳ дорад, ки чӣ инсонҳое дар маҷмӯъ як “худ” доранд ва як рӯҳ бар онҳо ҳукмфармо аст? Худогоҳии инсонӣ дар миёни чӣ инсонҳое рушд мекунад ва дар онҳо ҳамдардӣ ва ҳампайкарӣ эҷод мекунад? Оё танҳо миёни инсонҳои ба инсониятрасида, ки арзишҳои инсонӣ ва дар ҳақиқат моҳияти воқеии инсонӣ дар онҳо ба поён расида ва ҳақиқат ёфтааст, ё инсонҳое, ки дар ҳадди билқувва будан боқӣ мондаанд, ё инсонҳои масхшуда ва тағйири моҳият дода ва табдил ба бадтарании ҷонварон шуда? Кадом як? Оё ҳамаи инҳо бо ҳам?

Бадеҳӣ аст онҷо, ки сухан аз дардмандии дутарафа аст сухан дар ин аст, ки ҳама аъзои як пайкаранд ва аз дарди якдигар беқароранд, ҳамаи инҳо наметавонанд инчунин бошанд. Инсони ибтидоии ваҳшӣ, ки дар ҳадди кӯдакӣ боқӣ монда ва ҳануз фитрати инсонияш хоб аст ва ҳаракат дода нашудааст, кай чунин эҳсоси дардмандӣ дорад? Таклифи инсони масхшуда ба таври комил равшан аст.

Пас танҳо инсонҳои ба инсониятрасида, инсонҳои моҳияти инсониёфта ҳастанд, ки дар ҳақиқат аъзои як пайкаранд, як рӯҳ бар онҳо ҳукмфармо аст ва “Чу узве ба дард оварад рузгор Дигар узвҳоро намонад қарор”.

Чунин инсонҳое, ки дар онҳо ҳамаи арзишҳои фитрӣ рушд ёфтааст, инсонҳои “мӯъмин” ҳастанд, зеро имон болотар аз фитриёт ва арзишҳои асили инсонӣ қарор дорад.

Пас дар ҳақиқат он чи инсонҳоро ба сурати “мо” шакл медиҳад, рӯҳи воҳид дар онҳо медамад, он чи инчунин муъҷизаи ахлоқӣ ва инсонӣ аз ӯ сар мезанад “ҳамимонӣ” аст на ҳамгавҳарӣ ва ҳамрешаӣ, ки дар сухани Саъдӣ омадааст.

Он чи Саъдӣ гуфтааст бисёр пурмағзу пурарзиш аст, вале ҳақиқат надорад. Чӣ дахле дорад, ки Мусо(а) ҳампайкари Фиръавн ва Абӯзар ҳамдарди Муовия бошад?

Он чи ҳам ҳақиқат дорад ва ҳам арзишу ҳамаписанд, ваҳдату якпорчагии инсонҳои билфеъл, яъне инсонҳои ба инсоният расида ва арзиш ёфтааст. Ин аст, ки Расули Акрам(с) дар сухани худ, ки Саъдӣ онро иқтибос карда ва бо умумият бахшидани ғалат нодурусташ кардааст, ба ҷои ин ки бигӯяд: Бани Одам аъзои якдигаранд, фармуд:

Мӯъминон аъзои як андом ҳастанд, ҳаргоҳ узве ба дард ояд бо табу бехобӣ, бо ӯ ҳамдардӣ мекунанд.[12]

Шакке нест, ки инсони ба инсониятрасида нисбат ба ҳамаи инсонҳо, балки нисбат ба ҳамаи чизҳо меҳр меварзад, ҳатто нисбат ба инсонҳои масхшуда ва тағйири моҳият дода. Ба ҳамин хотир Худованд Паёмбарро “раҳмат барои ҷаҳониён” мехонад. Ингуна инсонҳо нисбат ба касоне, ки ба онҳо душманӣ мекунанд, меҳр меварзанд. Алӣ(а) дар бораи писари Мулҷами Муродӣ мегуфт: Ман зиндагии ӯро дӯст медорам ва ӯ куштани маро. Вале сухан дар “муҳаббати дутарафа” ва “дардмандии дутарафа” аст. Муҳаббату меҳрварзии дутарафа танҳо дар миёни ҷомеаи аҳли имон ба ҳақиқат мерасаду бас.

