НУКТАҲОИ ХОНДАНӢ

Азамати ахлоқи Паёмбар(с)    

 Марде аз ҳазрати Алӣ(а) хост, ки   ахлоқи   Паёмбари   Акрам (с)-ро барои   ӯ    бишуморад.   Ҳазрати   Алӣ(а)    фармуданд: Ту неъматҳои дунёро    бишумор, то ман ҳам ахлоқи ҳазрати Паёмбар(с)-ро барои ту бишуморам.

Он мард гуфт: Чӣ гуна мумкин аст неъматҳои дунёро бишуморам бо ин ки Худованд дар Қуръон мефармояд:

وَإِن تَعُدُّواْ نِعْمَةَ اللّهِ لاَ تُحْصُوهَا

 “Ва агар неъматҳои Худоро бихоҳед бишуморед, ҳаргиз онҳоро наметавонед бишуморед”.[1]

Ҳазрати Алӣ(а) фармуданд: Худованд тамоми неъмати дунёро  кам медонад  ва мефармояд: … قُلْ مَتَاعُ الدَّنْيَا قَلِيلٌ…

 (Эй Паёмбар) “Бигӯ сармояи дунё ночиз аст”. [2]

 Вале ахлоқи Паёмбар(с)-ро дар ин оя бузург шуморида аст:

وَإِنَّكَ لَعَلى خُلُقٍ عَظِيمٍ

Ва (эй Паёмбар) ту ахлоқи азим ва барҷастае дорӣ. [3]

Таҳияи Қурбоналӣ Сатторӣ



[1] . Иброҳим,34.

[2] . Нисо,77.

[3] . Қалам,4.

Охирин матолиб

Макорими ахлоқ

Қуръони Карим китоби ҳидоят ва роҳнамоии башар ба сӯи қуллаҳои камолу растагорӣ аст

Нигоҳи гузаро бар Ошурои ҳусайнӣ

Муқаддима Он чи дар ин чанд саҳфа таҳти унвони “Нигоҳи гузаро бар Ошурои ҳусайнӣ” барои хонандагони азиз матраҳ мегардад, хулосае аз зиндагони имом Ҳусайн(а) аст,...