Нақши зан дар истиҳкоми хонавода ва беҳдошти равон

Нақшҳое ки зан бо иҷрои он дар зиндагӣ метавонад сабаби мустаҳкам шудани хонавода ва еҷоди рӯҳ ва равон дар хонавода шавад иборатанд аз:

1. Еҳтиром ва такрими шавҳар

Зан бояд диққат дошта бошад, ки еҳтироми ӯ нисбат ба шавҳар ҳам як ниёзи равонӣ ва омили алоқа ва муҳаббати бештари шавҳар нисбат ба ӯст. Ба ҷои дар назар гирифтани хусусиятҳои манфӣ, беҳтар аст вижагиҳои мусбатро дар назар бигирем ва ба онҳо таваҷҷуҳ кунем. Бинобар ин аз масхара кардан, маталак гуфтан, сарзаниш кардан ва ба рух кашидани якдигар бояд дури кард. Ингуна рафторҳои нодуруст сабаби зиёд шудани муқовиматҳои равонӣ дар тарафи муқобил мешавад. Ва идомаи зиндагии заношуи ва иртиботро сахт мекунад.

Вақте ки шавҳар дар хона бо бадахлоқиҳои ҳамсараш рубару мешавад аз тарафе дар беруни хона бо ишвагари ва нози занҳои бераҳа рубару мешавад ва бо ханда ва шухи ва дилбари шавҳарро ҷазб мекунанд, ошкор аст ки мард ҳар чанд бо емон бошад, билахара рузе дар баробари деви қавии шаҳват ва ҳавои нафс аз по меуфтад ва таслими ҳавоҳои нафсонии занҳои шайтонсифат мешавад. Ва онвақт аст бо ғарқ шудан дар гуноҳ ва фасод, оромиши рӯҳ ва беҳдошти равон дар хона ва ҷомеа аз ҳам мепошад.

Онвақт аст ки бояд ба занҳо бигуем ки худкардаро тадбир нест.

2. Ҳамдили ва ҳамроҳи бо шавҳар

Зан бояд масъала ва мушкилоте ки шавҳар дар идораи зиндагӣ дар пеши руи худ дорад бо ӯ ҳамдили кунад ва ин ҳамдилиро ба суратоҳои гуногун ошкор намояд. Еҳсоси ҳамдили ки шавҳар дар ҳамсари худ мебинад, ғайрат барои муқобила бо сахтиҳо ва нерӯи равонии ӯро афзойиш медиҳад.

Али(а) мефармояд:

“ایاک و الجزع فانه یقطع الامل و یضعف العمل و یورث الهم”

“Аз беқарори ва бесабри сахт парҳез кун, чун бесабри ва надоштани тоқат, корҳоро ноқис мегардонад ва ғаму ғусса ба вуҷул меояд”.

Дар айниҳол нороҳат шудан ва ғам хурдан усулан як ҳолати еҳсосӣ ва табии аст. Ҳарчанд пур еҳсостар бошад, дар баробари масоил ва мавонеъ ва мавзуоти нигаронкунанда, бештар аксул амал нишон медиҳад. Ва бо кобуси сиёҳии ғам ва ғусса даст ба гиребон мегардад. Лизо бо сабр ва таҳаммули бештар метавон оромишро дар хонавода барқарор намуд.

3. Шокир будан ва қаноатпешагӣ

Зан дар баробари ҳамроҳии бо шавҳар, барои беҳбуди вазъи зиндагӣ, руҳияи шукргузори, қаноат, ва сипосгузори аз ончи дар зиндагӣ ҳосил шуда  дошта бошад, дар бинои хонаводаи самим ва мустаҳкам бисёр боасар хоҳад буд. Али(а) дар мавриди покдомани ва қаноат мефармояд:

“علی عقل الرجل بالعفة و القناعة”

“покдомани ва қаноат далел бар ақли инсон аст.”

