Нигориш ва ҷамъоварии Қуръони карим

 

Нигориш ва ҷамъоварии Қуръони карим

Ҷамъ ва таълифи Қуръон ба шакли кунуни ба мурури замон ва дар бистари таърих бо фарозу нишебҳое ҳамроҳ буда ва бо дасти афрод ва гурӯҳҳои гуногуне қисматҳое аз ин амри муҳим анҷом шудааст.

Бо таваҷҷӯҳ ба инки Қуръони карим бузургтарин манбаи динии муслимин аст аз ҳамон оғози нузул, ҳар мусалмоне саъй мекард, то ба андозаи тавони хеш оёти нуронии онро дар синаи худ ҳифз ё дар васоиле сабту нигаҳдорӣ намояд. Мадорики таърихӣ ба рӯшанӣ гувоҳӣ медиҳад, ки нузули оёти илоҳӣ бо чунон истиқболе рӯ барӯ гардид, ки ҳамагонро шигифтзада намуд. Мусалмонон афзун бар ҳифзи Қуръон ба манзури касби савоб ва амал ба авомири илоҳӣ, бо дастури Паёмбари Акрам (с) он гурӯҳ аз саҳобиён, ки саводи навиштан доштанд, оёти Қуръонро бар абзорҳои хоси он даврон менигоштанд. Бинобар ин асҳоби мукаррам дар замони ҳаёти Расули Худо ва ҳамзамон бо нузули тадриҷии оёт дар ду заминаи “ҳифз” ва “китобат”-и Қуръон ҳамаи тавон ва имконоти хешро ба кор гирифтанд ва бо чунон шуру шавқе, пой дар ин арса гузориданд, ки қалам аз тавсифи он нотавон аст.

Ҳифз ва нигориш дар замони Паёмбари Акрам (с)

  1. 1.Марҳилаи ҳифзи Қуръон

Дар оғоз Паёмбар ва ёрони гиромии ӯ ба забти Қуръон дар синаҳо ва ҳофизаҳо, ҳиммат гуморданд. Араб аз ин неъмати худододӣ (ҳофизаи қаввӣ) дар ҳадди камол бархурдор буд. Онҳо гарчи маҳрумиятҳои фаровоне доштанд, вале дар ҳуш ва қуввати ҳофиза саромади рӯзгори хеш буданд. Онҳо қасидаҳои баланд ва тӯлониро ба роҳати ҳифз менамуданд ва дар ҳофизаи худ девонҳои шеърро ҷой медоданд. Араби ҷоҳилӣ гоҳ ончиро фақат як бор мешунид барои ҳамеша дар хотираи хеш бойгонӣ менамуд. Ин вижагӣ онҳоро забонзади хоссу ом карда буд.

Қуръон бо баёни эъҷозангези худ ҳам дар қолаб ва ҳам дар муҳтаво, зеботарин сухан ва паёмро, ки дар умқи ҷон нуфуз мекард ба чунин гурӯҳе арза намуд. Оёт ва сураҳои аввалия, ки дар Макка нозил мешуданд, мусаҷҷаъ ва тақрибан мавзун буданд. Оҳанги оёт ва сураҳо чунон дилкаш ва ҷаззоб буд, ки онҳоро аз худ бехуд мекард.

Паёмбари Акрам (с) низ ёрони худро ба ҳифзи оёт ва сураҳо ташвиқ менамуд. Дар оғози рисолат дар шаҳри Макка, на шумори нависандагон зиёд буд ва на абзори навиштан фароҳам; инчунин буд, ки мусалмонони араб, қудрати ҳофизаи хешро дар муқаддастарин роҳ ба кор гирифта ва синаҳо ва қалбҳои худро ҷойгоҳи оёти нуронии Қуръон карданд.

  1. 2.Марҳилаи китобати Қуръон

Зарурати нигориши Қуръони карим дар замони ҳаёти Расули Акрам (с) комилан рӯшан буд; зеро эътимод бар ҳифзи Қуръон дар ҳофизаҳо наметавонист итминони хотир дар мавриди сиёнати Қуръонро фароҳам созад. Аз ин рӯ гарчи дар асри нузул, онон ки саводи хондан ва навиштан доштанд бисёр андак буданд (ба гунае ки баъзе шумори босаводони Маккаро ки бо хатти он рӯз ошноӣ доштанд бисту як нафар зикр кардаанд[1]) аммо паёмбари Ислом ба ҷиҳати эҳтимоми хос ба Қуръон барои навиштани ваҳй, онҳоеро, ки навиштан медонистанд баргузид, то бо диққат ба сабту забти оёт иқдом намоянд ва ҳаргоҳ оёте аз Қуръон нозил мегашт, нависандагони ваҳйро фаро хонда ононро ба навиштани ваҳй фармон медод. Ин гурӯҳ “куттоби ваҳй” номида мешуданд.[2]

Тартиб, назм ва теъдоди оёт дар ҳар сура ба дастури Паёмбари Акрам (с) будааст. Ҳар сура бо фурӯд омадани “Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим” оғоз мешуд ва оёт ба тартиби нузул дар он сабт мегардид, то мавқее ки “Бисмиллоҳ…” дигаре нозил мешуд ва сураи дигаре оғоз мегардид.

