Наҳй аз якҷояшудан бо номаҳрам

Яке аз сабаби фасод якҷояшудани зану мард ва бардоштани монеъ миёни мардону занон дар идораҳо, корхонаҳо ва дигар маконҳои умумӣ ва маҷлисҳои гуруҳӣ аст. Ислом, ки ба хатароти баргирифта аз махлут шудани зану мард ва равобити озодона ва авоқиби он комилан огоҳ аст, дар ин бора тавсияҳо ва супоришоте дорад.

وَ إِذَا سَأَلْتُمُوهُنَّ مَتَاعًا فَسئَلُوهُنَّ مِن وَرَاءِ حِجَابٍ»[1] «

Ҳаргоҳ аз занони Паёмбар(с) матое металабед аз паси парда биталабед, ки ҳиҷоб барои он ки дилҳои шумо ва онҳо покиза бимонад беҳтар аст.”

Аз ин ояти шарифа истифода мешавад, ки барои ҳифзи ифофу покии руҳи марду зан, як қоидаи куллӣ вуҷуд дорад. Қоидаи ҳарим ва ҳоил, ки дар низоми ахлоқии ҷомеа нақши муассире дорад, чун ҳар андоза, равобит бештару тамосҳо наздиктар бошад, заминаи таҳрикот, тамоюлот, ҳаяҷонҳо ва васвасаҳо бештар мешавад. Сипас сароҳати оят дар набудани ихтилоти занону мардон, қобили инкор нест. Аммо баъзе аз муфассирон, оятро махсуси занони Паёмбари Акрам(с) донистаанд. Лекин рушан аст, ки шаъни нузул наметавонад доираи мафҳуми оятро танг намояд.[2] Ин оят ба хотири манъи махлут шудани зану мард ва ҳифзи занҳо аз таҳриккунандаҳои шаҳвонӣ, ворид шудааст. Ин матлаб аз ривоёт Паёмбар(с) низ рушан мегардад:

«قال رسول الله : «باعدوا بين انفاس الرجال و النسا فانه اذا کانت المعاينة و اللقاء کان الداء الذي لادواء له, اياکم و الدخول علي النساء[3

“Расули Худо(с) фармуданд: Миёни мардону занони номаҳрам фосила ва ҷудоӣ қарор диҳед, зеро бар асари мулоқоту ихтилот, гирифтори дарду бало мешавед, ки даво надорад. Бар шумо бод, ки аз ихтилот бо занон дурӣ намоед. ”Умми Салама мегӯяд: «Ҳангоме ки Расули Худо(с) намози ҷамоатро тамом мекард қадре меистод, то занон хориҷ шаванд»[4].

Ҳазрати Алӣ(а) низ ба касоне, ки ба ихтилот накардан таваҷҷӯҳ намекунанд ва дар ҷамъи мардон, бедалел медароянд, ҳушдор медиҳад ва мефармояд:

[5]«أما تستحيون و لاتغارونَ نسأئکُم يخرجنَ إلي الاَسواقِ و يزاحِمنَ العلوجَ»

«Оё шумо мардон ҳаё намекунед ва ғайрат надоред, ки занонатон ба бозорҳо рафта дар нигоҳи бемордилон мегарданд.”

Аз ривоёти гузашта нақши бо ҳам будани занону мардон дар густариш ва паҳншавии фасод ва заминасозиҳои инҳирофӣ метавон истинбот намуд, аммо рушан аст, ки баъзе аз ихтилотҳо, иҷтинобнопазир, аст монанди: ҳаҷ ва ё маросими ибодие, ки заминаи пайдоиши фасод надорад. Аз мазоҳиру намунаҳои ихтилот метавон ба мавриди зер ишора намуд:

А): Ихтилоти зану мард дар идораҳо ва муҷтамаҳои омӯзишиву пажӯҳиши;

Б): Нишастани зан бо номаҳрамон бар сари як суфра;

Ҳукми фиқҳӣ ва шаръӣ дар мавриди ихтилот бо номаҳрам дар навъи аввал, бо таваҷҷӯҳ ба шароити зер аст:

Агар нигоҳ гуноҳолуд набошад ҷоиз аст.

Агар тарс аз афтодан ба ҳаром набошад, ишколе надорад.

   Агар ҳиҷоби шаръӣ риоят шавад, ҷоиз аст.

Агар калимоти мафсадаангез гуфта ва шунида нашавад, ҷоиз аст»[6] .

А. Раҳматуллоҳӣ.

[1] . Сураи Аҳзоб, ояти 53

[2] . Ҳиҷоб аз дидгоҳи Қуръон ва суннат, Фаттоҳизода Фатиҳа, саҳ 151.

[3] . Ҳиҷоб дар ислом, Вашнавии Қумӣ, Шайх Қаввом, саҳ 198.

[4] . Ҳамон, саҳ 198.

[5] . Васоил, боби кароҳати хуруҷи занон ва махлут шудан бо мардон, саҳ 174.

[6] . Атри ифоф, Тайибӣ, Ноҳид ва дигарон, саҳ. 192.

Охирин матолиб

Одоби тиловати Қуръон

Одоби тиловати Қуръон зиёд аст, ки ба муҳимтарини онҳо ишора мекунем: 1. Бо таҳорат тиловат кардан 2. Мисвок задан (шустани дандонҳо) қабл аз Қуръон хондан,...

тарҷума

Тарҷумаи СУРАИ ИСРО

СУРАИ ИСРО Ин сура дар Макка нозил шуда ва 111 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Муназзаҳ аст Зоте, ки бандаашро шабонгоҳе аз Масҷид-ул-ҳаром...