4. Парҳез аз айбҷуии шавҳар

Зан ва шавҳар дар айниҳол ки бояд айбҳо ва норасоиҳои якдигарро шиносои карда, ба якдигар тазаккур диҳанд ва барои рафъи онҳо талоши муштарак дошта бошанд. Бояд муроқиб бошанд руҳияи айбҷуи нисбат ба якдигарро пайдо накунанд.

5. Иффат ва чашмпуши аз ғайр

Иффати зан, ҳифзи худ дар муқобили афроди номаҳрам ва вафодории комил нисбат ба шавҳар аст. Дар зиндагии хонаводагӣ, камоли руҳии шавҳар ғайрат, ва камоли руҳии зан, иффати ӯст. Ва ин ду сифат дар канори якдигар хонаводаро дар дарун ба суи ваҳдати руҳӣ самимият ва ишқ байни зан ва шавҳар суқ медиҳад ва аз олудагиҳои ахлоқии хонавода ва ҷомеа ҷулугири мекунад.

6. Мудирият ва тадбири умури хона

Мудирият ва идораи хонавода бештар ба уҳдаи зан аст. Ин мудирият ҳам дар ҷанбаи отифӣ ва равонӣ аси ва ҳам дар идораи умури ҷории манзил, ҳарчанд шавҳар дар ду ҷанба бояд шарик ва саҳим бошад, лекин тадбири асосиро зан ба уҳда гирад. Лизо бояд барои еҷоди фазои муносиби отифӣ ва равонӣ ва низ еҷоди муҳити зебо ва нишот бахш дар хона,  зан барномарези кунад ва ҳатто дар сурати ниёз, омузишҳои лозимро бубинад то беҳтар битавонад дар хона як мудири хуб ва муваффақ бошад. Барномарези ва назм дар зиндаги метавонад бахши муҳимме аз ихтилолот ва ошуфтагиҳо ва нигарониҳоеро ки аъсоб ва бадани инсонро олуда ва фарсуда месозад, пешгири ба амал оварад.

Зиндагии муштарак бидуни вуҷуди арзишҳо ва ҳадафҳои боло қобили истимрор нест. Ду ҳамсар дар зиндагӣ бояд аз иззати нафс ва еҳтиром бархурдор бошанд, мард ва зани ҷавон дар сурате метавонанд чунин руияеро дар робита бо якдигар дар пеш гиранд ки худ бузургманиш ва дорои иззати нафс бошанд ва ё ҳамзамон онро дар худ тақвият намоянд. Ва бо барномаи дуруст зиндагии худро идора кунанд.

Эмоми Козим(а) мефармояд: “вақтҳои рузонаи худро ба чаҳор бахш ихтисос диҳед:”

Бахшеро барои хилват ва розу ниёз бо Худо ихтисос диҳед.

Бахшеро барои таъмини зиндагӣ ба кор ва фаолият бипардозед.

Бахшеро барои муошират ва рафту омад бо бародарон ва дустоне дошта бошед.

Бахшеро барои истироҳат ва тафриҳҳоти солим дошта то аз нишот ва неруе ки аз ин ру ба даст меоваред битавонед дар бахшҳои дигари ибодат ва тиҷотат ва муошират тамаркузи аъсоб ва муваффақият каст кунед.”

Бор илоҳо!  Ба мо тавфиқ деҳ ки ҳаргиз дар зиндагии худ аз марзи еътидол берун наравем ва за ҳаргуна зиёдарави бипарҳезем.

Охирин матолиб

Беҳтарин шаби сол

Бисмиллоҳи Раҳмони Раҳим Пешгуфтор  Ба номи онки дил кошонаи ӯст, Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.

ШАЪБОН МОҲИ ХУБИҲО

  Моҳи Шаъбон яке аз моҳҳои бофазилат ва мавриди таваҷҷуҳи ҳазрати Ҳақ ва анбиёву авлиёи илоҳӣ буду ҳаст. Дар ин моҳ аъмолу дуоҳое ворид гаштааст,...