Ин назми табии оёт ва равияи маъмули сабти онҳо буд. Гоҳе иттифоқ меафтод Паёмбари Акрам (с) бо дастури Ҷабраил (а) амр мекард, то ояте бар хилофи назми табии дар сураи дигаре қарор дода шавад. Монанди ояти:

﴿وَاتَّقُوا يَوْمًا تُرْجَعُونَ فِيهِ إِلَى اللَّهِ ثُمَّ تُوَفَّىٰ كُلُّ نَفْسٍ مَّا كَسَبَتْ وَهُمْ لَا يُظْلَمُونَ﴾[3]

“Аз рӯзе бипарҳезед (ва битарсед), ки дар он рӯз шуморо ба сӯи Худо боз мегардонанд, сипас ба ҳар кас ончи анҷом дода, ба таври комил бозпас дода мешавад ва ба онҳо ситам нахоҳад шуд. Чун ҳар чи мебинанд, натоиҷи аъмоли худашон аст”.

Баъд аз нузули ин оят Паёмбар (с) дастур доданд онро байни оёти “рибо”[4] ва ояти “дин”[5] дар сураи Бақара сабт кунанд. Бинбарин сабти оёт дар сураҳо, чи бо назми табии ва чи бар хилофи назми табии, бо назорат ва дастури худи Паёмбари Акрам (с) анҷом гирифта ва истилоҳан тавқифӣ аст.

Бадин тартиб дар ҳаёти Набии мукаррами Ислом (с) ҷойгоҳи тамомии оёт мушахас ва илова бар ҳифзи онҳо дар синаи садҳо нафар аз асҳоб, дар васойиле ҳамчун, чубу хурмо, сангҳои кӯчак, пустҳои даббоғишуда, устухонҳои соф, порчаҳои абрешимӣ ва коғаз навишта мешуд.[6]

 


[1] . ниг: Билозарӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Футуҳул булдон, с.457-459.

[2]. Ҷавон Ороста, Дарсномаи улуми қуръонӣ, с.144-145.

[3]. Бақара, ояти 281. Собиқан ишора шуд, ки ин оят охирин ояти нозилшуда бар он ҷаноб аст.

[4]. Оёти 276 то 280 Бақара.

[5]. Ояти 282 Бақара.

[6] . Ба эътиқоди Ибни Халдун, хатти роиҷ дар асри зуҳури Ислом, хатти Муснад (Ҳамирӣ) буд, ки хатти мардуми Яман ва дорои қидмати зиёд будааст. Вижагии муҳими ин хат мунфасил навишта шудани ҳуруфи он аст. Ниг. Ибни Халдун, Абдураҳмон ибни Муҳаммад, Ибни Халдуни Ҳазрамӣ, Муқаддимаи Ибни Халдун, фасли 30, с.418; Аммо манобеи таърихӣ баёнгари он аст, ки босаводони араб бо ду хат “Набтӣ”, ки хатти ибтидоии насх буд ва хатти “сирёнӣ” ва “ҳири”, ки баъд аз такомул ба он хат куфӣ мегуфтанд, ошноӣ доштанд. Хатти набтиро арабҳо дар аснои мусофират ба Шом аз “Ҳурон” омӯхтанд. Аммо хатти “ҳири” ва ё куфиро аз Ироқ гирифтанд. Дар он замон, умуман номаҳо ва муросилоти оддӣ ба хатти насх ва навиштаҳои муҳим монанди Қуръон ва ҳадис ба хатти куфӣ нигошта мешуд. Ниг. Ат-тамҳид, ҷ.1, с.385; номаҳои мансуб ба Паёмбар (с) ки намунаҳое аз он дар музеи “Истомбул” ва “Вин” нигаҳдорӣ мешавад ва ҳамчунин масоҳифи кӯҳанм мансуб ба бархе аз асҳоб ва тобеин муайиди ҳамин қавл аст.

Охирин матолиб

Бо баҳори дилҳо (2)

Далели аҳамияти Қуръон чист? Аҳамияти Қуръон ба хотири аҳамияти фиристандаи он аст, тавзеҳ он ки: Агар номае аз тарафи дӯсти азизе ба дастамон бирасад барои...

Тарҷумаи СУРАИ АНЪОМ

СУРАИ АНЪОМ Ин сура дар Макка нозил шуда ва 165 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Ситоиш Худорост, ки осмонҳо ва заминро офарид ва...

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр

Ҳикматҳои закот ё садақаи фитр Закоти фитра ё садақаи фитр воҷиб аст ва ҳикмат ва фалсафаҳое дорад, ки муҳимтарини онҳо иборатанд аз:

Аъмоли шаби Қадр

Аъмоли шаби Қадр  Ба номи онки дил кошонаи ӯст, Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.

Қуръон ваҳй илоҳӣ

Қуръон ваҳй илоҳӣ Ваҳй чист? Вақте Худо мехоҳад матлаберо ба паёмбарон бифаҳмонад, аз роҳе, ки барои мо қобили дарк нест паёмашро ба онҳо мерасонад. Дар...