Бадеҳӣ аст, ки лозимаи муҳаббат доштан ба ҳамаи инсонҳо “оштии куллӣ” ва масъулият надоштан, кор ба кори гумроҳу ситамкор надоштан нест, баръакс инсонгароии ҳақиқӣ дар ин замина сахттарини масъулиятҳоро дар пай дорад.

Дар замони мо Бертранд Рассел, фалсафадон ва риёзидони машҳури англисӣ ва Жон Пул Сортер фалсафадони эгзистенсиалисти фаронсавӣ, ду чеҳраи машҳури инсонмаслакӣ ҳастанд. Рассел фалсафаи худро бар асосе дунбол кардааст, ки бо инсонмаслакияш дар ду ҷиҳат зиддият дорад. Фалсафаи ахлоқи Рассел бар асоси дурандешӣ дар манфиатҳои шахсӣ аст, яъне вай таъмини фоидаи бештар ва беҳтарро дар партави усули ахлоқӣ медонад ва фалсафаи дигаре барои ахлоқ қоил нест. Бинобар ин инсонмаслакии Рассел аз судпарастӣ сарчашма мегирад.

Инсонгароии Жон Пул Сортер ба гуфтаи яке аз нависандагони муосир[13] мазҳари изтироби дунёи Ғарб аз холӣ шудани зери пояш аст. Ин нависанда таҳти унвони “Ду ҷеҳраи неҳилизми имрӯзи Ғарб” мегӯяд:

…он буржувозии пуршуре, ки “бости”ро фатҳ кард ва парчами носиюнолисмро барафрошт, имрӯз чизе надорад, ки ба он биандешад, магар беандешагӣ! Насли ҷавони урупоӣ бар нуқтаи пуч истодааст. Имрӯз ғарб дар ҳоли гирифтани содироташ аст; ошуби иҷтимоӣ, ноумедӣ, саргардонӣ, ҳисси кӯчакиву хорӣ, неҳилизмро. Ӯ ҳамаи инҳоро ба миллатҳо ва тамаддунҳои дигар ба таҳмил карда буд…

Неҳилизм чунин меандешад, ки барои ман нест, бигзор аз ҳеҷ кас набошад… ва ба ин ҷиҳат ба ҷониби инҳидому аз байн бурдани худ майл мекунад. Аммо аксуламали дигарро дар пайдоиши навъе фалсафаи “башардӯстонаи румонтик” мебинем, ки дар сатҳҳои гуногуне равшанфикрони ғарбро ба худ машғул доштааст. Як сари он Росел аст бо дидаи содаи амалӣ ва сари дигари он Сортер бо диди фалсафии печида ва сахту беором ва дар ин байн равшанфикрони сиёсату иқтисод мисли Тимбурманд, ки мекушанд роҳҳои амалӣ барои мушкилоти худ ва дигарон биёбанд.

Аммо Сортер бо он машраби орифона ва озодиаш аз ҳарчи ранги тааллуқ пазирад ва он теории печидаи масъулияту тааҳҳудаш, намуди дигаре аз рӯҳи ғарбист, ки бо навъе ҳисси гуноҳ мехоҳад ҷуброни гузашта кунад. Сортер монанди равоқиҳо ба бародарӣ ва баробарии башар боварӣ дорад ва ба ҳукумати ҷаҳонӣ, ба озодӣ ва ихтиёр ва ба парҳезкорӣ ва порсоӣ. Сортер имрӯз намояндаи он майли равшанфикрона дар ғарб аст, ки мехоҳад бо афкандани худ ба домани “башарияте куллӣ” худро аз изтироби холӣ шудани зери пояш бираҳонад… Бо ҷонишин кардани гуманизм[14] ба ҷои мазҳаб, аз худои куллии башарият, ки ҷонишини худои куҳан шудааст, барои худ ва тамоми ғарб талаби омурзиш мекунад.

