ИНГУНА БОШЕД(3)

Хидмати зан дар хона

  Ҳазрати Алӣ(к)фармуд: «Рӯзе ба Фотима тавсия кардам, ба ҷиҳати он ки дар асари осиёб намудани гандум дасташ варам карда ва дар асари бардоштани машки об кифтҳояш захмӣ шуда ва дар асари тоза кардани манзил либосҳояш ғуборолуд шуда буд, назди Паёмбар биравад то аз ӯ бихоҳад барояш хидматгузоре муҳайё кунад.

Вақте назди Паёмбар рафт иддаеро назди он ҳазрат дид ва бе он ки суханашро ба миён гузорад бозгашт. Рӯзи дигар Паёмбар ба хонаи мо омад ва гуфт: «Духтарам дирӯз чӣ коре бо ман доштӣ?» Фотима сокит шуд ва ман мушкили ӯ ва сахтиҳое, ки ӯ дар хона дорад баён кардам ва гуфтам: Назди шумо омада буд то кӯмаккоре талаб кунад. Расули Худо(с) фармуд: «Духтарам! Худотарс бош ва воҷиботи илоҳиро анҷом деҳ ва худат дар хонаат кор кун ва зиндагии шавҳару фарзандонатро идора намо ва ҳар гоҳ барои хоб ба бистар рафтӣ сию се бор «Субҳоналлоҳ» ва сию се бор «Алҳамду лиллоҳ» ва сию чаҳор бор «Аллоҳу Акбар» бигӯ, ки ин кор барои ту аз доштани хидматгор беҳтар аст (ва туро қудрату қувват иноят мекунад). Ҳазрати Фотима гуфт: «Аз Худо ва Расули Худо розӣ шудам ва дигар ниёзе ба ходим ва кӯмаккор надорам».

Зани солеҳа

   Расули Худо(с) фармуданд: «Мӯъмин баъд аз тақво ва тарс аз Худованд, аз чизи дигаре ба андозаи ҳамсари солеҳ суд намебарад. Ҳамсаре, ки вақте ба ӯ фармон диҳад итоат кунад ва чун ба ӯ назар мекунад, хушҳол шавад ва вақте аз ӯ ғоиб мешавад он зан худ ва моли шавҳарро муҳофизат намояд».

Ва низ фармуданд: «Чаҳор чиз аст, ки ба ҳар кас дода шавад хайри дунё ва охират ба ӯ дода шудааст: қалби шукргузор, забони зикргӯй, бадани собир дар балоҳо ва ҳамсари солеҳе, ки дар нафси худ ва дар моли шавҳар хиёнат нанамояд».

Ва дар ҳадиси дигар чунин мефармоянд: «Саодати мард дар доштани ҳамсари солеҳа, хонаи хуб ва маркаби муносиб аст ва шақовату бадбахтии ӯ дар доштани зани бад, манзили номуносиб ва маркаби бад мебошад».

Ва низ фармуданд: «Аз бадбахтии мард он аст, ки зане дошта бошад, ки аз диданаш нороҳат шавад, аз забонаш озор бинад ва дар набудани шавҳар, бар номуси ӯ амин набошад».

Бархӯрди шавҳарон бо ҳамсарон

  Ислом, ҳамон гуна ки супоришоти бисёре ба бонувон кардааст, тавсияҳое низ ба мардон дар мавриди занон намудааст. Расули Акрам(с) фармуданд: «Беҳтарини шумо касе аст, ки беш аз дигарон бо ҳамсар ва фарзандонаш ба некӣ ва хубӣ рафтор намояд ва ман беҳтарини шумо нисбат ба аҳлу аёлам ҳастам». Ва фармуданд: «Касе, ки ахлоқаш беҳтар аст имонаш комилтар аст ва некӯкортарини шумо касе аст, ки нисбат ба ҳамсар ва аҳлаш некӯкортар ва меҳрубонтар бошад».

