Марди обид ва ҷавони гунаҳкор

Марди обид ва ҷавони гунаҳкор

Рӯзе ҳазрати Исо (а) аз саҳрое мегузашт. Дар роҳ ба ибодатгоҳе расид, ки обиде дар онҷо зиндагӣ мекард. Ҳазрат бо ӯ машғули сухангуфтан шуд.

Дар ин ҳангом ҷавоне, ки ба корҳои бад ва нораво машғул буд, аз онҷо гузашт. Вақте чашмаш ба ҳазрати Исо (а) ва марди обид афтод, пояш суст шуд ва аз рафтан бозмонд. Ҳамонҷо истод ва гуфт:

Худоё ман аз кирдори зишти худ шармандаам. Акнун агар пайғамбарат маро бубинад ва сарзаниш кунад, чи кунам? Худоё узрамро бипазир ва обрӯямро мабар!

Марди обид то он ҷавонро дид сар ба осмон баланд карду гуфт: Худоё! Маро дар қиёмат бо ин ҷавони гунаҳкор маҳшур накун. Дар ин ҳангом Худованд ба пайғамбараш ваҳй фармуд, ки ба ин обид бигӯ:

Мо дуоятро мустаҷоб кардем ва туро бо ин ҷавон маҳшур намекунем, чаро ки ӯ ба сабаби тавба ва пушаймонӣ аҳли биҳишт аст ва ту ба хотири ғурур ва худбинӣ аҳли дузах.

Бинобар ин набояд худро нисбат ба дигарон авло ва бартар донист, шояд дигарон назди парвардигор аз мо беҳтару бартар бошанд.

Охирин матолиб

Ҳадиси ҳафта

  РасулиХудо (с) фармуданд: وَ هُوَ شَهْرُ الِاسْتِغْفَارِ وَ هُوَ شَهْرُ الصِّيَامِ وَ هُوَ شَهْرُ الدُّعَاءِ Моҳи Рамазон моҳи истиғфор, моҳи рӯза ва моҳи дуо...

Рӯза дар аҳодис ва ривоёт

Ривоят шудааст, ки Расули Акрам (с) фармуданд: “Рӯза мегӯяд: Эй Парвардигори ман, ин шахсро аз хӯрдан, нӯшидан ва ниёзҳои шаҳвонии нафс боздошта будам, имрӯз шафоати...

Нигоҳе ба масъалаи Рӯза

Рӯза яке аз ибодатҳои воло ва барҷаста ба шумор меравад. Дар ин навиштор матолиберо дар бораи ин ибодати муҳим пешкаши шумо мегардонем. Таърифи рӯза он...

Макорими ахлоқ

Қуръони Карим китоби ҳидоят ва роҳнамоии башар ба сӯи қуллаҳои камолу растагорӣ аст