Натиҷаи ошкори инсонгароии Сортер ҳамон аст, ки ҳарчанде якбор ӯро мебинем, ки бар мазлумияти Исроил ашки тимсоҳ мерезанд ва аз ситами арабҳо ба хусус оворагони Фаластин нолаҳо сар медиҳад.

Ҷаҳон мазҳарҳои амалии ҳамаи инсонгароёни ғарбиро, ки эъломияҳои баландболои ҷаҳонии ҳақуқи башарро имзо кардаанд ба тартиб мебинад, ниёзе ба шарҳу тавзеҳ нест.

Худогоҳии иҷтимоӣ хоҳ табақотӣ бошад ё миллӣ ва ё инсонӣ– дар асри мо унвони худогоҳии равшанфикрона ёфтааст. Равшанфикр касе аст, ки ба яке аз ин худогоҳиҳо расида бошад ва дарди табақотӣ ё миллӣ ва ё инсонӣ ёфта ва дар талоши раҳоии табақааш ё миллаташ ё ҳамаи инсонҳо бошад ва мехоҳад огоҳии худро ба онҳо бирасонад ва онҳо ба ҳаракату талош барои раҳоӣ аз асоратҳои иҷтимоӣ дароварад.

 

  1. 7.Худогоҳии ирфонӣ ё орифона

Худогоҳии орифона огоҳӣ ба худ дар робитааш бо зоти Ҳақ аст. Ин робита аз диди аҳли ирфон аз навъи робитаи ду мавҷуд, ки дар арзи якдигар қарор гирифтаанд, мисли робитаи инсон бо афроди иҷтимоъ нест, балки аз навъи робитаи фаръ бо асл, маҷоз бо ҳақиқат ва ба истилоҳи худи онҳо аз навъи робитаи муқайяд (қайддор) бо мутлақ (беқайд) аст.

Дарди ориф бархилофи дарди равшанфикр ба тасвир кашидани дардҳои берунӣ дар худогоҳии инсон нест, балки дарди дарунист, яъне дардест, ки аз ниёзи фитрӣ пайдо мешавад. Равшнфикр аз ин нигоҳ, ки дардаш дарди иҷтимоӣ аст аввал огоҳ мешавад ва огоҳияш ӯро дардманд месозад, вале дарди ориф аз он нигоҳ, ки дарди дарунист, худи дард барои ӯ огоҳӣ аст. Монанди дарди ҳар бемор, ки эъломи табиат бар вуҷуди як ниёз аст.

Ҳасрату зорӣ, ки дар беморӣ аст

Вақти беморӣ ҳама бедорӣ аст

Ҳар ки ӯ бедортар пурдардтар

Ҳар ки ӯ огоҳтар рух зардтар

Пас бидон ин аслро эй аслҷӯ

Ҳар киро дард аст ӯ бурдаст бӯ

Дарди ориф бо дарди файласуф яке нест. Орифу файласуф ҳарду дардманди ҳақиқат ҳастанд, аммо дарди файласуф дарди донистан ва шинохтани ҳақиқат аст ва дарди ориф, дарди расидан ва яке шудан ва маҳвшудан аст.

Дарди файласуф ӯро аз дигар мавҷудоти табиат ҷудову фарқ мегузорад. Дар ҳеҷ мавҷуде дар табиат дарди донистану шинохтан нест. Аммо дарди ориф дарди ишқу ҷозиба аст, он чизест, ки на фақат дар ҳайвон, барки дар фаришта, ки ҷавҳари зоташ худогоҳӣ ва донистан аст вуҷуд надорад.

