Мавҷуди чандбуъдӣ (чандҷиҳатӣ) 2

    …2)Хайри ахлоқӣ

  Баъзе аз корҳоро инсон анҷом медиҳад на ба хотири фоида бурдан аз онҳо ва бартафкардани зиёне ба василаи онҳо, балки танҳо як отифаҳое, ки отифаҳое ахлоқӣ номида мешавад дар ӯ асар мегузорад ва бар ин бовар аст, ки инсоният инчунин талаб мекунад. Фарз кунед инсоне дар шароити сахт, дар биёбони хатарноке аст ва ҳар лаҳза хатари марг ӯро метарсонад, озуқа ва василае барои наҷоти худ надорад. Дар ин вақт инсони дигаре пайдо мешавад ва ба ӯ кӯмак мекунад ва ӯро аз хатари марги ҳатмӣ наҷот медиҳад. Баъд ин ду инсон аз якдигар ҷудо мешаванд ва якдигарро намебинанд. Солҳо баъд он фарде, ки рӯзе гирифтор шуда буд наҷотдиҳандаи худро мебинад, ки ба ҳоли сахте афтодааст. Ба ёдаш меафтад, ки рӯзе ҳамин шахс ӯро наҷот додааст. Оё виҷдони ин инсон дар ин ҷо ҳеҷ фармоне намедиҳад? Оё ба ӯ намегӯяд, ки подоши некӣ, некӣ аст? Оё намегӯяд сипосгузории касе ки кори нек кардааст, зарурист? Посух «бале» аст.

Оё агар ин инсон ба он шахс кӯмак кард, виҷдони инсонҳои дигар чӣ мегӯяд? Ва агар аҳамият надод ва кӯмаке накард, виҷдон дигарон чӣ мегӯянд?

Дар ҳақиқат дар сурати аввал дигар виҷдонҳо аз ӯ ба некӯӣ ёд мекунанд ва ба ӯ офарин мегӯянд ва дар сурати дуюм мазаммату нафрин мекунанд. Ин ки виҷдони он инсон ҳукм мекунад “подош некӣ, некӣ аст”[1] ва ҳам ин ки виҷдони инсонҳо инро мегӯянд, ки “подоши некидаҳандаро бояд ба некӣ ҷавоб дод ва инсони беэътиноро бояд мазаммат кард” аз виҷдони ахлоқи сарчашма мегирад ва ин гуна аъмолро хайри ахлоқӣ мегӯянд.

Меъёри бисёре аз корҳои инсон “хайри ахлоқӣ” аст ва бисёре аз корҳоро инсон ба чиҳати “арзиши ахлоқӣ” анҷом медиҳад на ба ҷиҳати касби моддиёт. Ин низ махсус ба инсон аст ва ба ҷанбаи маънавии инсон дахл дорад ва як ҷиҳат аз ҷиҳатҳои маънавияти ӯст. Дигар ҷондорон ҳаргиз чунин меъёре надоранд. Барои ҳайвон “хайри ахлоқӣ” маъно надорад ва “арзиши ахлоқӣ” бемаъно аст.

    3)Ҷамолу зебоӣ

   Як ҷиҳати дигар аз ҷиҳатҳои маънавии инсон дӯст доштани ҷамолу зебоӣ аст. Қисмати муҳимме аз зиндагии инсонро ҷамолу зебоӣ ташкил медиҳад. Инсон ҷамолу зебоиро дар ҳамаи ҳолатҳои зиндагӣ дахолат медиҳад. Барои гармӣ ва хунукӣ ҷома мепӯшад ба ҳамон андоза ҳам ба зебоӣ ва рангу дӯхти ҷома аҳамият медиҳад, барои сокин шудан хона месозад ва беш аз ҳар чиз ба зебоии хона диққат дорад ва ҳатто суфрае, ки барои ғизо хӯрдан паҳн мекунад ва зарфе, ки дар он хӯрок мерезад ва ҳам тартиби рехтани ғизо дар зарфҳо, ҳама бар асоси зебоӣ аст. Инсон дӯст медорад рангу рӯяш зебо бошад, номаш зебо бошад, ҷомааш зебо бошад, хаташ зебо бошад, шаҳру кӯчааш зебо бошад, манзараҳои пеши чашмаш зебо бошад ва дар кул дӯст медорад саросари зиндагиашро пур аз зебоӣ бошад.

Барои ҳайвон масъалаи зебоӣ матраҳ нест. Он чи барои ҳайвон матраҳ аст охур аст, аммо ин ки охур зебо бошад ё нозебо матраҳ нест. Барои ҳайвон либоси зебо, табиати зебо, хонаи зебо ва ғайра матраҳ нест.

[1]- Қуръони Карим мефармояд: … (Ар-раҳмон\60).

Охирин матолиб

Нигоҳи гузаро бар Ошурои ҳусайнӣ

Муқаддима Он чи дар ин чанд саҳфа таҳти унвони “Нигоҳи гузаро бар Ошурои ҳусайнӣ” барои хонандагони азиз матраҳ мегардад, хулосае аз зиндагони имом Ҳусайн(а) аст,...

Беҳтарин шаби сол

Бисмиллоҳи Раҳмони Раҳим Пешгуфтор  Ба номи онки дил кошонаи ӯст, Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.