МО БА ФАЛАК МЕРАВЕМ АЗМИ ТАМОШО КИРОСТ?

 Ҳаст Қуръон ҳолҳои анбиё,        

Моҳиёни баҳри поки кибриё.

Чун ту дар Қуръон ҳақ бигрехтӣ,        

Бо равони анбиё омехтӣ.

Эй расули мо ту ҷоду нестӣ,                 

Содиқӣ ҳамхирқаи мўсостӣ.

Ҳаст Қуръон мар туро ҳамчун асо,    

Куфрҳоро бардарад чун аждаҳо.

Ту матарс аз насхи дин эй Мустафо,  

То қиёмат боқияш дорем мо.

(Маснавӣ)

   Дурри макнун дар садафи Ислом, таслим шудан ба фармони парвардигор ва вуруд ба доруссаломи ишқ ва биҳишти амну осоиш аст, ки фармуд: “Дар силки бандагони ман дарой ва ба биҳишти ман дохил шав”.[1]

Дар ин маънои васеъ, ҳамаи анбиё ва авлиёву муҳиббони ҳақ бар диёнати Ислом будаанд, чунон ки ҳазрати Иброҳим(а) бар ҳамин дини пок буд . Ва Нўҳ фармуд: “Ман фармон ёфтаам, ки аҳли Ислом бошам (ва таслими ҳазрати ҳақ гардам)”.[2]

Дар маънои васеътар, Ислом оини тамомии офариниш аст, ки: “Ҳар чӣ дар осмону замин аст ҷумла ба тасбеҳу ситоиши парвардигор машғуланд”.[3]

Кашмакаши  ҳар чӣ дар ў  зиндагист

Пеши Худовандии ў  бандагист.

(Махзан-ул-асрор)

    Ин мисоқи бандагӣ, каманди лутфи илоҳӣ ва даъват аз ҷамии мавҷудот аст, ки ҷумлагӣ ба сўи ман оед ва ба иқлими ҳусну камол ворид шавед:  “Ба осмонҳо ва замин гуфтем ба сўи мо оед, ба шавқу рағбат  ё ба ҷабру кароҳат. Гуфтанд: Албатта ба шавқу рағбат меоем”.[4]

  Пас ҳама зарравор дар ҳавои он офтоб рақсон шуданд ва чархзанону тасбеҳгўён ба сўи шоҳиди яктои ҳастӣ ба парвоз даромаданд. Инсон низ, ки дар ин сайри абадӣ қофиласолори коинот аст, дар мисоқи “Аласт” бо парвардигори хеш аҳди бандагӣ баст, дар он субҳгоҳи офариниш, ки Худованд зурриёти Одамро баргирифт ва инсонро бар худ гувоҳ сохт, ки: “Оё ман парвардигори шумо нестам? Гуфтанд : Оре, ту парвардигори мо ҳаст№”.[5]

Аммо чун ба иқтизои ҳикмати азалӣ одамиёнро ба дунёи фаромўшӣ фиристод ва аҳди бандагӣ аз хотирашон рафт, ба ҳукми инояти раббонӣ, мастуроне аз ҳарими иззати хешро ба рисолат ба сўи эшон барангехт, ки:

Биё биё, ки наёбӣ чу мо дигар ёре,

Чу мо ба ҳар ду ҷаҳон худ куҷост дилдоре.

Биё биёву ба ҳар сўи рўзгор мабар,

Ки нест нақди туро ғайри ман харидоре.

Биёву фикрати ман кун, ки фикратат додам,

Чу лаъл мехарӣ аз лаълиман  бихар боре.

Ба пой ҷониби он кас бирав, ки  поят дод,

Бадў нигар ба ду дида, ки дод  дидоре.

Ду каф ба шодии ў зан, кикаф зибаҳри вай аст,

Ки нест шодии ўро ғамеву тиморе.