Фаришта ишқ надонад, ки чист қисса махон

Бихоҳ ҷому гулобӣ ба хоки Одам рез

Ҷилвае кард рухаш дид малак ишқ надошт

Хайма дар мазрааи обу гили Одам зад

Дарди файласуф “донистан” аст, ки як амри фитрӣ аст ва дарди ориф эъломи ниёзи фитрати “ишқ” аст, ки мехоҳад парвоз кунад ва то ҳақиқатро бо тамоми вуҷуд ламс накарда ором намегирад. Ориф худогоҳии комилро фақат дар “худоогоҳӣ” медонад. Аз нигоҳи ориф он чи файласуф онро “ман”–и воқеии инсон мешиносад мани воқеӣ нест; рӯҳ аст, ҷон аст ва як мушаххаса аст. Мани воқеӣ Худо аст. Бо шикастани ин мушаххаса, инсон худи воқеии хешро меёбад.

Муҳйиддини Арабӣ дар Фусусуҳикам, фасси шуайбӣ мегӯяд:

Ҳакимон ва олимони илми калом дар бораи худшиносӣ зиёд сухан гуфтаанд, аммо шинохти нафс аз ин роҳҳо ҳосил намешавад. Ҳар кас гумон кунад он чи ҳакимон дар бораи худшиносӣ дарёфтаанд ҳақиқат аст, омос (варам) кардаеро фарбеҳ пиндоштааст.

Яке аз пурсишҳое, ки аз Шайх Маҳмуди Шабистарӣ дар масъалаҳои ирфонӣ шуд, ки манзумаи ирфонии камназири «Гулшани роз» дар посухи онҳо ба вуҷуд омад, пурсиш аз “худ” ва “ман” буд, ки чист?

Дигар кардӣ суол аз ман, ки “ман” чист?

Маро аз ман хабар кун, то ки “ман” кист?

Чу ҳастӣ мутлақ омад дар асорат

Ба лафзи “ман” кунанд аз вай иборат

Ҳақиқат к-аз таайюн шуд муайян

Ту ӯро дар иборат гуфтаӣ “ман”

Ману ту оризи зоти вуҷудем

Мушаббакҳои мишкоти вуҷудем

Ҳама як нур дон ашбоҳу арвоҳ

Гаҳ аз оина пайдо гаҳ зи мисбоҳ

Онгоҳ суханони файласуфҳоро дар мавриди рӯҳ ва “ман” ва худшиносӣ инчунин интиқод мекунад:

Ту гӯӣ лафзи “ман” дар ҳар иборат

Ба сӯи рӯҳ мебошад ишорат

Чу кардӣ пешвои худ хирадро

Намедонӣ зи ҷузъи хеш худро

Бирав эй хоҷа худро нек бишнос

Ки набвад фарбеҳӣ монанди омос[15]

Ману ту бартар аз ҷону тан омад

Ки ин ҳар ду зи аҷзои ман омад

Ба лафзи “ман” на инсон аст махсус

Ки то гӯӣ бадон ҷон аст махсус

Яке раҳ бартар аз кавну макон шав

Ҷаҳон бигзору худ дар худ ҷаҳон шав[16]

Мавлавӣ гӯяд:

Эй ки дар пайкор, “худ”–ро бохта

Дигаронро ту зи “худ” нашнохта

Ту ба ҳар сурат, ки оӣ бистӣ

Ки манам ин, валлоҳ он ту нестӣ

Як замон танҳо бимонӣ ту зи халқ

Дар ғаму андеша монӣ то ба ҳалқ

Ин ту кӣ бошӣ, ки ту он авҳадӣ

Ки хушу зебову сармасти худӣ

Мурғи хешӣ, сайди хешӣ, доми хеш

Садри хешӣ, фарши хешӣ, боми хеш

Гар ту одамзодаӣ чун ӯ нишин

Ҷумлаи зарротро дар “худ” бибин[17]

