Нигоҳе ба зиндагии Паёмбари Аъзам(с) 1

Даромад

Эй номи ту беҳтарин сароғоз,

Бе номи ту нома кай кунам боз.

Хондани таърихи Ислом махсусан зиндагии Паёмбари Ислом(с) ба инсон дарси ибрат медиҳад, чун мефаҳмад, ки Расули Худо(с) дар он замон бо он ҳама бутпарастию инҳирофҳои фикрӣ ва ахлоқӣ дар ҷомеа чӣ тавр зиндагӣ мекардааст ва чӣ равишеро ба кор бурдааст.

Бештари муаррихон иттифоқи назар доранд, ки таваллуди ҳазрати Муҳаммад(с) дар рӯзи душанбедувоздаҳ[2] ва ё рӯзи ҷумъа ҳабдаҳуми моҳи Рабеъулаввал дар “Омулфил”[3], дар соли 570 мелодӣ будааст, зеро он ҳазрат ба таври яқин, дар соли 632 мелодӣ даргузашта аст ва дар ин замон 62 ё 63 сола будааст.

Абдулмуталлиб баъди ҳафт рӯз аз таваллуди ҳазрати Паёмбар(с) гусфандеро кушту мардумро даъват кард ва номи ӯро “Муҳаммад” гузошт. Аз ӯ пурсиданд: Чаро номи ӯро Муҳаммад гузоштӣ? Гуфт: Мехоҳам ӯ дар ҷаҳон сутуда (ва сарбаланд) бошад.[4]

Дар таърих омадааст, ки таваллуди Пайғамбари Ислом(с) бо ҳодисаҳои бузурге ҳамроҳ будааст, мисли хомӯш шудани оташкадаи Форс, сарнагун шудани бутҳои Макка, баланд шудани нуре аз вуҷуди он ҳазрат ба сӯи осмон, ки ҳамаро равшан кард ва ҷорӣ шудани ин ҷумла аз он ҳазрат ҳангоми таваллуд:

(اَلله اَکبَر اَلحمد لله کَثیراًوسبحان الله بُکرةً واَصیلا] (5]

Даврони кӯдакӣ

Абдуллоҳ -падари ҳазрати Муҳаммад(с)- пеш аз таваллуди ҳазрат аз дунё рафт. Қуръони Карим аз ятимии он ҳазрат чунин ёд мекунад: “Оё Парвардигорат туро ятим наёфт ва паноҳ дод ва туро гумшуда ёфт ва ҳидоят кард ва туро фақир ёфт ва бениёз кард”.[6]

Омина –модари ҳазрат- муддати кӯтоҳе ба тифлаш шир дод ва сипас ӯро ба канизе ба номи “Сувайда” супорид. Онгоҳ тибқи одати арабҳои он рӯз[7]ӯро ба дояе ба номи “Ҳалимаи Саъдия”, ки дар бодия зиндагӣ мекард, доданд. Вай он ҳазратро то панҷсолагӣ тарбият кард. Ишон мегуфт: “Аз рӯзе, ки Муҳаммад(с)-ро ба хонаи худ бурдам, рӯз ба рӯз хайру баракат дар хонаам бештар ва дороӣ ва галлаам зиёдтар шуд.”[8]

Даргузашти модар ва кафолати Абдулмуталлиб

Омина вақте фарзандашро аз Ҳалима гирифт, ҳамроҳи кӯдакаш ва Умми Айман (канизи шавҳараш Абдуллоҳ) ба Ясриб (Мадина) сафар кард, то ҳам сари қабри ҳамсараш ва дидори хешовандони худ бираванд. Пас аз як моҳ иқомат дар Ясриб, ҳангоми бозгашт ба Макка, Омина бемор шуд ва дар минтақаи “Абво” аз дунё рафт ва дар ҳамон ҷо дафн шуд. Дар ин ҳангом ҳазрати Муҳаммад(с) шашсола буд. Умми Айман ӯро бо корвон ба Макка овард ва ба Абдулмуталлиб супорид. Абдулмуталлиб сарпарастӣ ва кафолати ӯро ба ӯҳда гирифт ва то зинда буд, аз набераи худ ба хубӣ нигаҳбонӣ ва навозиш мекарду мегуфт: “Ӯ мақоми болое хоҳад дошт.”[9]

