Макорими ахлоқ

Қуръони Карим китоби ҳидоят ва роҳнамоии башар ба сӯи қуллаҳои камолу растагорӣ аст

ва оварандаи он ҳадаф аз рисолат ва фиристодани хешро такмили макорими ахлоқ баён намуда ва мефармояд:

“ إنّما بُعِثتُ لِأُتَمِّمَ مَکارِمِ الأخلاقِ ”

Ман ба паёмбарӣ баргузида шуда ва мабъус гаштам то фақат ва танҳо макорим ва фазоили ахлоқро такмил намуда ва ба итмом бирасонам.[1]

Гуфта шудааст, ки таъбире (танҳо), ки дар ҳадис омада ба ин маъност, ки ҳеҷ ҳадафе ҷуз такмили фазоили ахлоқӣ аз фиристодани Расули Худо (саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) мадди назари Худои субҳон набудааст ва агар дар ҷои дигаре ҳадаф аз беъсати Расулаллоҳ (саллалоҳу алайҳи ва олиҳи васаллам) чизи дигаре зикр шудааст, бояд дар ҷиҳати ҳамин ҳадаф арзёбӣ ва қаламдод шавад. Ҳамчунин аз ин фармоиши ҳазрати Расули Акрам (саллалоҳу алайҳи ва олиҳи васаллам) чунин истифода мешавад, ки ахлоқ; зарф, замина ва бистари шаклгирии бинои Дин муаррифӣ шудааст. Яъне на инки зоҳири бино нест, балки замина ва шаклгирии соири маорифи динӣ низ ҳаст.

Дар ҳадиси дагаре аз Расули Худо (саллалоҳу алайҳи ва олиҳи васаллам) нақл шудааст, ки мефармояд:

“جعل الله سبحانه مکارم الاخلاق صلة بینه وبین عباده فحسب احدکم ان یتمسک بخلق متصل بالله ”

Худованди субҳон фазоили ахлоқиро василаи иртибот миёни худаш ва бандагонаш қарор додааст. Бинобарин ҳамин кофист, ки ҳар яке аз шумо даст ба ахлоқе бизанад, то ӯро ба Худованд муттасил гардонад.[2]

Макорими ахлоқ чист?

Нақл мекунанд, ки имом Ҷаъфари Содиқ (рз) дар маҷлисе нишаста буданд ва дар бораи макорими ахлоқ фармуданд: “ Ҳамоно Худованди Мутаол макорими ахлоқро ба паёмбарон ихтисос дод. Бинобарин касе, ки макорими ахлоқ дар ӯ вуҷуд дошта бошад, Худои субҳонро ба хотири ин неъмати бузург ситоиш намояд ва касе, ки макорими ахлоқро надошта бошад, рӯ ба даргоҳи Худованд намуда ва зориву тавалло намуда ва аз ӯ дархост намояд, то ин неъмати азимро насибу рӯзии ӯ гардонад. Аз он ҳазрат суол намуда ва пурсиданд: Эё фарзанди Расули Худо (саллалоҳу алайҳи ва олиҳи васаллам) ! Макорими ахлоқ чист? Фармуданд: Макорими ахлоқ иборат аст аз: покдоманӣ, қаноат, сабру шакебоӣ, шукр, ҳилм, ҳаё, саховат, шуҷоат, ғайрат, ростгӯӣ, некӯкорӣ, адои амонат, яқин, ахлоқи неку писандида ва ҷавонмардӣ.[3]

Ҳикоят намудаанд, ки марде хидмати Расули гиромиқадри Ислом (саллалоҳу алайҳи ва олиҳи васаллам) мушарраф шуд ва дар муқобили он ҳазрат истода ва аз эшон пурсид:

Эй Расули Худо! Дин чист?

Ҳазрат фармуд: ҳусни хулқ, яъне ахлоқи неку писандида.