Пас аз нигоҳи ориф рӯҳу ҷон “ман”–и воқеӣ нест, огоҳӣ ба рӯҳ ё ҷон худогоҳӣ нест, рӯҳу ҷон мазҳаре аз “худ” ва аз “ман” аст, мани воқеӣ Худо аст. Ҳаргоҳ инсон аз худ бехуд шуд мушаххасаҳоро дарҳам шикасту надид, аз рӯҳу ҷон асаре боқӣ намонд, онгоҳ ки ин қатраи ҷудошуда аз дарё ба дарё бозгашт ва нобуд шуд, инсон ба худогоҳии воқеӣ расидааст. Он вақт аст, ки инсон худро дар ҳамаи чизҳо ва ҳамаи чизҳоро дар худ мебинад ва танҳо он вақт аст, ки инсон аз худ бохабар мешавад.

 

  1. 8.Худогоҳии паёмбарона

Худогоҳии паёмбарона бо ҳамаи онҳо фарқ дорад. Паёмбар ҳам худогоҳии худоӣ дорад ва ҳам халқӣ, ҳам дарди Худо дорад ва ҳам дарди халқи Худо, аммо на дар шакли дугонагиву дуқутбӣ; на ба ин шакл, ки ниме аз қалби паёмбар ба сӯи Худост ва ниме ба сӯи халқ, як чашмаш ба Ҳақ ва чашми дигараш ба халқ аст ва меҳру маҳабаташ, ҳадафҳо ва орзуҳояш миёни Худо ва халқи Худо тақсим шуда бошад ҳаргиз ин тавр нест.

Қуръони Карим мефармояд: Худованд дар синаи башар ду дил қарор надода (, ки ба ду ҷо бисупорад)[18].

Бо як дил наметавон ду дилбар дошт. Паёмбарон қаҳрамонони тавҳиду ягонапарастӣ ҳастанд; дар кори онҳо камтарин ширкварзие вуҷуд надорад, на ширк дар мабдаъ ва на ширк дар ҳадафу орзу ва на ширк дар дардмандӣ. Паёмбарон ба зарра –зарраи ҷаҳон аз он ҷиҳат, ки ҳама аз Ӯ ва мазҳарҳои номҳо ва сифатҳои Ӯ ҳастанд ишқ меварзанд.

Ба ҷаҳон хуррам аз онам, ки ҷаҳон хуррам аз Ӯст

Ошиқам бар ҳама олам, ки ҳама олам аз Ӯст

Ишқи авлиёи Ҳақ ба ҷаҳон, партаве аз ишқ ба Ҳақ аст, на ишқе дар баробари ишқ ба Ҳақ. Дарди халқии онҳо бархоста аз дарди ҳаққии онҳост на аз як решаи дигар. Ҳадафҳо ва орзуҳои онҳо пилаҳои боло рафтан ва боло бурдани мардум ба сӯи саранҷоми ҳадафҳо, яъне Худост.

Паёмбарон корашон аз дарди худоӣ шурӯъ мешавад, ки онҳоро ба сӯи наздик шудан ба Худованд ва расидан ба боргоҳи Ӯ меронад. Ин дард тозиёнаи ба камол расидану комил шудани онҳост ва ҳаракатдиҳандаи онҳо дар ин роҳу сафар аст, ки аз он ба “сафар аз халқ то Ҳақ” ёд мешавад. Ин дард як лаҳза ононро ором намегузорад ба гуфтаи ҳазрати Алӣ(а) то онҳоро ба “ҷойгоҳи амн” бирасонад.

Поёни ин сайру сафар, шурӯи сафари дигарест аз он ба “сафар дар Ҳақ бо Ҳақ” ёд мешавад. Дар ин аст, ки зарфашон пуру лабрез мешавад ва ба навъе аз камол ноил мегарданд.

