ЗИКР ВА ЁДИ ХУДО 2

8. Бетаъсирии васваса ва нуронияти ақл: Зикр ва ёди Худо аз зарар ва осебҳои васвасае, ки кори Шайтон аст ва ваҳму хиёлҳои пуч чилавгирӣ мекунад ва зеҳну фикрро  аз каҷравӣ ва инҳироф боз медорад ва ақлро нуронӣ ва равшан мегардонад,

то инсон аз шак ва дудили ва ҷаҳлу нодонӣ наҷот ёбад. Тамоми зулмҳо ва ҷангҳо ва поймол намудани ҳуқуқҳову талоқҳо ва довариҳои нодуруст ба сабаби васвасаҳои Шайтон  анҷом мегирад ва Худоаванд барои наҷот аз ин макру васвасаи Иблис роҳеро ба инсонҳо нишон дода ва дар сураи Аъроф ояти 201 мефармояд: ”Дар ҳақиқат  касоне ки тақво доранд, чун васвасае аз ҷониби Шайтон ба эшон расад,(Худоро) ба ёд оваранд ва ба ногоҳ бино шаванд”. Албатта инҷо бино шудан, бино шудани чашмӣ ё ҷисмӣ нест, балки ақлист ва ин дар ҷоест инсон дар анҷоми кор ва аъмоли худ чи муҳим бошад ё на, дучори дудили ва шак мегардад ва намедонад кадомашро анҷом диҳад, то муваффақ гардад ва зарар набинад ва ё дар сари дуроҳӣ қарор мегирад ва намедонад кадомро интихоб кунад, то зарар набинад ва фоида барад. Ин ҳодиса дар зиндагии инсонҳо зиёд ба чашм мехурад.

9. Фаромӯшии Худо сабаби худфаромӯшӣ: Инсон вақте Худоро фаромӯш кунад ва таваҷҷӯҳе ба ӯ накунад, худро ҳатман фаромӯш мекунад, ки аз чӣ чиз офарида шуда? Ва ӯро кӣ офарида? Ва вазифаи ӯ дар баробари Худо ва инсонҳо чист?

Рӯзҳо фикри ман ин асту ҳама шабҳо суханам

                                           Кӣ чаро ғофил аз аҳволи дили хештанам?

Зи  куҷо омадаам омаданам баҳри чӣ буд?

                                              Ба куҷо меравам охир нанамоӣ ватанам?

 Ва аз куҷо омадаасту ба куҷо хоҳад рафт? Ва аз ҳама муҳиммтар инки  худро бениёз ва ғайри худро ниёзманду пасту бечора медонад, ки ин ғуруру худ бузургбинӣ ӯро водор  ба зӯргӯӣ ва ситам мекунад, то мардум ва инсонҳоро ғулом ва хидматгузор гардонад ва ҳеч ҳаққу озодие барои онҳо нашносад. Ҳайвони даранда бо он ахлоқи бадаш ҷони як ё ду нафарро аз байн барад, вале касе ки  худро фаромӯш намуда онқадар ситаму хунрезӣ кунад, ки ҷони милёнҳо нафарро аз байн мебарад. Барои ҳамин аст, ки Худованд инсонҳоро аз ин офат ва бемории бад ҳушдор медиҳад, то гирифтор нашаванд ва мефармояд: ”Ва  чун касоне мабошед ки  Худоро фаромӯш карданд, Худо ҳам нуфуси онҳоро аз ёдашон бурд, онон бадкорони оламанд”.[1]

10. Фаромӯшии Худо сабаби зиндагии сахт ва нобиноӣ дар хират: Касе ки аз ёди Худо рӯй гардонад, ҳадафи зиндагӣ ва ба дунё  омадани худ ва ҳаёти пас аз маргро низ фаромӯш мекунад ва ҳама чизро хулоса дар дунё мебинад ва барои ҳамин аст, ки ҳеҷгоҳ аз дунё сер намекунад. Ҳарчанд ҳам аз сарват ва имконоти моддӣ тавонманд бошад, бозҳам ташнагии дунёхоҳӣ дар вуҷудаш забона мекашад ва ҳеҷгоҳ розӣ ва сер намешавад. Мушкилии онҳо ташнагии рӯҳ аст, ки бо сарвату модиёт сер нашавад, балки фақат бо ёди Худо сер шавад. Ташнагии рӯҳ як навъ ноороми ва норозигиеро дар инсон падид оварад, ки ҳеҷгоҳ дар зиндагӣ эҳсоси роҳатӣ ва оромиш накунад ва ҳамеша худро дар зиндагии душвор ва сахт хоҳад дид. Ва ин норизогӣ аз зиндагӣ сабаби худкушӣ ва ноамнии ҷомеа хоҳад шуд. Ҳамчунин касоне ки нишонаҳои бешумори қудрат ва ҳикмати илоҳиро нодида мегиранд ва инкор мекунанд, дар ҳақиқат аз басират ва биноӣ маҳруманд ва ҳамин сабаб мешавад, ки  дар охират нобино маҳшур шаванд ва аз раҳмати Худо дур бошанд. Инҳо ҳамонтавр дар дунё Худоро нодида гирифтанд ва фаромӯш карданд, Худо ҳам  дар охират ононро фаромӯш кунад ва гирифтори ҷазои аъмол ва азоби илоҳӣ хоҳанд шуд. Худованд дар бораи онон мефармоянд: ”Ва ҳар кас аз ёди ман рӯй гардонад, дар ҳақиқат зиндагии танг(сахт) хоҳад дошт ва рӯзи қиёмат ӯро нобино маҳшур мекунем”.[2] 