Он мард ба самти чапи ҳазрати Паёмбар омад ва ҳамон суолро такрор намуд ва ҳамон ҷавоби аввалро шунид. Каме истод ва дубора аз он ҳазрат ҳамон суолро пурсид. Ҳазрат аз роҳ рафтан истоданд ва ба он шахс нигоҳе андохтанд ва бо мулойимат ва меҳрубонӣ фармуданд: “Оё то ҳоло мутаваҷҷеҳ нашудӣ, ки дин он аст, ки ғазабнок нашавӣ ва бо халқи Худо дағалбозӣ ва номеҳрубонӣ накунӣ!?.[4]

Ахлоқ ба маъное, ки дар миёни урфи мардум роиҷ буда ва ҳамчунин ба маънои густарда ва васеътари он, ки таваҷҷӯҳ ба тамоми вуҷӯҳи зиндагии инсон аст, танҳо ва танҳо ҳадафи муқаддаси биъсати Паёмбар (саллалоҳу алайҳи ва олиҳи васаллам) мебошад. Дину ахлоқ, ҷуз ҳамон чизе, ки дар каломи муқаддаси Расули Худо (саллалоҳу алайҳи ва олиҳи васаллам) ва авлиёи илоҳӣ омада ва ба мо расида аст, намебошад. Мақом ва унвонҳои зудгузари дунявӣ ва завоҳири моддӣ ва иддаоҳо милоку меъёр ва нишонаи ахлоқ нест. Ончи нишонаи ахлоқ аст илмест, ки аз так-таки афроди башар мушоҳида мешавад, хоҳ ин илм фазилат бошад ва хоҳ разилат.[5] Агар фазилат бошад, дар сироти мустақим ва агар разилат бошад, дар сироти Шайтон ва тоғут аст.

 Ақвоми рӯзгор, ба ахлоқ зиндаанд,

Қавме, ки гашт фоқиди ахлоқ, мурданист.  

Ҳарчанд ба макорими ахлоқ гаравидан ва дунболи касби он будан, вазифаи ҳамаи инсонҳо мебошад аммо шоиста аст, ки дӯстдорони Қуръон ва улуми исломӣ, ки қарор аст мубаллиғони дини мубини Ислом ва идомадиҳандаи равиши Набии мукаррами Ислом (саллалоҳу алаёҳи ва олиҳи ва саллам) бошанд, ибтидо худи Қуръон, махсусан оёти ахлоқии онро дар даруни ҷону равони хештан ҳаккокӣ ва расм намуда ва сипас ба рисолати таблиғ ва тарвиҷи китоби Худо (ҷалла ҷалолуҳу) машғул шаванд. Дар ин роҳ сомонаи қуръонӣ ҳадисии “Ёсин” таҳияи матолибе, муштамил бар оёти ахлоқии қуръонро дар дастури кори хеш дорад, то замина ва бистари ошноӣ ва ҳифзи ин оёти нуронӣ барои дӯстдорон ва мубаллиғони дини мубини Ислом фароҳам ва омода гардад.

Бо таваҷҷӯҳ ба зарурати рӯзафзуни ошноии инсонҳо ва қуръондӯстони азиз бо омӯзаҳои ахлоқии Қуръон, мудирияти сомонаи қуръонӣ ҳадисии “Ёсин” матолиберо ҷамъоварӣ намуда аст, ки ба сурати тафсири мавзӯӣ ба шарҳу тафсири ояҳои ахлоқии Қуръон пардохта аст.

Аз онҷо, ки ҳадафи мо таҳияи як матни мухтасар ва муфид аст, аз ҳар мавзӯе аз мавзӯоти ахлоқӣ, як ояро интихоб ва дар зери ҳар оя илова бар тарҷумаи он, тафсири мухтасареро тақдими шумо қуръондӯстони гиромӣ менамоем.

 

Ёсин


[1] Канзулуммол, ҳ 52175, ҷ 3, саҳ 16

[2] Танбеҳулхавотир, саҳ 362

[3] Туҳафулуқул, саҳ 380

[4] Маноҳиҷушшореин, муаллими солис (Аллома Мирдомод), саҳ 800

[5] Ахлоқ дар “истилоҳ” ба маънои афъол ва ақволу афкорест, ки аз сифоти ботинии инсон сар мезанад, чӣ фазилат бошад ва чӣ разилат.

 

Охирин матолиб

Одоби тиловати Қуръон

Одоби тиловати Қуръон зиёд аст, ки ба муҳимтарини онҳо ишора мекунем: 1. Бо таҳорат тиловат кардан 2. Мисвок задан (шустани дандонҳо) қабл аз Қуръон хондан,...

тарҷума

Тарҷумаи СУРАИ ИСРО

СУРАИ ИСРО Ин сура дар Макка нозил шуда ва 111 оят дорад. Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон Муназзаҳ аст Зоте, ки бандаашро шабонгоҳе аз Масҷид-ул-ҳаром...