ИН ГУНА БОШЕД(1)

 

 

 

 

Ислом занро гиромӣ дошта ва инсофро дар ҳаққи ӯ риоят намуда ва истеҳкому бақои ҷомеаро вобаста ба вуҷуди ӯ намуда ва сарчашмаи ҳаёту зиндагӣ дар ҷомеаро вобаста ба ӯ кардааст.

Паёмбари бузургвори мо, ҳазрати Муҳаммад(с) низ мардро ба эҳтирому икроми зан супориш намуда ва ба фарзандон тавсия кардаанд, ки нисбат ба модарони хеш эҳтиром намоянд, ҳамон гуна ки занро ба риояти ҳуқуқи шавҳар ва фарзандонаш тавсия намудаанд. Ба иборати дигар зан бояд нисбат ба адои ҳуқуқи шавҳар ва фарзандон кӯтоҳӣ накунад ва онҳо низ бояд риояти ҳоли зан ва модарро бинамоянд.

Ибни Асокир аз Амири мӯъминон Алӣ(к) нақл мекунад, ки он ҳазрат аз Расули Акрам(с) ҳадисе нақл карда, ки фармуданд: «Касе ҷуз инсонҳои бузургвор занҳоро икром намекунад ва ҷуз инсони паст ва фурӯмоя касе ба зан беэҳтиромӣ намекунад».

Ва низ Паёмбар(с) дар Ҳаҷҷат-ул-видоъ фармуданд: «Занҳо кӯмаккунандаи шумо ҳастанд ва молики чизе намебошанд (ва чизеро барои худ намехоҳанд) ва шумо онҳоро ба амонат аз Худованд гирифтаед ва издивоҷи шумо бо онҳо бо номи Худо (ва ақди шаръӣ) сурат пазируфтааст. Пас дар мавриди рафтор бо онҳо аз Худо битарсед ва рафторе муносиб ва хуб бо онҳо дошта бошед ва дар мавриди онҳо ба некӣ супориш намоед».

Пайғамбари Акрам(с) дини мустаҳкам ва оини пурмеҳру муҳаббат овард ва зулми мардҳо нисбат ба занҳоро аз миён бардошт ва решакан намуд.

Бузургии занро ҳифз намуд, чун ҳаққи ӯро дар интихоб намудани ҳамсаре, ки муносиби ӯ бошад ва зан дар канори ӯ оромиши дарунӣ дошта бошад, озод гузошт. Пас дар издивоҷ ҳаргиз маҷбур нахоҳад буд ва бе ризоят ва майлу рағбати воқеӣ (на зоҳирӣ) ҳеҷ издивоҷе эътибор надорад ва ботил аст. Ва чӣ зебо Паёмбари Акрам(с) фармуд: «Занон ихтиёрдори худ ҳастанд ва духтарон (агарчӣ издивоҷашон бо иҷозати сарпарасти онҳо мебошад, аммо) бояд дар мавриди издивоҷ аз худи онҳо низ ризоят гирифта шавад (ва онҳо дар издивоҷ маҷбур карда нашаванд) ва албатта иҷозат ва ризояти ӯ бо сукут низ маълум мешавад».

Ислом, ҳамон гуна ки супориши занонро намудааст, занҳоро низ ба риояти умури некӯ ва хайр тавсия кардааст, зеро саодату растгории ҷомеа вобаста ба занҳо мебошад.

Мо дар ин навиштор супоришоти Расули Худо(с) ва насиҳатҳои он ҳазрат ба зани мусулмон, ки пояи саодати дунёву охират аст, ҷамъ кардаем, ки Расули Акрам(с) беҳтарин бандагони Худо ва охирин Паёмбар ва муштоқтарини мардум нисбат ба саодати уммат ва пойбандтарини мардум дар амал намудан ба дастуроти илоҳӣ ва ҳаристар аз дигарон нисбат ба наҷоти уммат аз оташи ҷаҳаннам мебошанд.

Ба духтарони мусулмон тавсия мекунем, ки супоришоти Расули Акрам(с)-ро комилан ба кор банданд, ки онҳо ҷавонони имрӯз, модарони фардо ва модарбузургҳои оянда ҳастанд.

Балки бар ҳар зане лозим аст, ки ин супоришотро дар зеҳни худ нигоҳ дорад ва худро дар амал ба онҳо пойбанд намояд, зеро ин дастурот аз маҳбубтарин бандагони Худо, ки дилсӯз ба ҳоли мо мебошад, содир шудааст.

Занон дар биҳишт

Расули Худо(с) фармуданд: «Зане дар биҳишт дохил мешавад, ки меҳрубон бошад ва чун хашмгин шавад ва ё шавҳараш бар ӯ хашм гирад, бигӯяд: ин дасти ман аст, ки инак дар дасти ту қарор медиҳам (ва дар ихтиёри ту ҳастам) ва онро аз дастат намекашам то он ки аз ман розӣ шавӣ».

Ва низ фармуданд: Зане, ки имон ба Худо дорад, чанд чизро бояд риоят кунад: 1. Шахсеро, ки шавҳараш аз омадани ӯ нороҳат мешавад ба хона роҳ надиҳад.  2. Бе ризояти шавҳар аз хона берун наравад. 3. Касеро ба ҷуз шавҳараш итоат нанамояд. 4. Аз шавҳар дурӣ накунад. 5.    Шавҳарро назанад. 6.  Агар шавҳар зулм кунад, боз ҳам зан бояд ба сӯи ӯ рафта ӯро аз худ розӣ намояд. Пас агар шавҳар аз ӯ розӣ шуд, Худо ҳам аз ӯ розӣ шуда ва узри ӯро мепазирад ва гуноҳе барояш наменависад ва агар шавҳар (боз ҳам) аз ӯ розӣ нашуд, он зан дар назди Худо маъзур хоҳад буд.

Расули Акрам(с) фармуданд: «Агар зане намозҳои панҷгонаро ба ҷо оварад ва рӯзаи моҳи рамазонро бигирад ва иффати худро ҳифз кунад ва шавҳарашро итоат намояд, аз ҳар даре, ки бихоҳад вориди биҳишт мешавад».

«Дар хабар аст, ки агар зане аз аҳолии биҳишт бар аҳли замин рух бинамояд, тамоми дунёро равшан ва муаттар мекунад». Ҳазрати Алӣ(к) аз Расули Акрам(с) нақл карда, ки фармуданд: «Дар биҳишт маҳалле барои ҷамъ шудани ҳурулъайн (занони биҳиштӣ ғайр аз ҷинси инсон) мебошад, ки бо садои бисёр зебое, ки монанди он шунида нашуда, овозхонӣ мекунанд ва мегӯянд: Мо ҷовидонаем ва аз байн намеравем. Хушбархурду розӣ ҳастем ва ҳаргиз хашму ғазаб надорем. Хушо ба ҳоли он, ки мо барои ӯ ва ӯ барои мо бошад».

Идома дорад.

 

 

 

 

Охирин матолиб

Нигоҳи гузаро бар Ошурои ҳусайнӣ

Муқаддима Он чи дар ин чанд саҳфа таҳти унвони “Нигоҳи гузаро бар Ошурои ҳусайнӣ” барои хонандагони азиз матраҳ мегардад, хулосае аз зиндагони имом Ҳусайн(а) аст,...

Беҳтарин шаби сол

Бисмиллоҳи Раҳмони Раҳим Пешгуфтор  Ба номи онки дил кошонаи ӯст, Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.