Супоришҳои як модар ба духтараш

Ончӣ дар зер меояд насиҳат ва супориши як зан ба зани дигар аст, ӯ пояҳои асосии зиндагии муштараки зану шавҳариро ба духтараш меомӯзад. Умми Аёс зане буд, ки ба равиши дуруст зиндагӣ кард ва таҷрибаҳои зиндагии муваффақи худро ба духтараш нақл намуд то ӯ ҳам зиндагии саҳеҳ ва муваффақе дошта бошад ва дар ҳақиқат мехост ӯро барои зиндагии ояндааш омода намояд.[1]

Духтари ин зан бисёр зебо буд. Ҳорис ибни Амр, ки раиси қабилаи Кинда буд, ҷамоли ӯро дид ва ошиқу шефтааш шуд ва тасмим гирифт бо ӯ издивоҷ кунад: Шахсеро ба хостгорӣ фиристод ва ӯ мадҳу таърифи бисёр аз духтар намуд. Ақди издивоҷ ҷорӣ шуд ва вақти бурдани духтар ба хонаи шавҳар фаро расид. Дар ин ҳангом модар ба духтараш гуфт: «Азизам ту духтари баодоб ва тарбиятшудае ҳастӣ ва ниёзе ба насиҳат надорӣ, вале бидон, ки агар зане ба ҷиҳати сарвати хонаводагиаш аз шавҳар кардан бениёз буд, ба дурустӣ, ки ман бениёзтарини онҳо будам, аммо бидон, ки занон барои мардон офарида шудаанд, ҳамон тавре ки мардон низ барои занон офарида шудаанд.

Аввал ва дуввум: Бо шавҳарат ба таври хуб зиндагӣ кун, яъне аз ӯ розӣ бош, қаноатро пешаи худ соз, ҳарфашро бишнав ва фармонашро итоат кун.

Сеюм ва чаҳорум: Дар назди ӯ худро ороста кун ва мабодо, ки ӯ лаҳзае сару сурат ва вазъи туро зишту нораво бинад ва ҷуз бӯи хубу муаттар аз ту ба машомаш нарасад.

Панҷӯм ва шашум: Дар вақти хоб ва хӯроки ӯ дер накун. Хӯрокро сари вақт омода соз ва ҷои хоби ӯро дар вақти муайян омода кун, зеро гуруснагӣ инсонро нороҳат мекунад ва нахобидан боиси хашму ғазаби ӯ мешавад.

Ҳафтум ва ҳаштум: Моли ӯро ҳифз кун ва риояти ҳоли наздикон, хонавода ва атрофиёнашро бинамо.

Нӯҳум ва даҳум: Дар ҳеҷ чиз ӯро нофармонӣ макун ва ҳаргиз асрори ӯро фош нанамо, ки агар фармонашро итоат накунӣ синаашро ба танг овардаӣ ва хашми ӯро бар худ харидаӣ ва агар рози ӯро фош кунӣ аз макри ӯ дар амон нахоҳӣ буд.

Ва дар охир, дар мавқеи шодии ӯ ҳаргиз ғамгин набош ва дар ғаму ғуссааш ҳаргиз изҳори шодӣ макун».         

Таҳияи Акрамхони Зиёдулло



[1] . Ин аз вазифаи ҳамаи модарон аст, ки духтарони худро тарбият ва онҳоро аз роҳу равиши зиндагии дуруст огоҳ намоянд.

Охирин матолиб

Беҳтарин шаби сол

Бисмиллоҳи Раҳмони Раҳим Пешгуфтор  Ба номи онки дил кошонаи ӯст, Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.

ШАЪБОН МОҲИ ХУБИҲО

  Моҳи Шаъбон яке аз моҳҳои бофазилат ва мавриди таваҷҷуҳи ҳазрати Ҳақ ва анбиёву авлиёи илоҳӣ буду ҳаст. Дар ин моҳ аъмолу дуоҳое ворид гаштааст,...