(Девони Шамс)

    Бадин сон расулони илоҳӣ ёдоварони хотираи азал бошанд ва суҳуфи эшон таҷдиди аҳди бандагӣ аст, то ғофилон силои[6] парварди- горашонро ба ёд оваранд, ки фармуд: “Эй фарзандони Одам! Оё бо шумо аҳд накардам, ки шайтонро напарастед. Ба дурустӣ, ки ў душмани ошкори шумост ва маро парастиш кунед, ки роҳи мустақими камол ин аст?”.[7]

Нагуфтамат марав онҷоки ошнот манам?

Дар ин сароби фано чашмаи ҳаёт  манам.

Нагуфтамат, ки ба нақши ҷаҳон машав розӣ?

Ки нақшбанди саропардаиризот  манам.

(Девони Шамс)

   Ин даъват, барои охирин бор то қиёмат, дар бадеътарин ҷилваи ҷамол, дар китоби макнун — Қуръон, бар забони қофиласолори доиёни илаллоҳ Муҳаммади Мустафо(с) ҷорӣ гардид, ки :“(Эй расул, халқро) бигў, ки агар Худоро дўст медоред, ба дунболи ман оед”.[8]

Авлиё ва муҳиббон баъд аз ў ҳар чӣ гуфтаанд такрори ҳамин паём аст :

Бахти ҷавон ёри мо, додани ҷон кори мо,

Қофиласолори мо фахри ҷаҳон Мустафост(с).

Бўи хуши ин насим аз шикани зулфи ўст,

Шаъшааи ин хаёл з-он рухи чун ваззуҳост.
(Девони Шамс)

   Қуръони карим, сареҳтарин даъват ва равшантарин чароғи ҳидоят ба ваъдагоҳи дидор ва биҳишти ризвони парвардигор аст, ки:“Биштобед ба сўи омурзиши Худованд ва биҳиште, ки арзи он ба вусъати осмонҳову замин аст ва барои порсоён муҳайё шудааст”.[9]

  Пас ин даъватро пазиро шавед, ки шуморо аз ҷаҳони зулмонӣ ба дунёи нур[10] ва аз ҷаҳл ба илм[11] ва аз ғам ба шодӣ[12] ва аз сукун ба ҳаракат[13] ва аз хавф ба амн[14] ва аз беморӣ ба шифо[15] ва аз касрат ба ваҳдат[16] ва аз марг ба зиндагӣ[17] ва аз сароби мавҳум ба наҳрҳои обу шароб ва шаҳду шир[18] фаро мехонад.

«ذلك الفوز العظيم«

  ин аст пирўзии бузург.
و في ذلك فاليتنافس المتنافسون
ва ин аст коре, ки дар ҷаҳон шоистаи рақобат аст.  

Ва салом бар соликони кўи ҳақ бод.

Доктор Ҳусейн Илоҳии Қумшаӣ

 



[1] Сураи Фаҷр, ояти 29

[2] Сураи Юнус, ояти 72

[3] Сураи Ҷумъа, ояти 1

[4] Сураи Фуссилат, ояти 11

[5] Сураи Аъроф, ояти 172

[6] Сило — даъват, хондан

[7] Сураи Ёсин, ояти 60

[8] Сураи Оли Имрон, ояти 31

[9] Сураи Оли Имрон, ояти 133

[10] Сураи Бақара, ояти 257

[11] Сураи Ҷумъа, ояти 2

[12] Сураи Фотир, ояти 34

[13] Сураи Нисо, ояти 100

[14] Сураи Қурайш, ояти 4

[15] Сураи Юнус, ояти 57

[16] Сураи Юсуф, ояти 39

[17] Сураи Анфол, ояти 24

[18] Сураи Нур, ояти 29 ва сураи Муҳаммад(с), ояти 15

Охирин матолиб

Нигоҳи гузаро бар Ошурои ҳусайнӣ

Муқаддима Он чи дар ин чанд саҳфа таҳти унвони “Нигоҳи гузаро бар Ошурои ҳусайнӣ” барои хонандагони азиз матраҳ мегардад, хулосае аз зиндагони имом Ҳусайн(а) аст,...