Паёмбар дар ин марҳила низ намеистад, пас аз он ки аз ҳақиқат лабрез шуд, доираи ҳастиро тай кард, роҳу расми манзилатҳоро дарёфт, мабъус мешавад ва сафари сеюм, яъне сафар аз Ҳақ ба халқ оғоз мегардад ва бозгашт дода мешавад. Аммо ин бозгашт ба маънои баргашт ба нуқтаи аввал ва ҷудо шудан аз он чи дарёфта нест. Бо тамоми он чи расида ва дарёфта бармегардад ва ба истилоҳ сафар аз Ҳақ ба халқ, бо Ҳақ аст на дур аз Ӯ. Ва ин марҳилаи сеюмӣ комил шудани паёмбар аст.

Беъсату ангизиш, ки дар поёни сафари дувум пайдо мешавад ба манзилаи зоиши худогоҳии халқӣ аз худогоҳии ҳаққӣ ва зоиши дардмандии халқӣ аз дардмандии ҳаққӣ аст.

Бо бозгашт ба халқ, сафари чаҳорум ва даври чаҳоруми комил шудани ӯ оғоз мегардад, яъне сайр дар халқ бо Ҳақ, сайр дар халқ барои ҳаракат додани онҳо ба сӯи камоли поённопазири илоҳӣ аз тариқи шариат, яъне аз роҳи ҳаққу адлу арзишҳои инсонӣ ва шукуфо кардани истеъдодҳои нуҳуфтаи бениҳояти башарӣ.

Аз ин ҷо маълум мешавад, ки он чи барои равшанфикр ҳадаф аст барои паёмбар манзиле аз манзилҳоест, ки халқро аз он ҷо мегузаронад, ҳамчуноне ки он чи ориф иддао дорад, дар сари роҳи паёмбар қарор дорад.

Иқбол дар баёни фарқи худогоҳии паёмбарона ва худогоҳии орифона мегӯяд:

Ҳазрати Муҳаммад(с) ба осмони меъроҷ рафту бозгашт. Яке аз бузургони тариқат ба номи Абдулқуддусро каломе аст инчунин: Савганд ба Худо, ки агар ман ба он нуқта расида будам ҳаргиз ба замин барнамегаштам.

Иқбол изофа мекунад:

Шояд дар саросари адабиёти суфиёна натавон чанд калимаро пайдо кард, ки дар як ҷумла ихтилофи равоншинохтӣ миёни ду навъ худогоҳии пайғамбарона ва суфиёнаро ба ин хубӣ ошкор созад.

Марди ботинӣ, (ориф) намехоҳад, ки пас аз оромишу итминоне, ки бо таҷрибаи иттиҳодӣ (расидан ба Ҳақ ва худогоҳии орифона) пайдо мекунад ба зиндагии инҷаҳонӣ бозгардад. Дар он ҳангом ки бар асоси зарурат бозмегардад, бозгашти ӯ барои тамоми башарият суди чандоне надорад. Вале бозгашти пайғамбар ҷанбаи халлоқият ва самарбахшӣ дорад, бозмегардад ва дар ҷараёни замон ворид мешавад ба ин қасд, ки ҷарёни таърихро таҳти забт дароварад ва аз ин роҳ ҷаҳони тозае аз матлубтаринҳо халқ кунад.[19]

Дар ҳоли ҳозир мо бо тафсирҳои ирфонӣ коре надорем, ки оё дуруст ё нодуруст аст. Он чи мушаххас аст ин аст, ки ҳар паёмбаре дар аввал дарди Худо дорад, дарде ки ба ҷонаш меафтад дарди худоҷӯӣ аст, ба сӯи он меравад ва аз он сарчашма сероб мешавад. Пас аз он дарди халқ пайдо мекунад. Дарди халқии як паёмбар бо дарди як равшанфикр фарқ дорад, зеро дарди як равшанфикр, як отифаи содаи башарӣ аст, як таъсирпазирӣ аст ва эй басо ки аз диди афроде монанди Нича як заъф ба ҳисоб меояд, аммо дарди як паёмбар дарди дигарест, ки бо ҳеҷ як аз онҳо монандӣ надорад, ҳамчуноне ки навъи худогоҳии халқии онҳо низ фарқ дорад. Оташе, ки дар ҷони як паёмбар шуъла мекунад як оташ дигар аст.