Даргузашти Абдулмуталлиб ва сарпарастии Абӯтолиб

Ҳазрати Муҳаммад(с) ҳаштсола буд, ки Абдулмуталлиб низ даргузашт ва сарпарастиашро ба Абӯтолиб супорид, ки бо Абдуллоҳ (падари ҳазрат) аз як модар буданд.[10] Абӯтолиб сарватманд набуд, аммо марди бузургвору боҳиммат ва обрӯманду мавриди итоати мардум буд. Ӯон ҳазратрохеле дӯст медошт ва беш аз фарзандони худ ӯро эҳтиром мекард. “Фотима бинти Асад” ҳамсари Абӯтолиб низ дар сарпарастӣ ва парвариши он ҳазрат нақши муҳимме дошт ва дар ин роҳ заҳматҳои зиёде кашид.[11]

Амини Қурайш

Ахлоқу рафтори некӯи он ҳазрат мисли амонатдорӣ, дурусткорӣ ва ростгӯии ӯ мардуми Маккаро шефтаи худ карда буд, аз ин рӯӯро “Амин” меномиданд. Чунон дар дили мардум ҷо дошт, ки аз доварии ӯ дар масъалаи гузоштани “ҳаҷаруласвад” истиқбол карданд ва ӯ бо тадбири хосси худ ихтилофашонро ҳал кард.[12]

Ибодат дар ғориҲиро

Он ҳазрат дар байни мардуми бутпараст ва муҳити олуда зиндагӣ мекард, аз ин рӯ барои ибодат бағори Ҳиро, ки дар шимоли Макка буд, паноҳ мебурд вапеш аз беъсат тамоми моҳи Рамазон ва дар ғайри ин моҳ баъзе вақтҳо ба онҷо мерафт. Ҳазрат ҳар вақт, ки аз ғори Ҳиро бармегашт, аввал ҳафт маротиба гирди хонаи Каъба тавоф мекард ва баъд ба хонаи худ мерафт.[13]

Идома дорад…

Ҷ. Саид[1]

[2]Таърихи Яъқубӣ, ҷ.1, саҳ. 328

[3] Соле, ки Абраҳа ба Макка ҳамла карда буд.

[4]Таърихулхамис фи аҳволи нафси нафис, ҷ.1, саҳ. 204

[5] Ҳамон, саҳ. 200 ва 204

[6] Сураи Зуҳо, оятҳои 6-8!أَلَمْ يَجِدْكَ يَتِيمًافَآوَى! وَوَجَدَكَ ضَالًّا فَهَدَى! وَوَجَدَكَ عَائِلًا فَأَغْنَى

[7] Одати арабҳо ин буд, ки онҳое, ки аз қабилаи бузург ва сарватманд буданд, фарзандони худро ба дояҳо медоданд ва навзодон дар саҳро ҳам забони арабии фасеҳро хуб ёд мегирифтанд ва ҳам аз бемориҳое, ки дар Макка буд, дур мемонданд ва ба ҳамин хотир занҳое, ки аз саҳро меомаданд фарзандони бузургони Қурайшро бо худ мебурданд.

[8]Сираи Ибни Ҳишом, ҷ.1, саҳ.168

[9] Ҳамон ҷ.1, саҳ.176
[10] Ҳамон ҷ.1, саҳ.189

[11] Таърихи Яъқубӣ, ҷ.1, саҳ. 335 ва 336

[12] Ҳамон ҷ.1, саҳ.339

[13] Ибни Исҳоқ, Сираи набавӣ, ҷ.1, саҳ. 167-168

Охирин матолиб

Наҳзати ҳусейнӣ ва низоми илоҳӣ2

Идомаи баҳс: Чунон ки қаблан ишора шуд, Язид касе буд, ки аҳкоми илоҳиро зойеъ мекард ва эътиқоде ба онҳо надошт. Дар маҳдудаи ҳукумати ӯ, исломи...

Тарҷумаи СУРАИ ТАВБА

СУРАИ ТАВБА Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 129 оят дорад. [Ин эълони] безорӣ аст аз тарафи Худо ва Паёмбараш нисбат ба касоне аз...