11. Фаромӯшии Худо сабаби дастёбии Шайтон: Ҳар кас аз ёди Худо дур шавад ба моддиёт ва лазатҳои дунявӣ наздиктар ва дилбохтатар гардад. Вақте ҳадафҳои моддӣ ва лаззатҳои дунявӣ барои касе асл қарор гирифт, ӯ дар зери васвасаҳои шайтонӣ, барои расидан ба ҳадафи нопоки худ аз ҳеҷ кори зиште  руйгардон нест ва аз ҳар андеша ва васвасаҳои шайтонӣ истиқбол хоҳад кард, ҳар чанд ки ба зарари дигарон бошад. Шайтон бо васваса бар инсонҳо пирӯз шавад ва ихтиёрро аз онҳо мегирад ва намегузорад, ки инсонҳо ба самти некиҳо ҳаракат кунанд ва ба саодат бирасанд  ва ин ягона чизест, ки инсонро аз чанги Шайтон наҷот диҳад, ёди Худост  ва агар инсон ёди Худоро тарк кунад зуд Шайтон бар ӯ пирӯз мешавад. Худованд дар Қуръон мефармояд: ”Ва ҳар кас  аз ёди Худо  рӯй гардонад Шайтонро барангезем, то ёру ҳамнишини доимии вай бошад”. [3]

12. Авомили боздорандаи ёди Худо Шайтон: Яке аз авомили боздорандаи ёди Худо Шайтон муаррифӣ шудааст. Ин ҳолат вақте барои инсон пеш меояд, ки  бо огоҳӣ ва маълумот ва иродаи худ муддатҳо  дар гуноҳ ва  ғарқи он аст  ва такрори гуноҳ кунад ва дастбардор набошад ва инҷо Шайтон ихтиёрро  аз ӯ гирифта ва пирӯз гаштааст. Худованд пиромуни ин  дар сураи Муҷодала ояти 19 мефармояд: ”Шайтон  бар онон пирӯз шуда ва Худоро аз ёдашон бурдааст”.

13. Ҳубби дунё боздоранда аз ёди Худост: Ҳуб ва алоқа аз ҳадди зиёд ба дунё, албатта дунё ба маънои ҳар чизе, ки дар дунё вуҷуд дорад аст, инсонро аз ёди Худо  боз медорад. Алоқа ва таваҷҷӯҳи беш аз ҳад  ба мол, пул, фарзанд, гироиши ифротӣ ба моддиёт ва дунё инсонро аз ёди Худо ғофил намуда ва аз ҳадафи аслии ҳаёт боз бимонад ва масоиле, ки марбут ба ҳамин ҳаёт чанд рӯзаи дунявӣ аст, машғул гардад. Албатта дуруст аст  молу дороӣ ва фарзандон аз неъматҳои илоҳӣ ҳастанд, вале то онҷо ки аз онҳо  дар роҳи  Худо ва барои расидан ба камол ва саодат кӯмак гирифта шавад  хуб аст ва фоида ҳам дорад, аммо агар алоқаи зиёд ба онҳо, сабаби фосила ва дурӣ миёни Худо ва инсон гардад, бузургтарин бало ҳисоб мешавад ва зарар ҳам дорад ва ба ҳубби дунё бар мегардад, ки осораш зиён ва зарар аст ва барои ҳамин Худованд мӯъминонро  сахт аз ин хатар ҳушдор медиҳад ва мефармояд: ”Эй касоне ки эмон овардаед молҳо ва фарзандонатон шуморо аз ёди Худо ғофил  накунад ва касоне ки чунин кунанд, зиёнкоронанд”. [4]

Таҳияи Сафаралӣ Хайруллоҳ



[1] . Сураи Ҳашр, ояти 19.

[2] . Сураи Тоҳо, ояти 124.

[3] . Сураи Зухруф, ояти 36.

[4]. Сураи Мунофиқун, ояти 9.

Охирин матолиб

Беҳтарин шаби сол

Бисмиллоҳи Раҳмони Раҳим Пешгуфтор  Ба номи онки дил кошонаи ӯст, Нафас гарди матоъи хонаи ӯст.

ШАЪБОН МОҲИ ХУБИҲО

  Моҳи Шаъбон яке аз моҳҳои бофазилат ва мавриди таваҷҷуҳи ҳазрати Ҳақ ва анбиёву авлиёи илоҳӣ буду ҳаст. Дар ин моҳ аъмолу дуоҳое ворид гаштааст,...