Дуруст аст, ки паёмбар беш аз ҳар каси дигар густариши шахсият пайдо мекунад, на фақат ҷонаш бо ҷонҳо яке мешавад ва ҳамаро дарбар мегирад, балки бо ҷаҳон яке мешавад ва ҳама ҷаҳонро дарбар мегирад ва аз ғами инсонҳо ранҷ мебарад:

Фиристодае шуморо омадааст, ки сахтиҳои шумо бар ӯ гарон аст, барои наҷоти шумо ҳирс меварзад[20].

То ҷое ки аз ғами мардум то ҳадди ҳалокат пеш меравад:

Гӯё ту мехоҳӣ худро аз ранҷу таассуф ҳалок созӣ агар инҳо ба сухани Худо имон наёваранд[21].

Ва дуруст аст, ки аз гуруснагӣ, бараҳнагӣ, мазлумият, маҳрумият, беморӣ ва фақри мардум ранҷ мебарад ва дард мекашад, то онҷо ки наметавонад дар бистари худ бо шиками сер бихобад ва нигарони ин аст, ки накунад дар гӯша ва каноре шиками гуруснае бошад:

Дур бод, ки ҳавои нафс бар ман ғалаба кунад ва ҳирс ҷилавкаши ман гардад, ки дар пайи интихоби таом биравам. Охир накунад, ки дар Ҳиҷоз ё Ямома шикаме бошад, ки ҳаргиз серӣ надида аст. Оё шиками сер ба сар барам, дар ҳоле ки дар атрофам шикамҳои гурусна ва ҷигарҳои сухта аст[22]?!

Аммо инҳоро набояд ба як тараҳҳум, риққати қалб, дилсӯзии сода, нозукдилӣ, ҳамдилӣ дар сатҳи ҳамдилии мардуми хушқалб донист. Паёмбар, аз он ҷиҳат ки башар аст дар оғози кори худ ҳамаи хислатҳои башариро дар рангу шакли дигар инсонҳо дорад, аммо пас аз он ки вуҷудаш яксара шуълавар ба шуълаи илоҳӣ гашт ҳамаи инҳо ранги дигар мегирад; ранги илоҳӣ.

Дастпарвардагони паёмбар ва ҷомеае, ки ӯ месозад, бо дастпарвардагон ва ҷомеаҳое, ки ба василаи равшанфикрони башарӣ сохта ва пардохта мешавад аз замин то осмон фарқ мекунад.

Асоситарин тафовут дар ин аст, ки паёмбар мекушад нерӯҳои фитрии башарро бедор кунад, шуури пуррамзу роз ва ишқи пинҳони вуҷуди инсонҳоро шуълавар кунад. Паёмбар худро музаккир (ёдовар=бедоркунанда) мехонад, ҳассосияте дар баробари кулли ҳастӣ дар инсон меофаринад, худогоҳии худро нисбат ба кулли ҳастӣ ба мардум интиқол медиҳад, аммо равшанфикрон дарку фаҳми иҷтимоии афродро бедор ва онҳоро ба маслиҳатҳои миллӣ ё табақотияшон огоҳ месозанд.

 


[1] .Ҳашр\19 <وَلَا تَكُونُوا كَالَّذِينَ نَسُوا اللَّهَ فَأَنسَاهُمْ أَنفُسَهُمْ أُولَئِكَ هُمُ الْفَاسِقُونَ>

[2] . Биҳор, ҷ.61, саҳ.99 “مَن عَرَفَ نَفسَهُ عَرَفَ رَبَّهُ

[3] . Ғурарулҳикам, чопиБейрут, ҷ.2, саҳ.288 “مَعرِفَةُ النَّفسِ اَنفَعُ المَعارِفِ

[4] . Ҳамон. саҳ.36 “عَجِبتُ لِمَن یَنشِدُ ضالَّتَهُ کَیفَ لایَنشِدُ نَفسَهُ

[5].Муқаддимаикитоби «Инастмазҳабиман«.

[6]. Ҳамон.

[7]. Декорт, файласуфифаронсавиисадаиҳафдаҳумфалсафаихудробаинтартибшурӯъкард, кидарҳамачизшаккард, ҳаттодарбадеҳиёт. Сипасгуфтманметавонамдарҳамачизшаккунамҷузинкимеандешамвашакмекунам, пасфикрмекунамдалелбаринаст, киҳастам”. Ваонгоҳазҳастиихуд, ҳастииХудовадигарчизҳоронатиҷагирифт.

[8]. Муъминун\ 14 <ثُمَّ أَنشَأْنَاهُ خَلْقًا آخَرَ>

[9] .   «رَحِمَ اللهُ امرَءاً عَلِمَ مِن اَینَ وَ فی اَینَ وَ اِلی اَینَ»

[10]. Достони ростон

[11].Асфор, баҳсиМаод

.[12]مَثَلُ المُؤمِنینَ فی تَوادُدِهِم وَ تَراحُمِهِم کَمَثَلِ الجَسَدِ إذا اشتَکی بَعضٌ تَداعی لَهُ سائِرُ اَعضائِهِ بِالحُمّی وَ السَّهَرِ

[13]. Дорюши Ошурӣ, маҷалаи «Ҷаҳонинав«, шумораи шаҳривари 45, ба нақл аз китоби Некниёзӣ, саҳ.33 35.

[14] . Инсонгароӣ, инсонмаслакӣ

[15]. Ишора ба ҷумлаи маъруфи Шайхи акбари аҳли ирфонМуҳиддини Арабӣ, ки дар пеш нақл шуд.

[16] .Гулшани роз, саҳ.15.

[17]. Маснавӣ Маънавӣ, Ҷ.4, Саҳ. 343

[18] .Аҳзоб\4 <مَّا جَعَلَ اللَّهُ لِرَجُلٍ مِّن قَلْبَيْنِ فِي جَوْفِهِ>

[19]. Эҳёи фикри динӣ дар Ислом, мақолаиРуҳ ва фарҳанг дар тамаддуни исломӣ”, саҳ.143 144

[20] . Тавба\128 <لَقَدْ جَاءَكُمْ رَسُولٌ مِّنْ أَنفُسِكُمْ عَزِيزٌ عَلَيْهِ مَا عَنِتُّمْ حَرِيصٌ عَلَيْكُم بِالْمُؤْمِنِينَ رَءُوفٌ رَّحِيمٌ>

[21] . Каҳф\6 <فَلَعَلَّكَ بَاخِعٌ نَّفْسَكَ عَلَى آثَارِهِمْ إِن لَّمْ يُؤْمِنُوا بِهَذَا الْحَدِيثِ أَسَفًا>

[22] . Наҳҷулбалоға, номаи 45, номаи Алӣ(а) баУсмон ибни Ҳаниф

هَیهاتَ أن یَبلِغَنی هَوایَ وَ یَقودَنی جَشَعی إلی تَخَیُّرِ الأطعِمَةِ وَ لَعَلَّ بِالحِجازِ أوِ الیَمامَةِ مَن لاطَمَعَ لَهُ فِی القُرصِ وَ لاعَهدَ لَهُ بِالشَّبَعِ، أو أبیتَ مِبطاناً وَ حَولی بُطونٌ غَرثی وَ أکبادٌ حَرّی   “

Охирин матолиб

Одоби тиловати Қуръон

Одоби тиловати Қуръон зиёд аст, ки ба муҳимтарини онҳо ишора мекунем: 1. Бо таҳорат тиловат кардан 2. Мисвок задан (шустани дандонҳо) қабл аз Қуръон хондан,...

тарҷума

Тарҷумаи СУРАИ ИСРО

СУРАИ ИСРО Ин сура дар Макка нозил шуда ва 111 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Муназзаҳ аст Зоте, ки бандаашро шабонгоҳе аз Масҷид-ул-ҳаром...